МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
Бо ёрии Яҳува бо хурсандӣ истодагӣ мекунем
«Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад» (ИШ. 30:18).
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
ПЕШГУФТОР a
1, 2. а) Дар ин мақола кадом саволҳо дида баромада мешавад? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува ба мо кумак кардан мехоҳад?
ЯҲУВА метавонад ба мо кумак кунад, ки ба мушкилиҳои ҳаёт тоб орем ва аз хизмат хурсандӣ ёбем. Бо кадом роҳҳо ӯ ба мо кумак мекунад? Чӣ тавр мо аз дастгирии ӯ пурра манфиат гирифта метавонем? Ба ин ду савол дар ин мақола ҷавоб дода мешавад. Лекин пеш аз ин биёед саволи зеринро дида бароем: «Оё Яҳува дар ҳақиқат ба ёрдами мо тайёр аст?»
2 Калимае, ки Павлуси расул дар номааш ба ибриён истифода бурд, барои ёфтани ҷавоби ин савол кумак мекунад. Ӯ навиштааст: «Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид. Одамизод бо ман чӣ метавонад кунад?» (Ибр. 13:6). Дар маълумотномаҳо гуфта мешавад, ки калимаи «мададгор», ки дар ин оят истифода шудааст, ба шахсе ишора мекунад, ки илтиҷои муҳтоҷеро шунида сӯяш медавад. Як тасаввур кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба кумаки шахси ғамзада мешитобад. Ин мисол нағз нишон медиҳад, ки Яҳува мехоҳад ва муштоқи он аст, ки ба мо ёрӣ расонад. Агар ӯ дар барамон бошад, чӣ мушкилие сари роҳи моро нагирад, онро бо хурсандӣ паси сар карда метавонем.
3. Бо кадом се роҳ Яҳува кумак мекунад, ки озмоишҳоро бо хурсандӣ паси сар кунем?
3 Бо кадом баъзе роҳҳо Яҳува кумак мекунад, ки озмоишҳоро бо хурсандӣ паси сар кунем? Барои ёфтани ҷавоб ба китоби Ишаъё рӯ меорем, зеро бисёр пешгӯйиҳои он ба халқи имрӯзаи Яҳува дахл дорад. Ишаъё аксар вақт ибораҳоеро истифода бурда дар бораи Яҳува гап задааст, ки бароямон осонфаҳманд. Масалан, агар боби 30-юми китоби Ишаъёро хонӣ, тасаввуротат бедор мешавад. Ишаъё дар он зикр кардааст, ки бо кадом роҳҳо Яҳува ба халқаш кумак мекунад: якум, дуоҳоямонро бодиққат гӯш карда ҷавоб медиҳад, дуюм, моро роҳнамоӣ мекунад ва сеюм, имрӯз ва дар оянда моро баракат медиҳад. Биёед ин се роҳро муфассалтар дида бароем.
ЯҲУВА МОРО ГӮШ МЕКУНАД
4. а) Яҳува дар бораи яҳудиёни замони пайғамбар Ишаъё чӣ гуфт ва ниҳоят ба чӣ роҳ дод? б) Яҳува ба яҳудиёни бовафо чӣ гуна умед бахшид? (Ишаъё 30:18, 19).
4 Дар аввали боби 30-юми китоби Ишаъё Яҳува яҳудиёнро «писарони якрав» меномад, ки «ба гуноҳи худ гуноҳ» зам мекунанд. Ӯ инчунин онҳоро халқи исёнкоре меномад, ки «шариати Яҳуваро шунидан намехоҳанд» (Иш. 30:1, 9). Азбаски яҳудиён ба Худо гӯш надоданд, пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ кард, ки ба сарашон бадбахтӣ меояд (Иш. 30:5, 17; Ирм. 25:8–11). Ҳамин тавр вақте расид, ки бобилиён онҳоро ба асирӣ бурданд. Вале дар миёни онҳо яҳудиёни бовафо низ буданд. Барои ҳамин Ишаъё хабари умедбахшеро расонда гуфт, ки рӯзе Яҳува ба онҳо илтифот нишон медиҳад. Ниҳоят, ҳамин тавр ҳам шуд. Яҳува ба ғуломии онҳо хотима бахшид. (Ишаъё 30:18, 19-ро хонед.) Аммо яҳудиён дарҳол озод нашуданд. Суханони «Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд», маънои онро дошт, ки пеш аз пурра озод гаштан онҳо бояд каме интизор мешуданд. Аз ин рӯ яҳудиён 70 сол дар Бобил чун асир зиндагӣ карданд ва баъд боқимондаи онҳо ба Ерусалим баргаштанд (Иш. 10:21; Ирм. 29:10). Ба ватани худ баргаштан замон ҷойи ашки талхи онҳоро ашки шодӣ гирифт.
