«Агар ин чизҳоро дониста, мувофиқи он амал кунед, хушбахт хоҳед буд»
«Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаи худро ба ҷо орам ва кореро, ки Ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам» (ЮҲ. 4:34).
1. Рӯҳияи худбинонаи ин ҷаҳон ба фурӯтании мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?
ЧАРО ба кор бурдани он чизе ки мо аз Каломи Худо мефаҳмем, баъзан душвор аст? Як сабаб дар он аст, ки кардани кори дуруст фурӯтанӣ металабад, вале дар ин ҷаҳон фурӯтан мондан осон нест. Дар ин «рӯзҳои охир» мо дар иҳотаи одамоне зиндагӣ мекунем, ки «худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд» мебошанд ва худдорӣ надоранд (2 Тим. 3:1–3). Чун хизматгорони Худо мо медонем, ки ин гуна хислатҳо бад мебошанд, лекин баъзан ба назарамон шояд чунин тобад, ки одамони худпараст дар ҳаёт комёбанд ва хушу хуррам зиндагӣ мекунанд (Заб. 36:1; 72:3). Мумкин ҳатто ягон кас чунин фикр кунад: Оё беҳбудии дигаронро аз манфиати худ боло гузоштан ягон хубӣ дорад? Агар ман худро паст гирам, оё пеши дигарон обрӯям намерезад? (Луқ. 9:48). Агар мо ба таъсироти рӯҳияи худхоҳонаи ин ҷаҳон дода шавем, хислатҳои хубамонро гум карда метавонем ва муносибати мо бо ҳамимонон зарар мебинад. Лекин вақте ки мо аз Китоби Муқаддас намунаи шахсони фурӯтанро дида мебароему ба онҳо пайравӣ мекунем, баракати бисёр ба даст меорем.
2. Намунаи хизматгорони содиқи Худо ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?
2 Барои аз намунаи хизматгорони содиқи Худо дарс гирифтан, мо бояд аввал фаҳмем, ки онҳо чӣ гуна рафтор мекарданд. Чӣ тавр онҳо тавонистанд, ки дӯсти Худо шаванд ва розигии Ӯро ба даст оранд? Ба онҳо чӣ қувват мебахшид, ки иродаи Яҳуваро ба ҷо оранд? Ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан як роҳи қабули ғизои рӯҳонӣ аст.
ҚАБУЛИ ХӮРОКИ РӮҲОНӢ ИН НА ТАНҲО ГИРИФТАНИ МАЪЛУМОТ АСТ
3, 4. а) Яҳува чӣ тавр ба мо дастурот медиҳад? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки қабули хӯроки рӯҳонӣ ин на танҳо гирифтани дониш аст?
3 Яҳува барои мустаҳкам кардани имони мо ҳамаи чизҳои лозимаро фароҳам меорад. Ӯ ба воситаи Китоби Муқаддас, адабиёт ва сайти ташкилотамон, JW Бродкастинг, вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо маслиҳатҳои хуб медиҳад. Вале Исо дар ояти Юҳанно 4:34 фаҳмонд, ки қабули хӯроки рӯҳонӣ ин фақат гирифтани дониш нест. Ӯ гуфт: «Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаи худро ба ҷо орам ва кореро, ки Ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам».
4 Барои Исо иҷро кардани хости Худо монанди қабули хӯрок буд. Чи хеле ки хӯроки хуб ҷисми моро қувват мебахшад, ҳамин тавр иҷрои иродаи Худо имон ва умеди моро ба ҳаёти ҷовидона мустаҳкам мегардонад. Оё маротибаҳои зиёд чунин нашудааст, ки мо ҳангоми ба хизмат рафтан худро хаставу бемадор ҳис мекардему вале баъди мавъиза бо қуввату таровати нав ба хона баргашта будем?
5. Шахси хирадманд кадом баракатҳоро ба даст меорад?
