МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32
СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода
Яҳува мехоҳад, ки ҳама тавба кунанд
«Яҳува... нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 ПЕТ. 3:9).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки тавба чиро дар бар мегирад, чаро он муҳим аст ва чӣ тавр Яҳува ҳар гуна одамонро сӯйи тавба даъват намудааст.
1. Тавба чист?
ВАҚТЕ мо ягон кори нодуруст мекунем, тавба кардан хеле муҳим аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки одам ҳамон вақт тавба мекунад, ки аз кори нодурусташ пушаймон шавад, ин рафторашро бас кунад ва азм намояд, ки дую дубора онро такрор намекунад. (Ба луғати Китоби Муқаддас, ба калимаи «Тавба» нигаред.)
2. Чаро ҳамаи мо бояд тавба карданро омӯзем? (Наҳемё 8:9–11).
2 Ҳар як инсони зинда бояд тавбаро омӯзад. Чаро? Чунки ҳамаи мо ҳар рӯз гуноҳ мекунем. Мо, ки фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем, гуноҳу маргро мерос гирифтаем (Рум. 3:23; 5:12). Ҳеҷ яки мо аз гуноҳ эмин нест. Ҳатто хизматгорони қавиимони Худо ба монанди Павлус бо гуноҳ мубориза мебурданд (Рум. 7:21–24). Вале оё мо бояд ба сабаби гунаҳкориямон ҳамеша ғамгину дилафсурда шавем? Не, Худои дилсӯз Яҳува мехоҳад, ки мо хушбахт бошем. Биёед мисоли яҳудиёнро дар замонҳои Наҳемё дида бароем. (Наҳемё 8:9–11-ро хонед.) Яҳува намехост, ки яҳудиён гуноҳҳои пештараашонро ба ёд оварда, бо дили пурғаму андуҳ ба ӯ хизмат кунанд. Яҳува медонад, ки тавба хушбахтӣ меорад. Аз ин рӯ онро ба мо таълим медиҳад. Агар мо аз гуноҳҳои худ тавба кунем, дилпур буда метавонем, ки Падари дилсӯзамон моро мебахшад.
3. Дар ин мақола чиро мебинем?
3 Биёед дар бораи тавба бештар фаҳмем. Дар ин мақола мо се масъаларо дида мебароем. Якум, мо мебинем, ки Яҳува ба халқи Исроил дар бораи тавба чиро таълим додааст. Сипас мо мефаҳмем, ки Яҳува чӣ тавр гунаҳкоронро сӯйи тавба даъват намудааст. Дар охир, мо дар хусуси он гап мезанем, ки шогирдони Исо дар бораи тавба чиро омӯхтанд.
ЯҲУВА БА ИСРОИЛИЁН ДАР БОРАИ ТАВБА ЧИРО ОМӮХТ?
4. Яҳува ба халқи Исроил дар бораи тавба чиро таълим дод?
4 Вақте Яҳува халқи Исроилро ташкил дод, бо онҳо аҳд ё паймон баст. Ӯ дар бораи Шариат чунин гуфт: «Ин амре, ки имрӯз ба ту мефармоям, барои ту гарон нест ва он дастнорас нест» (5 Мӯсо 30:11, 16). Лекин, агар халқи Исроил ба зидди ӯ мебаромаданд, масалан, худоҳои бегонаро мепарастиданд, ӯ сояи баракаташро аз сари онҳо мегирифту онҳо гирифтори азобҳо мешуданд. Вале ҳатто дар чунин ҳолат ризои Худо барояшон дастнорас набуд. Онҳо сӯйи Худояшон Яҳува рӯ оварда, ба овози ӯ гӯш дода метавонистанд (5 Мӯсо 30:1–3, 17–20). Дари тавба ҳанӯз барояшон боз буд. Агар онҳо ба он медаромаданд, ба Яҳува наздик мешуданду баракати Худоро дубора соҳиб мегаштанд.
5. Яҳува бо халқаш чӣ тавр рафтор кард? (4 Подшоҳон 17:13, 14).
5 Халқи интихобкардаи Яҳува гаштаву баргашта бар зидди ӯ мебаромад. Бутпарастияшон кам буд, ки онҳо боз ба дигар корҳои нафратовар даст зада, ба балоҳои зиёд гирифтор шуданд. Лекин Яҳува аз ин халқи худсараш дасту дил нашуст. Ӯ гаштаю баргашта пайғамбаронро фиристода, онҳоро даъват мекард, ки тавба кунанду сӯяш баргарданд. (4 Подшоҳон 17:13, 14-ро хонед.)
6. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи пайғамбаронаш тавбакориро ба халқаш меомӯхт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Яҳува бисёр вақт ба воситаи пайғамбарон халқашро огоҳию насиҳат медод. Масалан, ӯ ба воситаи Ирмиё чунин гуфт: «Баргард, эй Исроили хиёнаткор... Ман бо хашм ба ту наменигарам, зеро бовафоям... То абад хашмгин намешавам. Фақат ки гуноҳатро тан гир, зеро ту бар зидди Худоят Яҳува баромадаӣ» (Ирм. 3:12, 13). Ба воситаи Юил бошад, Яҳува чунин гуфт: «Бо тамоми дили худ... сӯйи ман баргардед» (Юил 2:12, 13). Яҳува ба воситаи Ишаъё гуфт: «Шустушӯ кунед, худро пок гардонед, бадкориҳоятонро аз назарам дур созед, аз бадкирдорӣ даст кашед» (Иш. 1:16–19). Яҳува ба воситаи Ҳизқиёл чунин гуфт: «Магар ман аз марги бадкор хурсанд мешавам?.. Магар ман намехоҳам, ки вай аз роҳи бадаш гашта, зинда монад?.. Ман аз марги касе хурсанд намешавам... Пас, аз роҳи бад гашта, зинда бимонед» (Ҳиз. 18:23, 32). Вақте одамон тавба мекунанд, Яҳува хурсанд мешавад, зеро мехоҳад онҳо ҷовидона зиндагӣ кунанд. Лекин Яҳува ба гунаҳкор намегӯяд: «Аввал ту ислоҳ шав, баъд ман ба ту кумак мекунам». Биёед якчанд мисоли инро бинем.
7. Ба воситаи воқеаи Ҳушаъ ва занаш Яҳува ба халқаш чиро таълим дод?
7 Аҳамият диҳед, Яҳува халқашро ба воситаи мисоли Ҷӯмар — зани пайғамбар Ҳушаъ, чӣ омӯхт. Баъди зино карданаш Ҷӯмар Ҳушаъро партофта, пеши марди дигар рафт. Оё дигар аз ӯ бӯйи умед набуд? Яҳува, ки дилҳоро мебинад, ба Ҳушаъ гуфт: «Бори дигар занеро, ки маҳбубаи марди дигар асту хиёнат мекунад, дӯст бидор, чуноне ки Яҳува халқи Исроилро дӯст медорад, ҳол он ки онҳо ба худоҳои дигар рӯ овардаанд» (Ҳуш. 3:1; Пнм. 16:2). Фаромӯш накунед, ки зани Ҳушаъ он вақт ҳоло ҳам даст аз бадкорӣ накашида буд. Лекин Яҳува ба Ҳушаъ гуфт, ки гуноҳашро бахшаду бо ӯ оштӣ шуда, аз нав ӯро ба занӣ гирад a. Яҳува бо ёрии ин мисол ба халқаш фаҳмонд, ки то ҳол умедашро аз онҳо накандааст. Ҳарчанд онҳо ба гуноҳҳои азим даст заданд, ӯ онҳоро дӯст медошт. Яҳува дасти ёрӣ дароз карда, мехост, ки онҳо тавба кунанду аз роҳи бади худ гарданд. Аз ин мисол мефаҳмем, ки Яҳува, «санҷандаи дилҳо», ба касоне, ки ҳанӯз аз гуноҳ даст накашидаанд, мадад мекунад, то ба тавба рӯ оранд (Пнм. 17:3).
ЧӢ ТАВР ЯҲУВА ГУНАҲКОРОНРО СӮЙИ ТАВБА МЕБАРАД?
8. Чӣ тавр Яҳува Қобилро сӯйи тавба даъват намуд? (1 Мӯсо 4:3–7). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Қобил, фарзанди аввалини Одаму Ҳавво, аз волидонаш гуноҳро мерос гирифта буд. Илова ба гуноҳи меросгирифтааш, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки кору рафтори ӯ бад буд (1 Юҳ. 3:12). Эҳтимол, барои ҳамин Яҳува Қобил ва ҳадияи вайро маъқул накард. Қобил бошад, ба ҷойи ислоҳ шудан «ба хашм омаду сахт зиқ шуд». Баъд Яҳува бо Қобил гап зад. (1 Мӯсо 4:3–7-ро хонед.) Яҳува меҳрубонона бо Қобил мулоҳиза ронду ба ӯ умед бахшид ва аз хатари гуноҳ огоҳ кард. Сад афсӯс ки, Қобил аз маслиҳати Яҳува сар тофт ва роҳнамоии Худояшро қабул накард. Оё баъди ин кори Қобил Яҳува дилхунук шуда, аз ислоҳу раҳнамоии дигар гунаҳкорон даст кашид? Не, албатта!
