САРГУЗАШТ
Яҳува Роҳнамои ман гашт
ДАР 16-солагӣ ман аллакай роҳи ҳаётамро интихоб карда будам, кори сердаромаде доштам, ки ба ман бисёр маъқул буд. Вале Яҳува маро даъват кард, ки бо дигар роҳ равам, ӯ гӯё ба ман чунин гуфт: «Туро ақлу фаҳм мебахшам ва ба роҳе, ки бояд биравӣ, ҳидоят мекунам» (Заб. 32:8). Азбаски ман Яҳуваро роҳнамоям интихоб намудам, ҳаётамро ба хизмати ӯ бахшида, 52 сол дар Африқо хизмат кардам ва соҳиби баракатҳои зиёд гаштам.
АЗ ДУДИ СИЁҲ БА ОФТОБИ ДУРАХШОН
Ман соли 1935 дар Дарластони Англия ба дунё омадам. Дар он ҷо бисёр корхонаҳои оҳангудозӣ ва заводҳо мавҷуданд. Вақте ман 4-сола будам, волидонам бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар карданд. Дар 14–15-солагиам ман боварӣ ҳосил кардам, ки роҳи интихоб кардаи волидонам ҳақиқат аст. Аз ин рӯ соли 1952 дар синни 16-солагӣ таъмид гирифтам.
Тақрибан дар ҳамон вақт ман дар як корхонаи калон, ки асбобҳои дастӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиётро истеҳсол менамуд, чун шогирд кор мекардам. Ман котиби ширкат шуданро таълим мегирифтам, ки ин кор ба ман хеле маъқул буд.
Вақте нозири сайёр аз ман хоҳиш кард, ки дар ҷамоати зодгоҳам Уилленҳолл байни ҳафта китобомӯзишро гузаронам, ман бояд қарори муҳим мебаровардам. Ба як қарор омадан бароям душвор буд. Он вақт ман ба ду ҷамоат мерафтам: дар байни ҳафта ба ҷамоати шаҳраки Бромсгров мерафтам, ки ба ҷойи корам наздик буд (он қариб 32 километр аз хонаам дур буд), рӯзҳои истироҳат бошад, ба Уилленҳолл ба хонаи волидонам баргашта, ба ҷамъомади онҳо мерафтам.
Ман ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ кардан мехостам, барои ҳамин таклифи нозири сайёрро қабул кардам, нигоҳ накарда ба он ки бояд кори дӯстдоштаамро мепартофтам. Ман Яҳуваро роҳнамои худ интихоб намудам ва аз ин қарорам лаҳзае ҳам афсӯс нахӯрдаам. Зеро баъди ин ҳаётам пурмаъно гашт.
Дар ҷамоати Бромсгров ман бо хоҳари зебо ва рӯҳан баркамол, ки Анн ном дошт, шинос шудам. Мо соли 1957 оиладор шудем ва чун пешрави доимӣ, пешрави махсус, нозири ноҳиявӣ ва дар Байт-Ил якҷоя хизмат кардем. Ҳамсарам Анн дар ҳаётам барои ман сарчашмаи хурсандӣ аст.
Вақте моро соли 1966 ба синфи 42-юми Мактаби Ҷилъод таклиф карданд, аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем. Баъд аз хатм моро ба Малави таъйин намуданд, ки мардуми он
ҷо бо меҳрубониву чеҳракушодии худ ном баровардаанд. Лекин мо ҳатто фикр намекардем, ки дар он ҷо дурудароз истода наметавонем.ВОҚЕАҲОИ ҲАЯҶОНОВАР ДАР МАЛАВИ
1-уми феврали соли 1967 мо ба Малави омадем. Баъд аз курси якмоҳаи забономӯзӣ мо ба таъйиноти худ, нозири вилоятӣ, шурӯъ кардем. Мо бо мошини ҷип сафар мекардем. Ба ақидаи баъзеҳо бо ин мошин ба куҷое хоҳӣ рафта мешуд, ҳатто аз дарёҳо гузаштан мумкин буд. Лекин ин тавр набудааст, мо бо он танҳо аз пастобҳо гузашта метавонистем. Он вақт баъзан дар хонаҳое меистодем, ки бомаш аз хасу гил буд, барои ҳамин дар боронгарӣ зери бом брезент мепартофтем. Ин бароямон начандон форам буд, лекин аз хизматамон хурсандӣ мегирифтем.