5 Шахсони хирадманд дастуроти Яҳуваро дар амал иҷро мекунанд (Заб. 106:43). Вақте мо барои хирадманд шудан кӯшиш мекунем, баракатҳои зиёд ба даст меорем. Дар Масалҳо гуфта шудааст: «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст!... Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест... Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст,— ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!» (Мас. 3:13–18). Исо низ гуфт: «Агар ин чизҳоро дониста, мувофиқи он амал кунед, хушбахт хоҳед буд» (Юҳ. 13:17). Шогирдони Исо ба шарте хушбахт шуда метавонистанд, агар на як бор, балки доимо аз рӯйи гуфтаҳои Исо амал кунанд. Ба таълимоту намунаи ӯ пайравӣ кардан бояд роҳи ҳаёти онҳо мешуд.
6. Чаро мо бояд ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаамонро давом диҳем?
6 Имрӯз ба мо ҳам лозим аст, ки доимо аз рӯйи дастуроти гирифтаамон амал кунем. Барои инро нағзтар фаҳмидан, устои мошинро мисол меорем. Ин усто таъмир кардани мошинҳои гуногунро медонад ва асбобу анҷоми лозимаро дорад. Лекин агар вай дониш ва асбобҳояшро истифода набарад, аз онҳо ягон фоидае нест. Ҳатто агар вай дар гузашта, дар давоми кораш таҷрибаи бой пайдо карда бошад ҳам, барои минбаъд низ устои хуб будан, вай бояд ба кор бурдани донишашро давом диҳад. Ба ин монанд, вақте мо ҳақиқатро қабул кардем, чизҳои аз Китоби Муқаддас фаҳмидаамонро истифода бурда, ҳаёти худро беҳтар гардондем. Лекин барои ҳамеша хушбахт будан, мо бояд бо фурӯтанӣ ҳар рӯз аз рӯйи дастуроти Яҳува амал кунем.
7. Мисолҳои Китоби Муқаддас кадом вақт ба мо қувват бахшида метавонанд?
7 Биёед якчанд вазъияти гуногунро дида бароем, ки дар онҳо фурӯтан мондан душвор буда метавонад. Мо мебинем, ки чӣ тавр хизматгорони содиқи пешин дар чунин мавридҳо фурӯтан мемонданд. Лекин дар ин бора танҳо хондан кифоя нест. Агар мо хоҳем, ки чизҳои фаҳмидаамон ба мо қуввати рӯҳонӣ бахшанд, бояд онҳоро зудтар дар ҳаёт ба кор барем.
ХУДРО АЗ ДИГАРОН БОЛО НАҲИСОБЕД
8, 9. Аз воқеаи дар Аъмол 14:8–15 овардашуда мо дар бораи фурӯтании Павлус чӣ мефаҳмем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
8 Худо мехоҳад, ки «ҳама гуна одамон наҷот 1 Тим. 2:4). Шумо ба онҳое, ки ҳоло ҳақиқатро намедонанд, чӣ гуна назар мекунед? Павлуси расул на танҳо ба яҳудиён, ки аллакай дар бораи Яҳува каму беш медонистанд, мавъиза мекард. Вай инчунин ба касоне, ки худоёни бардурӯғро ибодат мекарданд, хушхабарро мегуфт. Лекин мавридҳое буданд, ки фурӯтании Павлус санҷида мешуд. Чӣ тавр?
ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши аниқ гиранд» (9 Масалан, вақте ки Павлус ва Барнаббо дар шаҳри Лустра чун миссионер хизмат мекарданд, мардуми он ҷо гумон карданд, ки худоёни онҳо дар намуди одамӣ ба замин фуруд омадаанд. Барои ҳамин, онҳо Павлусро Ҳермес ва Барнабборо Зевс номида болобардор карданд. Расулон ба ин чӣ гуна муносибат намуданд? Магар онҳо аз фурсат истифода бурда, гузоштанд, ки одамон онҳоро шӯҳрат диҳанд? Ё магар инро чун имконияти дам гирифтан аз таъқибот истифода бурданд? Оё онҳо фикр карданд, ки машҳур гаштанашон ба васеътар паҳн шудани хушхабар мусоидат карда метавонад? Албатта не! Онҳо ҷомаҳои худро дарронда, дарҳол мардумро аз ин рафторашон боздоштанд ва фарёд зада гуфтанд: «Чаро шумо чунин мекунед? Охир, мо низ мисли шумо одамони гуноҳкор ҳастем» (Аъм. 14:8–15).