9. Чӣ тавр Яҳува Довудро ба тавба раҳнамоӣ кард?
9 Яҳува шоҳ Довудро хеле дӯст медошт. Ӯ ҳатто Довудро «шахси табъи дилам» номида буд (Кор. 13:22). Лекин Довуд якчанд гуноҳи ҷиддӣ кард — ӯ ҳатто ба зино даст зада, одам кушт. Мувофиқи Шариати Мӯсо Довуд сазовори марг буд, вале Яҳува бо меҳрубонӣ ӯро ислоҳ кардан хост b (3 Мӯсо 20:10; 4 Мӯсо 35:31). Ҳарчанд дар Довуд ягон нишонаи тавба дида намешуд, Яҳува пайғамбар Нотонро ба назди ӯ фиристод. Нотон мисоле овард, ки ба дили Довуд рафта расид ва ӯ вазнинии гуноҳашро дарк карда, тавба намуд (2 Подш. 12:1–14). Довуд бо таронаи пурсӯзе афсӯсу пушаймонияшро баён мекунад (Заб. 51, болонавис). Ин тарона малҳами захми бисёр гунаҳкорон гашта, онҳоро ба роҳи тавба бурдааст. Мо шодем, ки Яҳува хизматгори азизаш, Довудро, бо меҳрубонӣ сӯйи тавба равона кард.
10. Дар бораи сабру бахшояндагии Яҳува мулоҳиза карда, шумо чӣ ҳис мекунед?
10 Яҳува аз гуноҳ нафрат дорад ва ба ягон намуди он чашм намепӯшад (Заб. 5:4, 5). Лекин ӯ медонад, ки ҳамаи мо гунаҳкорем ва аз муҳаббат дар муборизаи гуноҳ ба мо қувват мебахшад. Яҳува ҳамеша ба ёрдам тайёр аст, то гунаҳкори бадтарин ҳам тавба карда, ба ӯ наздик шавад. Чӣ хабари тасаллибахш! Вақте мо дар бораи бахшоишу пурсабрии Яҳува мулоҳиза меронем, азми вафодориямон қавӣ мегардад ва ҳар гоҳе гуноҳ кунем, дарҳол бахшоиши Яҳуваро меҷӯем. Ҳоло бошад, биёед бинем, ки Исо ба шогирдонаш дар бораи тавба чиро омӯхт.
ПАЙРАВОНИ ИСО ДАР БОРАИ ТАВБА ЧИРО ОМӮХТАНД?
11, 12. Исо ба шунавандагонаш дар бораи Падараш чиро таълим дод? (Ба расм нигаред.)
11 Дар асри яки милодӣ замони омадани Масеҳ расид. Чи хеле дар мақолаи гузашта гуфтем, Яҳува ба воситаи Яҳёи Таъмиддиҳанда ва Исои Масеҳ аҳамияти тавбаро таълим дод (Мат. 3:1, 2; 4:17).
12 Исо дар давоми хизматаш дар бораи бахшандагии Падараш таълим медод. Боре ӯ мисоли писари худсарро оварда, ба шунавандагонаш дарси муҳимеро ёд дод. Он писари худсар роҳи хатокориро пеш мегирад, лекин баъдтар «вай ба худ омад»-а, ба хона бармегардад. Падараш чӣ кор мекунад? Исо мегӯяд: «Вақте ки ӯ ҳанӯз хеле дур буд, падараш вайро дида, дилаш ба ӯ сӯхт. Ӯ тозон рафта, писарашро ба оғӯш гирифту бӯсид». Писар ҳатто тайёр буд, ки хизматгори падараш шавад, лекин падар ӯро «писарам» номида, ба хонааш қабул кард. Падар гуфт: «Писарам... гум буду ёфт шуд» (Луқ. 15:11–32). Вақте Исо дар осмон буд, ӯ борҳои беҳисоб дида буд, ки чӣ тавр Яҳува ба гунаҳкорон меҳрубонӣ нишон медод. Исо бо ин мисоли дилрасу пуртаъсир дилсӯзии Падарамон Яҳуваро ошкор кард.
