САРГУЗАШТ
Воқеаҳои ногаҳонӣ ва сабақҳои зиндагонӣ
ДАР КӮДАКӢ, ҳар вақте ки ҳавопайморо медидам, ҳавасам меомад, ки ба дигар давлат сафар кунам. Аммо ман фикр мекардам, ки ин хобу хаёли хом аст.
Волидонам ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Эстония ба Олмон кӯчиданд. Он ҷо ман таваллуд ёфтам. Баъдтар онҳо барои ба Канада кӯчидан тайёрӣ диданд. Хонаи якумамон бинои хурде дар наздикии шаҳри Оттава буд, ки он ҷо ҳам хонаи мою ҳам хонаи чӯҷаҳо ба ҳисоб мерафт. Мо қашшоқ бошем ҳам, барои наҳорӣ ҳамеша дар рӯйи мизамон тухм доштем.
Як рӯз Шоҳидони Яҳува ба модарам Ошкорсозӣ 21:3, 4-ро хонданд. Ин суханон ба мағзи ҷонаш расиданду аз чашмонаш об рехт. Тухми ҳақиқат дар дили волидонам сабзиш ёфт ва онҳо зуд рӯҳан рушд карда, таъмид гирифтанд.
Падару модарам забони англисиро нағз надонанд ҳам, дар роҳи ҳақиқат боғайрат буданд. Падарам дар шаҳри Садберии Онтарио дар корхонаи никелгудозӣ кор мекард (як навъи металлро мегудохтанд). Ӯ қариб ки ҳар шанбе ҳатто баъд аз кори вазнини шабонааш ману хоҳарам Силвияро бо худ ба хизмат мегирифт. Инчунин мо оилавӣ ҳар ҳафта «Бурҷи дидбонӣ»-ро меомӯхтем. Волидонам меҳри Яҳуваро дар дилам ҷо карда буданд. Барои ҳамин ман ҳаётамро ба Худо бахшида, соли 1956 дар синни 10-солагӣ таъмид гирифтам. Муҳаббати гарму ҷӯшони падару модарам дили маро ҳам ба хизмати Яҳува якумр гарм мекард.
Баъд аз хатми донишгоҳ ҳушам ба дигар чиз банд буд. Ман фикр мекардам, ки, агар пешрав шавам, барои амалӣ гаштани орзуям — давр задани ҷаҳон, пули кофӣ кор карда наметавонам. Бо мақсади пул кор кардан ман ба радиостансияи маҳаллиямон ба кор даромадам. Он ҷо вазифаам пахш кардани мусиқӣ буд. Корам ба табъи дилам буд, вале, азбаски бегоҳиҳо кор мекардам, ба вохӯриҳо рафта наметавонистам. Ба болои ин, бо шахсоне, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, ҷӯра шуда будам. Аз ин корам виҷдонам маро азоб медод ва ман қарор кардам, ки дигар мешавам.
Баъдтар ман ба шаҳри Ошаваи Онтарио кӯчидам. Он ҷо бо Рэй Норман ва хоҳараш Лесли ва дигар пешравон шинос шудам. Онҳо маро нағз пешвоз гирифтанд. Хурсандии ин пешравонро дида, ман ҳам қарор кардам, ки мақсадҳоямро дар ҳаёт баркашам. Ин бародару хоҳарон шавқи маро ба хизмати пешравӣ бедор карданду ман сентябри соли 1966 пешрав шудам. Ман хурсанду хушҳол будам ва зиндагии осуда доштам, аммо намедонистам, ки ба наздикӣ ҳаётам тағйир меёбад.
