Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24

Шумо аз домҳои Шайтон гурехта метавонед!

Шумо аз домҳои Шайтон гурехта метавонед!

Ба худ омада аз домҳои Иблис халос шавед (2 ТИМ. 2:26).

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

ПЕШГУФТОР *

1. Барои чӣ Шайтонро ба шикорчӣ монанд кардан мумкин аст?

ШИКОРЧӢ танҳо як мақсад дорад. Ӯ мехоҳад сайдашро ба дом афтонад ё онро кушад. Ӯ барои ин метавонад дом ё қапқонҳои гуногунро истифода барад, ки дар бораи онҳо яке аз тасаллидиҳандагони ғамовари Айюб қайд карда буд (Айюб 18:8–10). Чӣ тавр шикорчӣ ҷонвареро ба доми худ меафтонад? Ӯ дар аввал мушоҳида мекунад, ки он ба куҷо меравад, чиро дӯст медорад ва кадом дом онро ба худ ҷалб карда метавонад. Шайтонро ҳам ба шикорчӣ монанд кардан мумкин аст. Ӯ моро аввал меомӯзад, аҳамият медиҳад, ки мо ба куҷо меравем ва чӣ ба мо маъқул аст. Сипас, ӯ дар сари роҳи мо дом гузошта умед мебандад, ки мо бехабар аз он ба домаш меафтем. Лекин Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки агар ҳатто ба доми Шайтон афтем ҳам, аз он раҳо шуда метавонем. Он ҳамчунин таълим медиҳад, ки чӣ кор кунем, то умуман ба домҳои вай наафтем.

Шайтон ҳавобаландӣ ва чашмгуруснагиро истифода бурда одамони зиёдро ба дом афтонд (Ба сархати 2 нигаред.) *

2. Бо кадом ду роҳ Шайтон одамони бештарро ба доми худ меафтонад?

2 Аксари одамон бештар ба ду доми Шайтон меафтанд, ки ин ҳавобаландӣ ва чашмгуруснагӣ мебошад *. Ҳазорсолаҳо боз Шайтон ин ду хислати бадро истифода бурда одамони зиёдро ба роҳи худ дароварда истодааст. Ӯ мисли сайёди паррандаест, ки сайдашро ба дом меафтонад ё барои қапидани он тӯр мепартояд (Заб. 90:3). Вале мо набояд ба чанголи Шайтон афтем. Барои чӣ? Чунки Яҳува ба мо ҳиллаву найрангҳои Шайтонро ошкор сохтааст (2 Қӯр. 2:11).

Мо аз мисолҳои огоҳкунандаи Китоби Муқаддас дарс гирифта аз домҳои Шайтон гурехта метавонем (Ба сархати 3 нигаред.) *

3. Чаро Яҳува дар Китоби Муқаддас баъзе мисолҳои огоҳкунандаро ҷо дод?

3 Яҳува дар Каломаш мисолҳои ҳаётиро оварда моро огоҳ мекунад, ки ба ҳавобаландиву чашмгуруснагӣ дода шудан хеле хатарнок аст. Ӯ мехоҳад, то мо аз он мисолҳо дарс гирем. Шайтон ҳатто онҳоеро, ки солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекарданд, ба дом афтонда тавонист. Оё ин маънои онро дорад, ки мо аз домҳои Шайтон ҷойи гурез надорем? Албатта не. Яҳува ба он хотир ин мисолҳоро дар Каломаш ҷой дод, ки барои мо «огоҳӣ бошад» (1 Қӯр. 10:11). Мо аз онҳо дарс гирифта аз домҳои Иблис гурехта метавонем.

МАҒРУРӢ ДОМ АСТ

Ба сархати 4 нигаред.

4. Мағрурӣ ба чӣ оварда мерасонад?

4 Шайтон мехоҳад, ки мо ҳавобаланд шавем. Ӯ медонад, ки агар мо ҳавобаланду мағрур шавем, мисли ӯ мегардем ва имконияти ҷовидона зистанро аз даст медиҳем (Мас. 16:18). Барои ҳамин Павлуси расул огоҳ кард, ки шахс метавонад «мағрур шуда, ба ҳукме, ки ба Иблис бароварда шудааст, гирифтор шавад» (1 Тим. 3:6, 7). Ин бо ҳар яки мо рӯй дода метавонад, хоҳ мо нав ба ҳақиқат омада бошем, хоҳ солҳои зиёд ба Яҳува хизмат кунем.

5. Чуноне ки Воиз 7:16, 20 нишон медиҳад, мағрурии шахс аз чӣ маълум шуда метавонад?

