Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 49

Дарсҳо аз китоби 3-юми Мӯсо дар бораи муносибат бо дигарон

Дарсҳо аз китоби 3-юми Мӯсо дар бораи муносибат бо дигарон

«Ёри худро мисли худ дӯст дор» (3 МӮСО 19:18).

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Мо дар мақолаи гузашта дар атрофи чӣ гап задем ва дар ин мақола диққатамонро ба чӣ равона мекунем?

 ДАР мақолаи гузашта мо баъзе маслиҳатҳоро аз 3-юм китоби Мӯсо боби 19 дида баромадем. Масалан, чи хеле ки дар ояти се қайд шудааст, Яҳува ба исроилиён фармуд, ки падару модарашонро иззат кунанд. Мо мулоҳиза рондем, ки чӣ тавр имрӯз аз рӯйи ин маслиҳат амал карда волидонамонро аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳонӣ дастгирӣ кунем. Дар ояти мазкур инчунин зикр шуда буд, ки исроилиён бояд рӯзи шанберо риоя мекарданд. Мо фаҳмидем, ки ҳатто агар имрӯз барои мо риоя кардани рӯзи шанбе шарт набошад, ин принсипро ба назар гирифта кӯшиш мекунем, то ҳар рӯз барои Яҳува ягон кор кунем. Дар ин сурат мо нишон медиҳем, ки аз рӯйи 3 Мӯсо 19:2 ва 1 Пет. 1:15 амал намуда пок будан мехоҳем.

2 Имрӯз бошад, дигар оятҳои китоби 3-юми Мӯсо боби 19-ро дида мебароем. Масалан, мо аз ин боб дар бораи ба маъюбон фаҳмиш зоҳир кардан, дар ҷойи кор аз рӯйи адлу инсоф рафтор намудан ва ба дигарон муҳаббат нишон додан чӣ мефаҳмем? Азбаски мо мехоҳем мисли Худоямон пок бошем, биёед ин мавридҳоро муфассалтар аз назар гузаронем.

БА МАЪЮБОН ФАҲМИШ ЗОҲИР КУНЕД!

Мувофиқи 3 Мӯсо 19:14 мо бояд ба онҳое, ки ношунаво ё нобиноянд чӣ хел муносибат кунем? (Ба сархатҳои 3–5 нигаред.) *

3, 4. Мувофиқи 3 Мӯсо 19:14 ба онҳое, ки нобино ва ношунаво буданд, бояд чӣ хел муносибат карда мешуд?

3 3 Мӯсо 19:14-ро хонед. Яҳува интизор буд, ки халқаш ба маъюбон меҳрубонона муносибат кунанд. Масалан, исроилиён набояд шахси ношунаворо дуои бад мекарданд. Яъне маъюберо таҳдид ё лаънат кардан мумкин набуд. Дар асл, нисбати ношунаво ин тавр амал кардан аз рӯйи одамгарӣ нест. Охир, ӯ намешунавад, ки дар борааш чӣ гуфта истодаанд, аз ин рӯ худро муҳофизат карда наметавонад.

4 Ғайр аз ин, мувофиқи ояти 14 Худо ба хизматгоронаш гуфта буд, ки «пеши нобино монеае» нагузоранд. Дар як маълумотнома дар ин бора чунин гуфта мешавад: «Дар давраҳои қадим дар Шарқи Наздик бо маъюбон беинсофона ва бераҳмона муносибат мекарданд». Шояд он вақт одамони сангдиле буданд, ки бо мақсади зарар расондан ё масхара кардан дар пеши пойи шахси нобино монеа мегузоштанд. Чӣ бераҳмие! Бинобар ин Яҳува дар ояти 14 халқашро насиҳат кард, ки ба одамони маъюб меҳрубон бошанд.

5. Чӣ тавр мо ба маъюбон дилсӯзӣ нишон дода метавонем?

