Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38

Муҳаббати худро ба Яҳува ва бародару хоҳарон мустаҳкам созед

Муҳаббати худро ба Яҳува ва бародару хоҳарон мустаҳкам созед

«Ман назди Падари худ ва Падари шумо... боло рафта истодаам» (ЮҲ. 20:17).

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

ПЕШГУФТОР *

1. Чӣ тавр мо ба Яҳува муроҷиат карда метавонем?

ОИЛАИ Яҳува аз ибодаткунандагонаш, аз ҷумла Исо, ки «нахустзодаи тамоми офаридаҳо» мебошад, ва аз фариштаҳои бешумор иборат аст (Қӯл. 1:15; Заб. 103:20). Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ ба одамон мефаҳмонд, ки онҳо ба Яҳува «Падар» гуфта муроҷиат карда метавонанд. Исо ба шогирдонаш ишора карда Яҳуваро «Падари худ ва Падари шумо» гуфта ном бурд (Юҳ. 20:17). Вақте ки мо худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтем, аъзои оилаи пурмеҳру муҳаббате гаштем, ки аз бародарону хоҳарон иборат аст (Марқ. 10:29, 30).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Барои баъзеҳо Яҳуваро чун Падари меҳрубон қабул кардан душвор аст. Дигарон бошанд, эҳтимол, намедонанд, ки ба бародару хоҳарон чӣ тавр муҳаббаташонро нишон диҳанд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр намунаи Исо ба мо ёрдам медиҳад, то ба Яҳува чун ба Падари меҳрубон назар кунем ва ба ӯ наздик шавем. Ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр Яҳува бо бародару хоҳарон муносибат мекунад ва мо чӣ хел ба ӯ пайравӣ карда метавонем.

ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ МО БА Ӯ НАЗДИК ШАВЕМ

3. Чӣ тавр дуои намунавӣ моро ба Яҳува наздиктар месозад?

3 Яҳува Падари меҳрубон аст. Исо мехоҳад, ки мо ба Яҳува мисли ӯ муносибат кунем, яъне чун ба волиди ғамхору меҳрубоне, ки дар вақти дилхоҳ ба ӯ муроҷиат кардан мумкин аст, на мисли роҳбари номеҳрубоне, ки фақат фармон доданро медонад. Мо инро аз дуое, ки Исо ба шогирдонаш ёд дод, мефаҳмем. Ӯ дуои намунавиро бо чунин суханон сар кард: «Эй Падари мо» (Мат. 6:9). Исо гуфта метавонист, ки мо ба Яҳува «Худои Тавоно», «Офаридгор» ё «Худои ҷовид» гуфта муроҷиат кунем ва ин нодуруст намешуд, чунки дар Китоби Муқаддас Яҳува бо чунин суханон тасвир шудааст (1 Мӯсо 49:25; Иш. 40:28; 1 Тим. 1:17). Лекин Исо ба мо гуфт, ки Яҳуваро «Падар» хонем.

4. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад, то мо ба ӯ наздик шавем?

4 Оё ба шумо Яҳуваро чун Падари меҳрубон қабул кардан душвор аст? Ба баъзеҳо душвор аст. Агар падарамон дар гузашта ба мо меҳрубонӣ накарда бошад, шояд Яҳуваро чун падар қабул кардан бароямон душвор аст. Мо набояд аз ин хавотир шавем, чунки Яҳува ҳиссиёти моро нағз мефаҳмад. Ӯ мехоҳад, ки ба мо наздик шавад, барои ҳамин дар Каломаш моро даъват мекунад: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқ. 4:8). Яҳува моро дӯст медорад ва мегӯяд, ки бароямон Падари беҳтарине мешавад, ки ҳеҷ гоҳ надоштем.

5. Мувофиқи Луқо 10:22 чӣ тавр Исо ба мо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува наздик шавем?