5 Одамони ҳавобаланд худбинанд. Шайтон ҳаракат мекунад, то шуморо водор кунад, ки худбин шуда диққати бештарро ба Яҳува нею ба худатон равона кунед, хусусан дар вақти душвориҳо. Оё боре шуморо касе ноҳақ айбдор карда буд ё касе бо шумо беадолатона муносибат карда буд? Шайтон дар орзуи он аст, ки шумо дар чунин ҳолатҳо ба ғазаб омада Яҳува ё бародару хоҳаронро айбдор кунед. Вай ҳамчунин мехоҳад, то шумо фикр кунед, ки ягона роҳи ҳалли масъала ин аз рӯйи диди худ амал кардан аст, на аз рӯйи дастуроте, ки Яҳува дар Каломаш медиҳад. (Воиз 7:16, 20-ро хонед.)

6. Шумо аз мисоли як хоҳар, ки аз Нидерландия аст, чӣ омӯхта метавонед?

6 Мисоли як хоҳарро аз Нидерландия дида мебароем. Ӯ аз хатоҳои бародару хоҳарон асабӣ шуда ба ғазаб меомад. Вай ба худ гуфт, ки дигар ба ин ҳолат тоқат карда наметавонад. «Ман худро хеле танҳо ҳис мекардам ва он ҳамимононро бахшида наметавонистам,— мегӯяд ӯ.— Ман ба шавҳарам гуфтам, ки бояд ба дигар ҷамъомад гузарем». Сипас, он хоҳар барномаи Бродкастингро аз моҳи марти соли 2016 тамошо кард. Дар он барнома якчанд маслиҳат дода шуда буд, ки ба нокомилии дигарон чӣ тавр муносибат кунем. Хоҳар нақл мекунад: «Ман фаҳмидам, ки ба ҷойи ислоҳ кардани бародару хоҳарон бояд хатоҳои худро ростқавлона ва фурӯтанона тан гирам. Ин барнома ба ман кӯмак кард, ки диққатамро ба Яҳува ва ҳокимияти Ӯ равона кунам». Мо аз суханони хоҳар чӣ дарс мегирем? Ҳангоми дучор шудан бо душвориҳо диққати худро ба Яҳува равона кунед. Аз Яҳува илтиҷо карда кӯмак пурсед, ки ба дигарон бо чашмони Ӯ нигаред. Падари осмонии шумо хатоҳои онҳоро бинад ҳам, тайёр аст, ки онҳоро бахшад. Ӯ мехоҳад, ки шумо низ чунин кунед (1 Юҳ. 4:20).

Ба сархати 7 нигаред.

7. Бо шоҳ Узиё чӣ рӯй дод?

7 Шоҳи Яҳудо Узиё аз боиси ҳавобаландӣ маслиҳатро рад кард ва ба коре даст зад, ки ба он ҳуқуқ надошт. Узиё бисёр корҳоро хуб ба анҷом расонда буд. Вай дар ҷангҳои зиёд ғолиб омад, шаҳрҳои бисёр сохт ва дар киштукор моҳир буд. «Худо ӯро комёб мегардонид» (2 Вақ. 26:3–7, 10). Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳамин ки Узиё қавӣ гашт, дилаш мағрур шуд ва ин ба шикасти ӯ оварда расонд. Яҳува пештар амр дода буд, ки танҳо коҳинон ҳақ доранд, ки дар маъбад бухур сӯзонанд. Лекин шоҳ Узиё худсарона ба маъбад даромад, то бухур сӯзонад. Ин рафтори вай ба Яҳува маъқул нашуд ва Ӯ ин марди ҳавобаландро ба махав гирифтор кард. Шоҳ Узиё то дами маргаш махав буд (2 Вақ. 26:16–21).

8. Чӣ тавр ба суханони 1 Қӯринтиён 4:6, 7 гӯш дода мо аз мағрурӣ дурӣ ҷуста метавонем?