5 Исо нисбати маъюбон меҳрубон буд. Суханони ӯро, ки ба Яҳёи Таъмиддиҳанда бояд мерасонданд, ба ёд оред: «Кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд». Муъҷизаҳои Исоро дида «тамоми мардум низ... Худоро васфу ситоиш карданд» (Луқ. 7:20–22; 18:43). Масеҳиёни ҳақиқӣ бо ҷону дил аз Исо ибрат гирифта бо маъюбон меҳрубонона ва пуртоқатона муносибат мекунанд. Албатта, мо имрӯз муъҷиза нишон дода наметавонем, вале аз имконияти пуршараф истифода бурда ба онҳое, ки ҷисман ё ин ки рӯҳан нобиноянд, хабари хушро мерасонем. Нақл мекунем, ки дар ояндаи наздик тамоми одамизод аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ солим мешавад (Луқ. 4:18). Бисёр одамон ин хабари хушро шунида аллакай имрӯз Худоро ҳамду сано мегӯянд.

ДАР МАСЪАЛАҲОИ КОРӢ БОИНСОФ БОШЕД

6. Чӣ тавр боби 19-и 3-юми Мӯсо кумак мекунад, ки Даҳ амрро беҳтар фаҳмем?

6 Баъзе оятҳои боби 19-и китоби 3-юми Мӯсо Даҳ амрро васеътар мефаҳмонанд. Масалан, амри ҳаштум чунин буд: «Дуздӣ накун» (2 Мӯсо 20:15). Баъзеҳо шояд фикр мекарданд, ки агар чизи дигаронро нагиранд, амри мазкурро ба ҷо меоранд. Вале онҳо бо дигар роҳҳо ба дуздӣ даст зада метавонистанд.

7. Чӣ тавр савдогар амри ҳаштумро вайрон карда метавонист?

7 Масалан, савдогаре фахр карда гуфта метавонист, ки ҳеҷ гоҳ чизи касеро нагирифтааст. Лекин оё дар ҷойи кор ҳама вақт аз рӯйи виҷдон амал мекард? Дар 3 Мӯсо 19:35, 36 Яҳува гуфта буд: «Ҳангоми чен кардани дарозӣ, вазн ва ҳаҷм беинсофӣ накунед. Бигзор тарозу ва сангҳои ту дуруст бошад. Бигзор сабади андозагириву зарфи андозагириат дуруст бошад». Хулоса, агар савдогар ҳангоми чен кардани вазн ё ҳаҷм барои фиреб додани харидор беинсофӣ мекард, ба маъное ӯро ғорат менамуд. Биёед дигар оятҳои боби 19-и 3-юми Мӯсоро дида баромада ба ин фикр равшанӣ андозем.

3 Мӯсо 19:11–13-ро ба назар гирифта, масеҳӣ дар мавриди кору бораш худро чӣ тавр тафтиш карда метавонад? (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.) *

8. Чӣ тавр тафсилоти 3 Мӯсо 19:11–13 ба яҳудиён кумак мекард, ки мақсади амри ҳаштумро дарк карда онро ба ҷо оранд? Мо аз ин чӣ манфиат мегирем?

8 3 Мӯсо 19:11–13-ро хонед. Китоби 3 Мӯсо 19:11 бо суханони зерин сар мешавад: «Дуздӣ накунед». Дар ояти 13 бошад, дуздӣ бо беинсофӣ муқоиса шудааст, ки дар кору фаъолият дида мешавад. Дар ин оят гуфта шудааст: «Ҳаққи каси дигарро нахӯр». Маълум мешавад, ки ҳаққи касеро хӯрдан ҳам дуздӣ, ҳам ғоратгарӣ ҳисоб меёбад. Агарчи амри ҳаштум дар бораи дуздӣ аст, тафсилоте, ки дар 3-юми Мӯсо оварда мешавад ба яҳудиён кумак мекард, ки мақсади амри ҳаштумро ҳаматарафа дарк карда, онро ба ҷо оранд. Мо низ имрӯз агар ба беинсофӣ ва дуздӣ чун Яҳува муносибат кунем, манфиат мегирем. Мисол аз худ пурсида метавонем: Оё ман аз рӯйи гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:11–13 амал мекунам? Оё кору бори ман аз рӯйи инсоф аст?