ХОҲИШИ ЯҲУВАРО РАД НАКУН
Ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил карданам, барои хизмат дар Байт-Или Торонтои Канада варақа пур
карда будам. Баъдтар, вақте пешрав будам, маро ба муддати чор сол ба Байт-Ил даъват карданд. Рости гап, Лесли ба ман маъқул буд ва ман метарсидам, ки, агар ин даъватро қабул кунам, дигар ӯро намебинам. Ман якчанд бор дурудароз дуо гуфтам ва ба хизмати Байт-Ил розӣ шудаму бо дили ғамгин бо Лесли хайрухуш кардам.Ман дар Байт-Ил дар ҷомашӯйхона ва баъдтар котиб хизмат мекардам. Лесли бошад, он вақтҳо дар шаҳри Гатинои Квебек пешрави махсус таъйин шуда буд. Ман тез-тез аз худ мепурсидам: «Лесли чӣ кор карда истода бошад? Оё хизмати Байт-Илро интихоб намуда, қарори дуруст кардам?» Баъд аз чанд вақт як воқеаи хурсандиовари ногаҳонӣ рӯй дод. Бародари Лесли, Рэйро, низ ба Байт-Ил даъват карданд ва ӯ ҳамхонаи ман шуд. Ин ба ман кумак кард, ки риштаи дӯстиямро бо Лесли барқарор кунам. Мо рӯзи охири хизмати чорсолаам дар Байт-Ил 27 феврали соли 1971 оиладор шудем.
Лесли ва маро ба ҷамоати фаронсазабони Квебек таъйин карданд. Чанд сол пас, дар 28-солагиям маро даъват карданд, ки нозири ноҳиявӣ шавам. Ин даъват бароям ногаҳонӣ буд. Ман худро ҷавону бетаҷриба ҳис мекардам, лекин суханони Ирмиё 1:7, 8 маро дилбардорӣ карданд. Аммо боз як мушкилии дигар вуҷуд дошт. Азбаски Лесли якчанд бор ба садамаи нақлиёт дучор шуда буд, хобаш нағз намебурд. Барои ҳамин мо ба фикр афтодем, ки оё аз уҳдаи ин таъйинот мебаромада бошем. Суханони ҳамсарам маро дилпур кард: «Агар Яҳува аз мо чизеро хоҳиш карда бошад, чаро накӯшем, ки хосташро ба ҷо орем?» Оқибат ман розӣ шудам, ки нозири ноҳиявӣ шавам ва мо 17 сол дар ин гуна хизмат будем.
Вақте нозири ноҳиявӣ хизмат мекардам, як дарси муҳимеро омӯхтам. Азбаски кори нозирӣ вақти зиёдро талаб мекард, ман ба Лесли вақти кофӣ ҷудо карда наметавонистам. Як саҳари рӯзи душанбе занги дарамон садо дод. Вақте дарро кушодам, он ҷо сабаде меистод, ки дастархон, мева, панир, нон, шишаи шароб, зарф ва хатчае дошт. Дар он навишта шуда буд: «Бо занат каме вақт гузарон». Он рӯз офтобӣ ва барои сайругашт айни муддао буд. Аммо ман ба Лесли гуфтам, ки бояд ба суханрониҳоям тайёрӣ бинам. Ӯ маро фаҳмид, лекин каме зиқ шуд. Вақте дар сари мизи кориям нишаста будам, виҷдонам маро азоб додан гирифт. Ба ёдам Эфсӯсиён 5:25, 28 омад. Яҳува ба ман ёдрас мекард, ки бояд ниёзҳои занамро ба назар гирам. Баъд аз дуо ман ба Лесли гуфтам: «Рафтем». Ӯ, албатта, аз ин сахт хурсанд шуд. Мо ба як мавзеи дилҷӯйи лаби дарё рафтем ва суфра паҳн карда, нишастем. Ин рӯз яке аз рӯзҳои беҳтарини ҳаётамон буд. Баъд аз ин ман барои тайёр кардани нутқҳоям низ вақт ёфтам.
