Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

Қарорҳое кунед, ки писанди Яҳуваанд

Қарорҳое кунед, ки писанди Яҳуваанд

«Тарс аз Яҳува оғози хирад аст ва дониши Худованди Пок фаҳм мебахшад» (ПНМ. 9:10).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бо ёрии дониш, фаҳмиш ва рамузфаҳмӣ қарорҳои оқилона карда метавонем.

1. Ҳамаи мо бо чӣ гуна мушкилӣ дучор мешавем?

 МО ҲАР рӯз қарор мекунем. Баровардани баъзе қарорҳо осон аст, масалан, саҳарӣ чӣ хӯрем ё кай хоб равем. Дигар масъалаҳо мушкилтаранд, масалан, қарорҳое, ки ба саломатӣ, хушбахтӣ, наздикон ва парастишамон таъсир мерасонанд. Мо мехоҳем, ки қарорҳои мо ба мо ва аҳли оилаамон фоида биёранд. Аз ҳама муҳимаш мо умедворем, ки қарорҳоямон Яҳуваро шод мегардонанд (Рум. 12:1, 2).

2. Барои қарорҳои бохирадона баровардан кадом маслиҳатҳо ёрдам мекунанд?

2 Бо ёрии ин се маслиҳат шумо қарорҳои бохирадона бароварда метавонед: 1) маълумот ҷамъ кунед, 2) фикрронии Яҳуваро дар ин масъала фаҳмед ва 3) аз миёни чанд роҳ беҳтаринашро интихоб кунед. Биёед ин се қадамро дида баромада, фаҳмем, ки чӣ тавр рамузфаҳмиямонро машқ диҳем (Пнм. 2:11).

МАЪЛУМОТ ҶАМЪ КУНЕД

3. Чаро пеш аз қарор баровардан маълумоту далел ҷамъ овардан муҳим аст? Фаҳмонед.

3 Қадами аввал барои қарори хуб баровардан маълумоту далел ҷамъ овардан аст. Чаро ин муҳим аст? Тасаввур кунед, ки беморе бо касалии вазнин назди духтур меояд. Оё духтур бе ташхису савол додан роҳи табобатеро интихоб мекунад? Албатта, не. Шумо ҳам пеш аз қарор кардан бояд тамоми далелу маълумотеро, ки ба масъала дахл доранд, ба назар гиред. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?

4. Мувофиқи Панднома 18:13 аз куҷо фаҳмидан мумкин аст, ки тамоми далелҳоро ҷамъ овардаем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Бо ёрии якчанд савол шумо маълумот ҷамъ карда метавонед. Фарз кардем, шуморо ба ягон ташкилӣ даъват карданд. Шумо «равам ё наравам» гуфта, фикр карда истодаед. Агар шумо бо соҳибхона ё тарзи меҳмондории ӯ шинос набошед, метавонед аз вай пурсед: «Вохӯрӣ кай ва дар куҷо мегузарад? Чанд кас меояд? Кӣ онро назорат мекунад? Кӣ меояд? Кадом машғулиятҳо мешаванд? Нӯшокиҳои масткунанда мешаванд ё не?» Дар асоси ин маълумот шумо метавонед қарори бохирадона бароред. (Панднома 18:13-ро хонед.)

Саволҳо дода, маълумот ҷамъ оред (Ба сархати 4 нигаред.) a


5. Баъди маълумотро ҷамъ овардан бояд чӣ кор кунем?

5 Акнун ки шумо ҳамаи маълумотро ҷамъ овардед, онро пайваст карда, тасаввуроти пурра пайдо мекунед. Масалан, шояд, шумо фаҳмед, ки ба он вохӯрӣ одамоне меоянд, ки аз рӯйи принсипҳои Калом зиндагӣ намекунанд ё нӯшокиҳои спиртӣ бе назорат тақсим карда мешаванд. Мумкин шумо ба хулосае биёед, ки чунин вохӯрӣ аз чорчӯбаи одоб берун баромада метавонад (1 Пет. 4:3). Боз мумкин ин вохӯрӣ ба вақти ҷамъомад ё хизмататон рост биёяд. Тамоми пораҳои маълумотро якҷоя пайваст карда, шумо қарори пухта карда метавонед. Акнун ки шумо дар бораи ин мавзуъ маълумот ҷамъ кардед, бояд як чизи дигарро низ фаҳмед. Яҳува ба он чӣ назар дорад? (Пнм. 2:6).

ФИКРРОНИИ ЯҲУВАРО БА НАЗАР ГИРЕД

6. Мувофиқи Яъқуб 1:5 чаро бояд дар дуо аз Яҳува кумак пурсем?

6 Дар дуо аз Яҳува хоҳиш кунед, ки вазъиятро аз нигоҳи ӯ баҳо дода тавонед. Яҳува ваъда додааст, ки чашми хирадатонро бино мекунад, то бинед, ки кадом роҳ ба ӯ маъқул аст. Ӯ ба ҳама пурсандагон «бо дасти кушод ва бе таъна» хирад медиҳад (Яъқуб 1:5-ро хонед).