9. Чӣ тавр амре, ки дар 3 Мӯсо 19:13 оварда шудааст, коргаронро муҳофизат мекард?

9 Дар мавриди беинсофӣ боз як ҷиҳате ҳаст, ки ҳар як масеҳии соҳибкор бояд ба назар гирад. Дар 3 Мӯсо 19:13 гуфта шудааст, ки «Музди меҳнати мардикорро то саҳар надода намон». Қобили зикр аст, ки ба исроилиёне, ки дар замин кор мекарданд, дар охири рӯз музди маош дода мешуд. Агар соҳибкор маоши коригарро намедод, оилаи ӯ он рӯз бе хӯрду хӯрок мемонд. Аз ин рӯ Яҳува гуфта буд, ки «ӯ муҳтоҷ аст ва музди ӯ ҳаёти ӯст» (5 Мӯсо 24:14, 15; Мат. 20:8).

10. Мо аз 3 Мӯсо 19:13 чӣ дарс мегирем?

10 Имрӯз низ баъзеҳо дар як моҳ ду бор ё як бор маош мегиранд. Бо вуҷуди ин гуфтаҳои ояти 13 ба мо ҳам дахл доранд. Баъзе соҳибкорон беинсофона амал карда ба коргарони худ музди меҳнаташонро ба миқдори даркорӣ намедиҳанд. Онҳо медонанд, ки коргар илоҷе надорад, бинобар ин ба маоши кам нигоҳ накарда кор мекунад. Ба маъное чунин соҳибкорон музди меҳнати коргарро намедиҳанд гӯем ҳам мешавад. Барои ҳамин масеҳии соҳибкор бояд боварӣ ҳосил кунад, ки бо коргаронаш аз рӯйи инсоф рафтор мекунад. Ҳоло бошад, биёед бинем, ки аз 3 Мӯсо боби 19 боз чӣ омӯхта метавонем.

ДИГАРОНРО МИСЛИ ХУД ДӮСТ ДОРЕД

11, 12. Исо 3 Мӯсо 19:17, 18-ро иқтибос оварда кадом ҳақиқати муҳимро қайд кард?

11 Мо кӯшиш мекунем, ки ҳеҷ гоҳ ба дигарон зарар нарасонем, лекин Яҳува аз мо чизи бештареро интизор аст. Барои фаҳмидани ин фикр биёед 3 Мӯсо 19:17, 18-ро дида бароем. (Оятҳоро хонед.) Чи хеле мебинед, Яҳува кушоду равшан мегӯяд, ки «ёри худро мисли худ дӯст дор». Аз ин рӯ барои розигии Яҳуваро ба даст овардан ҳар як масеҳӣ бояд ин амрро ба ҷо орад.

12 Диққат диҳед, чӣ тавр Исо аҳамияти гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:18-ро қайд намуд. Боре як фарисӣ аз Исо пурсид: «Кадом амр дар Шариат муҳимтарин аст?» Исо ҷавоб дод: «Амри муҳимтарин ва аввалин» Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст доштан аст. Сипас 3 Мӯсо 19:18-ро иқтибос овард: «Амри дуюме, ки монанди он аст, чунин мебошад: “Ёри худро мисли худ дӯст дор”» (Мат. 22:35–40). Албатта, ба дигарон бо ҳар роҳ муҳаббат нишон додан мумкин аст. Биёед баъзеашро аз 3 Мӯсо боби 19 дида бароем.

13. Чӣ тавр Юсуф аз рӯйи 3 Мӯсо 19:18 амал кард?

13 Дар китоби 3 Мӯсо 19:18 дар бораи як роҳи нишон додани муҳаббат гуфта шудааст: Яҳува мегӯяд: «Қассос нагир ва... ба дил кина нагир». Баъзеҳо солҳои дароз нисбати ҳамкор, ҳамсинф ё узви оилаашон ба дил кина мегиранд. Воқеаеро, ки бо Юсуф рӯй дод ба ёд оред. Бародаронаш нисбати ӯ ба дил кина гирифта, кори нафратоваре карданд (1 Мӯсо 37:2–8, 25–28). Вале Юсуф дар ивази бадӣ, бадӣ накард. Вақте ӯ соҳибмартаба шуд, метавонист аз онҳо қасос гирад, вале ба ҷойи ин ба онҳо раҳмдилӣ нишон дод. Бале, Юсуф ба дил кина нагирифт. Ӯ мувофиқи гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:18 амал кард (1 Мӯсо 50:19–21).

