Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Одил дар Худованд шодӣ» мекунад

«Одил дар Худованд шодӣ» мекунад

СИННИ хоҳар Диана аз 80 гузаштааст. Шавҳари ӯ, ки чанд сол пеш вафот карда буд, аз бемории Алтсгеймер азоб мекашид ва солҳои охири ҳаёташ дар хонаи пиронсолон буд. Диана инчунин доғи ду ҷигарбандашро дидааст ва бемории саратони синаро аз сар гузарондааст. Вале бародарону хоҳарон ӯро дар ҷамъомад ҳамеша шоду хандон мебинанд.

Бародар Ҷон зиёда аз 43 сол чун нозири сайёр хизмат мекард. Вай ин хизматашро сахт дӯст медошт ва он маънои ҳаёташ буд. Вале баъд ӯ хизматашро давом дода натавонист, зеро ба вай лозим омад, ки ба як хеши наздикаш, ки бемор шуда буд, нигоҳубин кунад. Ҳозир ӯ дар ҷамъомади маҳаллӣ хизмат карда истодааст. Онҳое, ки пеш Ҷонро мешинохтанд, ӯро дар анҷуманҳо дида, пай мебаранд, ки ӯ тамоман дигар нашудааст ва мисли пештара хандонрӯ аст.

Чӣ ба Диана ва Ҷон кӯмак мекунад, ки ба душвориҳояшон нигоҳ накарда хурсандиро аз даст надиҳанд? Чӣ тавр одам новобаста ба сахтиҳои зиндагӣ ва беморӣ хурсанд будан метавонад? Чӣ тавр шахс ҳатто баъди ба охир расидани таъйиноти дӯстдошта метавонад шодиашро нигоҳ дорад? Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки «одил дар Худованд шодӣ» мекунад (Заб. 63:11). Барои хубтар фаҳмидани мазмуни ин суханон, биёед дида бароем, ки чӣ дар асл ба одам хурсандии ҳақиқӣ мебахшаду чӣ не.

ХУРСАНДИЕ, КИ ГУЗАРОН АСТ

Баъзе чизҳо қариб ҳама вақт хурсандӣ меоранд. Масалан, вақте ки шахс бо дӯстдоштааш оиладор мешавад, соҳиби фарзанд мегардад ё дар хизмати Яҳува таъйиноти наве мегирад, ин бешубҳа ба кас хурсандӣ меорад. Ҳамаи ин чизҳо ато аз ҷониби Яҳува мебошанд. Зеро худи Яҳува Асосгузори издивоҷ аст, Ӯ таваллудшавии кӯдакро имконпазир гардондааст ва ба ходимонаш ба воситаи ҷамъомади масеҳӣ таъйинот медиҳад (Ҳас. 2:18, 22; Заб. 126:3; 1 Тим. 3:1).

Аммо баъзан чизҳое, ки сабаби хурсандии мо мегарданд, муваққатӣ буда метавонанд. Афсӯс, ки баъзе ҳамсарон ба якдигар хиёнат мекунанд ва ҳаёти оилавӣ дигар хурсандӣ намеорад ё вақте яке аз ҳамсарон вафот мекунад, ҳаёти оилавии онҳо ба охир мерасад (Ҳиз. 24:18; Ҳуш. 3:1). Баъзе фарзандон ба Худо ва волидонашон беитоатӣ мекунанд ва ҳатто аз ҷамъомад хориҷ карда мешаванд. Писарони Самуил ба Яҳува ба таври шоиста хизмат намекарданд ва он ки Довуд бо Батшобаъ зино кард, ба хонаводаи ӯ бисёр балоҳо овард (1 Подш. 8:1–3; 2 Подш. 12:11). Чунин ҳодисаҳо на хурсандӣ, балки ғаму андӯҳи зиёд меорад.

Ҳамчунин агар мо дар ягон намуди хизмати махсус бошем, шояд бо сабабҳои гуногун дар он доимо монда натавонем. Масалан, аз сабаби беморӣ, ӯҳдадориҳо дар оила ё дигаргуниҳо дар ташкилот шахс шояд дигар дар таъйиноти худ монда натавонад. Бисёр касоне, ки бо чунин дигаргунӣ рӯ ба рӯ шуданд, иқрор мешаванд, ки таъйиноти худро ёд мекунанд. Чунки аз он хурсандии зиёд мегирифтанд.