Моҳи апрел ман фаҳмидам, ки ҳукумат ба наздикӣ ба мо проблема мекунад. Аз радио баромади президенти Малави, Банда Хастингсро шунидам, ки вай Шоҳидони Яҳуваро дар насупоридани андоз ва ба саркашӣ аз ҳукумат айбдор мекард. Албатта, ин ҳама туҳмат буд. Асли воқеа ба ҳамаи мо аён буд, азбаски мо бетарафиро нигоҳ дошта билетҳои аъзогии партияи сиёсиро намехаридем, ба ҳамин хотир моро дар дигар чиз ноҳақ айбдор карданд.
Моҳи сентябр дар газета президент бародаронамонро айбдор кард, ки дар ҳама ҷо мушкилӣ ба миён меоранд. Вай дар як маҷлиси сиёсӣ фармон дод, ки ҳарчи зудтар фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро хобондан лозим. Ҳамин тавр фаъолияти мо 20-уми октябри соли 1967 манъ карда шуд. Каме пас аз ин воқеа кормандони полис ва роҳбарони мақомоти муҳоҷират ба филиали мо омада онро маҳкам намуданд ва миссионеронро аз давлат депорт карданд.
Баъди се рӯзи дар ҳабсхона будан моро аз Бритониёи Маврики депорт карданд. Ҳукумати Маврики дигар ба мо иҷозат надод, ки чун миссионер фаъолиятамонро давом диҳем. Аз ин рӯ моро ба Родезия (ҳоло Зимбабве) таъйин намуданд. Вақте он ҷо омадем, як роҳбари бадхашм аз мақомоти муҳоҷират ба мо чунин гуфт: «Ба шумо давлат иҷозат надод, ки дар Малави монед, дар Маврики ҳам монда наметавонистед. Акнун ба ин ҷо омадед, чунки ба шумо қулай буд-а?» Анн гиряро сар кард. Ба назар чунин метофт, ки касе моро чашми дидан надорад! Он лаҳза ман мехостам, ки ҳама чиро партояму рост ба хонаам, Англия, равам. Ниҳоят, роҳбарони мақомоти муҳоҷират ба мо рухсат доданд, ки шабро дар филиаламон рӯз кунему пагоҳаш боз ба наздашон ба идора оем. Мо сахт монда будем, барои ҳамин масъаларо ба дасти Яҳува супоридем. Пагоҳӣ, вақте рафтем, ба мо иҷозат доданд, ки на чун миссионер, балки чун меҳмон дар Зимбабве монем. Ман он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, зеро Яҳува дар ҳақиқат қадамҳои моро роҳнамоӣ кард.
ТАЪЙИНОТИ НАВ: АЗ МАЛАВИ БА ЗИМБАБВЕ
Дар Зимбабве Кумитаи филиал маро ба Шӯъбаи хизматӣ, таъйин кард, ки он дар бораи бародару хоҳарони Малави ва Мозамбик ғамхорӣ менамуд. Ҳамимонони моро дар Малави сахт озор медоданд. Кори ман ҳамчунин аз он иборат буд, ки ҳисоботи нозирони ноҳиявиро тарҷума карда ба бародару хоҳарони Малави фиристам. Як бегоҳ, ҳангоми ҳисоботро тарҷума карданам дар бораи азобу озори бародару хоҳарон хонда гиряам омад a. Ман ба садоқату имон ва истодагарии онҳо қоил шудам (2 Қӯр. 6:4, 5).
Мо ҳама корро мекардем, то ки ҳамимонони мо дар Малави ва онҳое, ки ба Мозамбик аз барои озор гуреза шуда омадаанд, бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин бошанд. Гурӯҳи тарҷумонии чичева, ки яке аз забонҳои паҳнгашта ба ҳисоб меравад, ба Зимбабве, ба замини калони як бародар кӯчонда шуд. Ӯ аз меҳрубонӣ барои тарҷумонон хонаҳо ва офис сохт, то ки дар он ҷо бародару хоҳарон кори хеле муҳим — тарҷумаи адабиётамонро давом диҳанд.
Мо барои нозирони ноҳиявии Малави ба забони чичева дар Зимбабве анҷумани вилоятӣ ташкил кардем. Ба онҳо нақшаи нутқ дода шуд. Дар вақти бозгашт ба Малави онҳо чизҳоеро, ки дар анҷуман омӯхтанд, ба бародарон нақл карданд. Ҳамон соли ба Зимбабве омаданашон мо Мактаб барои пиронро ташкил додем, то ки нозирони ноҳиявии далер рӯҳбаланд шаванд.