5. Суханони Ишаъё 30:19 моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
5 Суханони зерин имрӯз ба мо тароват мебахшанд: «Вақте мадад талабӣ, ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад» (Иш. 30:19). Пайғамбар Ишаъё моро боварӣ мебахшад, ки, вақте диламонро ба Яҳува холӣ мекунем, ӯ моро бодиққат гӯш карда, дарҳол ба мададамон мешитобад. Пайғамбар инчунин гуфтааст: «Ҳамин ки овозат ба гӯшаш расад, ба ту ҷавоб медиҳад». Ин суханон ба мо ёдрас мекунанд, ки Яҳува бо дилу ҷон мехоҳад ба мадади онҳое расад, ки ӯро мекобанд. Донистани ин ба мо кумак мекунад, ки мушкилиҳоямонро бо хурсандӣ паси сар кунем.
6. Чӣ тавр суханони Ишаъё нишон медиҳанд, ки Яҳува дуои ҳар як хизматгорашро мешунавад?
6 Ин оят дар мавриди дуоҳоямон боз чӣ тавр моро рӯҳбаланд мегардонад? Яҳува дуоҳои ҳар яки моро гӯш мекунад. Чаро мо аз ин дилпурем? Аҳамият диҳед, ки дар қисми аввали боби 30-юм ҷонишин дар шакли ҷамъ омадааст, зеро Яҳува ба халқаш дар маҷмӯъ муроҷиат мекунад. Вале, агар ба ояти 19 нигарем, мебинем, ки ҷонишин дар шакли танҳо омадааст. Дар ин ҷо Яҳува ба ҳар як шахс дар алоҳидагӣ муроҷиат мекунад. Ишаъё менависад: «Ту дигар гиря намекунӣ», «ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад» ва «ба ту ҷавоб медиҳад». Бале, Яҳува чун Падари ғамхор ҳеҷ гоҳ ба писар ё духтари дилшикастааш намегӯяд: «Ту бояд мисли бародар ё хоҳарат қавӣ бошӣ». Баръакс, ӯ ба ҳар яки мо шахсан таваҷҷуҳ мекунад ва ба дуоҳои ҳар якамон гӯш медиҳад (Заб. 116:1; Иш. 57:15).
7. Чӣ тавр Ишаъё ва Исо аҳамияти боисрор дуо гуфтанро қайд карданд?
7 Вақте мо дар бораи ташвишу хавотириҳоямон ба Яҳува мегӯем, чӣ тавр ӯ дарҳол ба дуои мо ҷавоб медиҳад? Ӯ ба мо қувват мебахшад, то душвориҳоямонро паси сар кунем. Лекин, агар озмоишҳоямон давом ёбанд-чӣ? Дар ин сурат Яҳува мегӯяд, ки ба ӯ гаштаю баргашта муроҷиат кунем, то ба озмоишҳоямон тоб оварда тавонем. Аҳамият диҳед Ишаъё дар ин бора чӣ мегӯяд: «[Яҳуваро] ором нагузоред» (Иш. 62:7). Ба кадом маъно? Яъне, мо бояд чунон боисрор дуо гӯем, ки Яҳуваро тинҷу осуда намонем. Суханони Ишаъё мисоли Исоро аз Луқо 11:8–10 ва 13 ба ёдамон меорад, ки он дар бораи дуо аст. Дар ин мисол Исо мегӯяд, ки мо аз Яҳува «беист» ва «пайваста» рӯҳи муқаддас биталабем. (Поварақи ояти 9.) Ҳамчунин мо аз Яҳува илтиҷо карда метавонем, ки барои қабул кардани қарорҳои дуруст моро роҳнамоӣ кунад.