Ҳангоми нозири ноҳиявӣ хизмат карданам, мо таъйиноти гуногун ва хурсандиовар доштем. Ману занам аз Колумбияи Бритониёӣ то Нюфаундленд ба ҷойҳои бисёр сафар мекардем. Орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшид — ман ба сайри ҷаҳон баромадам. Ман дар бораи таҳсил дар мактаби Ҷилъод фикр карда будам, аммо хоҳиш надоштам дар
дигар давлат миссионер хизмат кунам. Фикр мекардам, ки миссионерон одамони одӣ нестанд ва ман ба онҳо баробар шуда наметавонам. Боз ман метарсидам, ки яке моро ба Африқо мефиристанду он ҷо аз беморӣ ва ҷанг зарар мебинем. Инчунин ман ҷойи гармакаку нармакакамро дӯст медоштам.ДАЪВАТИ НОГАҲОНӢ БА ЭСТОНИЯ ВА ДАВЛАТҲОИ ПРИБАЛТИКА
Соли 1992, вақте дар баъзе давлатҳои Иттиҳоди Шӯравии пештара кори мавъиза барқарор шуд, аз мо хоҳиш карданд, ки ба Эстония кӯчем ва он ҷо миссионер хизмат кунем. Ин даъват бароямон ногаҳонӣ буд, аммо мо дуо гуфтему боз ба худ ин саволро додем: «Агар Яҳува аз мо чизеро хоҳиш карда бошад, чаро накӯшем, ки хосташро ба ҷо орем?» Мо розӣ шудем ва ман дар дил гуфтам: «Хай, он ҷо Африқо не-ку!»
Мо зуд аз пайи омӯхтани забони эстонӣ шудем. Баъд аз чанд моҳ аз ман хоҳиш карданд, ки кори нозириро ба уҳда гирам. Мо бояд тахминан 46 ҷамоат ва гурӯҳҳои се давлати Прибалтика, инчунин Калининград ва Русияро хабар мегирифтем. Аз ин рӯ ба мо лозим омад, ки забонҳои латишӣ, литвонӣ ва русиро низ ёд гирем. Омӯхтани ин забонҳо бароямон душвор буд. Аммо кӯшишҳоямонро дида дӯстонамон хурсанд шуданд ва ба мо дасти ёрӣ дароз карданд. Соли 1999 дар Эстония филиал кушода шуд ва маро дар кумитаи он ҷо таъйин карданд. Ман дар кумита ҳамроҳи бародарон Томас Эдур, Лембит Райле ва Томми Кауко хизмат мекардам.
Мо он ҷо бо Шоҳидони зиёде, ки пештар ба Сибир бадарға шуда буданд, шинос шудем. Ҳарчанд онҳо дар зиндон муносибати бераҳмона дида, аз оилаашон ҷудо буданд, аламзада нашуданд. Ин бародару хоҳарон хурсандӣ ва ғайраташонро дар хизмат нигоҳ дошта буданд. Намунаи ибратомӯзашон моро дилпур сохт, ки дар таги мушкилиҳо қоматамон намешиканаду хурсандиямон гум намешавад.
Мо солҳои дароз чунон бо кор банд будем ки, вақти дамгирӣ надоштем. Аз ин рӯ рафта-рафта Лесли худро беҳолу мадор ҳис мекард. Мо дар аввал нафаҳмидем, ки ин хастагӣ аз рӯйи фибромиалгия — бемории мушакҳову бофтаҳо, аст. Ману ҳамсарам қатъиян қарор додем, ки ба Канада бармегардем. Вақте моро ба мактаби кумитаҳо, ба шаҳри Паттерсони Ню-Йорк, даъват карданд, ман фикр мекардам, ки ба он ҷо рафта наметавонем. Аммо дуои бисёр гуфтему ин даъватро қабул кардем ва Яҳува қарори моро баракат дод. Маҳз дар он ҷо Лесли ёрии тиббии заруриро гирифт. Баъд аз чанд вақт мо ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштем.
БОЗ ЯК ДАЪВАТИ НОГАҲОНӢ
Як бегоҳи соли 2008, вақте ба Эстония баргаштем, ба ман аз идораи марказӣ занг зада пурсиданд, ки оё ба Конго рафтан мехоҳем. Ман аз ҳайратзадагӣ чӣ гуфтанамро намедонистам. Бояд рӯзи дигар ба дархости онҳо ҷавоб медодам. Ман он бегоҳ ба Лесли чизе нагуфтам, чунки медонистам, ки шаб хобаш намебарад. Аммо он рӯз хоби худам набурд, зеро тамоми шаб ба Яҳува дар бораи хавотириҳоям дуо гуфтам.
