Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

Як умр меҳмони Яҳува монед!

Як умр меҳмони Яҳува монед!

«Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад?» (ЗАБ. 15:1).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки барои дӯсти Яҳува мондан чӣ кор кунему бо дӯстонаш чӣ тавр муносибат кунем.

1. Чаро Забур 15:1–5-ро дида баромадан судманд аст?

 ДАР мақолаи гузашта мо омӯхтем, ки хизматгорони вафодори Яҳува метавонанд меҳмони хаймаи ӯ шаванд, агар бо ӯ дӯстии қавиву наздикро парваранд. Вале барои парвариши чунин дӯстӣ мо бояд чӣ кор кунем? Дар таронаи 15-уми китоби Забур ба ин савол ҷавоб дода мешавад. (Забур 15:1–5-ро хонед.) Аз он мефаҳмем, ки барои ба Худо наздик шудан бояд кадом қадамҳоро гузорем.

2. Вақте Довуд дар бораи хаймаи Яҳува гап зад, эҳтимол, ӯ дар бораи чӣ фикр мекард?

2 Таронаи 15-уми китоби Забур бо суханони зерин оғоз мешавад: «Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси ту сокин гардад?» (Заб. 15:1). «Хайма»-и Яҳува гуфта, Довуд, эҳтимол, хаймаи муқаддасро тасаввур мекард, ки он вақт дар Ҷибъӯн ҷойгир буд. «Кӯҳи муқаддас»-и Худо гуфта, шояд, ӯ ба Сион ишора мекунад, ки дар Ерусалим буд. Дар он ҷо, якчанд километр ҷанубтар аз Ҷибъӯн, Довуд то сохта шудани ҷойи беҳтаре барои сандуқи аҳд хаймаи муваққатие рост карда буд (2 Подш. 6:17).

3. Чаро мо мехоҳем, ки таронаи 15-уми Забурро фаҳмем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

3 Албатта, на ҳама исроилиён иҷозат доштанд дар хаймаи муқаддас хизмат кунанд ва ё даруни хайма дароянд — ба ҷое ки сандуқи аҳд нигоҳ дошта мешуд. Вале ҳама хизматгорони бовафои Яҳува метавонанд ба ӯ наздик шаванд ва ба хаймаи маҷозияш даромада, як умр дӯсти ӯ монанд. Орзуи дили ҳамаамон ҳамин аст. Дар таронаи 15-и китоби Забур Довуд мегӯяд, ки барои дӯсти Яҳува мондан мо бояд соҳиби кадом феълу сифатҳо бошем.

Дар рӯзҳои Довуд исроилиён тасаввур карда метавонистанд, ки меҳмони хаймаи Яҳуваанд (Ба сархати 3 нигаред.)


БО РОҲИ БЕАЙБӢ РАВЕДУ РОСТКОР БОШЕД

4. Мо аз куҷо медонем, ки таъмид ягона талаботи Яҳува нест? (Ишаъё 48:1).

4 Дар Забур 15:2 гуфта мешавад, ки дӯсти Худо «дар беайбӣ роҳ» меравад ва «росткор» аст. Калимаи «росткор» ва феъли «роҳ рафтан» маънои онро дорад, ки шахс доимо ин амалҳоро ба ҷо меорад. Вале, оё мо метавонем бо роҳи беайбӣ равем? Бале. Албатта, ҳеҷ як инсон комилу беайб нест, вале, агар мо бо ҷону дил кӯшиш кунем, ки ба Яҳува итоат намоем, ӯ роҳу рафторамонро беайб меҳисобад. Вақте худамонро ба Худо мебахшему таъмид мегирем, ба роҳе, ки Яҳува фармудааст, қадам мемонем. Агар шахс дар замонҳои пеш аз халқи Исроил мебуд, ӯ наметавонист худ аз худ меҳмони хаймаи Яҳува шавад. Масалан, баъзеҳо номи Худоро мегирифтанд, вале «на бо росткориву аз дили соф». (Ишаъё 48:1-ро хонед.) Ба исроилиёни дилсоф лозим буд, ки амрҳои Яҳуваро омӯхта, онҳоро ба ҷо оранд. Имрӯз ҳам, барои он ки Худо аз мо розӣ бошад, кам аст, ки таъмид гирему ҳамроҳи ҷамоати Худо бошем. Мо бояд росткор бошем. Чӣ тавр фаҳмем, ки росткорем?