8 Оё чунин шуда метавонад, ки мо ҳам мисли Узиё ба доми мағрурӣ афтода ба гуноҳ даст занем? Ба мисоли Хосе ном бародар аҳамият диҳед. Ӯ соҳибкори хеле пешрафта буд ва дар ҷамъомад чун пир хизмат мекард, ки ҳама эҳтиромаш мекарданд. Ӯ дар анҷуманҳо бо нутқҳо баромад мекард ва нозирони ноҳиявӣ аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. «Вале ман ба қобилият ва таҷрибаи худ такя мекардам, на ба Яҳува,— иқрор мешавад ӯ.— Ман фикр мекардам, ки рӯҳан бақувватам, барои ҳамин ба огоҳиҳо ва маслиҳати Яҳува беаҳамиятӣ мекардам». Хосе гуноҳи ҷиддие кард ва аз ҷамъомад хориҷ шуд. Якчанд сол пеш ӯ дар ҷамъомад барқарор гашт. Ҳоло ӯ мегӯяд: «Яҳува ба ман ёд дод, ки чизи муҳим на таъйинот доштан, балки иҷро кардани чизест, ки Ӯ аз мо хоҳиш мекунад». Биёед дар хотир дорем, ки ҳар қобилияте, ки мо дорем ва ҳар таъйиноте, ки дар ҷамъомад мегирем, аз ҷониби Яҳува мебошад. (1 Қӯринтиён 4:6, 7-ро хонед.) Агар мо мағрур шавем, барои Яҳува корношоям мегардем.

ЧАШМГУРУСНАГӢ ДОМ АСТ

Ба сархати 9 нигаред.

9. Аз боиси чашмгуруснагӣ Шайтон ва Ҳавво ба чӣ даст заданд?

Вақте мо дар бораи чашмгуруснагӣ гап мезанем, Шайтон Иблис ба хотир меояд. Шайтон чун яке аз фариштагони Яҳува, эҳтимол, бисёр таъйинотҳои пуршараф дошт, вале вай хост чизи бештарро соҳиб шавад. Шайтон хост, ки ӯро ибодат кунанд, ҳарчанд ба ин танҳо Яҳува сазовор аст. Вай мехоҳад, ки мо мисли ӯ шавем, барои ҳамин кӯшиш мекунад, ки моро ба васваса андозад, то мо ба чизҳои доштаамон қаноат накарда, дар пайи ба даст овардани чизҳои бештар шавем. Бори аввал ӯ кӯшиш кард, ки дар дили Ҳавво чунин хоҳишро бедор кунад. Яҳува меҳрубонона Ҳавво ва шавҳарашро бо ризқу рӯзии фаровон таъмин карда буд. Онҳо «аз ҳар дарахти боғ» хӯрда метавонистанд, ғайр аз яктояш (Ҳас. 2:16). Вале Шайтон Ҳавворо фиреб дод, то ӯ чунин фикр кунад, ки аз ҳамон як дарахти манъшуда бояд бихӯрад. Ҳавво ба он чизе, ки дошт, шукр накард, ӯ чизи бештарро ба даст овардан хост. Мо медонем, ки ин ба чӣ оварда расонд. Ҳавво ба гуноҳ даст зад ва оқибат мурд (Ҳас. 3:6, 19).

Ба сархати 10 нигаред.

10. Чӣ тавр Довуд ба доми чашмгуруснагӣ афтод?

10 Яҳува ба Довуд бисёр чизҳо, аз он ҷумла боигарӣ, подшоҳӣ ва ғалабаҳои зиёд дода буд. Довуд аз ҳамаи ин хеле миннатдор буд ва дар бораи баракатҳои Яҳува гуфт, ки «шумораи онҳо бениҳоят бисёр аст» (Заб. 39:6). Вале баъдтар, Довуд ба атоҳои додаи Яҳува қаноат накард ва ба чашмгуруснагӣ дода шуда, чизи бештарро доштан хост. Ҳарчанд Довуд якчанд зан дошт, ӯ хост, ки зани марди дигарро аз худ кунад. Лекин ин дар назари Яҳува нораво буд. Ин зан Батшобаъ ном дошта ҳамсари Уриёи ҳиттӣ буд. Довуд аз рӯйи худбинӣ бо Батшобаъ ҳамхоб шуд ва ӯ ҳомиладор гашт. Ин гуноҳаш бас набуд, ки Довуд боз куштори Уриёро ташкил кард (2 Подш. 11:2–15). Чаро чунин шуд? Оё Довуд фикр кард, ки Яҳува ӯро намебинад? Довуд солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекард ва бинед, ки як бор ба чашмгуруснагӣ дода шуданаш ба сари ӯ чӣ бадбахтиҳо овард. Хушбахтона, баъдтар Довуд гуноҳашро тан гирифт ва пушаймон шуд. Чӣ қадар ӯ миннатдор буд, ки аз нав розигии Яҳуваро ба даст овард (2 Подш. 12:7–13).

11. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:3, 4 чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба доми чашмгуруснагӣ наафтем?

