Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба «ҳама гуна одамон» дилсӯзӣ зоҳир кунед

Ба «ҳама гуна одамон» дилсӯзӣ зоҳир кунед

ВАҚТЕ Исо ба шогирдонаш мавъиза карданро таълим медод, ӯ фаҳмонд, ки одамон на ҳама вақт хушхабари Подшоҳиро қабул мекунанд (Луқ. 10:3, 5, 6). Имрӯз низ чунин аст. Дар хизмат мо баъзан бо касоне вомехӯрем, ки бо мо дағалона муносибат мекунанд ё ҳатто моро дашном медиҳанд. Дар ин гуна мавридҳо ба одамон дилсӯзӣ кардан душвор аст.

Шахси дилсӯз эҳтиёҷот ва мушкилии дигаронро дида, ба онҳо раҳмаш меояд ва ёрдам кардан мехоҳад. Лекин, агар мо дилсӯзиамонро гум кунем, ин метавонад ғайрати моро суст кунад ва хизматамон бесамар гардад. Чуноне ки барои фурӯзон нигоҳ доштани оташ ҳезум даркор аст, агар мо дилсӯзиро инкишоф диҳем, ғайрати мо дар хизмат суст намешавад (1 Тас. 5:19).

Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳатто душвор бошад ҳам, ба одамон дилсӯз бошем? Биёед ҳоло се намунаи ибратро — намунаи Яҳува, Исо ва Павлусро дида бароем.

БА ДИЛСӮЗИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар давоми ҳазорсолаҳо одамон номи Яҳуваро сиёҳ мекунанд, лекин «Ӯ ҳатто ба касони ношукр ва бадкор меҳрубон аст» (Луқ. 6:35). Меҳрубонии Ӯ дар пурсабриаш зоҳир мешавад. Яҳува «мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд» (1 Тим. 2:3, 4). Ҳарчанд Худо аз бадкории одамон нафрат дорад, худи одамон барояш азизанд ва Ӯ нобуд шудани ҳеҷ касро намехоҳад (2 Пет. 3:9).

Яҳува медонад, ки Шайтон зеҳни аксари одамонро кунд кардааст (2 Қӯр. 4:3, 4). Бисёриҳо аз хурдӣ зери таъсири таълимоти дурӯғ тарбия ёфтаанд ва ин ба фикррониашон таъсир кардааст. Барои ҳамин, қабул кардани ҳақиқат барои онҳо душвор аст. Яҳува сахт мехоҳад, ки ба чунин одамон кӯмак кунад. Мо инро аз куҷо медонем?

Ба хотир оред, ки Яҳува ба сокинони Нинве чӣ гуна муносибат кард. Ҳарчанд онҳо хеле золим буданд, Яҳува ба Юнус гуфт: «Оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд?» (Юнус 4:11). Азбаски онҳо роҳи дурустро намедонистанд, Яҳува аз раҳмдилӣ Юнусро фиристонд, то онҳоро аз нобудшавӣ огоҳ кунад.

Мо ҳам мисли Яҳува одамонро дӯст медорем. Аз ин рӯ, ҳатто агар чунин тобад, ки одамон ҳақиқатро қабул намекунанд, мо ба Яҳува пайравӣ карда, кӯшиш мекунем, ки ба онҳо кӯмак расонем.

МИСЛИ ИСО ДИЛСӮЗ БОШЕД

Исо ҳам мисли Яҳува дилаш ба одамон месӯхт, «зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Исо вазъияти онҳоро нағз мефаҳмид. Роҳбарони динӣ бошанд, чизҳои нодурустро таълим медоданд ва бо одамон муомилаи бад мекарданд. Барои ҳамин, Исо медонист, ки бисёриҳо омада суханони ӯро гӯш кунанд ҳам, бо сабабҳои гуногун пайрави ӯ намешаванд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ӯ «ба онҳо чизҳои зиёдро таълим додан гирифт» (Марқ. 4:1–9).