Бешубҳа, чизҳои дар боло номбурда на ҳама вақт ба кас шодиву хурсандии бардавом меоранд. Пас, оё боз хурсандие вуҷуд дорад, ки ҳамеша, ҳатто ҳангоми бад шудани вазъият, моро тарк накунад? Бале ҳаст, зеро чунин шахсон ба монанди Самуил, Довуд ва дигарон дар вақтҳои азобу мусибат ба андозае хурсандӣ доштанд.

ХУРСАНДИИ БАРДАВОМ

Исо чӣ будани хурсандии ҳақиқиро медонист. Ӯ то ба замин омадан, дар осмон — ҷое, ки шароит хуб буд, зиндагӣ мекард ва «ба ҳузури [Яҳува] ҳамеша хушҳолӣ» менамуд (Мас. 8:30). Лекин баъди ба замин омаданаш, баъзан бо душвориҳои сахт дучор мешуд. Ба ин нигоҳ накарда, вай аз иҷрои иродаи Падараш хурсандӣ меёфт (Юҳ. 4:34). Дар бораи лаҳзаҳои охирини ҳаёти пуразоби Исо чӣ гуфтан мумкин аст? Мо мехонем: «Ӯ ба хотири хурсандие, ки дар пеш буд... ба марг дар сутуни азобу шиканҷа тоб овард» (Ибр. 12:2). Чуноне ки мебинем, Исо дар ҳама вазъиятҳо хурсандиро нигоҳ медошт. Барои ҳамин, биёед дида бароем, ӯ дар бораи хурсандии ҳақиқӣ кадом ду чизро қайд кард.

Боре 70 шогирди Исо баъди хизмати мавъиза ба назди ӯ баргаштанд. Онҳо хеле хурсанд буданд, зеро корҳои бузурге карданд ва ҳатто одамонро аз таъсири девҳо озод намуданд. Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Аз он шодӣ накунед, ки рӯҳҳои нопок ба шумо итоат мекунанд, балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд» (Луқ. 10:1–9, 17, 20). Бале, ба Яҳува писанд омадан аз ҳар гуна таъйинот авлотар аст. Исо ба шогирдонаш хотиррасон кард, ки маҳз ҳамин чиз, яъне ба Яҳува писанд омадан ба кас хурсандии ҳақиқӣ мебахшад.

Дар дигар маврид, вақте Исо бо як тӯда одамон сухан меронд, як зани яҳудӣ аз таълимоти ӯ ба ҳаяҷон омада, гуфт, ки модари чунин устоди бузург шахси хеле хушбахт аст. Вале Исо ӯро ислоҳ карда чунин гуфт: «Касоне, ки каломи Худоро мешунаванд ва риоя мекунанд, хушбахттаранд» (Луқ. 11:27, 28). Албатта, фарзанди хуб дошта аз ӯ фахр кардан, боиси хурсандист, аммо итоаткорӣ ба Яҳува ва муносибати наздик бо Ӯ хурсандии бештар меорад.

Оре, калиди хурсандии ҳақиқӣ ин ҳис кардани розигии Яҳува аст. Озмоишҳо хурсандиовар набошанд ҳам, ҳангоми паси сар кардани онҳо мо ҳис мекунем, ки Яҳува аз мо розӣ аст. Вақте ки мо дар озмоишҳо истодагарӣ карда, содиқ мемонем, хурсандии бештарро ҳис мекунем (Рум. 5:3–5). Илова бар ин, Яҳува ба онҳое, ки ба Ӯ такя мекунанд, рӯҳи муқаддас медиҳад, ки хурсандӣ яке аз қисмҳои самари он аст (Ғал. 5:22). Барои ҳамин, дар Забур 63:11 чунин гуфта шудааст: «Одил дар Худованд шодӣ карда, ба Ӯ паноҳ хоҳад бурд».

Чӣ ба Ҷон кӯмак кард, ки хурсандиро аз даст надиҳад?

