Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува — Худои тавоно, вале ғамхор

Яҳува — Худои тавоно, вале ғамхор

«[Яҳува] сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (ЗАБ. 102:14).

СУРУДҲО: 51, 9

1, 2. а) Баръакси шахсони соҳибқудрат Яҳува бо одамон чӣ тавр муомила мекунад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ОДАМОНИ соҳибқудрат одатан бар дигарон «фармонфармоӣ менамоянд» ва ҳатто ба онҳо зулму ситам мекунанд (Мат. 20:25; Воиз 8:9). Лекин то чӣ андоза Яҳува аз онҳо фарқ дорад! Ҳарчанд Ӯ Худои пурқудрат аст, бо одамони нокомил хеле меҳрубонона муносибат мекунад. Ӯ Худои ғамхор аст ва ҳиссиёту ниёзҳои моро ба назар мегирад. Яҳува «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» ва чизи аз қуввати мо зиёдро талаб намекунад (Заб. 102:13, 14).

2 Дар Китоби Муқаддас бисёр мисолҳое ҳастанд, ки дар бораи меҳрубонии Яҳува нисбати хизматгоронаш шаҳодат медиҳанд. Биёед ба сетои онҳо диққат диҳем. Дар якум мисол мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба Самуили ҷавон кӯмак кард, ки хабари доварии Ӯро ба саркоҳин Элӣ расонад. Аз мисоли дуюм мо мебинем, ки вақте Мӯсо ба гирифтани супориш даррав розӣ нашуд, чӣ тавр Яҳува нисбати ӯ пурсабрӣ зоҳир кард. Аз мисоли сеюм, мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ҳангоми халқи Исроилро аз Баҳри Сурх гузаронидан ба онҳо ғамхорӣ намуд. Ҳангоми дида баромадани ин мисолҳо, биёед мулоҳиза кунем, ки аз онҳо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем ва барои худ чӣ дарс мегирем.

ҒАМХОРИИ ПАДАРОНА БА ПИСАРАКИ ҶАВОН

3. Як шаб бо Самуили хурдсол чӣ рӯй дод ва кадом савол ба миён меояд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Самуил дар хаймаи муқаддас аз хурдсолӣ «хизматгузори Худованд» буд (1 Подш. 3:1). Як шаб, вақте ки Самуил хоб рафт, чизи ғайриоддие рӯй дод *. (1 Подшоҳон 3:2–10-ро хонед.) Ӯ овозе шунид, ки касе ӯро бо номаш ҷеғ мезанад. Самуил фикр кард, ки ӯро Элии саркоҳин ҷеғ зада истодааст ва давида назди ӯ рафт ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Элӣ гуфт, ки ӯро фарёд накардааст. Вақте ки ду бори дигар чунин рӯй дод, Элӣ фаҳмид, ки Самуилро Худо ҷеғ мезанад. Барои ҳамин вай ба Самуил гуфт, ки чӣ тавр бояд ҷавоб диҳад ва ӯ мувофиқи маслиҳати Элӣ амал кард. Вақте Яҳува ба воситаи фариштааш ба Самуил гап зад, чаро аз аввал худро ошкор насохт? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Вале аз афташ сабаб дар он аст, ки Яҳува ҳиссиёти Самуилро ба назар гирифт. Чӣ тавр?

4, 5. а) Оё ба Самуил иҷро кардани супориши Яҳува осон буд? Вале баъд чӣ рӯй дод? б) Аз ин воқеа мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

4 1 Подшоҳон 3:11–18-ро хонед. Қонуни Яҳува ба фарзандон амр медод, ки калонсолонро, хусусан онҳоеро, ки дорои ҳокимиятанд, ҳурмату эҳтиром кунанд (Хур. 22:28; Ибд. 19:32). Барои ҳамин, тасаввур кардан душвор аст, ки Самуил саҳарии рӯзи дигар аз хоб хеста, ба пеши Элӣ меравад ва нотарсона ба ӯ довариҳои Яҳуваро мерасонад. Дар асл, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ «тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад». Лекин Худо ба Элӣ маълум сохт, ки Самуилро Ӯ ҷеғ зада истодааст. Барои ҳамин, Элӣ худаш аз Самуил пурсид: «Чӣ суханест, ки [Худо] ба ту гуфтааст? Лутфан, аз ман пинҳон надор!» Ва Самуил итоат карда, «ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд».

5 Хабаре, ки Самуил расонд, барои Элӣ наву тоза набуд. Зеро чанде пеш як «марди Худо» хабари ба ин монандеро аллакай ба Элӣ расонда буд (1 Подш. 2:27–36). Ин воқеа ба мо нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Яҳува бомулоҳиза ва хирадманд аст.