Агар шахс дар аввал шавқ зоҳир накунад, рӯҳафтода нашавед

Вазъияти зиндагӣ ва муносибати шахс ба ҳақиқат дигар шуда метавонад

Вақте одамон моро нағз гӯш намекунанд, мо бояд онҳоро фаҳмем ва фикр кунем, ки чаро онҳо чунин рафтор мекунанд. Баъзеҳо нисбати Китоби Муқаддас ва масеҳиён барои он бадгумонӣ доранд, ки корҳои бади шахсони ба ном масеҳиро дидаанд. Дигарон бошанд, мумкин оиди Шоҳидони Яҳува гапҳои дурӯғ шунидаанд. Ё баъзеҳо моро гӯш кардан хоҳанд ҳам, аз хешу табор ва одамони маҳаллашон метарсанд.

Баъзе одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем, дар ҳаёташон ҳодисаҳои нохушро аз сар гузарондаанд, ки ин ба онҳо сахт таъсир кардааст. Хоҳари миссионер бо номи Ким мегӯяд: «Дар баъзе қисмҳои минтақаамон ҷанг ба одамони зиёд осеб расондааст ва онҳо ҳамаи чизу чораашонро аз даст додаанд. Онҳо ба оянда ягон умед надоранд, зеро дилшикастаанд ва ба ҳеҷ кас бовар намекунанд. Ин ҷо ҳангоми мавъиза мо бисёр вақт бо одамоне вомехӯрем, ки ба мо муқобилат нишон медиҳанд. Боре ҳатто чунин шуд, ки як соҳибхона ба ман ҳамла кард».

Чӣ тавр хоҳар Ким нигоҳ накарда ба чунин муомила зоҳир кардани раҳмдилиро давом медиҳад? Ӯ мегӯяд: «Вақте ба ман дағалона муомила мекунанд, ман кӯшиш мекунам, ки суханони Масалҳо 19:11-ро ба хотир орам: “Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст”. Вақте ман фикр мекунам, ки одамон дар маҳалли мо чӣ гуна нохушиҳоро аз сар гузарондаанд, ин ёрӣ медиҳад, ки ба онҳо дилсӯз бошам. Дар асл, на ҳама одамон бо мо муносибати бад мекунанд. Чунки айнан дар ин маҳал якчанд шавқмандон низ ҳастанд».

Мо метавонем оиди чунин саволҳо фикр кунем: «Агар ман ба ҷойи он одамон мебудаму ба ман мавъиза мекарданд, чӣ гуна рафтор мекардам? Ё агар ҳар вақт ба ман дар бораи Шоҳидони Яҳува гапҳои дурӯғ мегуфтанд, оё мавъизаашонро гӯш мекардам?» Дар чунин ҳолатҳо, шояд мо ҳам мавъизаро гӯш намекардем ва ба дилсӯзӣ мӯҳтоҷ мебудем. Исо ба мо фармуд, ки «ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед». Дар хотир доштани ин суханон ба мо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар ҳолатҳои душвор дилсӯзӣ зоҳир кунем (Мат. 7:12).

АЗ ПАВЛУС ДИЛСӮЗ БУДАНРО ЁД ГИРЕД

Павлуси расул ҳатто ба одамоне, ки ба ӯ сахт муқобилат мекарданд, дилсӯзӣ зоҳир мекард. Чаро? Чунки гузаштаи худро фаромӯш накарда буд. Ӯ дар бораи худ гуфт: «Пештар куфргӯ, таъқибкунанда ва берӯй будам. Ба ин нигоҳ накарда ба ман раҳм зоҳир карда шуд, чунки аз рӯйи нодонӣ ва беимонӣ рафтор мекардам» (1 Тим. 1:13). Павлус дарк мекард, ки Яҳува ва Исо ба вай бисёр раҳмдилӣ зоҳир кардаанд. Ба ин монанд, вай рафтори баъзе мухолифонро дида, худашро ба хотир меовард.

