Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар Забур 12:7 гуфта шудааст: «Ту онҳоро, эй Яҳува, нигаҳ хоҳӣ дошт». «Онҳо» гуфта, кӣ ва чӣ дар назар дошта шудааст?Матни пурраи ин таронаро омӯхта, равшан мешавад, ки ин ҷо одамон дар назаранд.Дар Забур 12:1–4 Довуд аввал қайд мекунад, ки содиқон аз миёни мардум нест шудаанд. Сипас оятҳои аз 5 то 7 меоянд.

« ”Азоби бечораро дида

Ва нолаи камбағалро шунида,

Ба ёриашон бармехезам,— мегӯяд Яҳува.—

Ман онҳоро аз дасти касе, ки хорашон медорад, халос мекунам”.

Суханони Яҳува поканд,

Мисли нуқрае ҳастанд, ки дар кӯраи лоӣ гудохта, ҳафт карат тоза карда шудааст.

Ту онҳоро, эй Яҳува, нигаҳ хоҳӣ дошт

Ва ҳар яки онҳоро аз ин насл то абад ҳимоя хоҳӣ кард».

Дар ояти 5 гуфта мешавад, ки Худо ба доди бечорагон мерасад ва онҳоро халос мекунад.

Ояти 6 илова мекунад, ки «суханони Яҳува поканд», мисли нуқрае, ки гудохта тоза карда шудааст. Масеҳиёни содиқ бо ин суханон розиянд (Заб. 18:30; 119:140).

Ҳоло бошад, ба ояти навбатӣ, ба Забур 12:7, аҳамият диҳед: «Ту онҳоро, эй Яҳува, нигаҳ хоҳӣ дошт ва ҳар яки онҳоро аз ин насл то абад ҳимоя хоҳӣ кард». Ин ҷо «онҳо» гуфта, кӣ ё чӣ дар назар дошта шудааст?

Азбаски пеш аз ин оят, яъне дар ояти 6, гап дар бораи «суханони Яҳува» меравад, баъзеҳо хулоса мекунанд, ки Яҳува суханонашро нигаҳ хоҳад дошт. Дуруст аст, ки Яҳува сухан ё каломашро ҳимоя мекунад. Мо медонем, ки бисёр одамон кӯшиш мекарданд Китоби Муқаддасро дастнорас ё нобуд созанд, лекин Яҳува онро то замони мо нигаҳ дошт (Иш. 40:8; 1 Пет. 1:25).

Аммо ин суханон метавонанд ба одамон низ ишора кунанд, ки дар бораашон дар ояти 5 гуфта мешавад, яъне бечорагону азобдидагоне, ки наҷоту дастгирии Яҳуваро соҳиб мешаванд (Айюб 36:15; Заб. 6:4; 31:1, 2; 54:7; 145:20).

Пас, «онҳо»-и ояти 7 ба кӣ ё ба чӣ ишора мекунад?

Аз матни ин тарона маълум мешавад, ки «онҳо» ба одамон ишора мекунад, на ба суханони Яҳува.

Дар Забур 12:1 дар бораи содиқоне гуфта мешавад, ки аз бадкорон фиреб хӯрдаанд. Дар ояти 3 бошад, гуфта мешавад, ки Яҳува зидди онҳое бармехезад, ки забонашонро ғалат кор мефармоянд. Ин тарона моро дилпур месозад, ки Яҳува ҳамеша ба ҳимояи халқаш бармехезад, чунки ваъдаҳои ӯ арзандаи бовариянду суханони ӯ поканд.

Пас, ояти 7 ваъда медиҳад, ки Яҳува онҳоеро, ки аз дасти бадкорон азоб дидаанд, нигаҳ медорад ва ҳимоя мекунад.

Дар матни масоретии ибронӣ дар ин оят ҷонишини «онҳо» истифода шудааст, ки ҳам ба суханони Яҳува ишора карда метавонад, ҳам ба одамон. Дар Септуагинтаи юнонӣ дар ояти 7 «онҳо» ду бор ба кор бурда шудааст, ки ба бечорагони азобдида ва азияткашида ишора мекунад. Дар ояти 7-и ин тарҷума гуфта мешавад, ки Худо ҳар як шахси содиқро аз ин насл, яъне аз бадкирдорону каҷрафторон, ҳимоя мекунад (Заб. 12:7, 8). Ин оят дар тафсири таргуми арамӣ, чунин баён шудааст: «Ту, Эй ХУДО, росткоронро ҳимоя мекунӣ. Ту онҳоро аз ин насли бадкирдор то абад нигаҳ медорӣ. Бадкорон ин сӯ он сӯ гашта, мисли шуллук хуни фарзандони одамро мемаканд». Аз ин далелҳо боз ҳам равшантар мешавад, ки Забур 12:7 дар бораи суханони Худо неву дар бораи одамон гап мезанад.

Хулоса, ин оят ба содиқон умед мебахшад, ки Худо мададрасони онҳост.