6. Аз тарзе, ки Яҳува ба Самуили ҷавон кӯмак кард, мо чӣ дарс мегирем?

6 Ҷавонон, мисоли Самуил нишон медиҳад, ки Яҳува ҳиссиёти шумо ва душвориҳоеро, ки доред, хуб мефаҳмад. Эҳтимол барои шумо ба одамони калонсол мавъиза кардан душвор аст ё шояд шумо дар байни ҳамсолон аз «зоғи ало» будан шарм медоред. Дилатон пур бошад, ки Яҳува ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Барои ҳамин, дили худро дар дуо ба Ӯ холӣ кунед (Заб. 61:9). Китоби Муқаддасро хонда, дар бораи намунаи касоне, ки ба Самуили ҷавон монанданд, мулоҳиза кунед. Дар ҷамъомад низ шахсоне ҳастанд, ки чунин душвориҳоро аз сар гузарондаанд ва хоҳ онҳо ҳамсинну соли шумо бошанд, хоҳ аз шумо калон, бо онҳо сӯҳбат кунед. Онҳо метавонанд ба шумо оиди воқеаҳое нақл кунанд, ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо дасти ёрӣ дароз карда буд — ва шояд ҳатто бо роҳҳое, ки интизор набуданд.

ЯҲУВА НИСБАТИ МӮСО ПУРСАБРӢ ЗОҲИР МЕКУНАД

7, 8. Чӣ тавр Яҳува нисбати Мӯсо пурсабриву ғамхорӣ зоҳир кард?

Вақте ки Мӯсо 80-сола буд, Яҳува ба ӯ супориши душворе дод. Ӯ бояд халқи Исроилро аз ғуломии Миср озод мекард (Хур. 3:10). То ин вақт Мӯсо 40 сол дар замини Мидён чун чӯпони одӣ хизмат мекард ва ин супориш барояш тамоман ногаҳонӣ буд. Ва ӯ гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ-Исроилро аз Миср берун оварам?» Худо ба ӯ боварӣ бахшида гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд» (Хур. 3:11, 12). Ҳамчунин ваъда дод, ки пирони Исроил ба овози ӯ «гӯш хоҳанд дод». Вале Мӯсо бошад, боз гап гардонд: «Онҳо... ба овози ман гӯш нахоҳанд дод» (Хур. 3:18; 4:1). Дар асл, Мӯсо бо Худо гӯё баҳс кард. Вале Яҳува бо Мӯсо пурсаброна муомила намуд. Илова бар ин, Ӯ ба вай қудрати мӯъҷизакуниро ато кард. Мӯсо аввалин шахсе буд, ки оиди қудрати мӯъҷизакуниаш дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (Хур. 4:2–9, 21).

8 Аммо баъди ин ҳам, Мӯсо баҳонаҷӯиро давом дод. Ӯ гуфт, ки шахси сухандон нест. Дар ҷавоб Худо гуфт: «Ман бо забонат хоҳам буд ва туро хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бигӯӣ». Оё баъд аз ин Мӯсо дилпур шуд? Аз афташ не, чунки ӯ фурӯтанона аз Яҳува хоҳиш кард, ки каси дигареро ба Миср фиристонад. Ин дафъа Яҳува ба ғазаб омад, лекин бо мулоимӣ муносибат карданашро давом дод. Ӯ боз ҳиссиёти Мӯсоро ба назар гирифт ва Ҳорунро таъин кард, то чун намояндаи Мӯсо сухан ронад (Хур. 4:10–16).

9. Пурсабрӣ ва меҳрубонии Яҳува чӣ тавр ба Мӯсо кӯмак кард, ки пешвои хуб гардад?

9 Аз ин воқеа мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем? Чун Худои пурқудрат Ӯ метавонист Мӯсоро тарсонад ва маҷбур кунад, ки ӯ ба иҷрои супориш тез розӣ шавад. Лекин Яҳува баръакс бо ӯ пурсабр ва меҳрубон буд. Ва гаштаву баргашта хизматгори хоксору фурӯтанашро боварӣ бахшид, ки ӯро дастгирӣ мекунад. Оё чунин муносибати мулоҳизакорона натиҷаи хуб овард? Бале! Мӯсо роҳбари барҷастае гашт ва ӯ ҳам мисли Яҳува бо дигарон меҳрубонона ва бо мулоимӣ муносибат мекард (Ад. 12:3).

Оё ҳангоми бо дигарон муносибат кардан ба Яҳува пайравӣ мекунед? (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Вақте ки мо мисли Яҳува бо дигарон меҳрубонона муносибат мекунем, ин чӣ манфиат меорад?