Рӯзи дигар ман дар ин бора бо Лесли гап задам ва мо ба худ гуфтем: «Яҳува моро ба Африқо даъват кардааст. Агар ба он ҷо наравем, аз куҷо медонем, ки аз уҳдаи ин таъйинот мебароем ё не?»
Ҳамин хел мо баъд аз 16 соли хизмат дар Эстония ба шаҳри Киншасаи Конго парвоз кардем. Филиали он ҷо дар табиати сабзу хуррам ва ором ҷойгир буд. Якум чизе, ки ҳамсарам дар ҳуҷраамон гузошт, хатчае буд, ки ӯ аз вақти Канадаро тарк карданамон бо худ гирифта мегашт. Он ҷо чунин суханон навишта шуда буданд: «Дар ҳар ҷое, ки шинонда шавед, нашъунамо ёбед». Баъди вохӯрӣ бо бародарон ва омӯзиши Китоби Муқаддас бо шавқмандон мо фаҳмидем, ки хизмати миссионерӣ шавқовар будааст ва аз ин хурсандиямон меафзуд. Баъдтар мо имкон доштем, ки филиалҳои тақрибан 13 мамлакати Африқоро хабар гирем. Дар ин сафар мо бо одамони гуногун ва самимӣ шинос шудем. Ҳамин тавр тарсе, ки дар аввал доштам, гум шуд, ва мо Яҳуваро шукр гуфтем, ки моро ба Африқо фиристод.Дар Конго мо бо хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла бо хӯрокҳое, ки аз ҳашарот тайёр шуда буданд, шинос шудем. Ман фикр мекардам, ки табъамон ин хӯрокҳоро намебардорад, аммо, вақте дидем, ки бародаронамон онҳоро маза карда мехӯранд, мо низ як чашида дидем ва ба мо маъқул шуд.
Дар шарқи мамлакат гурӯҳи партизанҳо ба қишлоқҳо ҳамла оварда, ба занону кӯдакон осеб расонда буданд. Мо ба он ҷо сафар кардем, то ба бародару хоҳарон кумаки моддиву маънавӣ расонем. Аксари бародарони он ҷо молу мулки зиёд надошта бошанд ҳам, ба зиндашавӣ умеди қавӣ доштанд ва Яҳуваро сахт нағз медиданду ба ташкилоташ содиқ буданд. Имони қавии онҳо моро ба ҳайрат гузошт. Намунаи онҳоро дида мо хостем, ки имонамонро ба Яҳува қавитар созем ва дар бораи аз кадом ният ба ӯ хизмат карданамон мулоҳиза ронем. Баъзе бародарон аз хонаву ғаллаашон маҳрум шуда буданд. Ин воқеа ба ман дарс шуд, ки муносибатамро бо Яҳува қадр кунам, зеро моли дунё гузарон асту дӯстиямон бо Яҳува мондагор. Хоҳару бародарон сахтиҳои ҳаётро бо сари баланд ва бе шикоят паси сар мекарданд. Мо аз онҳо ибрат гирифта, кӯшиш мекардем, ки бо далерӣ ба душвориҳо тоб орем, аз ҷумла ба беморӣ ва саломатии нохуб.
