Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мо «марвориди пурарзише» ёфтем

Мо «марвориди пурарзише» ёфтем

ҲАМСАРОН Уинстон ва Памела Пейн дар филиали Австралосиё хизмат мекунанд. Онҳо дар ҳаёт хушбахтанд, вале пастиву баландии зиндагиро низ аз сар гузарондаанд. Ба онҳо лозим буд, ки ба маданияти ҷойҳои гуногун мутобиқ шаванд ва ба марги кӯдаки тавлиднаёфтаашон тоб оранд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда муҳаббати онҳо ба Яҳува ва халқи Ӯ сард нагашт ва хурсандиро дар хизмат гум накарданд. Биёед аз ин мусоҳиба дар бораи онҳо бисёртар фаҳмем.

Бародар Уинстон, ба мо нақл мекардед, ки чӣ тавр шумо Худоро меҷустед.

Ман дар оилае калон шудам, ки ба дин тамоман шавқ надошт. Мо дар иёлоти Квисленди Австралия, дар як ферма ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекардем. Азбаски хонаи мо дар ҷойи дурдаст буд, мо асосан бо аъзоёни оилаамон муошират мекардему халос. Ман тахминан аз 12-солагӣ дар бораи Худо фикр мекардам. Ба Ӯ дуо гуфта илтимос мекардам, ки ба ман ҳақиқатро дар бораи худаш кушояд. Баъдтар ман фермаро тарк карда дар Аделаида (ҷануби Австралия) кор ёфтам. Дар синни 21-солагӣ вақте ман рухсатиамро дар шаҳри Сидней мегузарондам, ҳамсари ояндаам — Памро вохӯрдам. Ӯ ба ман оиди як равияи динӣ нақл кард, ки ба гуфти онҳо гӯё бритониҳо аз насли даҳ сибти салтанати шимолии Исроили қадиманд, ки асри ҳашти то милод ба асирӣ бурда шуданд. Баъди баргаштан ба Аделаида ман дар ин бора ба як ҳамкорам гуфтам. Ӯ бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буд. Мо якчанд соат асосан дар бораи эътиқоди Шоҳидони Яҳува гап задем. Баъди он ман дарк кардам, ки ба дуоҳое, ки дар кӯдакӣ мегуфтам, ҷавоб ёфтам. Чунки ман ҳақиқатро дар бораи Офаридгор ва Подшоҳии Ӯ фаҳмидам. Ва ин бароям «марвориди пурарзише» буд (Мат. 13:45, 46).

Хоҳар Пам, мо медонем, ки шумо ҳам он марворидро аз хурдӣ меҷустед. Чӣ тавр онро ёфтед?

Мо дар шаҳри Кофс-Харбор (вилояти Уэлси Ҷанубии Нав) зиндагӣ мекардем. Аъзоёни оилаи мо хеле диндор буданд. Волидонам ва бибиву бобоям равияи диниеро пайравӣ мекарданд, ки мувофиқи таълимоти он Худо насли бритониҳоро аз дигар халқҳо боло медонад. Ману акаам, апаи калонӣ ва бисёри дигар хешовандонам низ бо чунин ақида ба воя расида будем. Лекин ман дилпур набудам, ки ин ҳақиқат аст ва ман ҳоло ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна будам. Дар синни 14-солагӣ ман ба ҳар хел калисоҳо мерафтам, аз он ҷумла ба калисои англиканӣ, баптистӣ ва адвентистони рӯзи ҳафтум. Вале аз онҳо ман дар бораи Худо ягон чиз намефаҳмидам.

Баъдтар оилаи ман ба Сидней кӯчид, ба шаҳре, ки дар он ҷо Уинстонро вохӯрдам. Чи хеле ки вай гуфт, сӯҳбати мо дар мавзӯи дин ба он оварда расонд, ки вай бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш сар кард. Баъди он, ӯ дар номаҳояш бисёр оятҳо меовард. Дар аввал рости гап, ман аз ин хавотир ва ҳатто хафа шудам. Вале оҳиста-оҳиста ман фаҳмидам, ки аз гуфтаҳои ӯ бӯйи ҳақиқат меояд.