5 Исо ба мо ёрдам дода метавонад, то ба Яҳува наздик шавем. Исо Яҳуваро то ҳамон дараҷа хуб медонад, ки комилан ба хислатҳои ӯ пайравӣ мекунад. Барои ҳамин ӯ чунин гуфт: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳ. 14:9). Исо чун бародари калонӣ моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр Падарамонро эҳтиром кунем, ба ӯ итоат намоем, аз корҳое, ки ба ӯ писанд нестанд, дурӣ ҷӯем ва розигии Яҳуваро ба даст орем. Лекин Исо махсусан ба мо хеле меҳрубон ва пур аз муҳаббат будани Яҳуваро ошкор кард. (Луқо 10:22-ро хонед.) Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.

Яҳува, ки Падари меҳрубон аст, Писарашро ба воситаи фаришта қувват бахшид (Ба сархати 6 нигаред.) *

6. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба дуоҳои Исо гӯш медод? Мисол оред.

6 Яҳува дуои фарзандонашро мешунавад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Яҳува ба суханони Писари нахустзодааш гӯш медод. Вақте Писараш дар замин буд, Яҳува ба дуоҳои ӯ диққат медод (Луқ. 5:16). Масалан, вақте ки Исо дар бораи қарорҳои муҳим, ба монанди интихоб кардани 12 расулаш, дуо мегуфт, Яҳува ӯро мешунид (Луқ. 6:12, 13). Яҳува ҳамчунин дуоеро, ки Исо ҳангоми дар изтироб буданаш гуфта буд, шунид. Пеш аз хиёнат кардани Яҳудо Исо ба Падараш дар бораи душвориҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешуд, бо ҷидду ҷаҳд дуо гуфт. Яҳува на танҳо ба дуои Исо ҷавоб дод, балки ҳамчунин фариштаашро фиристода Писари азизашро қувват бахшид (Луқ. 22:41–44).

7. Вақте мефаҳмем, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш медиҳад, мо чӣ ҳис мекунем?

7 Дар рӯзҳои мо низ Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш гӯш дода ба онҳо дар вақти мувофиқ ва ба таври беҳтарин ҷавоб медиҳад (Заб. 116:1, 2). Хоҳаре аз Ҳиндустон дид, ки Яҳува чӣ тавр ба дуоҳои ӯ ҷавоб дод. Ӯро ташвишҳои зиёд азоб медоданд ва ӯ дар ин бора ба Яҳува дуо гуфт. Хоҳарамон менависад: «Барномаи JW Броткастинги моҳи майи 2019 маҳз барои ман буд. Дар ин барнома гап дар бораи чӣ тавр бартараф кардани ташвишу хавотирӣ мерафт ва он ба дуоҳои ман ҷавоб буд».

8. Яҳува бо кадом роҳҳо ба Исо муҳаббаташро нишон медод?

8 Яҳува чи хеле ки Исоро ҳангоми дар замин буданаш дӯст медошт ва дар бораи ӯ ғамхорӣ мекард, моро низ дӯст медораду дар ҳаққамон ғамхорӣ мекунад (Юҳ. 5:20). Яҳува ба Исо ёрдам медод, ки имонашро мустаҳкам нигоҳ дорад, ҳангоми душвориҳояш ӯро рӯҳбаланд менамуд ва дар бораи ниёзҳои ҷисмониаш ғамхорӣ мекард. Ғайр аз ин, Яҳува ба Писараш гуфт, ки ӯро дӯст медораду аз ӯ розӣ аст (Мат. 3:16, 17). Исо медонист, ки Падари осмониаш ҳамеша бо ӯст ва барои ҳамин худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис намекард (Юҳ. 8:16).

9. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува моро дӯст медорад?

9 Мисли Исо ҳамаи мо муҳаббати Яҳуваро дар худ борҳои зиёд ҳис кардаем. Як тасаввур кунед: Яҳува моро ба дӯстӣ қабул кард, бароямон бисёр бародару хоҳарони меҳрубоне дод, ки моро хушбахт месозанд, дар душвориҳо дастгирӣ мекунанд ва дар ғаму шодӣ шарики моянд (Юҳ. 6:44). Инчунин барои мустаҳкам нигоҳ доштани имонамон Яҳува ба мо ҳама чизи лозимаро медиҳад. Ӯ ҳатто ба мо ёрдам мекунад, ки барои ҳаёт чизҳои зарурӣ дошта бошем (Мат. 6:31, 32). Вақте мо дар бораи ин муҳаббати Яҳува фикр мекунем, меҳрамон ба ӯ зиёд мегардад.

