Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бародарони солхӯрда, Яҳува садоқатмандии шуморо хеле қадр мекунад

Бародарони солхӯрда, Яҳува садоқатмандии шуморо хеле қадр мекунад

ДАР тамоми ҷаҳон пирони ҷамъомад имконияти ба халқи Худо хизмат карданро хеле қадр мекунанд. Онҳо дар ҳақиқат барои ҳар яки мо баракати бузурганд! Лекин чанде пеш, дигаргуние ба амал омад. Аз пирони солхӯрда хоҳиш карда шуд, ки баъзе ӯҳдадориҳои худро ба пирони ҷавонтар супоранд. Сабаб дар чӣ буд?

Мувофиқи ин дигаргунӣ нозирони ноҳиявӣ ва бародароне, ки дар мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта дарс медиҳанд, баъди синни 70-солагӣ ин намуди хизматашонро давом намедиҳанд. Ҳамчунин пироне, ки ба синни 80 мерасанд, дигар ӯҳдадориҳои гуногунро, аз он ҷумла вазифаи координатори Кумитаи филиал ва координатори ҳайати пирони ҷамъомадро бар зиммаи пирони ҷавонтар месупоранд. Ба ин тағйирот пирони солхӯрда чӣ гуна муносибат карданд? Онҳо ин дигаргуниро дастгирӣ намуда, ба Яҳува ва ташкилоташ садоқатмандии худро нишон доданд.

Кен ном бародари пиронсол, ки қариб 49 сол чун координатори Кумитаи филиал хизмат кардааст, чунин мегӯяд: «Ман пурра бо ин қарор розиям. Маҳз ҳамон рӯзе ки ман ин дастуротро фаҳмидам саҳариаш ба Яҳува дуо гуфта будам, ки бародари ҷавонтаре лозим аст, то чун координатор хизмат кунад». Дигар бародарони содиқи пиронсол, ки дар саросари ҷаҳон ҳастанд бо Кен ҳамфикранд. Азбаски онҳо ба бародарони худ хизмат карданро дӯст медоранд, албатта онҳо аз ин дигаргунӣ дар аввал каме ғамгин шуданд.

«Ман каме зиқ шудам»,— мегӯяд Эсперандио, ки дар ҷамъомади худ чун координатори ҳайати пирон хизмат карда буд. Вале бо вуҷуди ин мегӯяд: «Ба ман вақти зиёдтар лозим буд, ки дар бораи саломатии торафт бад шудаистодаам ғамхорӣ кунам». Ва мо хурсандем, ки ҳоло Эсперандио ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом медиҳад ва барои ҷамъомади худ баракат аст.

Дар бораи бародароне, ки солҳои зиёд нозири ноҳиявӣ буданду ҳоло намуди хизматашон дигар шуд аст, чӣ гуфтан мумкин? Алан, ки 38 сол нозири ноҳиявӣ буд, иқрор мешавад: «Бовариам намеомад, ки ман дигар нозири ноҳиявӣ нестам». Ба ҳар ҳол, ӯ дарк мекард, ки таълим додани бародарони ҷавон барои кори ташкилот манфиати калон меорад. Ва ӯ ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом медиҳад.

Рассел, ки давоми 40 сол чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекард ва дар мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта таълим медод, мегӯяд, ки дар аввал, аз чунин тағйирот ӯ ва занаш рӯҳафтода шуданд. «Мо хизматамонро хеле қадр менамудем. Ва ҳис мекардем, ки барои давом додани он қувватамон мерасад». Ҳоло Рассел ва занаш қобилияту таҷрибаи доштаашонро дар ҷамъомади худ истифода бурда истодаанд. Ҳамкорӣ бо онҳо ба воизони он ҷамъомад хурсандии зиёд мебахшад.

Шояд шахсан шумо бо ҳиссиёти бародароне, ки суханонашон дар боло оварда шудаанд, шинос нестед. Лекин воқеае, ки дар 2 Подшоҳон оварда шудааст, ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти он бародаронро фаҳмед.

МАРДИ ХОКСОР ВА ВОҚЕЪБИН

Ба ёд оред, ки чӣ тавр Абшолӯм, писари шоҳ Довуд, ба муқобили падараш исён бардошта буд. Довуд аз Ерусалим гурехта, ба тарафи шарқии дарёи Ӯрдун, ба Маҳаноим, рафт. Дар он ҷо Довуд ва ҳамроҳонаш ба хӯрока ва дигар чизҳои зарурӣ мӯҳтоҷ шуданд. Дар хотиратон ҳаст, ки баъд чӣ рӯй дод?