Соли 1962, ман ба Аделаида кӯчидам, то бо Уинстон наздиктар бошам. Ӯ маро бо ҳамсарон Томас ва Джанис Сломэн шинос кард, то ман дар хонаи онҳо истам. Онҳо Шоҳидони Яҳува буданд ва пеш дар Папуа Гвинеяи Нав чун миссионер хизмат мекарданд. Онҳо ба мани 18-сола, хубиҳои бисёр карданд ва дар бораи Яҳува бисёр чизҳоро ёд доданд. Ҳамин тавр, ман ҳам омӯзиши Каломи Худоро сар кардам ва дере нагузашта боварӣ ҳосил кардам, ки ҳақиқатро ёфтам. Баъди хонадоршавиамон ману Уинстон якҷоя ба Яҳува хизмат карданро сар кардем. Ин ба мо баракатҳои зиёд овард. Нигоҳ накарда ба душвориву озмоишҳо мо марвориди қиматбаҳоро бештару бештар қадр мекардем.

Бародар Уинстон, каме дар бораи солҳои аввали хизмататон нақл карда метавонед?

1 Ҷойҳое, ки ман чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардам

2 Тамғаи почтаи баъзе ҷазираҳо. Кирибати ва Тувалуро пеш ҷазираҳои Гилберт ва Эллис меномиданд

3 Ҷазираи зебои кораллии Фунафути, ки дар он халқияти Тувалу зиндагӣ мекунад. Ин яке аз ҷазираҳоест, ки пеш аз миссионер шуданамон рафта будем

Чанде пас аз оиладоршавиамон Яҳува дарҳои кушодро барои хизмат ба рӯямон боз кард (1 Қӯр. 16:9). Дари якумро ба мо бародар Ҷек Портер, ки дар ҷамъомади хурди мо чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекард, нишон дод. (Ҳоло ӯ низ аъзои кумитаи филиали Австралосиё мебошад.) Бародар Ҷек ва занаш Розлин моро ба пешрави доимӣ шудан барангехтанд. Ва мо панҷ сол аз ин намуди хизмат хурсандӣ гирифтем. Дар 29-солагиам аз ман хоҳиш карданд, ки бо занам Пам дар ҷазираҳои ҷанубии Уқёнуси Ором чун нозири ноҳиявӣ хизмат кунам. Он вақтҳо ин ҷазираҳо зери назорати филиали Фиҷи қарор дошт. Номи он ҷазираҳо чунин аст: Самоаи Амрикоӣ, Самоа, Кирибати, Науру, Токелау, Тонга, Тувалу ва Вануату.

Дар он вақтҳо сокинони бисёр ҷазираҳо ба Шоҳидони Яҳува шубҳанок менигаристанд, аз ин рӯ мо бояд эҳтиёткор ва зирак мебудем (Мат. 10:16). Ҷамъомадҳо хеле хурд буданд ва баъзеҳо барои шабгузаронӣ ба мо ҷой дода наметавонистанд, барои ҳамин мо аз одамони маҳаллӣ хоҳиш мекардем, ки дар хонаи онҳо истем ва онҳо ҳамеша бо мо хеле меҳрубон буданд.

Бародар, мо медонем, ки шумо ба кори тарҷумонӣ шавқи зиёд доред. Аз кай ин шавқу завқ дар шумо пайдо шуд?

