МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24
Шумо ба мақсадҳои рӯҳониатон расида метавонед!
«Биёед некӣ карданро бас накунем, зеро, агар дилхунук нашавем, дар вақташ медаравем» (ҒАЛ. 6:9).
СУРУДИ 40 Аввал Салтанати Худоро биҷӯед
ПЕШГУФТОР a
1. Бисёрамон аз кадом ҷиҳат мушкилӣ доштаем?
ЯГОН бор чунин шуда буд, ки шумо мақсади рӯҳонӣ b мондеду вале ба он нарасидед? Агар ҳа, шумо танҳо нестед. Масалан, Филипп мехост, ки сифати дуоҳояшро беҳтар кунад ва бештар дуо гӯяд. Аммо ӯ барои дуо гуфтан вақт намеёфт. Эрика бошад, мақсад дошт, ки ба вохӯриҳо барои мавъиза саривақт ояд, лекин ҳоло ҳам қариб ба ҳар вохӯрӣ дер меомад. Томас якчанд бор кӯшиш кард, ки Китоби Муқаддасро пурра хонад. Ӯ мегӯяд: «Ба ман хондани Китоби Муқаддас шавқовар набуд. Ман се бор кӯшиш кардам, ки онро пурра хонам, вале ҳар бор то китоби 3-юми Мӯсо мерасидаму хонданро бас мекардам».
2. Агар ба мақсади рӯҳониамон нарасида бошем, чаро набояд худро ноуҳдабаро ҳисобем?
2 Агар шумо аллакай мақсаде дошта бошеду вале ҳоло ба он нарасидаед, илтимос, худро ноуҳдабаро нашуморед. Охир, ҳатто барои ба мақсади одӣ расидан вақт ва меҳнати зиёд даркор аст. Хоҳиши ба мақсад расиданатон аллакай нишон медиҳад, ки шумо муносибати худро бо Яҳува қадр мекунед ва мехоҳед ба ӯ чизи беҳтаринатонро диҳед. Яҳува ҳамаи кӯшишҳоятонро қадр мекунад ва аз қуввататон берун чизе аз шумо талаб намекунад (Заб. 103:14; Мико 6:8). Барои ҳамин мақсаде монед, ки ба он расида метавонед. Агар шумо чунин мақсад монда бошед, чӣ кумак мекунад, ки ба он расед? Биёед баъзе маслиҳатҳоро дида бароем.
АҲАМИЯТИ МАЙЛУ ХОҲИШ
3. Чаро барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидан майлу хоҳиш аҳамият дорад?
3 Барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидан хоҳиш бениҳоят муҳим аст. Шахсе, ки майлу рағбати зиёд дорад, талош меварзад, ки ба мақсадаш расад. Чунин хоҳиш монанди шамолест, ки қаиқи бодбондорро ба пеш тела мекунад. Агар шамол беист вазад, эҳтимоли зиёд аст, ки баҳрнавард ба манзилаш расад. Илова бар ин, агар шамол сахт бошад, ӯ ба ҷойи даркорӣ шояд ҳатто тезтар расад. Дар бораи майлу рағбат низ чунин гуфтан мумкин. Чи қадаре хоҳишамон сахт бошад, ҳамон қадар эҳтимол аст, ки ба мақсадҳоямон расем. Дэвид ном бародаре аз Салвадор мегуяд: «Вақте ту хоҳиш дорӣ, бештар кӯшиш мекунӣ, намегузорӣ, ки барои ба мақсадат расидан чизе пеши роҳатро гирад». Пас, барои майлу хоҳишатонро зиёд кардан шумо чӣ кор карда метавонед?
4. Мо дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем? (Филиппиён 2:13). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Дуо гӯед, ки хоҳишатон зиёд шавад. Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба шумо хоҳиш дода метавонад, ки ба мақсадатон расед. (Филиппиён 2:13-ро хонед.) Баъзан мо мақсад мемонем, зеро медонем, ки бояд мақсад дошта бошем. Ин кори хуб аст. Лекин агар барои ба мақсад расидан ба мо хоҳиш нарасад-чӣ? Бо хоҳарамон Норина, ки аз Уганда аст, чизи ба ин монанд рӯй дод. Ӯ мақсад монд, ки омӯзанда ёбад, лекин барои ин он қадар хоҳиш надошт. Вай фикр мекард, ки маҳорати омӯзгориаш хуб нест. Чӣ ба Норина кумак кард? Ӯ ба ёд меорад: «Ман ҳар рӯз ба Яҳува дуо мегуфтам, ки хоҳишамро зиёд кунад. Аз рӯйи дуоҳоям амал карда, ман кӯшиш мекардам, ки қобилияти таълимдиҳиамро сайқал диҳам. Баъд аз якчанд моҳ майлу хоҳишам зиёд гашт ва худи ҳамон сол ман ду омӯзанда ёфтам».
