Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Дар ҳар қарори худ Яҳуваро дар ҷойи аввал мемондам

Дар ҳар қарори худ Яҳуваро дар ҷойи аввал мемондам

ЯК САҲАРИИ офтобии соли 1984 ман аз хонаи бароҳати худ аз минтақаи бой ва пешрафтаи Каракас, Венесуэла ба кор мерафтам. Дар роҳ ман дар бораи мақолаи «Бурҷи дидбонӣ»-е, ки ба наздикӣ хонда будам, фикр мекардам. Он мақола дар бораи он буд, ки шумо дар назари ҳамсояҳоятон чӣ гуна шахс ҳастед. Ба хонаҳое, ки дар наздикии мо буданд, нигоҳ карда ба худ гуфтам: «Оё ман дар назари ҳамсояҳо танҳо коргари пешқадами бонк менамоям? Ё онҳо маро чун хизматгори Худо мешиносанд, ки барои таъмини оилааш дар бонк кор мекунад?» Ман ба хулоса омадам, ки ҳамсояҳо маро танҳо чун коргари хуби бонк мешиносанд ва ин ба ман маъқул нашуд. Барои ҳамин қарор кардам, ки бояд чорае андешам.

Ман 19-уми майи соли 1940 дар шаҳри Амюни Лубнон таваллуд ёфтаам. Якчанд сол пас оилаи мо ба шаҳри Триполи кӯчид. Ман дар оилаи орому осуда ва пур аз меҳру муҳаббат калон шудам, ки аъзои он Яҳуваро мешинохтанду дӯст медоштанд. Дар байни панҷ фарзанд ман хурдӣ будам, мо се духтару ду писар будем. Барои волидонам пулкоркунӣ чизи аз ҳама муҳим набуд. Диққати мо асосан ба омӯзиши Китоби Муқаддас, вохӯриҳои ҷамъомад ва кори мавъиза равона буд.

Дар ҷамъомади мо якчанд масеҳиёни тадҳиншуда буданд. Яке аз онҳо Мишел Абуд буд ва ӯ вохӯриеро мегузаронд, ки он вақт «китобомӯзиш» мегуфтем. Ӯ ҳақиқатро дар шаҳри Ню-Йорк фаҳмида буд ва соли 1921 Мишел якумин шахсе буд, ки ҳақиқатро дар Лубнон мавъиза мекард. Хусусан дар ёд дорам, ки ӯ ба ду хоҳари ҷавон — Ан ва Гвен Бивор, ки Мактаби Ҷилъодро хатм намуда буданд, бо эҳтиром муносибат мекард ва ёрӣ медод. Онҳо дӯстони хуби мо гаштанд. Баъди солҳои зиёд, вақте ман дар Иёлоти Муттаҳида Анро вохӯрдам, хеле хурсанд шудам. Чанде пас ман хоҳар Гвенро низ вохӯрдам, ки ӯ ба Уилфред Гуч оиладор буд ва онҳо дар Байт-Или Лондон (Англия) хизмат мекарданд.

ХИЗМАТ ДАР ЛУБНОН

Дар Лубнон, вақте ман хурд будам, ҳамагӣ якчанд воиз буд. Лекин мо он чизҳоеро, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмидем, боғайратона ба дигарон нақл мекардем. Ҳарчанд баъзе роҳбарони динӣ ба мо зиддият нишон медоданд, мо хизмати худро давом медодем. Баъзе воқеаҳо то ҳол дар ёди ман ҳаст.

Рӯзе ману апаам Санэ, вақте дар яке аз биноҳои истиқоматӣ мавъиза мекардем, як коҳини калисо дар ошёнае, ки мо бо одамон сӯҳбат мекардем, пайдо шуд. Аз афташ касе ба ӯ хабар дода буд. Ин коҳин дашном додани апаамро сар кард. Ӯ ба ғазаб омада Санэро аз зинапоя тела дод ва ӯ осеб дид. Касе ба полис занг зад ва онҳо омада бо меҳрубонӣ чора андешиданд, ки ба Санэ кӯмак расонда шавад. Онҳо коҳинро ба идораи полис бурданд ва дар он ҷо маълум гашт, ки ӯ бо худ яроқ доштааст. Сардори полис аз коҳин пурсид: «Ту дар асл чӣ кораӣ? Ту ба одамон дар бораи Худо таълим медиҳӣ ё ба онҳо зӯровариро ёд медиҳӣ?»

Дигар воқеае, ки нағз дар ёд дорам, ин вақте мебошад, ки мо бо аҳли ҷамъомад автобусеро киро карда аз шаҳр берун ба мавъиза рафта будем. Мо нағз хизмат карда истода будем, лекин баъд коҳини маҳаллӣ одамони зиёдро бар зидди мо шӯр андохт. Онҳо моро таъқиб намуда, ҳатто сангсор карданд ва падарам зарба хӯрд. То ҳол дар ёд дорам, ки чӣ хел сару рӯйи падарам хуншор шуд. Ӯ ҳамроҳи модарам ба автобус баргашт ва боқимондагон хавотир шуда аз қафояшон омадем. Ҳеҷ вақт суханони модарам аз ёдам намебароянд, ӯ сару рӯйи падарамро тоза карда, чунин гуфт: «Яҳува, илтимос онҳоро бубахш, чунки онҳо намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд».

