Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ИБОРАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Оё шумо имон доред?

Оё шумо имон доред?

Барои шод кардани Яҳува ба мо имон лозим аст. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «на ҳама имон доранд» (2 Тас. 3:2). Павлуси расул инро дар бораи «одамони зараррасону бадкирдор» гуфта буд, ки ӯро озор медоданд. Аммо суханони ӯ танҳо ба онҳо дахл надошт. Масалан, баъзеҳо бовар намекунанд, ки ҳама чизро Худо офаридааст (Рум. 1:20). Дигарон бошанд, бовар доранд, ки ким-кадом қувваи бузург ҳама чизро сохтааст. Лекин ин хел имон Яҳуваро шод намекунад.

Мо бояд сад фоиз бовар кунем, ки Яҳува вуҷуд дорад ва ба касоне, ки имони ҳақиқӣ доранд, «мукофот медиҳад» (Ибр. 11:6). Имон қисми самари рӯҳи муқаддас мебошад ва барои соҳиб шудани он мо бояд ба Яҳува дуо гӯем (Луқ. 11:9, 10, 13). Боз як роҳи дигари пайдо кардани рӯҳи муқаддас хондани Каломи Худо мебошад, китобе, ки бо ин рӯҳ навишта шудааст. Сипас дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронда, онҳоро ба кор бурдан зарур аст. Он гоҳ рӯҳи Яҳува ба ҳаёти мо таъсир мекунаду мо имонеро инкишоф медиҳем, ки Худоро шод мегардонад.