5. Барои афзудани майлу хоҳишамон мо дар бораи чӣ андеша карда метавонем?
5 Дар бораи корҳое, ки Яҳува бароятон кардааст, андеша кунед (Заб. 143:5). Павлуси расул дар бораи лутфу марҳамате, ки Яҳува ба ӯ нишон дод, андеша мекард. Ин кумак кард, ки ба Яҳува аз таҳти дил хизмат кунад (1 Қӯр. 15:9, 10; 1 Тим. 1:12–14). Агар шумо низ чи қадаре дар бораи корҳое, ки Яҳува бароятон кардааст, андеша ронед, ҳамон қадар хоҳиш пайдо мекунед, ки ба мақсадатон расед (Заб. 116:12). Як хоҳарамон аз Ҳондурас мақсад монд, ки пешрави доимӣ мешавад. Чӣ ба ӯ кумак кард? Ӯ мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки чӣ сон Яҳува маро дӯст медорад. Ӯ маро ба ташкилоташ овард, дар бораам ғамхорӣ мекунад ва маро муҳофизат менамояд. Дар ин бора андеша карда муҳаббатам ба Яҳува афзуд ва барои пешрави доимӣ шудан майлу хоҳишам зиёд гашт».
6. Боз чӣ майлу хоҳиши моро зиёд карда метавонад?
6 Фикр кунед, ки ба мақсадатон расида, чӣ манфиат мегиред. Ба Эрика, ки дар сархати аввал дар борааш гуфтем, чӣ кумак кард, ки ба мақсадаш расад? Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки ба вохӯриҳо дер карда, бисёр чизро аз даст додам. Агар саривақт меомадам, бо бародару хоҳарон суҳбат карда метавонистам. Боз дар ин вохӯриҳо маслиҳатҳои муфид мешунидам, ки барои беҳтар кардани хизмат ва аз он хурсандӣ гирифтан кумак мекарданд». Чи хеле мебинед, Эрика дар бораи манфиатҳое, ки аз саривақт ба вохӯрии мавъиза омадан мегирифт, мулоҳиза кард. Аз ин рӯ ӯ ба мақсадаш расид. Ба мақсад расидан ба шумо чӣ манфиат меорад? Агар мақсад монда бошед, ки хониши Китоби Муқаддас ё дуоҳоятонро беҳтар гардонед, фикр кунед, ки чӣ хел ин муносибататонро бо Яҳува мустаҳкам мекунад (Заб. 145:18, 19). Агар мақсадатон инкишоф додани хислатҳои нек бошад, андеша кунед, ки чӣ хел ин муносибати шуморо бо дигарон беҳтар мекунад (Қӯл. 3:14). Рӯйхат кунед, ки бо кадом сабабҳо шумо ба мақсадатон расидан мехоҳед. Сипас ин рӯйхатро пайваста аз назар гузаронед. Томас, ки дар сархати аввал ном бурдем, мегӯяд: «Чӣ қадар бештар сабаб дошта бошам, ҳамон қадар бо азм сӯйи мақсадам ҳаракат мекунам».
7. Чӣ ба Ҳулио ва ҳамсараш кумак кард, ки ба мақсадашон расанд?
7 Бо онҳое вақт гузаронед, шуморо дастгирӣ мекунанд (Пнм. 13:20). Ҳулио ва ҳамсараш мақсад доштанд, ки доираи хизматашонро васеъ кунанд. Аҳамият диҳед, чӣ ба онҳо кумак кард. Ҳулио мегӯяд: «Мо бо онҳое дӯстӣ мекардем, ки барои ба мақсадамон расидан ба мо кумак мекарданд. Инчунин бо онҳо дар бораи мақсадамон суҳбат мекардем. Бисёри дӯстонамон аллакай ба чунин мақсадҳо расида буданд, барои ҳамин ба мо маслиҳатҳои хуб дода метавонистанд. Онҳо инчунин дар бораи рафти корҳоямон пурсон мешуданд ва дар вақти зарурӣ моро дилбардорӣ мекарданд».