10 Аз ин мисол мо барои худ чӣ дарс мегирем? Шавҳарон, волидон ва пирони ҷамъомад ба андозае бар дигарон ҳокимият доранд. Агар шумо яке аз ин масъулиятҳоро ба ӯҳда дошта бошед, пас хеле муҳим аст, ки монанди Яҳува бо аъзоёни ҷамъомад ва зану фарзандонатон меҳрубон ва пурсабр бошед (Қӯл. 3:19–21; 1 Пет. 5:1–3). Агар шумо ба Яҳува ва Мӯсои бузургтар — Исои Масеҳ пайравӣ кунед, ба дигарон назди шумо омада гап задан осон мегардад ва шумо барои онҳо сарчашмаи рӯҳбаландӣ мегардед (Мат. 11:28, 29). Инчунин шумо ба дигарон намунаи ибрат хоҳед буд (Ибр. 13:7).

НАҶОТДИҲАНДАИ ПУРҚУДРАТ, ВАЛЕ ҒАМХОР

11, 12. Ҳангоми аз Миср баровардани исроилиён Яҳува чӣ тавр дар бораи бехатарии онҳо ғамхорӣ кард?

11 Вақте ки исроилиён соли 1513-уми то милод аз Миср баромаданд, шумораи онҳо шояд аз се миллион зиёд буд. Дар байни онҳо кӯдакон, пиронсолон ва эҳтимол беморон ва маъюбон низ буданд. Барои ин қадар мардуми бисёрро аз Миср баровардан дар ҳақиқат Пешвои меҳрубону ғамхор лозим буд. Ва Яҳува ба воситаи Мӯсо амал карда нишон дод, ки Ӯ маҳз чунин Пешво аст. Дар натиҷа, исроилиён хонаю дари худро партофта нотарсона аз Миср баромаданд (Заб. 77:52, 53).

12 Яҳува чӣ кор кард, то халқаш худро дар бехатарӣ ҳис кунад? Пеш аз ҳама Ӯ онҳоро чун «фавҷҳо», яъне гурӯҳ-гурӯҳ карда бо як тартибу низом аз Миср баровард (Хур. 6:26). Чунин тартибу низом бешубҳа исроилиёнро боварӣ мебахшид, ки ҳама чиз зери назорати Худои онҳост. Яҳува бо халқи худ буданашро боз бо он нишон медод, ки «рӯзона онҳоро бо абр... ва тамоми шаб бо нури оташ» роҳнамоӣ мекард (Заб. 77:14). Ӯ ба халқаш гӯё чунин мегуфт: «Натарсед, Ман бо шумо ҳастам. Ман ба шумо роҳро нишон медиҳам ва шуморо муҳофизат мекунам». Ва чӣ тавре ки баъдтар маълум гашт, халқи Исроил ба чунин дастгирӣ дар ҳақиқат мӯҳтоҷ буданд.

Чӣ тавр Яҳува дар назди баҳри Сурх ба исроилиён ғамхорӣ кард? (Ба сархати 13 нигаред.)

13, 14. а) Дар назди баҳри Сурх Яҳува ба исроилиён чӣ тавр ғамхорӣ зоҳир кард? б) Чӣ гуна Яҳува бар мисриён қудрати худро нишон дод?

13 Хуруҷ 14:19–22-ро хонед. Тасаввур кунед, ки шумо ҳамроҳи исроилиён гурехта истодаед. Аз қафо шуморо лашкари фиръавн таъқиб мекунад ва дар пеш баҳри Сурх истодааст. Ба назаратон метобад, ки ягон роҳи халосӣ нест. Лекин дар ҳамин вақт Худо амал мекунад. Яҳува сутуни абрро ба ҳаракат дароварда, онро дар мобайни ӯрдуи шумо ва мисриён мегузорад; тарафи мисриёнро торикӣ фаро мегирад ва онҳо ба ӯрдуи шумо расида наметавонанд. Вале дар тарафи шумо бошад, равшании ғайриодие ҳукмфармо аст. Сипас шумо мебинед, ки Мӯсо дасти худро сӯйи баҳр дароз мекунад ва шамоли сахте вазида баҳрро ду тақсим мекунад. Ва дар он роҳи васеъ кушода мешавад, ки шумо, оилаатон, чорвоятон ва ҳамаи дигар исроилиён бо тартибу низом аз он гузашта метавонед. Ба баҳр қадам монда, шумо як чизи аҷоибро пай мебаред. Шумо ҳис мекунед, ки таги поятон лойқа ё лағжонак неву хушку устувор мебошад ва роҳ рафтани шумо осон аст. Дар натиҷа ҳатто онҳое, ки тез роҳ гашта наметавонанд, бемалол ба тарафи дигар мегузаранд.