ШИНОСОӢ БО ОСИЁ
Баъдтар боз як воқеаи ногаҳонӣ рӯй дод. Аз мо хоҳиш карданд, ки ба филиали Ҳонконг кӯчем. Ҳатто дар хаёламон набуд, ки рӯзе дар Осиё
зиндагӣ мекунем, аммо, азбаски дар ҳар як таъйинотамон аллакай дасти пурмеҳри Яҳуваро дида будем, ин таклифро рад накардем. Соли 2013 бо чашмони пур аз ашк мо бо Африқои зебо ва дӯстони азизамон хайрухуш кардем. Мо намедонистем, ки дар Осиё моро чӣ интизор аст.Зиндагӣ дар Ҳонконг барои мо як чизи нав буд, зеро пеш аз ин дар чунин шаҳри серодам ва гуногунмиллат зиндагӣ накарда будем. Омӯхтани забони хитоии кантонӣ бароямон душвор буд. Бародарони он ҷо моро хуш пазироӣ карданд ва бо хӯрокҳои миллияшон меҳмондорӣ намуданд. Кор дар Ҳонконг пеш мерафт, аммо, азбаски нархи биноҳо ба осмон мерасид, Ҳайати роҳбарикунанда оқилона қарор намуд, ки қисми зиёди биноҳои филиалро фурӯшад. Каме пас, соли 2015, мо ба Кореяи Ҷанубӣ кӯчида, хизматамонро дар ин давлат давом додем. Он ҷо ба мо лозим омад, ки боз як забони душворро омӯзем. Гапзаниямон ба забони кореягӣ ҳанӯз ба беҳбудиву такмил ниёз дорад, аммо, вақте бародару хоҳарон пешрафтамонро қайд мекунанд, мо болу пар мебарорем.
САБАҚҲОИ ЗИНДАГОНӢ
Дӯстёбӣ кори осон нест, аммо мо дидем, ки, агар меҳмоннавоз бошем, зудтар ошнову дӯст меёбем. Инчунин мо фаҳмидем, ки аз дигар бародару хоҳарон сахт фарқ намекунем, балки аз бисёр ҷиҳат монандӣ дорем. Дар ҳақиқат, Яҳува моро тавре офаридааст, ки дари дили худро ба дигарон боз карда, дӯстони зиёде пайдо кунем (2 Қӯр. 6:11).
Мо дарк кардем, ки ба одамон бо чашми Яҳува бояд нигарем ва дар ҳаёт нишонаи муҳаббат ва роҳнамоии ӯро ҷӯем. Ҳар гоҳе рӯҳафтода шавем ё шубҳа кунем, ки ба бародару хоҳарон маъқулем, номаҳои рӯҳбахши дӯстонамонро такроран мехонем. Мо борҳо дидем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб дода ба мо дилпуриву қувват бахшида буд.
Бо гузашти вақт ману Лесли дарси муҳиме омӯхтем: чи қадаре серкор набошем, бо якдигар вақт гузаронем. Боз фаҳмидем, ки шахс бояд аз рӯйи хатоҳояш хандида тавонад, хусусан, вақте забони дигарро меомӯзад. Ҳар бегоҳ мо ягон чизи некро ба ёд оварда, Яҳуваро барои он шукр мегӯем.
Рости гап, фикр намекардам, ки дар мамлакатҳои дигар миссионер хизмат мекунам. Аммо аз таҷрибаам гуфта метавонам, ки бо дастгирии Яҳува ҳама чиз имконпазир аст. Ба ёд суханони пайғамбар Ирмиё меояд, ки гуфта буд: «Эй Яҳува, ту маро фиреб додӣ» (Ирм. 20:7). Яҳува ба мо туҳфаҳои ногаҳонӣ ва баракатҳои бешумор ато кард. Ӯ ҳатто хоҳиши бо ҳавопаймо сафар карданамро ба ҷо овард. Вақте филиалҳои панҷ минтақаро хабар мегирифтем, ба ҷойҳое сафар кардем, ки дар кӯдакӣ ҳатто орзуяшонро намекардам. Ман аз ҳамсарам Лесли аз замин то осмон миннатдорам, зеро ӯ ҳамеша дастгиру дастёри ман буд.
Мо як нуктаро доим ба худ ёдрас мекунем: ҳар коре мекунем, барои Яҳува аст. Баракатҳое, ки имрӯз мо аз онҳо баҳра мебарем, бӯе аз бӯстони биҳишти оянда аст, аз замоне, ки Яҳува дасти худро кушода, «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш сер» мекунад (Заб. 145:16).