Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ҳамкори хуб ҳастед?

Оё шумо ҳамкори хуб ҳастед?

«МАН назди ӯ устои ҳунарманд будам... доимо пеши ӯ шодӣ мекардам» (Пнм. 8:30). Дар ин оят гап дар бораи Писари Худо меравад, ки пеш аз ба замин омадан солҳои бешумор бо Падараш ҳамкорӣ мекард. Аҳамият додед, ки дар бораи ҳиссиёти Исо чӣ гуфта мешавад? Ӯ бо Худо ҳамкорӣ карда «шодӣ мекард».

Вақте Исо дар осмон буд, хислатҳоеро инкишоф дод, ки баъд аз ба замин омаданаш ба ӯ кумак карданд, то бо одамон нағз ҳамкорӣ карда тавонад. Мо аз намунаи Исо чӣ ибрат гирифта метавонем? Намунаи ӯро нағз аз назар гузаронда мо се маслиҳати муфидро қайд карда метавонем, ки барои ҳамкори хуб шудан кумак мекунад. Ин маслиҳатҳо ёрӣ медиҳанд, ки бо бародару хоҳарон тифоқона ҳамкорӣ кунем.

Мисли Яҳува ва Исо донишу таҷрибаи худро аз дигарон дареғ надоред

МАСЛИҲАТИ 1: ЯКДИГАРРО ИЗЗАТ КУНЕД

Ҳамкори хуб аз фурӯтанӣ ҳамкоронашро қадр мекунад ва ҳеҷ гоҳ худро нишон намедиҳад. Шахсан Исо хислати фурӯтаниро аз Падараш ёд гирифт. Масалан, ҳарчанд танҳо Яҳува сазовор аст, ки Офаридгор номида шавад, вале ӯ хост, ки одамон дар бораи корҳои муҳиме, ки Исо кард, донанд. Ин аз суханони Худо маълум мешавад, ки гуфтааст: «Одамро ба сурати худамон... бисозем» (1 Мӯсо 1:26). Вақте Яҳува ин суханонро гуфт, Исо эҳтимол дарк намуд, ки Падараш то чӣ андоза фурӯтан аст (Заб. 18:35).

Барои ҳамин ҳангоми дар замин буданаш, Исо чунин фурӯтанӣ нишон медод. Масалан, вақте ӯро барои корҳояш таъриф мекарданд, ӯ мегуфт, ки танҳо Яҳува сазовори ҷалол аст (Марқ. 10:17, 18; Юҳ. 7:15, 16). Ҳангоми хизмат Исо тавре рафтор мекард, ки шогирдонаш худро озод ҳис кунанд. Ӯ онҳоро дӯстони худ мешуморид, на ғуломонаш (Юҳ. 15:15). Боре Исо ҳатто пойҳояшонро шуст, то ба онҳо фурӯтаниро таълим диҳад (Юҳ. 13:5, 12–14). Мо низ бояд ҳамкоронамонро қадр намоем ва кӯшиш кунем, ки на фақат дар бораи худ, балки дар бораи онҳо ҳам фикр кунем. Агар мо якдигарро «ҳурмату иззат» кунем ва таърифу таҳсини дигаронро интизор нашавем, хизматамон бештар самар меорад (Рум. 12:10).

Шахси фурӯтан ҳамчунин мефаҳмад, ки «бо маслиҳатгарони зиёд кор буд мешавад» (Пнм. 15:22). Новобаста ба таҷриба ё қобилиятҳоямон мо бояд фаромӯш накунем, ки ягон инсон ҳамадон нест. Ҳатто Исо гуфта буд, ки чизҳое ҳастанд, ки ӯ намедонад (Мат. 24:36). Бинобар ин ҳама вақт нуқтаи назари шогирдони нокомилашро низ мепурсид (Мат. 16:13–16). Бешак ҳамкоронаш дар ҳузури ӯ худро озоду бароҳат ҳис мекарданд. Ба ин монанд, агар мо низ фурӯтанона маҳдудиятҳои худро тан гирем ва ба фикру ақидаи дигарон гӯш диҳем, ба ягонагӣ мусоидат мекунем. Кори дастҷамъона бошад, ҳатман «буд мешавад». Чи хеле мегӯянд, «ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад».

Ҳангоми ҳамкорӣ пирони ҷамоат бояд махсусан ба фурӯтании Исо пайравӣ кунанд. Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки рӯҳи муқаддас ба воситаи ҳар пир метавонад роҳи ҳалли ин ё он масъаларо ба онҳо нишон диҳад. Агар дар вохӯрии пирон ҳар як пир фикру ақидаашро озодона баён карда тавонад, якҷоя онҳо қароре қабул мекунанд, ки ба аҳли ҷамоат манфиат меорад.

МАСЛИҲАТИ 2: «БИГЗОР ҲАМА ШУМОРО ЧУН ОДАМОНИ БОАНДЕША ШИНОСАНД»

Ҳамкори хуб боандеша аст. Ӯ ҳангоми ҳамкорӣ гузашт мекунад. Исо маротибаҳои зиёд андешакории Яҳуваро дида буд. Масалан, Яҳува Исоро фиристод то ӯ одамизодро, ки сазовори марг буд, наҷот диҳад (Юҳ. 3:16).