7. Чӣ тавр фикрронии Яҳуваро аз худ карда метавонем? Мисол оред.

7 Раҳнамоии Худоро ки пурсидед, бодиққат бошед, то ҷавоби ӯро пай баред. Мисоле меорем: фарз кардем, шумо дар ҷойи ношиносе роҳгум задед ва аз ягон одами ҳамон маҳал роҳро мепурсед. Оё шумо ҷавоби ӯро нашунида, аз пешаш меравед? Албатта, не. Шумо ба ҳар як сухани ӯ бодиққат гӯш медиҳед. Ба ҳамин монанд, ҳар боре шумо аз Яҳува хирад мепурсед, ба Китоби Муқаддас диққат кунед, то фаҳмед, ки кадом қонуну принсипҳо ба вазъияти шумо дахл доранд. Масалан, барои рафтан ё нарафтан ба ягон зиёфат шумо принсипҳоеро ба назар гирифта метавонед, ки ба мавзуъҳои зерин дахл доранд: айшу нӯш, ёрони бад ва дар ҷойи аввал гузоштани кори Подшоҳӣ (Мат. 6:33; Рум. 13:13; 1 Қӯр. 15:33).

8. Агар барои ёфтани маълумот ёрдам даркор бошад, чӣ кор карда метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

8 Вале баъзан, шояд, ба шумо барои ёфтани маълумоти лозима ёрдам даркор. Шумо, албатта, метавонед аз ягон бародар ё хоҳари ботаҷриба маслиҳат пурсед. Вале, агар худатон таҳқиқ кунед, ин ҳам бароятон фоида меорад. Мо адабиёти омӯзишии бисёре дорем, ба монанди «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» ва «Оятҳои пандомӯз». Вақти таҳқиқ мақсадатонро дар ёд доред: баровардани қароре, ки Яҳуваро шод мегардонад.

Фикрронии Яҳуваро фаҳмед (Ба сархати 8 нигаред.) b


9. Аз куҷо фаҳмем, ки қарорамон писанди Яҳува аст ё не? (Эфсӯсиён 5:17).

9 Аз куҷо фаҳмем, ки қарори мо писанди дили Яҳува аст? Аввал мо бояд Яҳуваро нағз шиносем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дониши Худованди Пок фаҳм мебахшад» (Пнм. 9:10). Фаҳмиши ҳақиқӣ аз шинохтани сифатҳову нияти Яҳува аст ва аз донистани он аст, ки чӣ ба ӯ маъқул асту чӣ не. Тамоми ин чизҳоро дар бораи Яҳува ба назар гирифта, аз худ пурсед: «Чӣ хел бо қарорам дили Яҳуваро шод карда метавонам?» (Эфсӯсиён 5:17-ро хонед.)

10. Чаро принсипҳои Калом аз урфу одат ё хости оилаамон боло меистад?

10 Баъзан барои шод кардани дили Яҳува мо қароре мекунем, ки дили наздиконамонро ғамгин месозад. Масалан, падару модар аз дилу нияти нек духтари қадрасашонро ба касе доданӣ мешаванд, ки пулдор аст ё қалини калон дода метавонад. Аммо бо вуҷуди пулдорияш он одам рӯҳан суст аст. Нияти онҳо хуб аст, онҳо мехоҳанд духтарашон аз ҳама чиз таъмин бошад. Вале хоҳар бояд аз худ пурсад: «Агар ба ин ҷавон оиладор шавам барои пешрафти рӯҳониям ба ман кумак карда метавонад?» Яҳува ба ин масъала чӣ назар дорад? Ҷавобашро мо аз Матто 6:33 меёбем. Дар ин оят маслиҳат дода мешавад, ки масеҳиён аввал «аз пайи Подшоҳии Худо» шаванд. Мо, албатта, падару модарамонро иззат мекунем ва фикри мардумро ба назар мегирем, вале пеш аз ҳама мо мехоҳем Яҳуваро шод гардонем.

ИНТИХОБИ ПУХТАВУ БАРКАШИДА КУНЕД

11. Кадом хислате, ки дар Филиппиён 1:9, 10 омадааст, кумак мекунад, ки қарори хирадмандона бароред?

11 Баъд аз он ки принсипҳои Китоби Муқаддасро дида баромадед, фикр кунед, ки дар ин вазъият чӣ гуна интихобҳо доред. (Панднома 2:11-ро хонед.) Бо ёрии рамузфаҳмӣ шумо пай бурда метавонед, ки, агар ин ё он роҳро ихтиёр кунед, оқибаташ чӣ мешавад. Баъзан ба як хулоса омадан осон аст, вале гоҳе хеле мушкил аст. Агар шумо рамузфаҳмиро пеша кунед, ҳатто дар вазъиятҳои мураккаб ба қарори хирадмандона меоед.

12, 13. Чӣ тавр бо ёрии рамузфаҳмӣ дар интихоби кор қарори дуруст бароварда метавонед?

