Онҳо муҳаббатро дар амал диданд
ЁМАРА ва ду бародараш, Марсело ва Ҳивер, дар як деҳаи хурди Гватемала зиндагӣ мекунанд. Ёмара бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Бо гузашти вақт бародаронаш низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вале онҳо як мушкилӣ доштанд; ҳар сеашон нобино ҳастанд ва ҳуруфи Брайлро хонда наметавонистанд. Аз ин рӯ омӯзгорашон оятҳои Китоби Муқаддас ва сархатҳои маводи таълимиро ба онҳо мехонд.
Ба вохӯриҳо рафтан низ мушкилиеро ба миён овард. Ёмара ва бародаронаш мустақилона ба Ибодатгоҳ, ки дар масофаи 40 дақиқа аз хонаашон дуртар буд, рафта наметавонистанд. Барои ҳамин бародарон чора андешида онҳоро ба ҳамаи вохӯриҳо меоварданд. Ғайр аз ин, дар вохӯриҳои байни ҳафта, барои бо супоришҳояшон баромад кардан, бародару хоҳарон ба онҳо ёрӣ медоданд, ки супориши худро аз ёд кунанд.
Моҳи майи соли 2019 дар деҳаи онҳо вохӯриҳои ҷамоат ташкил шуд. Он вақт ба ҷамоаташон ҳамсароне гузаштанд, ки пешрави доимӣ буданд. Ин ҳамсарон мақсад монданд, ки ба Ёмара ва бародаронаш хондан ва навиштани ҳуруфи Брайлро ёд медиҳанд, ҳарчанд худашон намедонистанд, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин. Бинобар ин ба китобхона рафта, забони Брайл ва усулҳои таълим додани онро таҳқиқ карданд.
Баъди якчанд моҳ ҳар сеашон ба осонӣ ҳуруфи Брайлро мехондагӣ шуданд a. Ин ба онҳо кумак кард, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ намоянд. Айни ҳол Ёмара, Марсело ва Ҳивер пешрави доимӣ мебошанд. Марсело инчунин хизматгузори ҷамоат аст. Дар давоми ҳафта онҳо фаъолона бо корҳои рӯҳонӣ банданд. Чунин рағбату ғайрати онҳо ба дигарон бетаъсир намемонад.
Ин хоҳару бародарон барои муҳаббат ва дастгирӣ аз аҳли ҷамоат миннатдоранд. Ёмара мегӯяд: «Аз рӯзи аввале, ки бо Шоҳидони Яҳува шинос шудем, онҳо ба мо муҳаббати самимӣ нишон медиҳанд». Бародараш Марсело илова мекунад: «Мо дар ҷамоатамон дӯстони беҳтарин пайдо кардем ва ҳоло қисми бародарияти умумиҷаҳонием, ки муҳаббат онро мепайвандад». Ёмара ва бародаронаш бесаброна замонеро интизоранд, ки замин куллан ба биҳишт табдил меёбад (Заб. 37:10, 11; Иш. 35:5).
a Китобчаи «Учимся читать по Брайлю» барои онҳое омода шудааст, ки нобино ё биноияшон суст аст ва мехоҳанд бо ҳуруфи Брайл хондан ё навиштанро омӯзанд.