Дар Самоа мактаби пиронро гузаронда истодаам

Он вақтҳо бародарон дар ҷазираи Тонга ба забони тонганӣ ҳамагӣ якчанд рисолаю китобча доштанд. Дар хизмат онҳо китоби омӯзишии «Ҳақиқате ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад»-ро ба забони англисӣ истифода мебурданд. Дар мактаби чорҳафтаинаи пирон, се пири маҳаллӣ розӣ шуданд, ки забони англисиро нағз надонанд ҳам, ин китобро ба забони тонганӣ тарҷума кунанд. Матни дар варақ тарҷумашударо ҳамсарам чоп кард ва мо онро ба филиали Амрико барои нашр фиристодем. Ҳамаи ин кор қариб ҳашт ҳафта давом кард. Сифати тарҷума на он қадар хуб буд, вале ин адабиёт ба бисёр сокинони Тонга барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак кард. Ману занам тарҷумон набошем ҳам, он воқеа шавқи моро ба ин кор зиёд гардонд.

Хоҳар Пам, зиндагӣ дар ҷазираҳо аз ҳаёт дар Австралия бо чӣ фарқ мекунад?

Яке аз ҷойҳои зисти мо ҳангоми чун нозир хизмат карданам

Фарқаш хеле калон! Дар баъзе ҷазираҳо моро хомӯшакҳо тала мекарданд, мушҳо безор мекарданд, ҳаво аз ҳад гарм ва намнок буд. Душвории дигар ин касалӣ ва баъзан норасоии хӯрок буд. Лекин мо ҳар рӯз бегоҳӣ аз чайлаи худ, яъне аз хонаи бе деворе, ки боми хасин дошт, уқёнусро тамошо карда аз ин ҳаловат мебурдем. Дар шабҳои маҳтобӣ дарахтони кокос аз дур намоён буданд ва мо акси моҳро дар рӯйи уқёнус медидем. Ин лаҳзаҳоро мо хеле қадр мекардем, чунки мулоҳиза мерондем ва ба Яҳува дуо гуфта, фикрамонро аз чизҳои манфӣ ба чизҳои хуб равона мекардем.

Мо кӯдакони ҷамъомадро хеле дӯст доштем. Онҳо дӯстрӯяку кунҷков буданд. Боре вақте мо ҷамъомади Ниуэро хабар мегирифтем, як писарак ба назди Уинстон омада дастони сермӯйи ӯро қапида, гуфт: «Ба ман патҳои ту маъқул». Шояд аз ин пеш ӯ ҳеҷ гоҳ чунин дастони сермӯйро надида буд, барои ҳамин намедонист, ки онро чӣ хел гӯяд.

Дили мо ба одамон месӯхт, чунки вазъу шароити бисёриҳо ниҳоят вазнин буд. Табиати гирду атроф хеле зебо буд, вале онҳо имконият надоштанд, ки ба таври лозима аз пайи саломатӣ шаванд; аз оби нӯшокӣ низ танқисӣ мекашиданд. Вале бародарони мо ғамгин наметофтанд, зеро ба ин шароит одат карда буданд. Онҳо шукр мекарданд, ки оилаашон тинҷ аст, барои ибодат ҷой доранд ва Яҳуваро ҷалол дода метавонанд. Намунаи онҳо ба мо кӯмак мекард, ки диққатамонро ба чизҳои муҳим равона карда одӣ зиндагӣ кунем.

Хоҳар Пам, чӣ тавр шумо худатон об мекашондед ва дар ҷойи бешароит хӯрок мепухтед?

Пам ҷомашӯӣ карда истодааст (Тонга)

