Имон — хислатест, ки барои истодагарӣ кардан кӯмак мекунад
ИМОН қувваи бузург дорад. Масалан, ба туфайли он мо «тамоми тирҳои оташдори Шайтонро хомӯш карда» метавонем, яъне намегузорем, ки Шайтон моро аз роҳи ҳақиқат дур кунад (Эфс. 6:16). Бо имон мо душвориҳоеро, ки ба назарамон мисли кӯҳ метобанд, паси сар карда метавонем. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар ба андозаи донаи хардал имон дошта бошеду ба ин кӯҳ “аз ин ҷо ба он ҷо кӯч” гӯед, он мекӯчад ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд» (Мат. 17:20). Мо медонем, ки бе имон мо бо Яҳува муносибати мустаҳкам дошта наметавонем. Барои ҳамин биёед ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: «Имон чист? Чӣ тавр имон бо миннатдорӣ алоқаманд аст? Мо чӣ тавр имони худро ба Яҳува мустаҳкам карда метавонем?» (Рум. 4:3).
ИМОН ЧИСТ?
Агар шахс ҳақиқатро донаду ба он бовар кунад, ин ҳоло маънои онро надорад, ки вай имони ҳақиқӣ дорад. Зеро «девҳо низ ба ин [ба вуҷуд доштани Худо] боварӣ доранд ва меларзанд» (Яъқ. 2:19). Пас, имон доштан чӣ маъно дорад?
Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки имон ду ҷониб дорад. Якум, «имон боварии қавӣ ба иҷрошавии чизҳоест, ки ба онҳо умед мебандем» (Ибр. 11:1а). Агар шумо имон дошта бошед, бовариатон қавӣ аст, ки ҳар як сухани Яҳува ҳақ асту рост ва ҳатман иҷро мешаванд. Масалан, Яҳува ба исроилиён гуфт: «Агар шумо тавонед аҳди Маро, ки бо рӯз бастаам ва аҳди Маро, ки бо шаб бастаам, ботил [бекор] намоед, ба тавре ки рӯз ва шаб дар вақти худ фаро нарасад, он гоҳ аҳде низ, ки бо бандаи Худ Довуд бастаам, ботил хоҳад шуд» (Ирм. 33:20, 21). Оё боре дар дили шумо тарс пайдо шуда буд, ки офтоб дигар намебарояд ва рӯз намешавад ё офтоб дигар ғуруб намекунад ва шаб намешавад? Албатта, шумо боварӣ доред, ки қонунҳои табиат тағйир намеёбанд; замин дар гирди меҳвари худ ва гирди офтоб давр заданро бас намекунад ва ҳамин тавр рӯзу шаб ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. Пас, оё ба ваъдаҳое, ки Офаридгори ин қонунҳо додааст, шубҳа кардан дуруст аст? Албатта, не! (Иш. 55:10, 11; Мат. 5:18).
Дуюм, имон ин «далели вуҷуд доштани чизҳоест, ки ба чашм аён нестанд». Яъне, имон боварии асоснок ба чизҳое мебошад, ки ба чашм аён нестанду лекин дар асл вуҷуд доранд (Ибр. 11:1). Ба кадом маъно? Фарз кардем, кӯдаке мепурсад, ки «аз куҷо фаҳмем, ки ҳаво ҳаст?» Дуруст, ки ҳаворо касе бо чашм дида наметавонад, лекин шумо ҳаракат мекунед, ки ба кӯдак вуҷуд доштани онро фаҳмонед. Шумо эҳтимол мисол оред, ки азбаски ҳаво ҳаст, мо аз он нафас мекашем, шамолро ҳис мекунем ва ғайра. Вақте ин далелҳо кӯдакро боварӣ мебахшанд, ки ҳаво ҳаст, ӯ мефаҳмад, ки ба чизҳои ноаён бовар кардан мумкин аст. Ба ин монанд, имон низ бар далелҳои боваринок асос меёбад (Рум. 1:20).