10. Павлусу Барнаббо «мо низ мисли шумо одамони гуноҳкор» гуфта чиро дар назар доштанд?
10 Павлусу Барнаббо «мо низ мисли шумо одамони гуноҳкор» гуфта, чиро дар назар доштанд? Ин суханонашон маънои онро надошт, ки онҳо мисли он мардум худоёни дурӯғро ибодат мекунанд. Худо ба онҳо таъйиноти махсус дода буд, то чун миссионер хизмат кунанд (Аъм. 13:2). Ҳамчунин онҳо бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда буданд ва умеди бо Масеҳ подшоҳӣ карданро доштанд. Лекин Павлусу Барнаббо худро аз мардум боло ҳисоб намекарданд. Зеро онҳо мефаҳмиданд, ки агар мардуми Лустра хушхабарро қабул кунанд, онҳо низ умеди осмонӣ дошта метавонанд.
11. Ҳангоми мавъиза чӣ тавр мо ба фурӯтании Павлус пайравӣ карда метавонем?
11 Чӣ тавр мо мисли Павлус фурӯтан буда метавонем? Пеш аз ҳама мо набояд барои корҳое, ки бо қуввати Яҳува иҷро мекунем, аз касе таъриф интизор шавем ва набояд ба касе роҳ диҳем, ки моро болобардор кунад. Хуб мебуд, ки ҳар яки мо ба худ чунин савол диҳем: «Ба одамоне, ки ман мавъиза мекунам, муносибатам чӣ гуна аст? Чуноне ки дар ҷамъият одат шудааст, оё ман ба баъзе халқиятҳо бадгумонӣ надорам?» Аслан, шоёни таҳсин аст, ки Шоҳидони Яҳува дар саросари ҷаҳон кӯшиш мекунанд, то ба ҳамаи одамон бе рӯйбинӣ мавъиза кунанд. Баъзан, ин шояд аз мо талаб мекунад, ки забон ё урфу одати одамонеро омӯзем, ки дар ҷамъият онҳоро паст мезананд. Воизони хушхабар ҳеҷ гоҳ набояд худро аз чунин шахсон баланд гиранд. Баръакс, онҳо кӯшиш мекунанд бо ҳар як шахс эҳтиромона муносибат карда, ба қабул кардани хушхабар ба онҳо ёрӣ диҳанд.
ДАР ҲАҚҚИ ДИГАРОН ДУО ГӮЕД
12. Чӣ тавр Эпафрос самимона ғами дигаронро мехӯрд?
12 Боз як роҳи зоҳир кардани фурӯтанӣ ин дуо гуфтан дар ҳаққи бародарону хоҳарон мебошад, ки «мисли мо ба дониши ростии бебаҳо имон овардаанд» (2 Пет. 1:1). Аз ин ҷиҳат масеҳии асри як Эпафрос ба мо намунаи хуб гузоштааст. Оиди ӯ дар номаҳои Павлус ҳамагӣ се бор омадааст. Вақте Павлус дар Рум дар ҳабси хонагӣ буд, ӯ ба масеҳиёни Қӯлассо навишт, ки Эпафрос «ҳамеша бо ҷидду ҷаҳд дар ҳаққи [онҳо] дуо мегӯяд» (Қӯл. 4:12). Эпафрос онҳоро нағз мешинохт ва дар бораашон бисёр фикр мекард. Худи Эпафрос низ душворӣ дошт, зеро Павлус гуфт, ки ӯ ҳам мисли вай «дар ҳабс мебошад» (Филем. 23). Бо вуҷуди ин, Эпафрос ғами дигаронро мехӯрд ва ба онҳо кӯмак кардан мехост. Барои ҳамин ӯ дар ҳаққи онҳо дуо мегуфт. Мо низ чунин карда метавонем. Дар ҳақиқат, дуо дар ҳаққи хизматгорони Худо қувваи бузург дорад, махсусан агар бо номашон дуо гӯем (2 Қӯр. 1:11; Яъқ. 5:16).