14. Чаро мо бояд амри 3 Мӯсо 19:18-ро ба ҷо орем?

14 Юсуф бародаронашро бахшиду қасос нагирифт, барои ҳар масеҳие, ки розигии Худоро ба даст овардан мехоҳад, намуна аст. Исо низ дар дуои намунавӣ моро таълим медиҳад, ки онҳоеро, ки бар зидди мо гуноҳ мекунанд, бахшем (Мат. 6:9, 12). Ба ин монанд, Павлуси расул ҳам гуфта буд: «Эй азизон, қасд нагиред» (Рум. 12:19). Ӯ аъзои ҷамоатро насиҳат карда гуфт: «Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, бо якдигар пурсабр бошед ва якдигарро аз таҳти дил бахшед» (Қӯл. 3:13). Меъёрҳои Яҳува дигар нашудаанд. Бинобар ин имрӯз мо низ бояд амреро, ки дар 3 Мӯсо 19:18 омадааст, ба ҷо орем.

Ба захми ҷисмонӣ дам ба дам даст расондан хуб нест. Ба ин монанд пайваста дар бораи гапу кори шудагӣ фикр кардан дарди зиёд меорад (Ба сархати 15 нигаред.) *

15. Кадом мисол нишон медиҳад, ки бахшидан ва ба дил кина нагирифтан аз рӯйи хирад аст?

15 Мисоле меорем. Дили ранҷидаро ба захми ҷисмонӣ монанд кардан мумкин. Баъзе захмҳо хурд, вале баъзеаш ҷиддианд. Масалан, ҳангоми реза кардани сабзавот, нохост ангуштамонро андак захмдор карда метавонем. Чунин захм дард кунад ҳам, дардаш дер давом намеёбад. Баъд аз як-ду рӯз аз он шояд ному нишон намонад. Ба ин монанд, баъзе корҳое, ки зидди мо мекунанд, начандон ҷиддиянд. Баъзан дӯстамон метавонад фикр накарда бо гуфтору рафтораш моро хафа кунад, вале барои мо ӯро бахшидан шояд мушкил набошад. Вале моро сахт хафа кунанд, яъне захмамон чуқур бошад, онро ҷароҳатбандӣ кардан даркор мешавад. Дар ин сурат доим ба захм расидан ё онро кофтан ба худи мо зарар мерасонад. Афсӯс касе, ки сахт хафа мешавад, ба ҳамин монанд рафтор карда метавонад. Ӯ пайваста дар бораи кору гапи шудагӣ фикр карда дардашро дучанд мегардонад. Хулоса онҳое, ки ба дил кина мегиранд, танҳо ба худашон зарар мерасонанд. Лекин агар мувофиқи 3 Мӯсо 19:18 амал кунанд, бешак манфиат мегиранд.

16. Мувофиқи 3 Мӯсо 19:33, 34 исроилиён бояд бо ғарибон чӣ тавр муносибат мекарданд ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?

16 Вақте Яҳува ба исроилиён амр дод, ки дигаронро дӯст доранд, ӯ танҳо ҳамватан ва ҳамнажодонашонро дар назар надошт. Исроилиён инчунин бояд дигар халқҳоро, ки дар гирду атрофашон буданд, дӯст медоштанд. Яҳува дар ин бора дар 3 Мӯсо 19:33, 34 гуфта буд. (Оятҳоро хонед.) Онҳо бояд халқҳои дигарро мисли ҳамватанони худ дӯст медоштанд. Масалан, исроилиён бояд мегузоштанд, ки ҳам ғариб ва ҳам камбағал аз пасмондаҳои ҳосилашон баҳра баранд (3 Мӯсо 19:9, 10). Мо низ бояд одамони миллаташон гуногунро дӯст дорем (Луқ. 10:30–37). Дар саросари ҷаҳон миллионҳо одамон муҳоҷир шуда зиндагӣ мекунанд, шояд яке аз онҳо ҳамсояатон бошад. Дар ин сурат мо бояд бо онҳо тавре муносибат кунем, ки худро паст ҳис накунанд.