БАРОИ ИМОН ДОШТАН ҲАҚИҚАТРО БОЯД ҚАДР КАРД
Азбаски имон бар далелҳо асос меёбад, барои пайдо кардани имон шахс бояд «дар бораи ростӣ дониши аниқ» гирад (1 Тим. 2:4). Лекин танҳо дониш гирифтан кифоя нест. Павлуси расул навишт: «Шахс дар дили худ имон меорад» (Рум. 10:10). Яъне одам ҳақиқатро на танҳо бояд донаду ба он бовар кунад, балки онро ҳамчунин қадр намояд. Танҳо он вақт дилаш ӯро бармеангезад, ки имон зоҳир кунад ва тавре зиндагӣ кунад, ки ба Яҳува писанд аст (Яъқ. 2:20). Одаме, ки ҳақиқатро аз таҳти дил қадр намекунад, имони ҳақиқӣ надорад. Чаро? Зеро ба вай сад далели асоснок наоранд ҳам, ин гуна шахс шояд якравона ақидаҳои нодурусти худро дуруст шуморад ва ё аз рӯйи хости худ рафтор карданро беҳтар донад (2 Пет. 3:3, 4; Яҳд. 18). Ана барои чӣ дар замонҳои қадим одамон мӯъҷизаҳои Худоро дида истода на ҳамаашон имон оварданд (Ад. 14:11; Юҳ. 12:37). Ин самари рӯҳро танҳо одамоне инкишоф дода метавонанд, ҳақиқатро аз таҳти дил дӯст медоранд (Ғал. 5:22; 2 Тас. 2:10, 11).
ЧӢ ТАВР ДОВУД ИМОНАШРО ҚАВӢ ГАРДОНД?
Яке аз шахсоне, ки имони барҷаста дошт, шоҳ Довуд буд (Ибр. 11:32, 33). Лекин на ҳамаи аъзоёни оилаи Довуд имони қавӣ доштанд. Масалан, боре Довуд вақте шунид, ки Ҷолёт исроилиён ва Худои онҳоро мазоҳу масхара мекунад, ӯ аз ин ба ташвиш омад. Лекин бародари калониаш Элиоб инро дида Довудро сарзаниш кард, ки ин аз норасоии имони ӯ дарак медод (1 Подш. 17:26–28). Ҳеҷ кас бо имон таваллуд намешавад ё аз волидонаш онро мерос намегирад. Дар Довуд низ имон худ аз худ пайдо нашуд; имони ӯ дар натиҷаи бо Худо муносибатҳои наздик доштан пайдо шуд.
Дар таронаи 26-уми Забур Довуд мефаҳмонад, ки чунин имони қавиро ӯ чӣ тавр инкишоф дод (ояти 1) Довуд дар бораи воқеаҳои гузаштаи ҳаёташ мулоҳиза меронд ва ба ёд меовард, ки чӣ тавр Яҳува ӯро аз дасти душманонаш раҳо карда буд (оятҳои 2, 3). Ӯ ибодатгоҳи Яҳуваро хеле қадр мекард (ояти 4). Довуд ҳамроҳи дигарон дар хаймаи муқаддас Худоро ибодат мекард (ояти 6). Ӯ самимона дуо гуфта Яҳуваро меҷуст (оятҳои 7, 8). Довуд ҳамчунин мехост, ки роҳҳои Яҳуваро таълим гирад (ояти 11). Доштани имонро Довуд чунон муҳим мешуморид, ки ӯ гуфт: «Агар имон намедоштам... дар куҷо мебудам ман» (ояти 13, ТДН).
ЧӢ ТАВР ИМОНАМОНРО ҚАВӢ КУНЕМ?
Оё шумо мехоҳед мисли Довуд-пайғамбар ба Худо имони мустаҳкам дошта бошед? Пас рӯҳия ва одатҳоеро, ки дар Забур 26 тасвир шудаанд, дар худ инкишоф диҳед. Чи хеле ки дар боло гуфтем, имон бар дониши аниқ асос меёбад. Барои ҳамин чи қадаре ки бисёртар Каломи Худо ва адабиёти бар он асосёфтаро омӯзед, ҳамон қадар имонатон қавитар мегардад. Дар натиҷа ба шумо зоҳир кардани ин самари рӯҳ осонтар мешавад (Заб. 1:2, 3). Ҳангоми омӯзиш мулоҳиза рондан муҳим аст. Чи хеле ки растанӣ дар хок месабзад, бо мулоҳиза рондан ҳисси миннатдории мо зиёд мегардад. Ва он миннатдорӣ нисбати Яҳува моро бармеангезад, ки имон зоҳир кунем. Масалан, мо аз имон ба Яҳува Ӯро дар ҷамъомад ибодат мекунем ва дар бораи Ӯ ба дигарон нақл мекунем (Ибр. 10:23–25). Хизматгорони Худо имонашонро боз бо он нишон медиҳанд, ки агар «ҳамеша дуо гӯянд ва ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашаванд» (Луқ. 18:1–8). Барои ҳамин ба Яҳува «ҳама вақт дуо гӯед» ва дилпур бошед, ки «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Тас. 5:17; 1 Пет. 5:7). Имон моро бармеангезад, ки дуруст рафтор кунем ва ҳар боре ки мо дуруст рафтор мекунем, имонамон торафт қавитар мегардад (Яъқ. 2:22).