13. Чӣ тавр шумо дар мавриди дуогӯӣ ба Эпафрос пайравӣ карда метавонед?
13 Фикр кунед, ки дар ҳаққи кадом ҳамимонон бо номашон дуо гуфта метавонед. Мисли Эпафрос бисёр бародарону хоҳарон дар ҳаққи аъзоёни ҷамъомадашон, дар бораи оилаҳое, ки мушкилиҳои вазнинро аз сар мегузаронанд, шахсоне, ки бояд оиди ягон масъала қарори ҷиддӣ бароранд ё бо васвасаҳо дучор шуда истодаанд, дуо мегӯянд. Боз мо метавонем дар ҳаққи ҳамимононе дуо гӯем, ки бо онҳо шахсан шинос нестему номҳояшон дар сайти jw.org навишта шудааст (НОВОСТИ>ЮРИДИЧЕСКАЯ СИТУАЦИЯ>Страны, где Свидетели Иеговы находятся в заключении за веру). Илова бар ин, хуб мебуд, то онҳоеро, ки шахси наздикашон вафот кардааст, касонеро, ки ба қарибӣ дар ҷойи зисташон офати табиӣ ё ҷанг рӯй дода буд ва шахсонеро, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ азоб мекашанд дар дуоҳоямон ба ёд орем. Чи хеле ки мебинем, бисёр бародарону хоҳарон ба дуоҳои мо мӯҳтоҷанд. Вақте мо барои онҳо дуо мегӯем, мо нишон медиҳем, ки на танҳо дар бораи манфиати худамон, балки дар бораи дигарон низ фикр мекунем (Флп. 2:4). Яҳува чунин дуоҳоро мешунавад.
ДАР ШУНИДАН БОШИТОБ БОШЕД
14. Дар мавриди гӯш кардани дигарон Яҳува чӣ намуна нишон медиҳад?
14 Фурӯтан будани мо боз аз он маълум мегардад, ки мо одамонро бо омодагӣ гӯш мекунем ё не. Дар Яъқуб 1:19 гуфта шудааст, ки «ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб» бошад. Аз ин ҷиҳат Яҳува ба мо намунаи беҳтарин аст (Ҳас. 18:32; Еҳ. 10:14). Биёед оиди сӯҳбате, ки байни Яҳува ва Мӯсо шуда буд, мулоҳиза ронем, ки он дар Хуруҷ 32:11–14 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Гарчанд Яҳува ба маслиҳати Мӯсо мӯҳтоҷ набуд, Ӯ гузошт, ки вай фикри худро баён кунад. Оё шумо шахсеро, ки пеш ақидаи нодуруст дошт, босаброна гӯш мекардед ва аз рӯйи маслиҳати ӯ амал менамудед? Вале Яҳува одамонеро, ки бо имон ба Ӯ муроҷиат мекунанд, пурсаброна гӯш мекунад.
15. Дар эҳтиром кардани дигарон мо чӣ тавр ба Яҳува пайравӣ карда метавонем?
15 Яҳува бо фурӯтанӣ Иброҳим, Роҳел, Еҳушаъ, Монӯаҳ, Илёс ва Ҳизқиёро гӯш карда буд. Пас мо метавонем ба худ савол диҳем: «Агар Яҳува дигаронро бо омодагӣ гӯш кунад, оё ман низ набояд чунин кунам? Оё ман метавонам ҳамимононро эҳтиром карда, онҳоро бодиққат гӯш кунам ва фикру пешниҳоди хубашонро қабул кунам? Оё ягон аъзои ҷамъомад ё оилаам айни ҳол мӯҳтоҷ аст, ки ман ӯро бодиққат гӯш кунам? Барои ин ман чӣ кор карда метавонам? (Ҳас. 30:6; Дов. 13:9; 3 Подш. 17:22; 2 Вақ. 30:20).