Боз як воқеаи дигар, вақте барои хабаргирии хешон ба зодгоҳамон рафтем, рӯй дод. Дар хонаи бобоям мо як роҳбари номдори дин, усқуфро (епископ) дидем. Он усқуф медонист, ки волидони ман Шоҳиди Яҳуваанд. Ӯ ба ман, ки он вақт танҳо шашсола будам, нигарист ва маро дар хиҷолат мононданӣ шуда гуфт: «Ту, барои чӣ то ҳол таъмид нагирифтӣ?» Ман ҷавоб додам, ки ҳоло кӯдак ҳастам ва барои таъмид гирифтан ман бояд Китоби Муқаддасро хубтар донам ва имонамро мустаҳкам кунам. Ҷавобам ба ӯ нафорид ва ӯ ба бобоям гуфт, ки набераат дағал аст.

Албатта, ин гуна воқеаҳои нохуш кам буданд. Дар кулли худ мардуми Лубнон одамони хуб ва меҳмондӯстанд. Барои ҳамин мо бо одамони зиёд дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат мекардем ва бо бисёри онҳо омӯзиш мегузарондем.

БА ДИГАР МАМЛАКАТ МЕКӮЧЕМ

Вақте мактаб мехондам, бародари ҷавоне аз Венесуэла ба Лубнон омад. Ӯ ба ҷамъомади мо меомад ва бо апаам Вафе шинос шуд. Чанде пас онҳо оиладор шуданд ва ба Венесуэла кӯчиданд. Апаам номаҳо навишта ба падарам мегуфт, ки мо ҳам оилавӣ ба Венесуэла кӯчем. Ӯ моро бисёр ёд мекард, барои ҳамин чунин мегуфт. Ниҳоят мо ба гапи ӯ гӯш дода қарор кардем, ки мекӯчем.

Мо соли 1953 ба Венесуэла кӯчида дар Каракас, дар наздикии қасри президент ҷой гирифтем. Азбаски ҳоло наврас будам, вақте медидам, ки чӣ хел президент бо ронандааш бо мошини фасон мегузарад, ҳавасам меомад. Вале ба падару модарам ба ҷойи нав одат кардан осон набуд, чунки забон, маданият, хурду хӯрок ва иқлими ин ҷо дигар буд. Онҳо нав ба по рост шуда буданд, ки як воқеаи ғамангез рӯй дод.

Падарам. Модарам. Ман (вақте оилавӣ ба Венесуэла кӯчидем, с. 1953)

ВОҚЕАИ НОХУШ РӮЙ МЕДИҲАД

Аҳволи падарам бад шудан гирифт. Аз ин мо ҳайрон шудем, чунки ӯ марди боқувват ва солим буд. Мо дар ёд надоштем, ки аз ин пеш ӯ ягон бор касал шуда бошад. Баъд духтурон ба ӯ ташхис монданд, ки ғадуди зери меъдааш саратон шудааст ва сипас ӯро ҷарроҳӣ карданд. Сад афсӯс, ки баъди як ҳафта ӯ аз дунё гузашт.

Бо сухан баён кардан душвор аст, ки ин воқеа то чӣ андоза барои мо ғамангез буд. Он вақт ман нав 13-сола шуда будам. Аз ин воқеа мо худро паршикаста ҳис мекардем ва гумон мекардем, ки мисли пештара дигар хушбахт шуда наметавонем. Як муддат ба модарам қабул кардани марги падарам хеле душвор буд. Лекин мо мефаҳмидем, ки зиндагӣ давом дорад ва Яҳува ба мо ёрдам дод, ки он рӯзҳои душворро паси сар кунем. Вақте дар 16-солагиам ман мактабро дар Каракас хатм намудам, бисёр мехостам, ки ба оилаам ёрдам кунам.

Апаам Санэ ва шавҳараш Рубен ба ман кӯмак карданд, ки муносибатамро бо Яҳува қавӣ кунам

Дар ин миён апаам Санэ бо Рубен Араухо, ки мактаби Ҷилъодро хатм карда буду ба Венесуэла баргашт, оиладор шуд. Онҳо қарор доданд, ки ба Ню-Йорк мекӯчанд. Оилаам ба хулоса омадаанд, ки ман бояд дар донишгоҳ таҳсил кунам, барои ҳамин ман ҳамроҳи апааму язнаам меистодам. То даме ки дар хонаашон будам, онҳо ба ман ёрдам мекарданд, ки ба Яҳува наздик шавам. Ғайр аз ин, дар Бруклин дар ҷамъомаде, ки ба забони испанӣ мегузашт, бисёр бародарони баркамол буданд. Ман хурсанд будам, ки бо дутои онҳо аз наздик шинос шудам, ки ин бародар Милтон Ҳеншел ва Фредерик Френс буд; ҳардуи онҳо дар Байт-Или Бруклин хизмат мекарданд.

