САРГУЗАШТ
Ман чизеро пайдо кардам, ки аз духтурӣ дида беҳтар буд
«Ман аз хурдсолиам ҳамаи ин чизро орзу дорам». Ман ин суханонро соли 1971 бо ҳаяҷон ба як ҷуфти ҳамсарон гуфта будам. Он вақт баъди хатми донишгоҳ ман нав духтурхонаи худро кушода будам. Биёед нақл кунам, ки он ҷуфти ҳамсарон кӣ буданд ва орзуи кӯдакиам чӣ буд. Ман ба шумо қисса мекунам, ки чӣ тавр он суҳбат ҳаёти маро ба куллӣ тағйир дод ва чаро бовар дорам, ки ба наздикӣ орзуи кӯдакиам ҷомаи амал мепӯшад.
Соли 1941 ман дар як оилаи фақир дар пойтахти Фаронса, Париж, ба дунё омадам. Ман хонданро хеле дӯст медоштам, вале дар синни даҳсолагӣ, баъд аз касали сил шуданам, духтурон гуфтанд, ки дигар ба мактаб наравам. Рӯҳафтодагии маро як тасаввур кунед. Барои ба шушҳоям фишори зиёдатӣ наовардан ман бояд бистарӣ мебудам. Бинобар ин якчанд моҳ дар хона ҳар гуна луғатҳоро мехондаму аз радиои донишгоҳи Париж барномаҳои илмиро гӯш мекардам («Radio Sorbonne»). Бо гузашти вақт духтурам гуфт, ки ман сиҳат шудаму ба мактаб рафта метавонам. Хурсанидиам ҳадду канор надошт. Ман ба худ гуфтам: «Касби духтурӣ беҳтарин аст!» Аз он вақт сар карда дар дилам орзуи шифо додани беморон пайдо шуд. Дар ёд дорам, вақте падарам мепурсиданд, ки калон шуда кӣ мешавам, ман доим мегуфтам: «Духтур шудан мехоҳам». Ана ҳамин тавр ман ба касби духтурӣ дил бастам.
ИЛМ МАРО БА ХУДО НАЗДИК КАРД
Оилаи мо католик буд, лекин ман дар бораи Худо дониши кофӣ надоштам. Бинобар ин бисёр саволҳое буданд, ки ҷавобашонро намедонистам. Танҳо баъди таҳсил дар донишгоҳ ман боварӣ ҳосил кардам, ки ҳаёт дар ҳақиқат офарида шудааст.
Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр аввалин бор ҳуҷайраҳои растаниро дар микраскоп дидам. Вақте фаҳмидам, ки чӣ хел ҳуҷайраҳо аз гармӣ ва хунукӣ худро муҳофизат мекунанд, ба ҳайрат омадам. Ман инчунин мушоҳида кардам, ки чӣ тавр ситоплазма (моддаи таркиби ҳуҷайра) ҳангоми бо намак рӯ ба рӯ шудан ҷамъ шуда дар об бошад, калонтар мешавад. Ба туфайли ин ва дигар қобилиятҳояшон ҳуҷайраҳои хурд ба тағйирёбии вазъияти гирду атроф мутобиқ мешаванд. Вақте ман ин сохтори мураккаби ҳар
як ҳуҷайраро таҳқиқ кардам, боварӣ ҳосил намудам, ки ҳаёт тасодуфан пайдо нашудааст.Соли дуюми таҳсил дар донишгоҳ ман ба вуҷуд доштани Офаридгор бештар имон пайдо кардам. Дар дарсҳои анатомия ман тадқиқ кардам, ки чӣ тавр сохти банди даст имкон медиҳад, ки мо ангуштонамонро қату рост кунем. Бояд гуфт, ки ҷойгиршавии мушакҳо ва рагу пайҳои банди даст дар ҳақиқат муъҷиза мебошад. Масалан, пай яке аз мушакҳои банди дастро бо дуюм устухонаки ангушт мепайвандад. Ин пай дар навбати худ ба ду шохаи купрукмонанде ҷудо мешавад, ки аз таги онҳо пайҳои дигаре сӯйи нӯги ангушт мегузаранд. Банду пайвандҳои мустаҳкам инчунин пайҳоро ба устухонҳои ангушт мепайванданд. Агар ангуштони мо ин тавр сохта намешуданд, пайҳои даст мисли тори таранг шах мебуданд ва ангуштонамон нағз кор намекарданд. Ман дарк мекардам, ки хиради Офаридгори бадани инсон ҳадду канор надорад.