ВАҚТЕ БА МО МАЙЛУ ХОҲИШ НАМЕРАСАД
8. Агар барои ба мақсад расидан майлу хоҳишамонро нигоҳ карда истем, чӣ руй дода метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Бояд гуфт, ки дар ҳаёт лаҳзаҳое мешаванд, ки барои сӯйи мақсад ҳаракат кардан ягон майлу хоҳиш надорӣ. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки мо сӯйи мақсадамон ҳаракат карда наметавонем? Не. Мисоли болоро ба ёд оред. Шамоли сахт метавонад қаиқи бодбондорро сӯйи манзилаш тела диҳад. Вале шамол бо қувваи гуногун вазида метавонад. Баъзе рӯзҳо, шояд, тамоман шамол набошад. Магар ин маънои онро дорад, ки баҳрнавард дигар ҳаракат карда наметавонад? На ҳамавақт. Масалан, баъзе киштиҳо муҳаррик доранд, баъзеи дигараш белчаҳо. Баҳрнавард аз ин чизҳо истифода бурда, ба ҷойи даркорӣ ҳаракат мекунад. Майлу хоҳиши мо низ мисли қувваи шамол гуногун буда метавонад. Рӯзҳое мешаванд, ки, эҳтимол, мо барои ба мақсад расидан ягон кор кардан нахоҳем. Барои ҳамин, агар мо майлу хоҳишамонро нигоҳ карда истем, шояд, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нарасем. Баҳрнавард барои ба манзил расидан ҳар роҳро меҷӯяд, агар мо низ мисли ӯ амал кунем, хоҳиш надошта бошем ҳам, сӯйи мақсади худ ҳаракат мекунем. Ин кор тартибу низомро талабад ҳам, дар натиҷа шумо ба мақсад расида хеле хурсанд мешавед. Пас, аз мо чӣ дар талаб аст? Пеш аз ёфтани ҷавоб, биёед як саволро муҳокима кунем.
9. Оё барои ба мақсад расидан худро маҷбур кардан лозим аст? Фаҳмонед.
9 Яҳува мехоҳад, ки мо ба ӯ бо хурсандӣ ва ҳавсалаи зиёд хизмат кунем (Заб. 100:2; 2 Қӯр. 9:7). Лекин агар чунин ҳиссиёт надошта бошем-чӣ? Акнун сӯйи мақсадамон ҳаракат накунем? Мисоли Павлуси расулро дида мебароем. Ӯ мегӯяд: «Бадани худро мушт мезанам ва ғуломи худ мегардонам» (1 Қӯр. 9:25–27). Ҳарчанд баъзан Павлус корҳоеро, ки Яҳува аз ӯ интизор буд, кардан намехост, ӯ худро маҷбур мекард, ки хости Худоро ба ҷо орад. Оё Яҳува аз хизмати Павлус розӣ буд? Албатта! Яҳува ӯро барои кӯшишҳояш баракат дод (2 Тим. 4:7, 8).
10. Чаро хоҳиш надошта бошем ҳам, сӯйи мақсад ҳаракат кардан арзанда аст?
10 Аз мисоли Павлус мебинем, ки, вақте мо нигоҳ накарда ба беҳавсалагӣ суйи мақсад ҳаракат мекунем, Яҳува хурсанд мешавад. Вақте ӯ мебинад, ки кардани ин кор ба мо на ҳама вақт маъқул аст, лекин мо онро аз муҳаббат ба ӯ мекунем, шод мегардад. Чи тавре ки Яҳува Павлусро баракат дод, моро низ барои кӯшишҳоямон баракат медиҳад (Заб. 126:5). Вақте мо баракатҳои ӯро мебинем, эҳтимол, ҳатто майлу хоҳиш пайдо кунем. Лусина ном хоҳаре аз Лаҳистон мегӯяд: «Баъзан ман хизмат рафтан намехоҳам, махсусан вақте мондаам. Лекин ба хизмат баромада, ман хурсандии зиёд ҳис мекунам». Акнун биёед бинем, ки агар майлу хоҳиш надошта бошем, чӣ кор карда метавонем.
11. Чӣ тавр Яҳува барои инкишоф додани худдорӣ ба мо кумак карда метавонад?