БА ИСО ИМОН ЗОҲИР КУНЕД
Шаби пеш аз маргаш Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба Худо имон оред ва ба ман низ имон оред» (Юҳ. 14:1). Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки на фақат ба Яҳува, балки ба Исо низ имон дошта бошем. Биёед фаҳмем, ки бо кадом роҳҳо мо ба Исо имон зоҳир карда метавонем.
Якум, ба фидия чун ба тӯҳфае назар кунед, ки шахсан ба шумо дода шудааст. Павлуси расул гуфт: «Ман бо имон ба Писари Худо, ки маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард, зиндагӣ мекунам» (Ғал. 2:20). Агар шумо ба Исо имон дошта бошед, боварии қавӣ пайдо мекунед, ки фидия ин нишонаи муҳаббати бузурги Яҳува нисбати шумост; дар асоси он Ӯ аз гуноҳҳои шумо гузар мекунад ва ба ҳаёти ҷовидона умед мебахшад (Рум. 8:32, 38, 39; Эфс. 1:7). Имон ба фидия шуморо қувват мебахшад, то ба фикрҳои манфӣ дода нашавед ва аз гуноҳҳои пешинаатон доим азоби виҷдон накашед (2 Тас. 2:16, 17).
Дуюм, дар асоси қурбонии Исо ба Яҳува дуо гӯед. Ба туфайли фидия мо метавонем «озодона ба Худо дуо гӯем, то дар вақти ба ёрӣ мӯҳтоҷ буданамон раҳму шафқат ва лутфу марҳамат ёбем» (Ибр. 4:15, 16; 10:19–22). Дуо ба мо қувват мебахшад, ки ба васвасаҳо дода нашавем (Луқ. 22:40).
Сеюм, ба Исо гӯш диҳед. Юҳаннои расул навишт: «Ҳар касе, ки ба Писар имон меорад, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мегардад. Ҳар касе, ки ба Писар итоат намекунад, ҳаётро намебинад, балки ба ғазаби Худо гирифтор мешавад» (Юҳ. 3:36). Аҳамият диҳед, ки Юҳанно имонро бо беитоатӣ муқоиса кард. Агар шумо ба Исо имон дошта бошед, пас ба гуфтаҳои ӯ низ итоат мекунед. Барои ин бояд «шариати Масеҳ»-ро ба ҷо оред, ки он таълимоту амрҳои ӯро дар бар мегирад (Ғал. 6:2). Ҳамчунин ба дастуроти Масеҳ, ки ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» медиҳад, итоат кунед (Мат. 24:45). Агар шумо ба Масеҳ гӯш диҳед, он гоҳ ба душвориҳое, ки ба назаратон мисли тӯфон даҳшатнок метобанд, истодагарӣ хоҳед кард (Луқ. 6:47, 48).
«ХУДРО ДАР АСОСИ ИМОНИ БАҒОЯТ МУҚАДДАСАТОН УСТУВОР ГАРДОНЕД»
Боре як мард ба Исо чунин гуфт: «Ман имон дорам! Дар чизе, ки имонам сустӣ мекунад, ба ман ёрӣ деҳ!» (Марқ. 9:24). Ӯ қадре имон дошт, вале хоксорона тан гирифт, ки имонаш қавӣ нест. Дар ҳаёт мо низ бо вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо суст будани имони мо маълум мегардад. Барои ҳамин аз ҳозир ҳамаи мо имони худро бояд мустаҳкам кунем. Чи хеле ки дидем, имони мо ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, агар мо Каломи Худоро хонда дар бораи он мулоҳиза ронем. Ин чизҳо дар навбати худ миннатдории моро низ нисбати Яҳува зиёд мегардонанд. Ҳамчунин бо бародару хоҳарон Яҳуваро якҷоя ибодат кардан, ба мавъиза рафтан ва самимона дуо гуфтан имонамонро мустаҳкам месозад. Беш аз ин вақте мо имони худро қавӣ месозем, худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дошта метавонем, ки он баракати беҳтарин аст. Каломи Худо моро бармеангезад: «Эй азизон, худро дар асоси имони бағоят муқаддасатон устувор гардонед... [то ки] худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» (Яҳд. 20, 21).