ЯҲУВА МОРО РОҲНАМОӢ МЕКУНАД
8. Чӣ тавр суханони Ишаъё 30:20, 21 дар замонҳои пеш иҷро шуданд?
8 Ишаъё 30:20, 21-ро хонед. Вақте лашкари Бобил Ерусалимро ба муддати якуним сол муҳосира кард, дарду азоб барои исроилиён мисли нону об шинос гашт. Лекин мувофиқи оятҳои 20 ва 21 Яҳува қавл дод, ки, агар тавба карда ислоҳ шаванд, онҳоро халос мекунад. Ишаъё Яҳуваро «Омӯзгори бузург»-и онҳо номида, ваъда дод, ки, агар Яҳуваро чун Омӯзгори бузургашон қабул кунанд, ӯ онҳоро таълим медиҳад, ки ибодаташро дуруст ба ҷо оранд. Ҳамин тавр, вақте яҳудиён аз асирӣ озод шуданд, суханони мазкур иҷро гашт. Яҳува Омӯзгори бузурги онҳо шуд ва халқ зери роҳнамоии ӯ ибодати покро барқарор намуд. Мо низ беҳад шодем, ки Яҳува Омӯзгори бузурги мост.
9. Як роҳе, ки Яҳува моро роҳнамоӣ мекунад, кадом аст?
9 Ишаъё суханонашро давом дода моро ба омӯзандагоне монанд кард, ки бо ду роҳ аз Яҳува таълим мегиранд. Якум, Ишаъё гуфт: «Омӯзгори бузургатон[ро]... бо чашми худ мебинед». Дар ин мисол омӯзгор дар рӯ ба рӯйи омӯзандагонаш меистад. Барои мо аз Яҳува таълим гирифтан шараф аст. Ӯ моро чӣ тавр таълим медиҳад? Ба воситаи ташкилоташ. Мо миннатдорем, ки ташкилоти Яҳува ба мо дастуроти аниқ медиҳад. Дастуроте, ки мо дар вохӯриҳои ҷамоат, анҷуманҳо, ба воситаи адабиёт, бродкастинг ва бисёр роҳҳои дигар мегирем, ба мо кумак мекунад, ки дар лаҳзаҳои душвор хурсандиро аз даст надиҳем.
10. Ба кадом маъно мо овозеро «аз қафои худ» мешунавем?
10 Дар бораи роҳи дуюм Ишаъё гуфт, ки овозеро «аз қафои худ хоҳед шунид». Дар ин ҷо пайғамбар Яҳуваро чун омӯзгори бодиққат тасвир мекунад, ки аз қафои шогирдонаш рафта ба онҳо роҳро нишон медиҳад. Бале, мо имрӯз овози Худоро аз қафои худ мешунавем. Ба кадом маъно? Азбаски Навиштаҳои илоҳӣ асрҳо пеш ба қалам оварда шудаанд, ҳар боре ки мо онҳоро мехонем, гӯё овози Худоро «аз қафои худ» мешунавем (Иш. 51:4).
11. Барои хурсандона истодагарӣ кардан мо бояд кадом қадамҳоро гузорем ва барои чӣ?
11 Чӣ тавр мо аз роҳнамоии Яҳува, ки ба воситаи ташкилот ва Каломаш медиҳад, пурра манфиат гирифта метавонем? Ба ду чизе, ки Ишаъё гуфт, аҳамият диҳед: якум, «роҳ ин аст» ва дуюм, «бо он биравед» (Иш. 30:21). Донистани «роҳ» кифоя нест, мо ҳамчунин бояд «бо он [биравем]». Ба воситаи Навиштаҳо, чи хеле ташкилоти Худо таълим медиҳад, мо мефаҳмем, ки Яҳува аз мо чӣ талаб мекунад. Мо ҳамчунин ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаамонро ёд мегирем. Хулоса, барои дар хизмати Яҳува хурсандиро нигоҳ доштан мо бояд ин ду қадамро гузорем. Танҳо он вақт дилпур мешавем, ки соҳиби баракати Яҳува мегардем.
ЯҲУВА МОРО БАРАКАТ МЕДИҲАД
12. Мувофиқи Ишаъё 30:23–26 Яҳува халқашро чӣ тавр баракат дод?