Исо дар вақтҳои мувофиқ ё зарурӣ гузашт мекард. Дар ёд доред, чӣ тавр ӯ ба зани финиқиягӣ кумак кард, ҳол он ки назди хонадони Исроил фиристода шуда буд? (Мат. 15:22–28). Ӯ мулоҳизакорӣ нишон дода нисбати шогирдонаш серталаб набуд. Масалан, вақте дӯсти наздикаш Петрус дар пеши ҳама аз ӯ рӯ гардонд, Исо ӯро бахшид. Баъдтар ҳатто ба Петрус супоришҳои муҳимро бовар кард (Луқ. 22:32; Юҳ. 21:17; Кор. 2:14; 8:14–17; 10:44, 45). Хулоса, мо бояд аз Исо ибрат гирифта гузашт кунем ва «боандеша» бошем (Флп. 4:5).

Мулоҳизакорӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба ҳар гуна одамон мутобиқ шуда бо онҳо оромона ҳамкорӣ карда тавонем. Исо бо одамон чунон моҳирона забон меёфт, ки душманонаш ӯро айбдор карда «дӯсти ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон» номиданд (Мат. 11:19). Оё мо низ мисли Исо бо одамоне, ки аз мо фарқ мекунанд, созиш карда метавонем? Луис ном бародаре, ки пеш нозири ноҳиявӣ буду ҳоло дар Байт-Ил бо ҳар гуна одамон ҳамкорӣ мекунад, мегӯяд: «Одамоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунам, бароям монанди хиштҳое мебошанд, ки ҳаҷму шаклашон гуногун аст. Фаҳмидам, ки агар кӯшиш карда ҷойи ҳар як хиштро ёбӣ, девори рост бардошта метавонӣ. Вале барои он ки девор рост ояд, ба ман лозим меояд, ки худам низ дигар шавам». Чӣ рафтори ибратангез!

Ҳамкори хуб ҳеҷ гоҳ маълумоти фоиданокро барои нигоҳ доштани мавқеаш аз дигарон пинҳон намекунад

Боз дар кадом вазъиятҳо мо нишон дода метавонем, ки бо бародару хоҳарони ҷамоатамон мулоҳизакорона рафтор мекунем? Масалан, вақте бо онҳо дар гурӯҳи хизматӣ ҳамкорӣ мекунем. Шояд бо воизоне хизмат кунем, ки дар оила дигар уҳдадориҳо доранд ё синну солашон аз мо фарқ мекунанд. Инчунин мо метавонем фаросатро ба кор бурда суръати ҳаракатамонро оҳистатар кунем ё намуди хизматеро интихоб кунем, ки барои ҳамкорамон хурсандиовар бошад.

МАСЛИҲАТИ 3: ДАСТКУШОД БОШЕД

Ҳамкори хуб «дасткушод» аст (1 Тим. 6:18). Вақте Исо дар осмон буд, бешак пай мебурд, ки Яҳува ниҳонкорӣ намекунад. Масалан, «вақте ӯ осмонро омода месохт», Исо «он ҷо буд» ва аз Яҳува омӯхта метавонист (Пнм. 8:27). Баъдтар, Исо «тамоми чизҳоеро, ки аз Падар»-аш омӯхта буд, бо камоли майл ба шогирдонаш таълим медод (Юҳ. 15:15). Аз Яҳуваю Исо ибрат гирифта мо низ метавонем донишу таҷрибаамонро аз бародару хоҳарон дареғ надорем. Ҳамкори хуб ҳеҷ гоҳ маълумоти фоиданокро барои нигоҳ доштани мавқеаш аз дигарон пинҳон намекунад. Ӯ бахилӣ накарда таҷрибаашро ба дигарон мегӯяд.

Мо инчунин дигаронро рӯҳбаланд карда метавонем. Вақте касе ғайрати моро дида самимона миннатдорӣ баён мекунад, ин ба мо болу пар мебахшад, ҳамин хел не? Вақте Исо хислатҳои хуби шогирдонашро пай мебурд, вақт ҷудо карда онҳоро барои ин таъриф мекард. (Бо Матто 25:19–23; Луқо 10:17–20 муқоиса кунед.) Боре ӯ ҳатто ба онҳо гуфт, ки аз ӯ дида «корҳои бузургтарро ба ҷо» меоранд (Юҳ. 14:12). Шаби пеш аз маргаш бошад, ӯ расулонашро таъриф карда гуфт: «Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳоям бо ман будед» (Луқ. 22:28). Тасаввур кунед, ки онҳо аз ин суханони Исо чӣ қадар қувват гирифтанд ва ниҳоят мувофиқи донишашон амал карданд! Агар мо низ вақт ҷудо карда бародару хоҳаронро таъриф кунем, онҳо бешак хурсанд мешаванд ва дар хизмат самараноктар мегарданд.

ШУМО ҲАМКОРИ ХУБ БУДА МЕТАВОНЕД

Бародаре бо номи Кайоде мегӯяд: «Ба ҳамкори хуб шарт нест, ки комил бошад, ӯ тавре мекунад, ки ба дигарон бо ӯ ҳамкорӣ кардан осон бошаду хурсандиовар». Оё дар бораи шумо чунин гуфтан мумкин аст? Метавонед аз бародару хоҳарон пурсед, ки онҳо шуморо чӣ гуна ҳамкор меҳисобанд. Агар онҳо аз ҳамкорӣ бо шумо хурсандӣ гиранд, чи хеле ки шогирдони Исо аз ҳамкорӣ бо ӯ хурсандӣ мегирифтанд, пас бо дилпурӣ, мисли Павлус гуфта метавонед: «Мо... ҳамкорони шумоем ва кӯшиш дорем ба шодиятон шодӣ афзоем» (2 Қӯр. 1:24).