11 Аз Яҳува худдорӣ пурсед. Худдорӣ қобилияти идора кардани фикрронӣ ва амалҳоямон мебошад. Ин калима одатан маънои худро аз кори баде боздоштанро дорад. Вале барои кардани кори хуб низ худдорӣ зарур аст, махсусан агар он душвор бошад ё хоҳиш надошта бошем. Дар ёд доред: худдорӣ яке аз ҷонибҳои самари рӯҳ мебошад. Барои ҳамин аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, ки дар инкишоф додани ин хислат ба шумо кумак кунад (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23). Дэвид, ки пештар дар борааш гуфтем, мехост пайваста омӯзиши шахсӣ гузаронад. Бинед чӣ тавр дуо ба ӯ кумак расонд. Дэвид мегӯяд: «Барои инкишоф додани худдорӣ ман аз Яҳува кумак мепурсидам. Ӯ ба ман ёрдам дод. Акнун омӯзиши шахсии хеле хуб дорам ва пайваста онро мегузаронам».
12. Чӣ тавр маслиҳати Пандгӯ 11:4 кумак мекунад, ки ба мақсадҳои рӯҳониамон расем?
12 Вазъу шароити беҳтаринро интизор нашавед. Дар ин дунё вазъияти комилан тинҷу осуда вуҷуд надорад. Агар ин гуна шароитро интизор шуда шинем, шояд ҳеҷ гоҳ ба мақсадамон нарасем. (Пандгӯ 11:4-ро хонед.) Бародаре бо номи Дэниел мегӯяд: «Ҳаёт бе мушкилӣ намешавад. Барои ҳамин мо бояд вақту соати мусоидро интизор шуда наистему аз паси кор шавем». Бародаре аз Уганда бо номи Паул мефаҳмонад, ки боз чаро мо набояд корро ба қафо партоем: «Вақте мо новобаста ба вазъияти мушкил корро сар мекунем, ба Яҳува имкон медиҳем, ки моро баракат диҳад» (Мал. 3:10).
13. Чаро аз мақсадҳои хурд сар кардан манфиатовар аст?
13 Аз чизи хурд сар кунед. Агар ба мақсад расидан душвор тобад, шояд барои он майлу хоҳишамон нарасад. Агар шумо дар чунин вазъият бошед, оё метавонед мақсадатонро ба якчанд мақсадҳои хурд ҷудо кунед? Масалан, агар шумо хислатеро инкишоф доданӣ бошед, шояд онро дар аввал дар чизи хурд зоҳир мекунед? Агар мақсад мондаед, ки Китоби Муқаддасро пурра хонед, шояд, аввал кам-кам мехонед? Томас, ки дар сархати аввал дар борааш гуфтем, Китоби Муқаддасро дар як сол пурра хонда наметавонист. Ӯ мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки мақсади мондаам бароям вазнинӣ мекард. Барои ҳамин як бори дигар кӯшиш кардам, вале ин дафъа ҳар рӯз якчанд сархат мехондаму мулоҳиза мерондам. Дар натиҷа хондани Калом бароям ҳаловатбахш шуд». Бо гузашти вақт Томас барои хониш бештар вақт ҷудо мекард. Ниҳоят, ӯ Китоби Муқаддасро пурра хонд c.
БО НОКОМӢ РӮ БА РӮ ШУДА РӮҲАФТОДА НАШАВЕД
14. Аз кадом сабабҳо ба мақсад расидан душвор шуда метавонад?
14 Афсӯс, чӣ қадар хоҳиш надошта бошем ё чӣ қадар аз рӯйи тартиб зиндагӣ накунем, баъзан бо нокомӣ дучор мешавем. Масалан, «воқеаҳои ғайричашмдошт» вақтеро, ки барои ба мақсадамон расидан лозим аст, дуздида метавонанд (Пандгӯ 9:11, поварақ). Шояд мо бо мушкилие рӯ ба рӯ шавем, ки моро дилшикаста мегардонад ва қувватамон кам мешавад (Пнм. 24:10). Аз сабаби нокомилиямон бошад, мо хатоҳое карда метавонем, ки барои ба мақсад расидан халал мерасонанд (Рум. 7:23). Ё мумкин мо хаставу бемадор мешавем (Мат. 26:43). Пас, чӣ кумак мекунад, ки чунин нокомиҳоро паси сар кунем?
15. Агар бо нокомӣ дучор шавем, чаро набояд рӯҳафтода шавем? Фаҳмонед (Забур 145:14).