Ба падарам раҳмат, ки ӯ ба ман бисёр чизҳои фоиданокро ёд дода буд. Аз ӯ ман чӣ тавр даргирондани алов, дар оташдон хӯрок пухтан ва ба чизҳои кам қаноат карданро ёд гирифтам. Дар Кирибати мо дар хонаи хурде истодем, ки боми хасин дошт, деворҳояш аз чӯби бамбук ва фаршаш аз обсангҳои баҳрӣ буд. Барои пухтани хӯрок ман дар замин ҷуқурие кофта оташдон сохтам ва барои алов мондан пӯстлохи кокосро истифода мебурдам. Барои об бошад, ман бо занони ҳамсоя назди чоҳ мерафтам. Онҳо бо ёрии чӯби дарози қариб думетра, ки дар нӯгаш арғамчини борик баста шуда буд, об мекашиданд. Он ба қалмоқи моҳигирӣ монанд буд, фақат ба ҷойи чангак ба нӯгаш сатиле баста шуда буд. Ҳама бо навбат арғамчини сатилдорро ба об партофта аз чоҳ об мекашиданд. Ман фикр мекардам, ки ин кор осон аст, вале вақте навбатам расид, ман чанд бор арғамчинро ба об партофтам, вале сатили ман бо об пур намешуду фақат дар рӯйи он шино мекард. Мо ҳамакаса хандидем. Аммо баъд зане ба ман ёрдам кард. Одамони он ҷой ҳамавақт меҳрубон ва ба ёрдам тайёр буданд.

Маълум, ки хизмат дар он ҷазираҳо ба ҳардуятон хеле маъқул буд. Хусусан кадом воқеаҳо дар хотири шумо нақш бастаанд?

Уинстон: Ба мо вақт лозим буд, ки ба маданияти баъзе ҷазираҳо одат кунем. Масалан, вақте бародару хоҳарон моро ба меҳмонӣ даъват мекарданд, дар пеши мо буду шуди хӯрокашонро мегузоштанд. Дар аввал, мо намедонистем, ки ҳаққи онҳоро ҳам бояд монем, барои ҳамин ҳама чизе ки дар пешамон мемонданд, мехӯрдем. Албатта, вақте фаҳмидем, ки чӣ тавр рафтор кардан лозим аст, мо барои онҳо низ хӯрок мемондагӣ шудем. Бародарон ин хатогиҳои моро дуруст мефаҳмиданд. Вақте ки ҳар ним сол мо онҳоро хабар мегирифтем, онҳо аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Чунки ғайр аз мо ва аъзоёни ҷамъомади худ дигар Шоҳидонро намешинохтанд.

Дар ҷазираи Ниуэ бо гурӯҳи бародару хоҳарон ҳангоми хизмат

Вақте мо ба хабаргирии ҷамъомадҳо мерафтем, ин барои дигар одамон низ шаҳодати хуб мешуд. Бисёр сокинони қишлоқ пеш фикр мекарданд, ки дини Шоҳидони Яҳува танҳо дар ҷазираи онҳо амал мекунад. Лекин вақте диданд, ки ману занам, одамони хориҷизабон, ба хабаргирии онҳо меоем, фаҳмиданд, ки ин ташкилоти умумиҷаҳониест, ки дар бораи ҳар як аъзояш ғамхорӣ мекунад. Ва онҳо аз ин сахт ба ҳайрат омаданд.

Пам: Яке аз хотираҳои ширини ман бо ҷазираи Кирибати алоқаманд аст. Дар он ҷо ҷамъомаде буд, ки ҳамагӣ аз чанд бародару хоҳар иборат буд. Як пири ҷамъомад, Стинекай Матерэ, барои дар ҳаққи мо ғамхорӣ кардан ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард. Рӯзе бинам, бо сабаде ба наздам омадаст, ки дар дарунаш ҳамагӣ як дона тухм буд. Ӯ онро ба ман дода гуфт: «Ин барои шумо». Тухми мурғ дар он вақтҳо камёфт буд ва ин саховатмандии хурди ӯ ба дили мо таъсири калон расонд.

Хоҳар Пам, шумо кӯдаки тавлиднаёфтаатонро аз даст додаед. Чӣ ба шумо кӯмак кард, ки ба ин мусибат тоб оред?