Се марде, ки аз он сарзамин буданд, саховатмандона ба Довуд ва ҳамроҳонаш кӯрпаву болин, хӯрока ва лавозимоти заруриро оварданд. Яке аз он мардон Барзилой буд (2 Подш. 17:27–29). Вақте исёни Абшолӯм боздошта шуд, Довуд ба Ерусалим баргашта метавонист. Барзилой хост подшоҳро то он тарафи Ӯрдун гусел кунад. Довуд аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба Ерусалим равад. Ҳарчанд Барзилой «марди бағоят сарватдор» буд ва ба чизе эҳтиёҷ надошт, подшоҳ пешниҳод кард, ки агар ба дарбораш равад, ӯро бо хӯрок таъмин мекунад (2 Подш. 18:31–33). Довуд шояд аз он сабаб Барзилойро назди худ ба Ерусалим бурдан мехост, ки ӯ марди ҳаётдида буд ва маслиҳатҳои хуб дода метавонист. Албатта дар дарбори шоҳ зистан ва кор кардан шарафи калон ба ҳисоб мерафт.

Лекин Барзилой хоксорӣ ва бомулоҳизагӣ зоҳир карда, эҳтиромона пешниҳоди шоҳро рад кард. Ӯ гуфт, ки 80-сола мебошад ва илова намуд: «Оё ман метавонам некро аз бад фарқ кунам?» Вай чиро дар назар дошт? Дар давоми умри дарози худ Барзилой эҳтимол марди хирадманде гашта буд. Ва ӯ ба дигарон панду маслиҳатҳои хуб дода метавонист, чуноне ки баъдтар пирони дарбори Сулаймон ба шоҳ Раҳабъом доданд (1 Подш. 12:6, 7; Заб. 91:13–15; Мас. 16:31). Фарқ кардани неку бадро қайд карда, шояд Барзилой онро дар назар дошт, ки аз сабаби пирӣ қувваи ӯ маҳдуд шудааст. Ӯ иқрор шуд, ки пир шудааст ва аллакай таъму маззаи хӯрокро ҳис намекунад ва гӯшҳояш хуб намешунаванд (Воиз 12:4, 5). Барзилой ба Довуд гуфт, ки ба ҷойи ӯ марди ҷавонтар — Кимҳомро, ки эҳтимол писараш буд, ба Ерусалим барад (2 Подш. 19:35–40).

ФИКРИ ОЯНДАРО КУНЕД

Чуноне ки дар аввали мақола гуфтем, дар ташкилот дигаргуние рӯй дод, ки бо синну сол алоқаманд аст. Мақсад аз ин дигаргунӣ дар он аст, ки бародарон мисли Барзилой мулоҳизакорӣ зоҳир кардан мехоҳанд. Фаҳмост, ки имрӯз дар ташкилоти Яҳува ҳангоми ҷорӣ кардани ягон дигаргунӣ вазъият ва қобилиятҳои танҳо як шахс ба инобат гирифта намешавад. Ба бародарон лозим буд, ки воқеъбинона рафтор кунанд, то ин дигаргунӣ ба пирони содиқ дар тамоми ҷаҳон, манфиат орад.

Ин масеҳиёни хоксор ба хубӣ дарк мекунанд, ки агар масъулиятҳоеро, ки солҳои дароз бар ӯҳда доштанд, ба бародарони ҷавон супоранд ва таҷрибаи бойи худро ба онҳо омӯзонанд, ин ба мустаҳкамшавӣ ва пешравии минбаъдаи ташкилоти Яҳува кӯмак мекунад. Аксар вақт маҳз бародарони солхӯрда таҷрибаи худро ба бародарони ҷавон таълим медиҳанд, чуноне ки Барзилой эҳтимол писари худро ва Павлус бошад Тимотиюсро таълим дода буд (1 Қӯр. 4:17; Фил. 2:20–22). Ин бародарони ҷавон масъулияти бештарро ба ӯҳда гирифта, акнун метавонанд «чун ато» ба дигарон хизмат кунанд ва «бадани Масеҳро бино созанд» (Эфс. 4:8–12; бо Ададҳо 11:16, 17, 29 муқоиса кунед).

БАРОИ КӮМАК ИМКОНИЯТ БИСЁР АСТ

Ҳарчанд дар саросари ҷаҳон бисёр ходимони содиқ масъулиятҳои пештараи худро ба ӯҳдаи бародарони ҷавон супорида бошанд ҳам, онҳо метавонанд барои васеъ кардани хизмати худ имкониятҳои навро истифода баранд.