Акнун фаҳмост, ки чаро нигоҳ накарда ба душвориҳо хоҳар Диана ва бародар Ҷон хурсандиашонро нигоҳ дошта тавонистанд. Диана мегӯяд: «Мисли кӯдаке, ки ба волидонаш такя мекунад, ман доимо аз Яҳува паноҳ меҷӯям». Чӣ тавр ӯ розигии Худоро ҳис мекунад? Ӯ мегӯяд: «Яҳува ба ман қувват медиҳад, ки бо хурсандӣ мунтазам дар кори мавъиза иштирок карданро давом диҳам». Ба бародар Ҷон чӣ кӯмак кард, ки баъди ба охир расидани таъйиноташ хурсандиро нигоҳ дорад ва дар хизмат фаъол монад? Ӯ мегӯяд: «Аз соли 1998 вақте ки ман чун муаллим дар Мактаб барои ходимони ҷамъомад (ШУС) таъйин шудам, ман аз пештара дида бисёртар омӯзиши шахсӣ мегузарондам». Инчунин Ҷон ва занаш аз он сабаб ба ин дигаргунӣ ба осонӣ мутобиқ шуданд, ки пеш ҳар як таъйинотеро, ки Яҳува медод, бо омодагӣ қабул мекарданд. Ҷон илова мекунад: «Аз дигар шудани таъйинотамон мо ҳеҷ гоҳ норозӣ ва ғамгин намешудем».

Бисёри дигарон низ ҳақ будани суханони Забур 63:11-ро дар ҳаёти худ ҳис карданд. Як ҷуфти масеҳиро, ки тӯли 30 сол дар Байт-Или Амрико хизмат карда буданд, мисол меорем. Баъди Байт–Ил онҳоро пешравони махсус таъйин карданд. Онҳо иқрор мешаванд: «Вақте одам ягон чизи дӯстдоштаашро гум мекунад, хоҳу нохоҳ ғамгин мешавад, вале барои ин як умр зиқ намегардад». Ин ҳамсарон бо баробари гирифтани таъйиноти нав бо ҷамъомад мавъиза карданро сар карданд. Онҳо инчунин мегӯянд: «Мо дар дуо оиди чизҳое, ки моро ташвиш медоданд, аниқ дуо мегуфтем. Ва ба дуоҳоямон ҷавоби Яҳуваро дида, рӯҳбаланд ва хурсанд мешудем. Яҳува хизмати моро дар ин ҷамъомад баракат дод, чунки дере нагузашта бисёриҳо хизмати пешравиро сар карданд ва мо ду омӯзандаи хуб пайдо кардем».

«ТО АБАД БА ВАҶД» МЕОЕМ

Рости гап, хурсанд будан на ҳама вақт осон аст. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки мо ғамгин мешавем. Вале Яҳува бо суханони Забур 63:11 ба мо чунин боварӣ мебахшад: ҳатто баъзан рӯҳафтода шавем ҳам, агар ба душвориҳо нигоҳ накарда содиқ монем, мо, албатта, «дар Худованд шодӣ» хоҳем кард. Илова бар ин, мо вақтеро интизорем, ки ваъдаи Яҳува дар бораи «осмони нав ва замини нав» иҷро мешавад. Он гоҳ ҳама одамон комил мегарданд ва аз тамоми корҳои Яҳува шодӣ карда, «то абад ба ваҷд» хоҳанд омад (Иш. 65:17, 18).

Тасаввур кунед, ки он вақт зиндагӣ чӣ хел мешавад. Мо саломатии комилро соҳиб мегардем ва ҳар рӯз бо қуввати тоза аз хоб бедор мешавем. Новобаста аз он ки дар гузашта мо чӣ ғаму андӯҳро аз сар гузаронда будем, хотираҳои дардовар дигар моро азоб намедиҳанд. Яҳува боварӣ мебахшад, ки «чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад». Мо наздикони эҳёшудаамонро аз нав вомехӯрем. Он гоҳ мо низ мисли волидони духтараки 12-сола, ки Исо эҳё карда буд, шодиву хурсандии бепоён ҳис мекунем. Онҳо зинда шудани духтарашонро дида, «аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд» (Марқ. 5:42). Дар натиҷа, ҳар як инсон дар замин ҳақиқатан одил гардида, ҷовидона «дар Худованд шодӣ» хоҳад кард.