Соли 1973, ҳангоми дар ҷазираҳои ҷанубии Уқёнуси Ором буданамон ман ҳомиладор шудам. Мо қарор кардем, ки ба Австралия бармегардем, лекин дар он ҷо баъди чор моҳ кӯдакамонро аз даст додем. Уинстон ҳам мисли ман аз ин сахт зиқ шуд. Барои ба худ омаданам вақти зиёд лозим шуд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели с. 2009 як мақола баромад, ки аз хондани он ман хеле тасаллӣ ёфтам. Дар мақолаи «Саволҳои хонандагон» чунин мавзӯъ омада буд: «Агар кӯдак дар батни модараш нобуд шавад, оё умед ҳаст, ки ӯ эҳё мешавад?» Ин мақола моро боварӣ бахшид, ки ҳалли ин масъала дар дасти Яҳува аст ва Ӯ бошад, ҳама вақт дуруст амал мекунад. Яҳува ҳамаи дарду аламе, ки ҷаҳони Шайтон ба сари мо овард, бартараф мекунад. Ӯ ба Писараш роҳнамоӣ мекунад, то «корҳои Иблисро вайрон кунад» (1 Юҳ. 3:8). Ин мақола ҳамчунин ба мо кӯмак кард, ки «марвориди» пуразишеро, ки Яҳува ба халқаш додааст, бештар қадр кунем. Бе ин марворид ва бе умед ба дунёи нав мо намедонистем, ки чӣ кор мекардем!

Баъди аз даст додани кӯдакамон, мо хизмати пурравақтро аз нав сар кардем. Мо якчанд моҳ дар Байт-Или Австралия хизмат кардем ва баъд боз нозири ноҳиявӣ шудем. Баъди чор соли хизмат дар Уэлси Ҷанубии Нав ва Сидней, соли 1981, мо ба филиали Австралия (он вақт чунин номида мешуд) таклиф шудем. Ва то ҳол мо дар он ҷо хизмат мекунем.

Бародар Уинстон, оё дар ҷазираҳои ҷанубии Уқёнуси Ором хизмат карданатон ба кори шумо чун аъзои кумитаи филиали Австралосиё кӯмак мекунад?

Бале, аз бисёр ҷиҳат кӯмак мекунад. Дар аввал, бародарон аз филиали Австралия хоҳиш карданд, ки он дар бораи ҷазираҳои Самоаи Амрикоӣ ва Самоа ғамхорӣ кунад. Сипас, филиали Зеландияи Нав бо филиали Австралия як шуд ва ҳоло номи он филиали Австралосиё мебошад. Ба минтақаи он Австралия, Самоаи Амрикоӣ ва Самоа, ҷазираҳои Кук, Зеландияи Нав, Ниуэ, Тимори Шарқӣ, Токелау ва Тонга дохил мешаванд. Ман имконияти пуршараф доштам, ки ба бисёри ин ҷойҳо чун намояндаи филиал сафар кунам. Таҷрибае, ки ман аз ҳамкорӣ бо бародару хоҳарони содиқ дар он ҷазираҳо гирифтам, ба хизмати ҳозираи ман дар филиал хеле кӯмак мекунад.

Уинстон ва Пам дар филиали Австралосиё

Аз саргузашти худ ва ҳамсарам Пам хулоса карда дар охир гуфтан мехостам, ки на танҳо калонсолон Худоро меҷӯянд. Балки ҷавонон низ «марвориди пурарзиш», яъне роҳи ҳақиқатро ёфтан мехоҳанд, ҳатто агар аъзоёни оилаашон ба ҳақиқат шавқ надошта бошанд ҳам (4 Подш. 5:2, 3; 2 Вақ. 34:1–3). Албатта, Яҳува Худои пурмуҳаббат аст ва Ӯ мехоҳад, ки ҳама одамон, пиру ҷавон, ҳаёти ҷовидониро ба даст оранд!

Вақте ману Пам 50 сол пеш ҷустани Худоро сар кардем, мо намедонистем, ки ин то чӣ андоза баракатҳо меорад. Мо ҳақиқатро дар бораи Подшоҳии Худо фаҳмидем ва ин дар ҳақиқат марвориди бебаҳост. Ҳоло бо тамоми қувват саъю кӯшиш мекунем, ки онро аз даст надиҳем.