15 Нокомӣ маънои онро надорад, ки шумо ба мақсадатон намерасед. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки мо гаштаву баргашта ба мушкилиҳо дучор шуда метавонем. Вале дар он инчунин қайд мешавад, ки мо аз нав ба по хеста метавонем, махсусан бо ёрдами Яҳува. (Забур 145:14-ро хонед.) Бинед бародар Филипп, ки пештар дар борааш ёдовар шудем, комёбиашро дар чӣ мебинад: «Комёбии ман ба он вобаста нест, ки чанд маротиба ба мақсадам расида натавонистам. Баръакс, чанд маротиба ба по хеста, сӯйи мақсадам ҳаракат кардам». Дэвид, ки пештар дар борааш гуфта будем, мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам ба нокомиҳо чун ба монеа назар накунам, балки чун ба имконияти нишон додани муҳаббатам ба Яҳува». Бале, вақте мо новобаста ба мушкилиҳо кӯшиш мекунем, ки ба мақсадҳоямон расем, исбот менамоем, ки розигии Яҳуваро ба даст овардан мехоҳем. Тасаввур кунед Яҳува ин кӯшишҳоятонро дида чӣ қадар хурсанд мешавад.
16. Мо аз нокомӣ чӣ дарс гирифта метавонем?
16 Аз нокомӣ дарс гиред. Фикр кунед, ки сабаби ин нокомӣ чӣ буд ва аз худ пурсед: «Чӣ кор кунам, ки дигар ба ин роҳ надиҳам?» (Пнм. 27:12). Баъзан нокомиҳо маълум месозанд, ки мақсади мондаамон барои мо беҳад вазнин аст. Агар дар бораи мақсади шумо низ чунин гуфтан мумкин бошад, онро аз нав дида бароед. Фикр кунед, ки зӯратон ба он мерасад ё не d. Агар шумо ба мақсаде, ки бароятон зӯрӣ мекунад, нарасед, Яҳува шуморо ноуҳдабаро ҳисоб намекунад (2 Қӯр. 8:12).
17. Чаро мо дар бораи корҳое, ки аллакай анҷом додем, набояд фаромӯш кунем?
17 Дастовардҳои худро дар ёд доред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Худо беинсоф нест, ки [меҳнататонро]... аз ёд барорад» (Ибр. 6:10). Шумо низ, корҳоеро, ки анҷом додед, фаромӯш накунед. Ба ёд оред, ки ба кадом мақсадҳо аллакай расидед,— хоҳ ин дӯстиатон бо Яҳува бошад, хоҳ дар бораи ӯ ба дигарон шаҳодат додан ё таъмид гирифтанатон. Чи хеле дар гузашта ба мақсадҳои рӯҳониатон расида будед, ҳоло низ ба мақсаде, ки доред, мерасед (Флп. 3:16).
18. Дар роҳ сӯйи мақсадамон мо бояд дар бораи чӣ фаромӯш накунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
18 Бо ёрии Яҳува шумо ба мақсадҳои рӯҳониатон расида метавонед, чи хеле баҳрнавард ба манзилаш рафта мерасад. Лекин дар ёд доред, ки бисёр баҳрнавардон инчунин аз сафар лаззат мебаранд. Барои ҳамин дар роҳ сӯйи мақсадҳоятон дасти Яҳува ва баракатҳояшро пай бурда, аз сафар лаззат баред (2 Қӯр. 4:7). Агар таслим нашавед, соҳиби баракатҳои аз ин ҳам бузургтар мешавед (Ғал. 6:9).
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Ташкилоти Яҳува моро пайваста даъват мекунад, ки мақсадҳои рӯҳонӣ монем. Лекин фарз кардем, шумо аллакай мақсади арзандае мондаеду ҳоло ба он нарасидаед. Дар ин ҳол чӣ бояд кард? Дар ин мақола якчанд маслиҳат дода мешавад, ки барои ба мақсадҳоятон расидан ба шумо кумак карда метавонад.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Мақсади рӯҳонӣ ҳар чизе буда метавонад, ки шумо онро беҳтар кардан мехоҳед ё ба даст оварданиед, то ки ба Яҳува бештар хизмат кунеду ӯро хурсанд гардонед. Мисол, шояд шумо мақсад монед, ки ягон хислати некро инкишоф медиҳед ё ягон ҷиҳати ибодати худро беҳтар мегардонед: хониши Китоби Муқаддас, омӯзиши шахсӣ ё хизмататонро.
c Ба китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), саҳ. 10, 11, сарх. 4 нигаред.
d Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Ставь разумные цели и сохраняй радость» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми июли соли 2008 нигаред.