13, 14. Петруси расул дар бораи тавба чиро омӯхт ва ба дигарон чиро таълим дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Петруси расул аз Исо дар бораи тавбаву бахшоиш чизҳои муҳимеро омӯхт. Ӯ гаштаю баргашта гуноҳ мекард ва Исо ӯро пайваста мебахшид. Масалан, баъди он ки ӯ Ҳазраташро се бор инкор кард, дилаш аз кардааш реш-реш шуд (Мат. 26:34, 35, 69–75). Лекин Исо баъди зинда шуданаш ба Петрус, аз афташ, дар танҳоӣ намудор шуд (Луқ. 24:33, 34; 1 Қӯр. 15:3–5). Бешубҳа, он вақт Исо расули тавбакардаашро бахшиду хотирашро ҷамъ кард.
14 Петрус, ки худаш мазаи бахшоишу тавбаро чашида буд, дар ин бора ба дигарон таълим дода метавонист. Каме баъд аз Иди Ҳафтаҳо Петрус ба гурӯҳи яҳудиён фаҳмонд, ки онҳо Масеҳро ба марг супурданд. Лекин ӯ меҳрубонона онҳоро даъват кард: «Тавба кунед ва сӯйи Худо баргардед, то гуноҳҳои шумо шуста шаванду бароятон аз ҷониби Яҳува мавсими тароват фаро расад» (Кор. 3:14, 15, 17, 19). Ҳамин тавр Петрус нишон дод, ки шахс тавба карда, пурра дигар мешавад, яъне ӯ аз фикрронию рафтори нодуруст даст кашида, роҳи ба Худо маъқулро пеш мегирад. Ӯ ҳамчунин нишон дод, ки Яҳува гуноҳи онҳоро шуста, тоза мекунад. Даҳсолаҳо пас, Петрус масеҳиёнро дилпур кард: «Яҳува... бо шумо пурсабр аст, зеро нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9). Масеҳиёни гунаҳкарда, гуноҳашон чӣ қадар ҷиддӣ ҳам набошад, аз ин умеди зебо қувват меёбанд.
15, 16. а) Павлуси расул дар бораи бахшоиш чиро омӯхт? (1 Тимотиюс 1:12–15). б) Мо дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?
15 Шоули тарсусӣ бисёр корҳои бад карда буд. Ӯ пайравони Масеҳро бераҳмона озор медод. Аз афташ, аксари масеҳиён гумон мекарданд, ки аз ӯ бӯйи умед нест ва ӯ ислоҳ намешавад. Лекин Исои зиндашуда ин тавр намеҳисобид. Баръакси одамони зоҳирбин ӯву Падараш хислатҳои хуби Шоулро медиданд. Исо гуфт: «Ин шахс зарфи хушкардаи ман аст» (Кор. 9:15). Исо барои тавба кардани Шоул ҳатто муъҷиза нишон дод (Кор. 7:58–8:3; 9:1–9, 17–20). Баъди масеҳӣ гаштанаш Шоул, ки баъдтар чун Павлуси расул ном баровард, борҳои зиёд дар бораи меҳрубонию раҳмдилие, ки дар ҳаққаш карда шуд, миннатдорӣ мекард. (1 Тимотиюс 1:12–15-ро хонед.) Ин расули сипосгузор чунин гуфт: «[Худо] аз рӯйи меҳрубонияш туро сӯйи тавба роҳнамоӣ карданӣ аст» (Рум. 2:4).
16 Вақте Павлус дар бораи бадахлоқии ҷамоати Қӯринт шунид, чӣ кор кард? Тарзи ин масъаларо ҳал кардани ӯ ибратомӯз аст. Аз он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува шахси хатокардаро бо муҳаббату дилсӯзӣ ислоҳ мекунад. Мо ин воқеаро дар мақолаи навбатӣ батафсил дида мебароем.
СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто
a Ин вазъият аз дигар вазъиятҳо фарқ мекард. Имрӯз Яҳува аз шахс талаб намекунад, ки бо ҳамсари хиёнаткораш зиндагиро давом диҳад. Яҳува ба воситаи Писараш гуфт, ки тарафи бегуноҳ, агар хоҳад, метавонад аз зан ё шавҳари зинокардааш ҷудо шавад (Мат. 5:32; 19:9).
b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 ноябри соли 2012 саҳ. 21–23, сарх. 3–10, ба мақолаи «Бахшанда будани Яҳува барои шумо чӣ маъно дорад?» нигаред.