5. Ба Яҳува пурра итоат кардан чӣ маъно дорад?

5 Аз нигоҳи Яҳува барои «дар беайбӣ роҳ» рафтан ва «росткор» будан кам аст, ки мо дар вохӯриҳо фаъол бошем (1 Подш. 15:22). Мо бояд ба Яҳува дар ҳар ҷониби зиндагиямон итоат кунем, ҳатто вақте ки танҳоем (Пнм. 3:6; Пандгӯ 12:13, 14). Ба мо лозим аст, ки ҳатто дар масъалаҳои майда-чуйда ба Худоямон фармонбардор бошем. Агар ин хел кунем, нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем. Чунин рафторамонро дида меҳри ӯ ба мо меафзояд (Юҳ. 14:23; 1 Юҳ. 5:3).

6. Аз рӯйи Ибриён 6:10–12 чаро барои дар хаймаи Яҳува мондан танҳо некукориҳои гузаштаамон кифоя нест?

6 Яҳува он чиро, ки мо барояш кардаем, сахт қадр мекунад. Вале мо фақат аз ҳисоби некукориҳои гузаштаамон наметавонем дар хаймаи Яҳува як умр меҳмон монем. Ин фикр дар Ибриён 6:10–12 тасдиқ шудааст. (Оятҳоро хонед.) Албатта, Яҳува корҳои некеро, ки дар гузашта карда будем, фаромӯш намекунад, вале ӯ мехоҳад, ки мо дар парастишаш «то охир» ғайрат кунем. Агар мо дар некӣ кардан «дилхунук нашавем», Яҳува ба мо атои дӯстии абадияшро медиҳад (Ғал. 6:9).

ДАР ДИЛАТОН РОСТҚАВЛ БОШЕД

7. Дар дил рост гуфтан чӣ маъно дорад?

7 Касе, ки хоҳад, меҳмони табъи дили Яҳува бошад, бояд «дар дилаш ростқавл бошад» (Заб. 15:2). Барои ин фақат дурӯғ нагуфтан кам аст. Яҳува мехоҳад, ки мо ҳаматарафа дилсофу ростқавл бошем (Ибр. 13:18). Мо дар ёд медорем, ки «Яҳува маккоронро чашми дидан надорад, аммо бо росткорон ҳамроз аст» (Пнм. 3:32).

8. Мо бояд аз кадом рафтор дурӣ ҷӯем?

8 Онҳое, ки дар дилашон ростқавланд, дар пеши ҳама худро худотарс гирифта дар танҳоӣ қонунҳои Худоро вайрон намекунанд (Иш. 29:13). Онҳо маккорона амал намекунанд. Одами маккор ба осонӣ ба фармудаҳои Яҳува шубҳа пайдо мекунад (Яъқ. 1:5–8). Ӯ баъзе гуфтаҳои Яҳуваро камаҳамият шумурда, онҳоро пушти по мезанад. Агар ӯ бинад, ки оқибати нофармонияш ба сараш ба зудӣ наомада истодааст, пӯсташ ғафс шуда, шикастани қонунҳои Худо одаташ мешавад. Тоату ибодати чунин шахс саридиливу риёкорона мегардад (Пандгӯ 8:11). Аммо мо мехоҳем дар масъалаҳои майдаву калон ростқавл бошем.

9. Аз вохӯрии аввали Исову Натанъил мо чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Аз вохӯрии аввали Исову Натанъил мо мефаҳмем, ки софдилӣ чӣ қадар муҳим аст. Вақте Филиппус дӯсташ Натанъилро назди Исо овард, як чизи аҷоибе рӯй дод. Исо пеш аз ин Натанъилро боре ҳам надида буд, вале дар борааш гуфт: «Ана исроилии ҳақиқӣ, ки дар дил макре надорад» (Юҳ. 1:47). Албатта, Исо тамоми шогирдонашро ростқавл мешумурд, аммо дар Натанъил самимияти ғайриодиеро дид. Ҳарчанд Натанъил мисли ҳар яки мо одами нокомил буд, дар вуҷудаш як гарди макру сохтакорӣ дида намешуд. Ин феъли Натанъил ба Исо маъқул шуду ӯро барои ин сифаташ таъриф кард. Кошки Исо дар бораи мо ҳам ҳамин хел фикр кунад!

