Саволҳои хонандагон
Довуд дар Забур 61:8 гуфтааст, ки номи Худоро «абадан» хоҳад сароид. Оё суханони ӯ муболиға ва аз ҳақиқат дуранд?
Не. Суханони Довуд ҷон доранд.
Аҳамият диҳед, ки ӯ дар Забур 61:8 ва оятҳои ба ин монанд чӣ гуфтааст: «Назрҳоямро ҳар рӯз адо карда, номи туро абадан хоҳам сароид». «Туро, эй Худоям Яҳува, бо тамоми дил ситоиш мекунам. Номи туро то абад ҷалол хоҳам дод». «Номи туро ҳамеша ва то абад ситоиш хоҳам кард» (Заб. 86:12; 145:1, 2).
Вақте Довуд ин суханонро навишт, муболиға намекард, ки ҳеҷ гоҳ намемурад. Ӯ медонист, ки одамизод аз сабаби гуноҳ мемирад ва тан мегирифт, ки ӯ низ гунаҳкор аст (1 Мӯсо 3:3, 17–19; Заб. 51:4, 5). Довуд бохабар буд, ки ҳатто мардони ба Яҳува содиқ, ба мисли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мурданд ва рӯзе ӯ ҳам аз олам мегузарад (Заб. 37:25; 39:4). Вале суханони Забур 61:8 хоҳиш ва азми Худоро абадан ситоиш кардани Довудро нишон медиҳад, яъне то даме ки дар тан ҷон дорад, ӯ Яҳуваро ҳамд мегӯяд (2 Подш. 7:12).
Довуд баъзан дар бораи ҳаёти худаш менавишт. Инро аз сарсухани Забур бобҳои 18, 51 ва 52 фаҳмидан мумкин. Азбаски ӯ худаш чӯпон буд, дар Забур боби 23 Яҳуваро чун чӯпоне тасвир мекунад, ки рамаашро ҳимояву роҳнамоӣ мекунад ва тароват мебахшад. Ӯ ба чунин Худо «тамоми умр» хизмат кардан мехост (Заб. 23:6).
Ҳамчунин бояд дар ёд дошт, ки Довуд бо илҳоми Худо менавишт. Ӯ боз пешгӯйиҳоеро ба қалам оварда буд, ки дар ояндаи дур иҷро мешуданд. Масалан, дар Забур боби 110 Довуд дар бораи замоне навишт, ки Ҳазраташ дар осмон «аз дасти рости [Худо]» менишинад ва ба ӯ қудрати бузург дода мешавад. Барои чӣ? Барои он ки душманони Худоро зери по кунад ва дар замин «халқҳоро доварӣ» намояд. Ин Ҳазрат, яъне Масеҳ, ки аз осмон ҳукмронӣ карда «то абад коҳин» мешавад аз насли Довуд омад (Заб. 110:1–6). Исо гуфт, ки пешгӯйии Забур боби 110 ба ӯ дахл дорад ва дар оянда иҷро хоҳад гашт (Мат. 22:41–45).
Бале, Довуд зери илҳоми Худо ҳам дар бораи замони худ ва ҳам замони оянда навишт, замоне, ки ӯ зинда шуда Яҳуваро абадан ситоиш карда метавонад. Донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки ба суханони Забур 37:10, 11 ва 29 сарфаҳм равем. Ин оятҳо дар замони пеш, дар халқи Исроил иҷро шуданд. Онҳо боз дар оянда дар тамоми замин иҷро мешаванд, вақте Худо ҳамаи ваъдаҳояшро амалӣ мегардонад.(Дар ҳамин маҷалла ба мақолаи «Бо ман дар биҳишт мешавӣ», ба сархати 8 нигаред.)
Суханони Забур 61:8 ва оятҳои ба ин монанд нишон медиҳанд, ки Довуд дар замони худ мехост Яҳуваро то дами марг ҳамд гӯяд. Дар оянда, вақте Довуд зинда мешавад, Яҳуваро абадан ситоиш карда метавонад.