Моҳи феврали соли 1975 ман ба хабаргирии бародару хоҳарони Малави, ба лагери гурезагон ба Мозамбик рафтам. Онҳо бо ташкилоти Яҳува ҳамқадам буданд, аз он ҷумла медонистанд, ки бояд ҳайати пирон ташкил карда шавад. Пирони таъйиншуда нутқҳои оммавӣ мегуфтанд, муҳокимаи ояти рӯз, «Бурҷи дидбонӣ» ва ҳатто анҷуманҳоро мегузаронданд. Дар лагерҳо анҷуман мисли анҷумани минтақавӣ мегузашт, яъне шӯъбаи тозагӣ, тақсими хӯрок ва бехатарӣ дошт. Он бародарони бовафо бо дастгирии Яҳува бисёр корҳоро иҷро мекарданд, ки аз дидани ин ман бениҳоят рӯҳбаланд мешудам.
Дар охири солҳои 70-ум дар бораи бародару хоҳарони Малави ғамхорӣ кардан бар уҳдаи филиали Замбия гузошта шуд. Лекин то ҳол ман дар бораи онҳо тез-тез фикр мекардам ва ба қатори дигарон дар ҳаққи онҳо дуо мегуфтам. Якчанд бор ман чун узви Кумитаи филиали Зимбабве бо намояндагони идораи марказӣ ва бо дигар бародарони масъул аз Малави, Африқои Ҷанубӣ ва Замбия вохӯрдам. Дар чунин вохӯрӣ мо атрофи як масъала гап мезадем: «Барои беҳбудии бародару хоҳарони Малави боз чӣ кор кардан мумкин?»
Бо гузашти вақт зиддияту озор кам шуд. Ҳамимонони гурезаамон оҳиста-оҳиста ба Малави
бармегаштанд. Онҳое, ки дар он ҷо монда буданд, баъди азобу уқубати кашидаашон, ниҳоят, нафаси озод кашиданд. Дар давлатҳои ҳамсоя фаъолияти Шоҳидони Яҳува расман ба қайд гирифта мешуд. Акнун онҳо бемамониат Яҳуваро ибодат карда метавонистанд. Соли 1991 дар Мозамбик ҳам чунин тағйирот рӯй дод. Лекин мо ҳайрон будем, ки «кай ба Шоҳидони Яҳува дар Малави озодӣ медиҳанд».БОЗГАШТ БА МАЛАВИ
Дар Малави вазъияти сиёсӣ оқибат тағйир ёфт. Соли 1993 ҳукумат маҳдудиятҳоеро, ки барои Шоҳидон монда буд, бекор кард. Чанде пас ман бо бародари миссионере ҳамсуҳбат шудам, ки аз ман пурсид: «Шумо акнун ба Малави бармегардед?» Дар ҷавоб гуфтам: «Не, синну соли ман гузаштааст». Он вақт ман аллакай 59-сола будам. Лекин худи ҳамон рӯз ба мо аз Ҳайати роҳбарикунанда мактуб омад. Бародарон моро даъват карданд, ки ба Малави баргардем.
Мо дар Зимбабве таъйинотамонро дӯст медоштем, аз ин рӯ бароямон ба як қарор омадан душвор буд. Мо дар он ҷо одат карда будем ва бо баъзеҳо дӯсти қарин шудем. Бародарон аз Ҳайати роҳбарикунанда ба мо меҳрубонона гуфтанд, ки агар хоҳем, дар Зимбабве монда метавонем. Мо ҷон-ҷон гуфта мемондем, вале ман дар бораи Иброҳим ва Соро фикр кардам. Онҳо ба пиронсолиашон нигоҳ накарда хонаи бароҳати худро тарк карданду ба дастуроти Яҳува итоат намуданд (1 Мӯсо 12:1–5).
Аз ин рӯ мо аз рӯйи дастури ташкилоти Яҳува амал карда 1-уми феврали соли 1995, яъне баъди 28 сол ба Малави баргаштем. Дар Кумитаи филиали он ҷо ман ва ду бародари дигар будем. Мо дарҳол фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро ба роҳ мондем.
ЯҲУВА КОРИ МОРО БАРАКАТ МЕДИҲАД
Мо медидем, ки чӣ тавр Яҳува кори моро баракат медиҳад. Соли 1993 шумораи воизон қариб 30 000 буд, соли 1998 бошад, шумораи онҳо босуръат афзуда ба беш аз 42 000 нафар расид b. Ин афзоишро дида Ҳайати роҳбарикунанда розигӣ дод, ки филиали нав созем. Барои ҳамин мо дар Лилонгве 12 гектар замин харида ба кор шурӯъ кардем. Маро ба кумитаи сохтмон таъйин карданд.