Филиппус дӯсташ Натанъилро, ки дар дил макре надошт, ба Исо муаррифӣ карда истодааст. Оё дар бораи шумо чунин гуфтан мумкин аст? (Ба сархати 9 нигаред.)


10. Чаро мо набояд забонамонро беандеша истифода барем? (Яъқ. 1:26).

10 Аксари талаботе, ки дар таронаи 15-и китоби Забур оварда шудааст, дар бораи он аст, ки мо бо дигарон чӣ тавр муносибат мекунем. Дар Забур 15:3 гуфта мешавад, ки меҳмони хаймаи Яҳува «туҳматро ба забон намеорад, ба ёраш бадӣ намекунад ва обрӯйи дӯстонашро намерезонад». Агар мо теғи забонамонро беандеша кор фармоем, чапу рост ҳамаро захмдор мекунем ва аз хаймаи маҷозии Яҳува ронда мешавем. (Яъқуб 1:26-ро хонед.)

11. Туҳмат чист ва оқибати туҳматгароне, ки тавба намекунанд, чӣ мешавад?

11 Забурнавис дар бораи туҳмат сухан мегӯяд. Туҳмат чист? Туҳмат гапи дурӯғест, ки обрӯйи касеро мерезонад. Туҳматзане, ки тавба намекунад, аз ҷамоати масеҳӣ хориҷ карда мешавад (Ирм. 17:10).

12, 13. Чӣ тавр мо худамон нафаҳмида обрӯйи дӯстонамонро резонда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Дар Забур 15:3 гуфта мешавад, ки меҳмони Яҳува ба ёраш бадӣ намекунад ва обрӯйи дӯстонашро намерезонад.

13 Чунин шуданаш мумкин аст, ки мо бе дилу нияти бад дар бораи касе маълумоти нохубро паҳн мекунем. Вазъиятҳои зеринро бинед: 1) хоҳаре хизмати пурравақташро бас мекунад, 2) зану шавҳаре дигар дар Байт-Ил хизмат намекунанд ва 3) бародаре хизмати пирӣ ё хизматгузорияшро бас мекунад. Магар дуруст мешавад, агар мо дар бораи сабаби ин воқеаҳо ҳар хел тахмин занем ва ақидаҳоямонро ба дигарон гӯем? Шояд, мо аз сабаби аслии чунин дигаргуниҳо огоҳ набошем. Мо набояд фаромӯш созем, ки меҳмони хаймаи Яҳува «ба ёраш бадӣ намекунад ва обрӯйи дӯстонашро намерезонад».

Маълумоти манфиро, ки, эҳтимол, ба туҳмат наздик аст, паҳн кардан осон мебошад (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)


ТАРСГОРОНИ ЯҲУВАРО ИЗЗАТ КУНЕД

14. Фаҳмонед, ки чӣ тавр меҳмонони Яҳува «аз палидон даргурез» шуда метавонанд.

14 Забур 15:4 мегӯяд, ки дӯсти Яҳува «аз палидон даргурез аст». Чӣ тавр мо аз палидон даргурез бошем? Мо, ки одами нокомилем, ҳаққи онро надорем, ки ягон касро палид номем. Ба мо табиатан баъзе одамон маъқуланду феълу рафтори баъзеи дигарашон намефорад. Вале мо бояд танҳо аз касе даргурез бошем, ки дар назари Яҳува «палид» аст (1 Қӯр. 5:11). Ба чунин касон онҳое дохил мешаванд, ки аз бадкорӣ тавба намекунанд, бовару эътиқоди моро паст мезананд ва имони моро суст кардан мехоҳанд (Пнм. 13:20).

15. Бо кадом роҳ мо «тарсгорони Яҳуваро иззат» мекунем?

15 Забур 15:4 боз ба мо насиҳат медиҳад, ки «тарсгорони Яҳуваро иззат» кунем. Мо барои нишон додани эҳтирому муҳаббатамон ба дӯстони Яҳува фурсат меҷӯем (Рум. 12:10). Мувофиқи Забур 15:4 як роҳи чунин кардани масеҳӣ ин аст, ки «қасамаш бар зарараш бошад ҳам, аз он намегардад» (Мат. 5:37). Ваъдахилофиву қасамшиканӣ ба дигарон сахт мерасад. Яҳува мехоҳад, ки мо ба ваъдаҳоямон, аз ҷумла ба ваъдае, ки вақти оиладор шудан додаем, вафо кунем. Вақте падару модар барои иҷро кардани ваъдаҳое, ки ба фарзандонашон додаанд, кӯшиш мекунанд, Яҳува аз ин шод мешавад. Агар мо Яҳува ва одамонро дӯст дорем, ба қадри қуввату имконамон дар гапамон меистем.