14 Хуруҷ 14:23, 26–30-ро хонед. Дар ин вақт фиръавни беақл ва мағрур шуморо таъқиб карда ба баҳр медарояд. Мӯсо бошад, бори дигар дасташро сӯйи баҳр дароз мекунад. Ва ду девори об, ки шах шуда буданд, ба ҳаракат даромада, бо шаст ба якдигар бармехӯранд. Фиръавну лашкаронаш роҳи гурез надоранд ва ҳамаи онҳо ҳалок мешаванд.

15. Аз ин нақл мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

15 Аз ин воқеа мо мебинем, ки Яҳува — Худои тартибу низом аст. Ва ин хусусияти Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки худро дар бехатарӣ ва осудагӣ ҳис кунем (1 Қӯр. 14:33). Яҳува ҳамчунин мисли чӯпони меҳрубон аст, ки ғамхории худро ба халқаш дар амал нишон медиҳад. Чуноне ки чӯпон гӯсфандчаҳои худро навозишкорона ба бағал мегирад, Яҳува моро аз душманонамон муҳофизат мекунад. Азбаски нобудшавии ин тартибот торафт наздик шуда истодааст, донистани он ки Яҳува моро намепартояд, хотирамонро ҷамъ мекунад (Мас. 1:33).

16. Дида баромадани он ки чӣ тавр Яҳува халқи Исроилро наҷот дод, ба мо чӣ манфиат меорад?

16 Имрӯз низ Яҳува ба халқаш дар кулли худ ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар имон устувор бошанд ва намегузорад, ки аз дасти душманон нобуд шаванд. Ва дар мусибати бузурги дар пеш истода, Ӯ халқашро дар паноҳаш нигоҳ медорад (Ваҳй 7:9, 10). Хизматгорони Худо новобаста аз он ки ҷавонанд ё пир, тансиҳатанд ё маъюб, дар вақти мусибати бузург ба тарсу ваҳм дода намешаванд *. Баръакс онҳо ором мемонанд. Онҳо суханони зерини Исоро ба ёд меоранд: «Қомати худро рост карда, сарҳои худро бардоред, чунки халосии шумо наздик аст» (Луқ. 21:28). Ҳатто вақте Ҷуҷ, яъне иттиҳоди халқҳо, ки аз фиръавн дида хеле пурқудрат аст, ба халқи Худо ҳамла мекунад, боварии онҳо ба Халосгори худ суст намешавад (Ҳиз. 38:2, 14–16). Чаро? Чунки онҳо медонанд, ки Яҳува дигар намешавад. Он вақт низ Ӯ чун Наҷотдиҳандаи ғамхору меҳрубон амал хоҳад кард (Иш. 26:3, 20).

17. а) Мулоҳиза оиди воқеаҳое, ки ғамхории Яҳуваро нисбати халқаш нишон медиҳанд, ба мо чӣ манфиат меорад? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Дар ин мақола мо фақат баъзе мисолҳоро дида баромадем, ки чӣ тавр Яҳува ба халқаш ғамхорӣ мекунад, онҳоро роҳнамоӣ мекунад ва наҷот медиҳад. Вақте ки шумо дар бораи ин воқеаҳо мулоҳиза меронед, ба тафсилотҳои майда аҳамият дода, кӯшиш кунед, ки дар бораи Яҳува ва шахсияти Ӯ ягон чизи навро фаҳмед. Ин дар навбати худ муҳаббату имони шуморо ба Ӯ қавитар мегардонад. Дар мақолаи навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ тавр мо дар оила, ҷамъомад ва дар хизмат бо одамон мисли Яҳува ғамхору меҳрубон бошем.

^ сарх. 3 Таърихшиноси яҳудӣ Иосиф Флавий мегӯяд, ки Самуил он вақт 12-сола буд.

^ сарх. 16 Хулоса кардан мумкин аст, ки байни шахсоне, ки дар Ҳармаҷиддӯн наҷот меёбанд, беморону маъюбон низ хоҳанд буд. Вақте Исо дар замин буд, ӯ «одамонро аз ҳар гуна дарду беморӣ шифо медод». Ва бо ин нишон дод, ки барои шахсони дар Ҳармаҷиддӯн наҷотёфта чӣ кор мекунад (Мат. 9:35). Сиҳат кардани эҳёшудагон бошад лозим намеояд, чунки бешубҳа онҳо бо тани солиму бардам зинда мешаванд.