Саволҳои хонандагон
Агар зану марде, ки ҳамсар нестанд, шабро якҷоя дар хонаи беодам ё ҷойи хилват гузаронанд, оё ин гуноҳест, ки ҳайати ҳуқуқӣ бояд дида барояд?
Ҳа. Агар барои сафед кардан ягон асос набошад ва далелҳо ба он ишора кунанд, ки бадахлоқии ҷинсӣ содир шудааст, ҳайати ҳуқуқӣ ташкил карда мешавад (1 Қӯр. 6:18).
Ҳайати пирон бодиққат ҳар як воқеаро дида мебарояд, то муайян намояд, ки оё ташкил кардани ҳайати ҳуқуқӣ лозим аст ё не. Масалан: оё байни ин шахсон муносибатҳои ошиқона буданд? Оё пештар ба онҳо аз сабаби бо якдигар рафтори ношоиста карданашон маслиҳат дода шуда буд? Оё онҳо инро пешакӣ нақша кашида буданд? Оё онҳо имконияти дигар доштанд ё аз сабаби ҳодисаи ногаҳонӣ ё воқеаи таъҷилӣ дигар илоҷ надоштанду барои ҳамин шабро якҷоя гузаронданд? (Воиз 9:11) Ҷойи хоби онҳо чӣ гуна буд? Азбаски вазъиятҳо гуногун буда метавонанд, пирон шояд дигар ҳолатҳои ба ин масъала дахлдорро низ дида бароянд.
Баъди муайян кардани тамоми ҷонибҳои воқеа, ҳайати пирон қарор мебарорад, ки оё барои рафтори онҳо ягон чораи ислоҳкунанда андешида шавад ё не.