12 Ишаъё 30:23–26-ро хонед. Чӣ тавр ин пешгӯйӣ баъди аз асирии Бобил озод шудани яҳудиён иҷро гашт? Онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ баракати зиёдро соҳиб гаштанд. Яҳува онҳоро ба таври фаровон бо хӯрду хӯрок таъмин намуд. Вале, аз ҳама муҳимаш, ӯ онҳоро бо хӯроки рӯҳонӣ серу пур кард ва кумак расонд, то оҳиста-оҳиста ибодати покро барқарор намоянд. Он вақт Яҳува халқашро бо баракатҳои рӯҳонӣ чунон саршор гардонд, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ чунин рӯй надода буд. Мувофиқи ояти 26 Яҳува равшании онҳоро афзуд, яъне кумак кард, ки Каломашро нағзтар фаҳманд (Иш. 60:2). Баракатҳои Яҳува ба хизматгоронаш ёрӣ дод, то минбаъд низ «аз хушии дил» ва бо иродаи қавӣ хизмати ӯро ба ҷо оранд (Иш. 65:14).
13. Чӣ тавр пешгӯйӣ дар бораи барқароршавии ибодати пок дар рӯзҳои мо иҷро шуд?
13 Оё пешгӯйӣ дар бораи барқарор шудани ибодати пок ба мо дахл дорад? Бале! Ба кадом маъно? Аз соли 1919 инҷониб миллионҳо одамон аз асирии Бобили бузург, яъне империяи дини дурӯғ, озод гашта истодаанд. Онҳо назар ба замини ваъдашудаи Исроил ба ҷойи беҳтаре роҳнамоӣ мешаванд,— ба биҳишти рӯҳонӣ (Иш. 51:3; 66:8). Ин чӣ маъно дорад?
14. Биҳишти рӯҳонӣ чист ва киҳо имрӯз дар он зиндагӣ мекунанд? (Ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо» нигаред.)
14 Аз соли 1919 сар карда тадҳиншудагон дар биҳишти рӯҳонӣ b зиндагӣ мекунанд. Бо гузашти вақт «гӯсфандони дигар» низ, ки умеди заминӣ доранд, ба он дохил шуда аз баракатҳои бешумори Яҳува баҳра мебаранд (Юҳ. 10:16; Иш. 25:6; 65:13).
15. Биҳишти рӯҳонӣ дар куҷо ҷойгир аст?
15 Биҳишти рӯҳонӣ имрӯз дар куҷо ҷойгир аст? Азбаски хизматгорони Яҳува дар тамоми замин паҳн гаштаанд, гуфтан ҷоиз аст, ки биҳишти рӯҳонӣ дар тамоми ҷаҳон воқеъ мебошад. Аз ин рӯ, новобаста ба он, ки мо дар кадом гӯшаю канори замин зиндагӣ дорем, агар ибодати покро фаъолона дастгирӣ кунем, дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ карда метавонем.
16. Чӣ тавр минбаъд низ зебогии биҳишти рӯҳониро мушоҳида карда метавонем?
16 Барои дар биҳишти рӯҳонӣ мондан мо бояд, аз ҷумла бародарияти умумиҷаҳониамонро қадр кунем. Инро чӣ тавр карда метавонем? Масалан, агар ба хислатҳои зебои ҳамимононамон диққат диҳем, на ба камбудиҳояшон (Юҳ. 17:20, 21). Чаро ин муҳим аст? Биёед як муқоисаро аз назар гузаронем: Вақте мо ба боғи зебо меравем, одатан ҳар гуна дарахтонро мебинем. Ба ин монанд дар биҳишти рӯҳонӣ, ки дар ҷамоатҳои мо ҳукмфармост, шахсони гуногунеро дидан мумкин аст, ки мисли дарахтон онро зеб медиҳанд (Иш. 44:4; 61:3). Аз ин рӯ мо бояд минбаъд низ диққатро ба зебогии «дарахтзор» равона созем, на ба нуқсони ҳар як «дарахт». Мо набояд гузорем, ки нокомилии худамон ё бародару хоҳарон диққати моро аз зебогии умумие, ки дар ҷамоатҳоямон дида мешавад, парешон созад.
17. Ҳар яки мо барои нигоҳ доштани ягонагӣ дар ҷамоат чӣ кор карда метавонем?