ХУДОВАНД АЗОБИ МОРО МЕБИНАД
16. Шоҳ Довуд ба дашноми Шимъӣ чӣ гуна муносибат кард?
16 Фурӯтанӣ ҳамчунин ба мо кӯмак мекунад, ки вақте ягон кас моро ба хашм меорад, худдорӣ зоҳир кунем (Эфс. 4:2). Воқеае, ки дар 2 Подшоҳон 16:5–13 оварда шудааст, инро хуб нишон медиҳад. (Оятҳоро хонед.) Ҳангоми гуреза будани Довуд, Шимъӣ ном хеши шоҳ Шоул ба Довуд ва навкаронаш санг партофта онҳоро дашном медод. Довуд метавонист, ки Шимъиро ҷазо диҳад, вале ӯ худдорӣ зоҳир кард. Дар ин маврид чӣ ба Довуд қувват бахшид? Ба ин савол боби сеюми китоби Забур ҷавоб медиҳад.
17. Чӣ ба Довуд қувват мебахшид, ки худдорӣ зоҳир кунад ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
17 Аз Забур 3:1 мо мефаҳмем, ки ин бобро Довуд ҳангоми аз писари худ Абшолӯм гурехтан навиштааст. Суханони Забур 3:2, 3 бо воқеаҳои 2 Подшоҳон боби 16 мувофиқанд. Сипас, дар Забур 3:5 Довуд ба Худо такя карданашро чунин изҳор мекунад: «Овозам Худовандро мехонад, ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд». Вақте дигарон бо мо муомилаи бад мекунанд, мо низ мисли Довуд дар дуо ба Яҳува такя карда метавонем. Дар ҷавоб Яҳува ба мо рӯҳи муқаддас медиҳад, ки он барои истодагарӣ ёрдам мекунад. Мулоҳиза кунед, ки дар кадом вазъиятҳо ба шумо худдорӣ зоҳир кардан лозим аст. Агар касе нисбати шумо беадолатона рафтор кунад, оё шумо ӯро бо омодагӣ бахшида метавонистед? Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува азобатонро мебинад ва албатта шуморо баракат медиҳад.
ИБТИДОИ ҲАМА ЧИЗ ХИРАД АСТ
18. Мувофиқи дастуроти Худо амал кардан чӣ манфиат меорад?
18 Аз рӯйи он чи ки дуруст аст, амал кардан баракати зиёд меорад. Дар Масалҳо 4:7 гуфта шудааст: «Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст». Шахси бохирад ҳамонест, ки на танҳо дониш дорад, балки донишро дар амал истифода бурда, қарорҳои дуруст қабул мекунад. Ҳатто мӯрчаҳо аз рӯйи хирад амал мекунанд. Онҳо табиатан бохирадона ғами ояндаро мехӯранд (Мас. 30:24, 25). Масеҳ, ки «хиради Худо» номида шудааст, ҳамеша корҳои ба Падараш писандро ба ҷо меовард (1 Қӯр. 1:24; Юҳ. 8:29). Худо низ медонад, ки қарори дуруст қабул кардан як чиз асту доимо мувофиқи он амал кардан чизи тамоман дигар. Ва вақте ки мо бо истодагарӣ ва фурӯтанӣ доимо мувофиқи он чи ки дуруст аст, амал мекунем, Яҳува моро мукофот медиҳад. (Матто 7:21–23-ро хонед.) Биёед, кӯшиш кунем, то ҷамъомад барои ҳар яки мо ҷое бошад, ки дар он ҳама бо фурӯтанӣ ба Яҳува хизмат мекунанд. Барои ба кор бурдани дониши гирифтаамон вақт ва пурсабрӣ лозим аст. Ин ҳамчунин нишонаи фурӯтанӣ мебошад. Доштани ин хислат ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда ба мо хушбахтӣ хоҳад овард.