«Вазъияти нави ман имконият медиҳад, ки ман ба шавҳарони ҳамимоннабудаи хоҳаронамон бисёртар вақт ҷудо кунам»,— мегӯяд Марко ном бародар, ки 19 сол боз чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекард.

«Мо мақсад гузоштем, ки ба воизони ғайрифаъол кӯмак кунем ва бо одамони бисёртар омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем»,— мегӯяд Жералду, ки 28 сол чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардааст. Ӯ нақл мекунад, ки айни замон якҷоя бо занаш 15 омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд ва шумораи зиёди шахсони ғайрифаъол ҳоло ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меоранд.

Бародар Алан, ки дар боло суханонаш оварда шуда буданд, қайд мекунад: «Ҳоло мо имконият дорем, ки худро пурра ба кори мавъиза бахшем. Мо аз хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалли корӣ ҳаловат мегирем. Инчунин мо ба ҳамсоягонамон мавъиза мекунем, ки ду нафари онҳо ҳоло ба вохӯриҳоямон меоянд».

Бародарони содиқ, агар шумо таҷрибаи бой дореду ба наздикӣ таъйинотатон дигар шуд, шумо имкон доред, ки боз бо як роҳи махсус ба халқи Худо кӯмак расонед. Шумо метавонед таҷрибаи худро ба бародарони ҷавони ҷамъомад омӯзонед ва ҳамин тавр кори Яҳуваро дастгирӣ кунед. Рассел, ки суханонаш дар боло оварда шуда буданд, мегӯяд: «Яҳува ҷавонони қобилиятнокро ба таври хуб таълим медиҳад ва онҳоро дар хизмати муқаддас истифода мебарад. Чун чӯпонону муаллимони боғайрат хизмат кардани онҳо ба тамоми бародарият манфиат меорад». (Нигаред ба чорчӯбаи « Ба ҷавонон кӯмак кунед, то қобилиятҳои худро пурра ба кор баранд».)

ЯҲУВА САДОҚАТМАНДИИ ШУМОРО ҚАДР МЕКУНАД

Агар таъйиноти шумо дигар шуда бошад, рӯҳияи мусбиро нигоҳ доред. Бо меҳнати софдилонаи худ шумо аллакай ба беҳтар шудани ҳаёти одамони бешумор кӯмак кардед ва метавонед инро давом диҳед. Меҳри шумо дар дили ҳама ҷой гирифтааст ва шумо ҳамеша барои мо азизед.

Аз ҳама муҳимаш, Яҳува шумо ва меҳнататонро ҳаргиз аз хотир намебарорад. Ӯ ҳеҷ гоҳ «кор ва муҳаббатеро, ки шумо нисбати номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш» намекунад (Ибр. 6:10). Ин суханони зери илҳоми Худо навишташуда боварӣ мебахшанд, ки Яҳува на танҳо корҳоеро, ки шумо дар таъйиноти пештараатон мекардед, қадр мекунад. Балки ҳозир ҳам шумо барои Ӯ қиматбаҳо ҳастед ва кӯшишҳое, ки барои ба Ӯ писанд омадан карда истодаед, барояш хеле пурарзишанд.

Шояд шумо аз ҷумлаи онҳое нестед, ки таъйиноташон дигар шудааст. Ба ҳар ҳол ин дигаргунӣ ба шумо низ дахл дорад. Чӣ тавр?

Агар шумо бо бародарони пиронсоли содиқ, ки таъйиноташон дигар шудааст, шинос бошед, метавонед аз таҷрибаву хираде, ки онҳо дар давоми солҳои зиёд ба даст овардаанд, баҳра баред. Аз онҳо маслиҳат пурсед. Ва аҳамият диҳед, ки чӣ тавр онҳо дар вазъияти ҳозираашон таҷрибаи ҳаётии худро содиқона ба кор мебаранд.

Шояд шумо аз ҷумлаи он ходимони пиронсолед, ки таъйинотатон дигар шудааст. Ё шояд шумо ҳоло ҷавонеду аз тарҷибаи он ходимони содиқ таълим мегиред. Новобаста аз ин, дар хотир доред, ки Яҳува садоқатмандии онҳоеро, ки солҳои дароз ба Ӯ хизмат кардаанд ва инро давом медиҳанд, бениҳоят қадр мекунад.