17 Ҳар яки мо барои нигоҳ доштани ягонагии ҷамоат чӣ кор карда метавонем? Мо бояд сулҳҷӯ бошем (Мат. 5:9; Рум. 12:18). Бале, ҳар боре ки мо ташаббускорӣ нишон дода бо бародару хоҳарон сулҳу оромиро нигоҳ медорем, биҳишти рӯҳониамон зеботар мегардад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки Яҳува ҳар як сокини биҳишти рӯҳониро ба ибодати пок ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Тасаввур кунед, Яҳува чӣ қадар хурсанд мешавад, вақте мебинад, ки мо дар байни касоне, ки барояш гаронбаҳоянд, сулҳу ягонагиро нигоҳ медорем (Иш. 26:3; Ҳаҷ. 2:7).
18. Дар бораи чӣ мо бояд тез-тез мулоҳиза ронем ва барои чӣ?
18 Чӣ тавр мо чун хизматгорони Худо аз баракатҳои Яҳува пурра манфиат гирифта метавонем? Барои ин мо бояд дар бораи чизҳое, ки аз Каломи Худо ва адабиётамон меомӯзем, бодиққат мулоҳиза ронем. Чунин хониш ва мулоҳизаронӣ кумак мекунад, ки хислатҳои даркориро инкишоф дода «ба якдигар меҳру муҳаббати бародарона» нишон диҳем (Рум. 12:10). Инчунин, вақте мо дар бораи баракатҳои ҳозираамон мулоҳиза меронем, муносибатамон бо Яҳува мустаҳкам мегардад. Мулоҳиза дар бораи баракатҳои оянда бошад, умеди моро воқеӣ мегардонад, ки хизмати Яҳуваро абадан ба ҷо оварда метавонем. Ҳамаи ин чизҳо ба мо кумак мекунад, ки имрӯз дар хизмат хурсандиро аз даст надиҳем.
БО АЗМИ ҚАВӢ ИСТОДАГӢ МЕКУНЕМ!
19. а) Мувофиқи Ишаъё 30:18 мо аз чӣ дилпурем? б) Чӣ ба мо кумак мекунад, ки бо хурсандӣ истодагӣ кунем?
19 Вақте ки Яҳува ин дунёи нопокро нест мекунад, ӯ барои наҷот додани мо «бармехезад» (Иш. 30:18). Мо дилпурем, ки Яҳува «Худои адлу инсоф» аст ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дунёи Шайтон аз вақти муқарраркардааш як рӯз ҳам зиёд истад (Иш. 25:9). Мо пурсаброна рӯзи наҷотамонро интизорем. Вале то омадани он рӯз азм дорем, ки минбаъд низ дуо мегӯем, Каломи Худоро омӯхта маслиҳатҳояшро ба кор мебарем ва дар бораи баракатҳои Яҳува мулоҳиза меронем. Дар ин сурат, Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар ибодаташ хурсандиро гум накунем.
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
a Дар ин мақола мо дар бораи се роҳе мефаҳмем, ки Яҳува ба хизматгоронаш кумак мекунад, то душвориҳои ҳаётро бо хурсандӣ паси сар кунанд. Барои ин ба боби 30-юми китоби Ишаъё рӯ меорем. Аз он мо мефаҳмем, ки дуо, омӯзиши Каломи Худо ва мулоҳиза дар бораи баракатҳои ҳозира ва оянда аҳамияти калон дорад.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: «Биҳишти рӯҳонӣ» ба муҳити орому осудае ишора мекунад, ки мо дар он Яҳуваро якдилона ибодат мекунем. Дар он ҷо мо аз хӯроки рӯҳоние, ки олудаи таълимоти дурӯғ нест, боем. Ҳамчунин хушхабари Подшоҳиро паҳн карда бисёр корҳои шавқоварро иҷро мекунем. Мо бо Яҳува муносибати наздик дорем ва бо бародару хоҳарони меҳрубонамон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунем. Онҳо ба мо кумак мекунанд, ки озмоишҳоро бо хурсандӣ паси сар намоем. Шахс ба ин биҳишт кай дохил мешавад? Аз рӯзе ки Яҳуваро дуруст ибодат мекунад ва ба ӯ пайравӣ менамояд.