БО БАРОДАРУ ХОҲАРОН МИСЛИ ЯҲУВА МУНОСИБАТ КУНЕД

10. Мо аз муносибати Яҳува, ки ба бародару хоҳарон дорад, чӣ омӯхта метавонем?

10 Яҳува бародару хоҳаронамонро дӯст медорад, барои мо бошад, онҳоро дӯст доштан ва ба онҳо муҳаббатамонро нишон додан на ҳама вақт осон аст. Баъзан сабаб дар он аст, ки маданият ва тарбияи мо фарқ мекунад. Ҳамчунин ҳамаи мо хато карда якдигарро асабӣ мекунем ё ғамгин месозем. Ба ҳар ҳол ҳар яки мо саъю кӯшиш намуда муҳаббатамонро нисбати бародару хоҳарон зиёд карда метавонем. Чӣ тавр? Дар ин кор ба мо намунаи муҳаббате, ки Яҳува ба бародару хоҳарон нишон медиҳад, ёрдам мекунад (Эфс. 5:1, 2; 1 Юҳ. 4:19). Биёед намунаи Яҳуваро дида бароем.

11. Исо чӣ тавр ба «дилсӯзу ҳамдард» будани Яҳува пайравӣ мекард?

11 Яҳува «дилсӯзу ҳамдард аст» (Луқ. 1:78). Одами дилсӯзу ҳамдард азоб кашидани дигаронро дида хавотир мешавад ва ҳаракат мекунад, ки ба чунин шахсон ёрдам кунад ва онҳоро тасаллӣ диҳад. Исо ба Падараш пайравӣ карда, нишон медод, ки Падараш ба одамон чӣ хел муносибат мекунад (Юҳ. 5:19). Исо мардуми бисёреро дида «дилаш ба онҳо месӯхт, зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Исо на танҳо ба онҳо раҳмаш омад, балки ҳамчунин ба онҳо ёрдам дод. Ӯ беморонро шифо дод, ба «заҳматкашон ва гаронборон» қуввати тоза бахшид (Мат. 11:28–30; 14:14).

Ба Яҳува пайравӣ карда ба бародару хоҳаронатон раҳмдилӣ ва саховатмандӣ нишон диҳед (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.) *

12. Шумо чӣ тавр ба бародару хоҳарон ҳамдардӣ нишон дода метавонед? Мисол оред.

12 Пеш аз он ки мо ба бародару хоҳарон ҳамдардӣ нишон диҳем, хуб мебуд, донем, ки онҳо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Масалан, шояд хоҳаре бемории ҷиддӣ дорад. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин бора шикоят намекунад, лекин агар касе ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекард, эҳтимол, ӯ хеле хурсанд мешуд. Дар ин бора фикр кунед: Чӣ тавр ӯ дар бораи ниёзҳои оилааш ғамхорӣ мекунад? Оё мо дар пухтани хӯрок ё рӯбучини хонааш ёрдам дода метавонем? Ё бародаре шояд корашро аз даст додааст. Оё мо то кор ёфтани ӯ номаълумак каме ёрдампулӣ дода метавонем?

13, 14. Чӣ тавр мо мисли Яҳува саховатманд буда метавонем?

13 Яҳува Худои саховатманд аст (Мат. 5:45). Барои ба бародару хоҳарон дилсӯзӣ нишон додан, шарт нест, ки кумак пурсиданашонро интизор шуда шинем. Мисли Яҳува мо пешакӣ ба онҳо ёрдам дода метавонем. Охир мо напурсида Яҳува ҳар рӯз офтобро медиҳад-ку! Аз офтоб на танҳо одамони миннатдор, балки ҳама манфиат мегирад. Яҳува ҳар рӯз ба мо чизҳои заруриро дода бо ин нишон медиҳад, ки моро дӯст медорад. Мо Яҳуваро, ки нек ва саховатманд аст, хеле дӯст медорем.