12 Тасаввур кунед, ки шумо барои таъмин кардани оилаатон кор мекобед. Бароятон ду ҷойи кор дастрас аст. Ягонтояш зидди Китоби Муқаддас нест. Шумо дар бораи кор тамоми маълумотро ҷамъ мекунед. Масалан, шумо мефаҳмед, ки он чӣ гуна кор аст, чанд соатро дар бар мегирад, барои ба он ҷо расидан чӣ қадар вақт даркор ва ғайра. Шояд, дили шумо бештар ба яктояш кашол бошад, чунки маошаш баландтар аст ё худи кор ба шумо маъқул аст. Вале пеш аз қарор кардан шумо бояд якчанд чизи дигарро ба назар гиред.

13 Аз худ пурсед: «Оё ин ҷойи кор барои ҷамъомадравӣ ба ман халал расонда метавонад? Агар ба ин кор дароям, аҳли оилаам аз меҳру таваҷҷуҳи ман маҳрум намешаванд? Оё аз дастгирии рӯҳониям бебаҳра намемонанд?» Бо ёрии ин саволҳо шумо «чизҳои муҳимтарро» болотар мемонед, яъне парастиши Яҳува ва ниёзҳои оилаатон, на пулу молро. Он гоҳ Яҳува қароратонро баракат медиҳад.

14. Чӣ тавр рамузфаҳмӣ ва муҳаббат ба дигарон намемонад, ки дигаронро пешпо диҳем?

14 Агар мо рамузфаҳм будан хоҳем, вақти қарор баровардан фикру ҳиссиёти дигаронро ба назар гирифта, эҳтиёт мешавем, ки «дигаронро пешпо» надиҳем (Флп. 1:10). Доштани чунин фикрронӣ ҳатто вақти қарорҳои шахсӣ кардан муҳим аст, ба монанди либоспӯшӣ ва ороиш. Масалан, шояд, барои мо ягон хел либос ё тарзи ороиш маъқул бошад, вале аз худ пурсед: «Либоси маро дида аҳли ҷамоат ё мардуми берун дар бораи ман чӣ фикр мекунанд? Оё ин ба одамон сахт мерасад ё онҳоро нороҳат месозад?» Одами рамузфаҳм фикру ҳиссиёти дигаронро сарфи назар намекунад. Ин одами хоксор аз рӯйи муҳаббат рафтор карда, фоидаи дигаронро меҷӯяд, на фоидаи худашро (1 Қӯр. 10:23, 24, 32; 1 Тим. 2:9, 10). Агар ҳамаи инро ба назар гирем, дар қарорҳои мо эҳтирому муҳаббат ба дигарон дида мешавад.

15. Барои баровардани қарори муҳим чиро бояд ба назар гирем?

15 Вақти қарори муҳиме кардан ба маслиҳати Исо гӯш дода, харҷи онро ҳисоб кунед (Луқ. 14:28). Дар бораи он андешед, ки барои амалӣ гардондани қароратон чӣ қадар вақт, пул ва заҳмат меравад. Баъзан бамаврид аст, ки бо ҳар як узви оилаатон маслиҳат карда, пурсед, ки барои дастгирӣ кардани қароратон ҳар як нафарашон чӣ кор карда метавонад. Барои чӣ чунин ҳалҷӯии дастҷамъона фоида дорад? Чунки баъзан маълум мешавад, ки қарори шумо ба ислоҳ ниёз дорад ё роҳу равиши тамоман дигар беҳтар аст. Вақте дар масъалае фикри аъзои оилаатонро ҷӯё мешавед, барои амалӣ кардани қарори дастҷамъона онҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд (Пнм. 15:22).

ҚАРОРЕ КУНЕД, КИ БАРОР МЕЁБАД

16. Агар хоҳем, ки қарорамон барор ёбад, бояд кадом қадамҳоро гузорем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Чӣ хел қарорҳои дуруст барорем?» нигаред.)

16 Мо якчанд қадамеро дидем, ки сӯйи қарори дуруст мебаранд. Пешакӣ маълумот ҷамъ кунед ва принсипҳоеро, ки ба масъалаи шумо дахл доранд, омӯзед. Он гоҳ қароре мебароред, ки писанди дили Яҳува аст. Сипас шумо аз Яҳува пурсида метавонед, ки қароратонро баракат диҳад.

17. Сирри баровардани қарори дуруст дар чӣ аст?

17 Ҳатто агар шумо дар гузашта қарорҳои дуруст карда будед, фаромӯш насозед, ки сирри қарорбарории дуруст ба донишу таҷрибаи худ такя кардан неву ба хиради Яҳува таваккал намудан аст. Танҳо ӯ хиради асилро дода метавонад, ки аз дониш, фаҳмиш ва рамузфаҳмӣ иборат аст (Пнм. 2:1–5). Бо ёрии Яҳува шумо қарорҳое карда метавонед, ки писанди ӯянд (Заб. 23:2, 3).

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

a ШАРҲИ РАСМ: Бародару хоҳарони ҷавон дар бораи ташкилие гап мезананд, ки даъватномааш ба телефонашон омадааст.

b ШАРҲИ РАСМ: Як бародар пеш аз қарор баровардан, ки ба ташкилӣ равад ё не, тадқиқот мекунад.