Ман инчунин рафти ба дунё омадани кӯдакро таҳқиқ карда аз корҳои Офаридгор бештар ба ваҷд меомадам. Мисол, фаҳмидам, ки ҷанини батн худаш нафас намекашидаст, ҳамзамон оксигенро аз модараш мегирифтаст. Барои ҳамин алвеол, яъне ҳубобчаҳои хурдакаки даруни шушҳо, аз ҳаво пур намешаванд. Якчанд ҳафта пеш аз ба дунё омадани кӯдак қисми дохилии ин ҳубобчаҳо бо моддаи моеи махсусе рӯпӯш мешавад. Ҳамин тавр таваллуд шудан замон дар бадани тифли навзод барои нафас гирифтан тағйироти ҳайратоваре рӯй медиҳад. Сӯрохии дили кӯдак маҳкам шуда ҷараёни хунро ба шушҳо равон мекунад. Дар ин раванди ҳаётан муҳим моддаи моеъ, ки дар ҳубобчаҳои шушҳо ҷойгир аст, намегузорад, ки ҷараёни бошиддати оксиген ба дохили онҳо ворид шуда пардаҳояшонро ба ҳам часпонад. Дар натиҷа тифл худаш ба нафас кашидан шурӯъ мекунад.
Барои шинос шудан бо Оне, ки ин чизҳои ҳайратоварро офаридааст, ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Аз аҳде, ки Худо бо исроилиён 3000 сол пеш баста буд, дар бораи гигиена хонда ҳайрон мондам. Худо ба халқи Исроил фармуд, ки ахлоташонро гӯронанд, баданашонро пайваста шӯянд ва онҳоеро, ки нишонаи бемориҳои сироятӣ доранд, аз одамони солим ҷудо нигоҳ доранд (3 Мӯсо 13:50; 15:11; 5 Мӯсо 23:13). Ҷолиб аст, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи чӣ тавр паҳн гаштани беморӣ кайҳо гуфта шуда буд. Олимон дар ин бора танҳо 150 соли охир маълумот пайдо карданд. Инчунин қонунҳо дар бораи алоқаи ҷинсӣ, ки дар китоби 3-юми Мӯсо навишта шудаанд, саломатии халқи Исроилро нигоҳ медошт (3 Мӯсо 12:1–6; 15:16–24). Баъди ин тадқиқотам ман ба хулоса омадам, ки Офаридгор ин қонунҳоро бар манфиати халқи Исроил дода буд ва онҳоеро, ки итоаткорӣ нишон медоданд, баракат медод. Дилпур шудам, ки Китоби Муқаддас Каломи илҳомбахшидаи Худо аст — Худое, ки он вақт номаш бароям номаълум буд.
ҲАМСАРАМ ВА ЯҲУВАРО МЕЁБАМ
Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ман Лидия ном духтареро вохӯрда ошиқ шудам. Ҳамин тавр соли 1965, вақте ҳанӯз донишҷӯ будам, мо оиладор шудем. Соли 1971 бошад, аз шаш фарзандамон аллакай сетоаш ба дунё омада буд. Лидия чӣ дар кор, чӣ дар хона дастёри беҳтарини ман аст.