14 Бисёри бародару хоҳарон ба Яҳува пайравӣ карда ба дигарон саховатмандӣ нишон медиҳанд. Масалан, соли 2013 дар Филиппин тӯфони азими Ҳайан харобиҳои зиёд овард. Бисёр бародару хоҳарон бе хонаю дар ва бе чизу чора монданд. Оилаи рӯҳонии онҳо аз тамоми ҷаҳон ба ёрдами онҳо шитоб карданд. Бисёриҳо пул хайрия карданд ё камаш дар як сол ба таъмиру сохтани қариб 750 хона ёрдам доданд. Дар давоми вабои COVID-19 Шоҳидон аз таҳти дил кор карда бародару хоҳаронашонро дастгирӣ намуданд. Агар мо барои дастгирии бародару хоҳарон тез ҳозир шавем, бо ин ба онҳо муҳаббатамонро нишон медиҳем.

15, 16. Мувофиқи Қӯлассиён 3:13 роҳи муҳими ба Падари осмониамон пайравӣ кардан кадом аст?

15 Яҳува Худои бахшанда аст. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Падари осмониамон ҳар яки моро ҳар рӯз мебахшад (Заб. 103:10–14). Ҳарчанд пайравони Исо нокомил буданд, ӯ бо онҳо меҳрубонона муносибат мекард ва онҳоро мебахшид. Ӯ ҳатто бо омодагӣ ҳаёташро қурбон кард, то гуноҳҳои мо бахшида шаванд (1 Юҳ. 2:1, 2). Магар меҳрубониву бахшандагии Яҳува ва Исо шуморо ба онҳо ҷалб намекунад?

16 Агар мо бародарону хоҳаронро «аз таҳти дил» бахшем, пайванди муҳаббатамон бо онҳо мустаҳкамтар мешавад (Эфс. 4:32). Албатта, баъзан барои мо бахшидани дигарон хеле душвор буда метавонад, барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем. Ба як хоҳар мақолаи «Якдигарро аз таҳти дил бахшед», аз «Бурҷи дидбонӣ» ёрдам кард, ки чунин амал кунад *. Ӯ менависад: «Аз ин мақола ман фаҳмидам, ки бахшидани дигарон ба худам манфиат меорад. Дар он фаҳмонда шудааст, ки бо омодагӣ дигаронро бахшидан маънои онро надорад, ки кори кардаи онҳоро дуруст меҳисобем ё он ба мо сахт нарасидааст. Лекин вақте шумо онҳоро мебахшед, нисбати онҳо кина намегиред ва дар дилатон оромиро нигоҳ медоред». Вақте мо бародару хоҳаронро мебахшем, ба Яҳува пайравӣ карда ба онҳо муҳаббат нишон медиҳем.

ҶОЙИ ХУДРО ДАР ОИЛАИ ЯҲУВА ҚАДР КУНЕД

Ҳам хурду ҳам калонсолон нишон медиҳанд, ки бародару хоҳаронашонро дӯст медоранд (Ба сархати 17 нигаред.) *

17. Мувофиқи Матто 5:16 мо чӣ тавр Падари осмониамонро ҷалол дода метавонем?

17 Мо миннатдорем, ки бо бародару хоҳарон аз тамоми ҷаҳон дар як оилаи пурмеҳр ҳастем. Мо мехоҳем, ки ҳар қадаре ки имконпазир аст, одамони бисёртар ҳамроҳи мо Яҳуваро ибодат кунанд. Барои ҳамин мо набояд ҳеҷ гоҳ роҳ диҳем, ки аз сабаби ягон кори нодурустамон одамон дар бораи Падари осмониамон ва халқи ӯ фикри нодуруст кунанд. Баръакс, мо кӯшиш мекунем, ки бо рафторамон дигаронро ба хушхабар ҷалб созем. (Матто 5:16-ро хонед.)

18. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки далерона мавъиза кунем?