Бародар Гай Пирс аз Ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба Худо бахшидани бинои нав моҳи
майи соли 2001 нутқ гуфт. Ба ин вохӯрӣ беш аз ду ҳазор воизони маҳаллӣ омаданд, ки аксарияташон зиёда аз 40 сол пеш таъмид гирифта буданд. Ин бародару хоҳарони содиқ солҳои зиёд ба азобу озор тоб оварданд. Онҳо аз ҷиҳати моддӣ камбағал бошанд ҳам, рӯҳан беҳад бой буданд. Тамошои Байт-Или нав ба онҳо тароват мебахшид. Он рӯз дар ҳама ҷо садои суруди Салтанат бо савту навои африқоӣ шунида мешуд, ки ин чорабинии мазкурро бароям воқеан ҳам хотирмон гардонд. Ман бо чашмони худ дидам, ки Яҳува касонеро, ки озмоишҳоро бо сари баланд паси сар мекунанд, беҳисоб баракат медиҳад.Баъди тамом шудани сохтмони филиал аз ман хоҳиш карданд, ки барои бахшида шудани Ибодатгоҳ нутқ гӯям, ки аз ин ман бисёр хурсанд шудам. Ҷамоатҳои Малави пули бисёр надоштанд, барои ҳамин вақте дар муддати кӯтоҳ барояшон Ибодатгоҳҳо сохтанд, онҳо беҳад хурсанд шуданд. Пеш баъзе ҷамоатҳо вохӯриҳояшонро дар соябонҳое мегузаронданд, ки аз дарахти эвкалипт сохта мешуданд. Барои бом онҳо қамишро истифода мебурданду барои нишастан хараки гилинро. Вале баъдтар бародарон барои сохтмон аз хиштҳои пухта истифода бурда биноҳои наву зебо месохтанд. Лекин ба онҳо дар харакҳо нишастан маъқул буд, зеро ба гуфти онҳо дар он як одам бисёртар меғунҷад.
Вақте мебинӣ, ки чӣ тавр Яҳува ба шахс кумак мекунад, то масеҳии баркамол шавад, хурсанд мешавӣ. Хусусан бародарони ҷавони африқоӣ маро ба ҳайрат меоварданд, чунки онҳо омодаи кумак буданд ва чизе, ки ташкилот таълим медод, дарҳол аз худ карда ба кор мебурданд. Онҳо дар Байт-Ил ва ҷамоатҳо масъулиятро ба дӯши худ мегирифтанд. Бо гузашти вақт ҷамоатҳо аз хабаргирии нозирони ноҳиявии маҳаллӣ, ки нав таъйин мешуданду бисёрашон оиладор буданд, қувват мегирифтанд. Чунин ҳамсарони фидокор новобаста ба фишори хешу табор ва одамони гирду атроф қарор мекунанд, ки ба хотири ба Яҳува хизмат кардан дар ин солу замон кӯдакдор намешаванд.
АЗ ҚАРОРҲОЯМ ЯГОН ЗАРРА ПУШАЙМОН НЕСТАМ
Баъд аз 52 соли дар Африқо хизмат карданамон, ман ҳис кардам, ки саломатиам начандон хуб аст. Барои ҳамин Ҳайати роҳбарикунанда ба дархости Кумитаи филиал розигӣ дода моро ба Бритониё таъйин кард. Ба мо Малавиро тарк карда рафтан осон набуд, лекин оилаи Байт-Или Бритониё дар бораи мо, ки пиронсолем, нағз ғамхорӣ мекунанд.
Яҳуваро Роҳнамои ҳаётам интихоб кардан беҳтарин қарор буд. Агар ман дар ҷаҳон аз пайи карера мешудам, кӣ медонад, ки ҳозир дар куҷо мебудам. Яҳува аз аввал медонист, ки чӣ роҳҳои маро ҳамвор мекунад (Пнм. 3:5, 6). Дар ҷавониам ман бисёр мехостам, ки рафти кори корхонаи калонро ҳаматарафа аз худ кунам. Вале ташкилоти умумиҷаҳонии Яҳува ин орзуи маро садчандон амалӣ гардонд. Хизмати Яҳува ҳам дар гузашта ва ҳам ҳозир ҳаёти маро хеле пурмаъно мегардонад!
a Дар бораи таърихи Шоҳидони Яҳува дар Малави аз «Солнома»-и соли 1999, саҳ. 149–223 (рус.) фаҳмида метавонед.
b Ҳоло дар Малави беш аз 100 000 воиз хизмат мекунад.