16. Мо боз чӣ тавр дӯстони Яҳуваро эҳтиром мекунем?

16 Як роҳи дигари иззат кардани дӯстони Худо меҳмоннавозу дасткушод будан аст (Рум. 12:13). Бо бародару хоҳаронамон вақт гузаронда мо пайванди дӯстиямонро бо Яҳува ва онҳо қавӣ мегардонем. Ғайр аз ин, аҳли имонро меҳмондорӣ карда мо аз Худои меҳмоннавозамон Яҳува ибрат мегирем.

ПУЛДӮСТ НАШАВЕД

17. Чаро дар Забур боби 15 дар бораи пул гуфта шудааст?

17 Дар давоми тарона гуфта мешавад, ки меҳмони Яҳува «пулашро ба фоида намедиҳад ва барои айбдор кардани бегуноҳ пора намегирад» (Заб. 15:5). Барои чӣ дар ин таронаи кӯтоҳ гап дар бораи пулдӯстӣ меравад? Барои он ки, агар дар дили мо ишқи пулу мол бошад, ин ҳам ба дигарон зарар меорад, ҳам ба дӯстиямон бо Яҳува (1 Тим. 6:10). Дар замонҳои пеш баъзеҳо аз халқи Худо аз камбағалии ҳамқавмонашон суиистифода карда ба онҳо пулро ба фоида медоданд. Баъзеи дигар бошанд, пора гирифта, бегуноҳонро доварии ноҳақ мекарданд. Чунин рафтор дар назари Яҳува нафратовар аст (Ҳиз. 22:12).

18. Бо ёрии кадом саволҳо назарамонро ба пул тафтиш кунем? (Ибриён 13:5).

18 Мо бояд ба худамон аҳамият диҳем, ки оё ба пул дилбастагӣ дорем. Аз худ пурсед: «Оё ман доим дар фикри пулёбиву чизхариям? Агар пул қарз гирам, дар гардондани он сустӣ мекунам ва фикр мекунам, ки ба қарздиҳанда пулаш он қадар даркор нест? Оё ман аз пулдориям мефахрам ё хасисӣ мекунам? Оё бародару хоҳарони пулдорро пулпараст меҳисобам? Оё ман фақат бо одамони сарватманд дӯстӣ карда аз камбағалон дурӣ меҷӯям? Мо меҳмони Яҳува шуда соҳиби шарафи бемисле гаштаем. Биёед диламонро аз заҳри пулдӯстӣ нигоҳ дошта, ин шарафро қадр кунем. Агар чунин кунем, Яҳува моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. (Ибриён 13:5-ро хонед.)

ЯҲУВА ДӮСТОНАШРО ДӮСТ МЕДОРАД

19. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо ба суханони Забур 15 гӯш диҳем?

19 Таронаи 15 бо чунин ваъда поён меёбад: «Касе, ки чунин мекунад, побарҷо хоҳад буд» (Заб. 15:5). Дар ин ҷо забурнавис мақсади ҳукмҳои Яҳуваро ошкор мекунад — Худоямон мехоҳад, ки мо хушбахт бошем. Агар ба гуфтаҳои ӯ гӯш диҳем, соҳиби баракату ҳимояи ӯ мешавем (Иш. 48:17).

20. Меҳмонони Яҳуваро чӣ интизор аст?

20 Меҳмонони маъқули Яҳуваро ояндаи дурахшоне дар пеш аст. Барои тадҳиншудагони содиқ Исо «ҷойи зисти» бисёре дар осмон тайёр кардааст (Юҳ. 14:2). Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, муштоқи иҷро шудани суханони Ошкорсозӣ 21:3 мебошанд. Худои пурмуҳаббатамон, Яҳува, моро даъват кардааст, ки дӯст ва меҳмони абадии хаймааш бошем. Ин даъват диламонро саршори сипосгузорӣ мекунад!

СУРУДИ 4 Дар назди Худо номи нек пайдо кунед