Муроҷиат ба хонандагон
Хонандаи азиз!
Дар ин нашри «Бурҷи дидбонӣ» панҷ мақолаи омӯзишӣ оварда шудааст, ки ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад:
Якум, чӣ тавр Яҳува ба одамон кумак кард, ки бо гуноҳ мубориза бурда тавонанд?
Дуюм, аз назари Яҳува тавбаи ҳақиқӣ чист ва чӣ тавр ӯ барои тавба кардани гунаҳкорон дасти ёрӣ дароз кард?
Сеюм, Яҳува ба ҷамоати Қӯринт дар мавриди гунаҳкори тавбанакарда чӣ дастур дод?
Чорум, чӣ тавр пирон ба касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, кумак мекунанд?
Панҷум, баъди аз ҷамоат дур карда шудани шахс чӣ тавр аҳли ҷамоат бо ӯ аз рӯйи муҳаббату раҳмдилӣ амал карда метавонанд?