11 Мо аз мисоли Довуд чӣ дарс мегирем? Мо мефаҳмем, ки агар барои ҳамаи некиҳои Яҳува миннатдор бошем, бо чашмгуруснагӣ мубориза бурдан бароямон осонтар мегардад. (Эфсӯсиён 5:3, 4-ро хонед.) Мо бояд аз чизҳои доштаамон ризоманд бошем. Одатан мо ба омӯзандагони нав ёд медиҳем, ки ҳар рӯз дар бораи як баракати Яҳува мулоҳиза ронда барои он ба Яҳува миннатдорӣ кунанд. Агар шахс ҳар рӯз инро кунад, пас, дар як ҳафта ӯ қариб барои ҳафт чизи гуногун дар дуо ба Яҳува раҳмат мегӯяд (1 Тас. 5:18). Оё худи мо низ чунин мекунем? Агар мо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Яҳува барои мо кардааст, мулоҳиза ронем, ин ба мо барои шукр кардан ёрдам медиҳад. Агар мо шукргузор бошем, ба чизҳои доштаамон қаноат хоҳем кард, агар қаноатманд бошем, ба доми чашмгуруснагӣ намеафтем.

Ба сархати 12 нигаред.

12. Чашмгуруснагӣ Яҳудоро ба чӣ тела дод?

12 Азбаски Яҳудои Исқарют чашмгурусна шуд, ӯ ба кори хеле бад даст зад ва оқибат Исоро фурӯхт. Лекин Яҳудо дар аввал одами ганда набуд (Луқ. 6:13, 16). Исо ӯро расулаш интихоб кард. Яҳудо аз афташ одами қобилиятнок ва боваринок буд, чунки Исо ба вай бо дилпурӣ қуттии пулро супорида буд. Исо ва расулонаш он пулҳоро барои хароҷоти кори мавъиза истифода мебурданд. Он пулҳоро хайрия барои кори умумиҷаҳонӣ гӯем ҳам мешавад. Вале бо гузашти вақт Яҳудо аз он пулҳо медуздидагӣ шуд, ҳарчанд ӯ борҳо огоҳии Исоро дар бораи чашмгуруснагӣ шунида буд (Марқ. 7:22, 23; Луқ. 11:39; 12:15). Яҳудо ба он огоҳиҳо хунукназарӣ кард.

13. Кай чашмгуруснагии Яҳудо маълум гашт?

13 Чашмгуруснагии Яҳудо ҳангоми як воқеае, ки каме пеш аз марги Исо рӯй дод, маълум гашт. Боре Исо ва шогирдонаш, аз он ҷумла Марям ва апааш Марто дар хонаи Шимъӯни махавӣ меҳмон шуданд. Дар вақти хӯрокхӯрӣ Марям аз ҷой хеста ба сари Исо равғани хушбӯйи қиматбаҳоро рехт. Яҳудо ва дигар шогирдон инро дида ба ғазаб омаданд. Шояд ин шогирдон фикр карданд, ки пули онро барои ёрдами камбағалон истифода баранд, беҳтар мебуд. Лекин нияти Яҳудо тамоман дигар буд, чунки ӯ «дузд буд» ва аз пулҳои қуттӣ дуздидан мехост. Баъдтар Яҳудо барои пул шуда Исоро ба нархи як ғулом фурӯхт (Юҳ. 12:2–6; Мат. 26:6–16; Луқ. 22:3–6).

14. Чӣ тавр як ҷуфт ба маслиҳати Луқо 16:13 гӯш доданд?

14 Исо ба пайравонаш як ҳақиқати муҳимро қайд карда гуфт: «Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед». (Луқо 16:13-ро хонед.) Ин суханон то ҳол ҳаққанд. Мисоли ҳамсаронеро аз Руминия дида мебароем, ки мувофиқи гуфти Исо амал карданд. Ба онҳо дар як давлати пешрафта муваққатан кор пешниҳод карданд. «Мо аз бонк пули калон қарздор будем, барои ҳамин фикр кардем, ки ин кор баракати Яҳува мебошад»,— иқрор мешаванд онҳо. Лекин онҳо як душворӣ доштанд: агар ба он кор розӣ мешуданд, ба хизмати Яҳува вақташон камтар мемонд. Баъди хондани мақолаи «Бигзор дилат пурра ба Яҳува содиқ бошад» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15 августи соли 2008 (рус.) онҳо қарори худро бароварданд. Онҳо мегӯянд: «Агар мо ба хотири пулкоркунӣ ба давлати дигар мерафтем, ба Яҳува хизмат кардан ба мо душвор мешуд ва муносибатамон бо Яҳува дуюмдараҷа мегашт. Мо аниқ медонистем, ки ин ба мо зарари рӯҳонӣ меорад». Барои ҳамин онҳо ба он кор розӣ нашуданд. Баъд чӣ шуд? Бародар дар давлати худаш коре ёфт, ки хароҷоташонро рӯпӯш мекард. Хоҳар мегӯяд: «Дасти Яҳува ҳеҷ вақт кӯтоҳ нест». Ин ҷуфт хурсанд буданд, ки Яҳуваро чун Хӯҷаини худ интихоб карданд, на пулро.