КОРИ МУҲИМЕ, КИ ДАР 3 МӮСО БОБИ 19 ДАР БОРААШ ГУФТА НАШУДААСТ

17, 18. а) Мувофиқи 3 Мӯсо 19:2 ва 1 Петрус 1:15 мо бояд чӣ кор кунем? б) Аз рӯйи гуфтаҳои Петруси расул мо бояд дар кадом кори муҳим иштирок намоем?

17 Дар 3 Мӯсо 19:2 ва 1 Пет. 1:15 гуфта мешавад, ки халқи Худо бояд пок бошанд. Дигар оятҳои боби 19-и 3 Мӯсо инчунин нишон медиҳанд, ки чӣ тавр розигии Яҳуваро ба даст овардан мумкин аст. Мо танҳо баъзе оятҳоро дида фаҳмидем, ки кадом корҳоро бояд кунему аз кадомаш даргурез бошем *. Аз Навиштаҳои Юнонӣ низ фаҳмидан мумкин аст, ки Яҳува то ҳол мехоҳад, ки мо аз рӯйи ин принсипҳо амал кунем. Вале Петруси расул боз дар бораи як кори муҳим гуфтааст.

18 Албатта, ҳар яки мо Яҳуваро ибодат карда ба дигарон некӣ мекунем. Лекин Петруси расул махсусан дар бораи як коре гуфта гузашт, ки ҳар як масеҳӣ бояд онро иҷро кунад. Пеш аз гуфтани он ки дар тамоми рафторатон пок бошед, Петрус навишт: «Камари ақли худро [бандед]» (1 Пет. 1:13, 15). Ӯ чиро дар назар дошт? Петрус ба бародарони тадҳиншуда гуфта буд, ки «хислатҳои олиҷаноби Онеро», ки онҳоро даъват кардааст, ба ҳама эълон кунанд (1 Пет. 2:9). Бинобар ин дар ин кори муҳим ҳар яки мо иштирок карда метавонем. Дар асл, чун халқи пок дар паҳн кардани хушхабар ва кори шогирдсозӣ мунтазам ва боғайратона иштирок кардан бароямон шарафи бузург аст (Марқ. 13:10). Барои ҳамин, вақте мо маслиҳатҳои 3 Мӯсо 19-ро аз сидқи дил ба кор мебарем, нишон медиҳем, ки Худо ва ёри худро дӯст медорем. Инчунин маълум мегардад, ки мо кӯшиш мекунем, то дар тамоми рафтори худ муқаддас бошем.

СУРУДИ 28 Суруди нав

^ сарх. 5 Ҳарчанд масеҳиён аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ намекунанд, вале дар он оиди бисёр корҳое гуфта мешавад, ки мо бояд кунем ва накунем. Донистани ин чизҳо кумак мекунад, ки мо ба дигарон муҳаббат нишон диҳем ва розигии Худоро ба даст орем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр баъзе маслиҳатҳоро аз боби 19-и китоби 3-юми Мӯсо ба кор бурда, манфиат гирифта метавонем.

^ сарх. 17 Оятҳое, ки дар ин мақола оварда нашудаанд, дар мавзӯъҳои зеринанд: одамонро ҷудо накардан, туҳмат назадан, истеъмол накардани хун, сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва зино (3 Мӯсо 19:15, 16, 26–29, 31). Дар ҳамин маҷалла ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» нигаред.

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба бародари ношунаво кумак мекунад, ки бо духтур гап занад.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Бародари соҳибкоре ба коргараш маош медиҳад.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре ба зудӣ дар бораи захми хурдаш фаромӯш мекунад. Оё ӯ дар мавриди захми ҷиддӣ ҳам чунин амал менамояд?