Кор. 15:28, 29). Сипас ӯву ҳамсараш ба ман нишон доданд, ки Подшоҳии Худо дар оянда чӣ кор мекунад. Он гиряву фиғон, беморӣ ва маргро бартараф месозад (Ошкор. 21:3, 4). Инро шунида ман нидо кардам: «Ман аз хурдсолиам ҳамаи ин чизро орзу дорам. Духтур шудам, то дарду азоби одамонро шифо бахшам». Мавзӯи суҳбатамон ба ман чунон маъқул шуд, ки мо онро яку ним соат муҳокима кардем. Вақте ин ҷуфт аз ҳуҷраи кориам баромаданд, ман дигар худро католик намеҳисобидам. Фаҳмидам, ки Офаридгоре, ки корҳояш маро ба ҳайрат меовард, ном доштааст ва номаш Яҳува мебошад.
Пеш аз беморхонаи худро кушодан ман се сол дар як ҷойи дигар кор мекардам. Рӯзе он ҷуфти ҳамсарон, ки дар пешгуфтор қайд карда будам, дар ҷустуҷӯйи муолиҷа наздам омаданд. Он рӯз барои шавҳараш дорухат навишта истода будам, ки занаш гуфт: «Духтур, илтимос, доруҳоеро нависед, ки дар таркибашон хун надошта бошанд». Ман ҳайрон шуда пурсидам: «Нафаҳмидам. Чаро хун надошта бошанд?» Ӯ ҷавоб дод: «Зеро мо Шоҳиди Яҳува ҳастем». Ман пеш аз ин ягон бор дар бораи Шоҳидони Яҳува ва муносибаташон нисбати хун чизе нашунида будам. Он зан аз сумкааш Китоби Муқаддасро бароварда, оятҳоеро нишон дод, ки чаро онҳо аз истифодаи хун даст мекашанд (Ман бо ин ҷуфти ҳамсарон дар ҷойи корам боз якчанд бор вохӯрдам. Ҳар вохӯриамон аз як соат зиёдтар тӯл мекашид. Бинобар ин онҳоро ба хонаам таклиф кардам, то дар бораи таълимоти Китоби Муқаддас бештар суҳбат кунем. Занам Лидия ҳарчанд ҳангоми суҳбат моро ҳамроҳӣ мекард, вале ба ҳеҷ ваҷҳ тан намегирифт, ки баъзе таълимоти калисои католикӣ нодуруст мебошад. Барои ҳамин рӯзе ман ба хонаамон коҳинеро даъват кардам. Мо дар асоси Китоби Муқаддас то нисфи шаб таълимоти калисоро тадқиқ кардем. Баъди он вохӯрӣ Лидия пурра боварӣ ҳосил кард, ки Шоҳидони Яҳува ҳақиқатро таълим медиҳанд. Ниҳоят муҳаббаттамон ба Яҳува чунон зиёд шуд, ки мо соли 1974 таъмид гирифтем.
АКНУН ДАР ҲАЁТАМ ЧИЗИ ДИГАРЕ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТОД
Вақте дар бораи нияти Худо нисбати одамизод фаҳмидам, дар ҳаётам чизи дигаре дар ҷойи аввал истод. Ману Лидия диққатамонро пурра ба хизмати Яҳува равона кардем. Мо қарор кардем, ки меъёрҳои Худоро дар ақлу дили фарзандонамон ҷо мекунем. Онҳоро таълим медодем, ки Худо ва дигаронро дӯст доранд. Ин чиз оилаи моро торафт муттаҳид мегардонд (Мат. 22:37–39).
Мат. 5:37). Масалан, рӯзе, вақте духтари 17-солаамон барои бо ҳамсолонаш вақтхушӣ кардан аз Лидия иҷозат пурсид, ҳамсарам иҷозат надод. Бинобар ин, дугонааш ба ӯ маслиҳат додааст, ки «модарат намонда бошад, аз падарат пурс». Дар ҷавоб духтарам гуфтааст: «Ин бефоида. Онҳо ҳамеша якгапаанд». Бале, ҳар шаш фарзанди мо нағз мефаҳмиданд, ки мо ҳама вақт аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал мекунем. Мо аз Яҳува бениҳоят миннатдорем, ки имрӯз аксар фарзандонамон дар роҳи ҳақиқатанд.