АЗ ДОМҲОИ ШАЙТОН ХУДРО ДУР ГИРЕД

15. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки аз домҳои Шайтон гурехтан мумкин аст?

15 Агар мо пай барем, ки ба доми ҳавобаландӣ ё чашмгуруснагӣ афтодаем, пас, чӣ кор кунем? Мо аз он гурехта метавонем. Павлус гуфт, ки онҳое, ки «зинда ба зинда ба доми [Иблис] афтодаанд», аз он халос шуда метавонанд (2 Тим. 2:26). Бо Довуд айнан ҳамин хел шуд. Баъд аз он ки Довуд ба насиҳати Нотон гӯш дод, ӯ аз кардааш пушаймон шуда, бо Яҳува муносибаташро аз нав барқарор кард. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Яҳува аз Шайтон дида хеле пурқудраттар аст. Барои ҳамин, агар мо ёрдами Яҳуваро қабул кунем, аз ҳар гуна дом ё қапқонҳое, ки Иблис дар пеши роҳамон мемонад, гурехта метавонем.

16. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки аз домҳои Шайтон худро дур гирем?

16 Албатта, хуб мебуд, ки мо ба доми ғурур ва чашмгуруснагӣ умуман наафтем. Ин корро мо танҳо бо ёрдами Яҳува карда метавонем. Аз ин рӯ мо набояд фикр кунем, ки мо чунон бақувватем, ки ҳеҷ вақт ҳавобаланд ва чашмгурусна намешавем. Ҳатто он хизматгорони Яҳува, ки солҳои зиёд ба Ӯ хизмат карданд, мағрур ё чашмгурусна гаштанд. Барои ҳамин ҳар рӯз ба Яҳува дуо гӯед, ки барои тафтиш кардани фикру амалҳоятон ба шумо кӯмак кунад (Заб. 138:23, 24). Ҳама кӯшишро ба харҷ дода бар ҳавобаландӣ ва чашмгуруснагӣ ғолиб оед.

17. Бо душмани мо Иблис ба наздикӣ чӣ рӯй хоҳад дод?

17 Ҳазорсолаҳо боз Шайтон мисли шикорчӣ хизматгорони Худоро ба дом афтондан мехоҳад. Вале ба наздикӣ вай бандубаст карда мешавад ва оқибат нобуд хоҳад шуд (Ваҳй 20:1–3, 10). Мо он рӯзро хеле интизорем. Лекин то фаро расидани он вақт ҳушёр бошед, ки ба домҳои Шайтон наафтед. Кӯшиш кунед, ки ба ҳавобаландӣ ё чашмгуруснагӣ дода нашавед. Бо иродаи қавӣ «ба Иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқ. 4:7).

СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам

^ сарх. 5 Шайтон мисли шикорчии моҳир аст. Нигоҳ накарда ба он ки мо чанд сол боз ба Яҳува хизмат мекунем, вай кӯшиш мекунад, ки моро ба дом афтонад. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Шайтон ҳавобаландӣ ва чашмгуруснагиро истифода бурда муносибати моро бо Худо вайрон карданӣ аст. Ҳамчунин мо мисоли баъзе касонеро, ки ба доми ҳавобаландӣ ва чашмгуруснагӣ афтоданд, дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр аз ин домҳо гурехтан мумкин аст.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ҳавобаландӣ ҳиссиётест, ки шахс худро аз дигарон беҳтар меҳисобад. Чашмгуруснагӣ бошад, ин хоҳишест, ки шахс аз пул, қудрат, алоқаи ҷинсӣ ё дигар чизҳои ба ин монанд сер намешавад.

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ҳавобаландона маслиҳати оқилонаи пиронро рад мекунад. Хоҳаре, ки чизи бисёр дорад, боз мехоҳад чизҳои зиёдтар харад.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМ: Ҳатто як фариштаи Худо ҳавобаланд шуд ва шоҳ Узиё низ ба доми ҳавобаландӣ афтод. Маҳз аз сабаби чашмгуруснагӣ Ҳавво аз дарахти манъшуда хӯрд, Довуд бо Батшобаъ зино кард, Яҳудо бошад, пул медуздид.