18 Баъзеҳо моро барои ба Падари осмониамон итоат кардан масхара мекунанд ё ҳатто озор медиҳанд. Агар ба мо дар бораи имонамон гап задан душвор бошад, чӣ кор карда метавонем? Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Яҳува ва Писараш ҳамеша ба мо ёрдам мекунанд. Исо ба шогирдонаш таълим дода буд, ки дар бораи чӣ гуфтан ва чӣ тавр гуфтан ташвиш накашанд. Чаро? Ӯ фаҳмонд: «Чунки дар он соат ба шумо дода мешавад, ки чӣ гӯед. Он вақт на шумо, балки рӯҳи Падаратон ба воситаи шумо сухан мегӯяд» (Мат. 10:19, 20).

19. Мисоли шахсеро оред, ки далерона мавъиза кард.

19 Биёед мисоли Робертро дида бароем. Чанд сол пеш, вақте ӯ нав Китоби Муқаддасро омӯзиш мекарду донишаш дар бораи Каломи Худо кам буд, назди суди Африқои Ҷанубӣ рафта фаҳмонд, ки чаро ӯ ба хизмати ҳарбӣ намеравад. Ӯ далерона гуфт, ки мехоҳад бетарафиро нигоҳ дорад, чунки бародарони масеҳиашро дӯст медорад. Ӯ ҷойи худро дар оилаи рӯҳониамон қадр мекард. Судя ногаҳон пурсид: «Бародарони ту кистанд?» Роберт ин хел саволро интизор набуд, лекин ҳамон лаҳза ояти рӯз ба хотираш омад. Он Матто 12:50 буд. Дар он гуфта шудааст: «Ҳар кӣ хости Падарамро, ки дар осмон аст, иҷро кунад, бародар, хоҳар ва модари ман аст». Ҳарчанд Роберт Китоби Муқаддасро нав омӯзиш мекард, рӯҳи муқаддаси Яҳува ба ӯ ёрдам дод, ки ба ин ва дигар саволҳое, ки интизор набуд, ҷавоб диҳад. Бешубҳа, Яҳува бо Роберт фахр мекард! Вақте мо дар вазъиятҳои душвор ба Яҳува такя карда, далерона мавъиза мекунем, ӯ бо мо низ фахр мекунад.

20. Мо бояд бо қатъият чӣ кор кунем? (Юҳанно 17:11, 15).

20 Мо хеле миннатдорем, ки ба чунин оилаи пурмеҳр тааллуқ дорем. Мо Падари беҳтарин ва бародару хоҳарони содиқ дорем. Барои ин мо бояд ҳамеша шукр кунем. Шайтон бо пайравони бадкораш кӯшиш мекунад, ки дар диламон нисбати муҳаббати Падари осмониамон шубҳа андозаду ягонагии моро вайрон созад. Лекин Исо дар бораи мо аз Падарамон хоҳиш кард, ки моро дар паноҳаш нигоҳ дорад, то дар оилаи мо ягонагӣ бошад. (Юҳанно 17:11, 15-ро хонед.) Мо ҷавоби Яҳуваро имрӯз дида истодаем. Мисли Исо, биёед, ҳеҷ гоҳ ба муҳаббат ва дастгирии Падари осмониамон шубҳа накунем ва ба оилаи рӯҳониамон боз ҳам наздиктар шавем.

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

^ сарх. 5 Мо хеле хурсандем, ки дар оилаи пурмеҳр бо бародарону хоҳарон ҳастем. Ҳар яки мо мехоҳем, ки муҳаббатамонро нисбати якдигар боз ҳам мустаҳкамтар созем. Чӣ тавр ин корро карда метавонем? Агар ба муҳаббате, ки Яҳува ба мо нишон медиҳад ва ба намунаи Исо ва бародару хоҳаронамон пайравӣ намоем.

^ сарх. 16 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми ноябри соли 2012, саҳ. 26–30 нигаред.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Яҳува фариштаашро ба боғи Ҷатсамонӣ фиристода, Исоро қувват бахшид.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Дар давоми вабои COVID-19 бисёриҳо хӯрду хӯрок тайёр карда фиристода истодаанд.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Модаре дар навиштани нома ба духтарчааш ёрӣ медиҳад. Духтарчааш барои рӯҳбаланд кардани бародаре, ки дар ҳабсхона аст, нома фиристоданист.