Вақте ба ёд меорам, ки чӣ тавр фарзандонамон ба ҳамфикрии ману Лидия муносибат мекарданд, хандаам меояд. Онҳо медонистанд, ки маслиҳати Исо дар бораи он ки «ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”» дар оилаи мо қонун аст (Ҳарчанд диққатам дар ҳаёт ба дигар чиз равона шуд, вале ман хостам, ки касбамро бар манфиати халқи Худо истифода барам. Барои ҳамин чун ихтиёрӣ ба сифати духтур дар Байт-Или шаҳри Париж ва баъдтар дар филиали нави шаҳри Луве хизмат кардам. Айни ҳол 50 сол мешавад, ки ман чун ихтиёрӣ дар Байт-Ил хизмат мекунам. Дар ин муддат дӯстони зиёд пайдо кардам, ки имрӯз синну соли баъзеашон аз 90 гузаштааст. Гуфтагӣ барин, рӯзе ман аз шиносоӣ бо як хизматгори Байт-Ил ҳайрон ва ҳамзамон хурсанд шудам. Гап дар он аст, ки 20 сол пеш ман барои таваллуд шудани ӯ ёрдам дода будам.
ҒАМХОРИИ ЯҲУВАРО БА ХАЛҚАШ МЕБИНАМ
Чандин сол мешавад, ки ман мебинам, чӣ хел Яҳува ба халқаш ғамхорӣ мекунад. Ҳамаи ин муҳаббатамро ба ӯ зиёдтар мегардонад. Солҳои 1980-ум Ҳайати роҳбарикунанда дар Амрико барномаи махсусеро ташкил дод. Бародарони масъул бояд ба духтурон мефаҳмонданд, ки чаро Шоҳидони Яҳува хунро истифода намебаранд.
Сипас соли 1988 Ҳайати роҳбарикунанда Шӯъбаи маълумот оиди беморхонаҳоро ташкил дод. Ин шӯъба назорат мекард, то Кумитаҳои кор бо беморхонаҳо ба воизон дар ёфтани табобати бехун кумак кунанд. Бо гузашти вақт ин кумитаҳо дар саросари ҷаҳон паҳн шуданд, аз ҷумла дар Фаронса. Он вақт ғамхории Яҳуваро дида ба ваҷҳ меомадам.
ОРЗУЕ, КИ АМАЛӢ МЕГАРДАД
Касби духтурӣ муҳаббати аввалини ман буд, вале бо гузашти вақт ман дарк намудам, ки рӯҳан солим гаштани одамон аҳамияти бештар дорад. Ман фаҳмидам, ки одамонро ба Сарчашмаи ҳаёт, Яҳува, наздик кардан даркор. Бинобар ин баъди ба нафақа баромадан ману Лидия пешрави доимӣ шудем. Имрӯз бошад, кӯшиш мекунем, ки ба қадри имкон дар ин кори ҳаётбахш иштирок намоем.
Ман то ҳол ба беморон кумак мекунам. Лекин бояд гӯям, ки ҳатто духтури беҳтарин наметавонад ҳамаи бемориҳоро бартараф кунаду пеши маргро гирад. Аз ин рӯ бесаброна вақтеро интизорам, ки дард, беморӣ ва марг дигар намешаванд. Дар дунёи наве, ки дар ояндаи наздиктарин меояд, ман ҷовидона дар бораи офаридаҳои Яҳува бештар дониш мегирам, аз ҷумла дар бораи сохти ҳайратовари бадани инсон. Албатта, орзуи кӯдакиам ҳоло пурра амалӣ нагаштааст, вале боварӣ дорам, ки рӯзҳои дурахшон дар пешанд.