Баъзан Павлус бо одамоне вомехӯрд, ки ба таълимоти дурӯғ боварии қавӣ доштанд. Вай чӣ гуна муносибат мекард? Дар Аъмол 17:16 омадааст, ки вақте Павлус дар Афина буд, «ӯ дид, ки шаҳр пур аз бутҳост, ва аз ин дилаш ба танг омад». Бо вуҷуди ин, Павлус айнан ҳамон чизҳоеро, ки дили ӯро ба танг оварда буданд, истифода бурда, одамонро таълим дод (Аъм. 17:22, 23). Ӯ ҳангоми бо одамони гуногун вохӯрдан тарзи мавъизаашро мувофиқи маданияту эътиқоди онҳо дигар мекард, «то бо ягон роҳ баъзе касонро наҷот» диҳад (1 Қӯр. 9:20–23).

Вақте дар хизмат бо одамоне вомехӯрем, ки бо мо нағз муомила намекунанд ё ба таълимоти дурӯғ боварӣ доранд, хуб мебуд, ки мисли Павлус рафтор кунем. Мо метавонем чизҳоеро, ки дар бораи онҳо ва эътиқодашон медонем, истифода бурда, «аз некӣ башорат» диҳем (Иш. 52:7). Хоҳаре бо номи Дороти мегӯяд: «Дар маҳалли мо бисёр одамон таълим ёфтаанд, ки Худо сахтгиру айбҷӯй аст. Ман ин гуна одамонро барои ба Худо имони мустаҳкам доштанашон таъриф мекунам. Сипас диққати онҳоро ба суханони Китоби Муқаддас оиди раҳмдилу меҳрубон будани Яҳува ва нияте, ки Ӯ дар бораи оянда дорад, равона месозам».

«БАДИРО БО НЕКӢ МАҒЛУБ КУНЕД»

Бо баробари ба охир расидани «рӯзҳои охир» рафтори баъзе одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, «рӯз ба рӯз бадтар» мегардад (2 Тим. 3:1, 13). Вале мо набояд хурсандиамонро аз даст диҳем ва ба одамон зоҳир кардани дилсӯзиро бас кунем. Яҳува метавонад ба мо қувват бахшад, то «бадиро бо некӣ мағлуб» кунем (Рум. 12:21). Ҷессика ном хоҳари пешрав нақл мекунад: «Ман бисёр вақт одамонеро вомехӯрам, ки фурӯтанӣ надоранд ва моро паст зада хабарамонро танқид мекунанд. Чунин рафтор касро асабӣ карда метавонад. Вақте ман сӯҳбатро сар карданӣ мешавам, дар дилам дуо гуфта, аз Яҳува мепурсам, ки ба он шахс мисли Ӯ нигоҳ кунам. Ин ба ман кӯмак мекунад, то ба ҳиссиёт дода нашавам ва дар бораи чӣ тавр ба он шахс кӯмак кардан фикр кунам».

Мо одамонеро меҷӯем, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моиланд

Бо гузашти вақт баъзе одамон моро гӯш мекунанд ва ҳақиқатро қабул мекунанд

Мо бояд инчунин дар мавъиза якдигарро рӯҳбаланд кунем. Ҷессика мегӯяд: «Агар бо яке аз мо воқеаи ногуворе рӯй диҳад, ман кӯшиш мекунам, ки ба ин бисёр диққат надиҳам. Ба ҷойи ин, ман дар бораи ягон чизи мусбат гап мезанам. Масалан дар бораи он ки чӣ тавр хизмати мо нигоҳ накарда ба муносибати манфии баъзеҳо натиҷаҳои хуб меорад».

Яҳува хуб медонад, ки баъзан ба мо мавъиза кардан хеле душвор аст. Аммо, вақте ки мо мисли Ӯ ба одамон раҳмдилӣ зоҳир мекунем, Ӯ бениҳоят хурсанд мешавад (Луқ. 6:36). Албатта Яҳува ба одамони ин ҷаҳон то абад дилсӯзӣ намекунад. Мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ аниқ медонад, ки кай ба ин ҷаҳони пур аз бадӣ хотима диҳад. То омадани он вақт мавъиза кардан ба одамон хеле муҳим аст (2 Тим. 4:2). Биёед, бо ҷидду ҷаҳд ва дилсӯзӣ ба «ҳама гуна одамон» расонидани хушхабарро давом диҳем.