Рӯзи таъмидам, соли 1957

Вақте якум соли таҳсилам дар донишгоҳ ба охир мерасид, ман фикр мекардам, ки ҳаётамро ба чӣ бахшам. Ман мақолаеро аз «Бурҷи дидбонӣ» хонда будам, ки дар бораи гузоштани мақсадҳо дар хизмати Яҳува буд, сипас оиди он ҷиддӣ фикр кардам. Ман медидам, ки чӣ хел пешравон ва байтилчиён дар ҷамъомадамон хушбахтанд ва мехостам, ки мисли онҳо бошам. Вале ҳоло таъмид нагирифта будам. Ман медонистам, ки бояд ҳаётамро ба Яҳува бахшам. Аз ин рӯ ман ҳаётамро ба Яҳува бахшида 30-юми марти соли 1957 таъмид гирифтам.

ҚАРОРҲОИ МУҲИМ ҚАБУЛ МЕКУНАМ

Баъди таъмид гирифтанам, ман дар бораи пешрав шудан фикр мекардам. Ман бисёр мехостам, ки пешрав шавам, лекин фикр мекардам, ки ин бароям душвор мешавад. Охир чӣ тавр ҳам аз ӯҳдаи хизмати пешравӣ ва ҳам аз ӯҳдаи таҳсил дар донишгоҳ мебаромадам. Ману оилаам ба якдигар номаҳои бисёр менавиштем ва ман ба онҳо дар бораи қарорам мегуфтам, ки таҳсили донишгоҳро бас мекунам ва ба Венесуэла баргашта пешрав мешавам.

Ман июни соли 1957 ба Каракас баргаштам. Лекин дидам, ки шароити оилаамон он қадар хуб нест. Онҳо аз ҷиҳати моддӣ ба дастгирӣ мӯҳтоҷ буданд. Ба ман дар бонк кор пешниҳод карданд, лекин ман бисёр мехостам, ки пешрав шавам. Охир мақсади баргаштани ман ҳамин буд-ку. Ман қарор кардам, ки ҳам пешрав мешаваму ҳам ба оилаам ёрдам мекунам. Якчанд сол ман рӯзи пурра дар бонк кор мекардам ва пешрав хизмат менамудам. Ман дар ҳаётам ҳеҷ гоҳ то ин дараҷа банд ва хушбахт набудам!

Инчунин ман хоҳари зебоеро вохӯрдам, ки Силвия ном дошт. Ӯ аз Олмон буд ва Яҳуваро бисёр дӯст медошт. Мо бо ҳам оиладор шудем. Силвия бо волидонаш ба Венесуэла кӯчида омада буданд. Бо гузашти вақт мо соҳиби ду фарзанд шудем, як писару як духтар: Мишел ва Самира. Ман инчунин нигоҳбини модарамро ба ӯҳда гирифтам. Ӯ ҳамроҳи мо зиндагӣ мекардагӣ шуд. Ҳарчанд ман барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои оилавӣ хизмати пешравиро бояд мемондам, лекин ғайратамро дар хизмат гум накардам. Ману Силвия дар вақтҳои рухсатӣ пешрави ёвар шуда хизмат мекардем.

БОЗ ЯК ҚАРОРИ МУҲИМ

Вақте он воқеае, ки дар аввали мақола нақл кардам, рӯй дод, фарзандонамон ҳанӯз дар мактаб мехонданд. Рости гап, он вақт зисту зиндагиамон хеле хуб буд ва кормандони ҳамаи бонкҳо маро бисёр ҳурмат мекарданд. Вале ман асосан мехостам, ки маро чун хизматгори Яҳува шиносанд. Фикрҳое, ки он рӯз ба сарам омаданд, ҳеҷ маро ором намегузоштанд. Аз ин рӯ ману занам якҷоя нишаста даромаду хароҷотамонро ҳисобу китоб кардем. Агар ман аз кори бонк мерафтам, ба ман ҷубронпулии калоне дода мешуд. Азбаски мо ягон қарз надоштем, агар ҳаётамонро одӣ мекардем, ин пулҳо ба муддати дароз ба мо мерасид.

Қабул кардани чунин қарор бароям осон набуд, вале ҳамсари азизам ва модарам маро пурра дастгирӣ мекарданд. Барои ҳамин ман аз нав хизмати пурравақтро сар карда метавонистам. Ман аз ин беҳад хурсанд будам! Ман тайёр будам, ки хизмати пешравиро сар кунам, вале чанде пас мо хабареро фаҳмидем, ки интизор набудем.

ТӮҲФАИ НОГАҲОНӢ

Таваллуди фарзанди сеюмамон — Габриэл бароямон тӯҳфаи ногаҳонӣ буд

Як рӯз духтури оилавиамон хабар дод, ки Силвия ҳомиладор аст. Ин барои ҳардуи мо ғайричашмдошт буд! Ин хабари хурсандиовар буд, лекин фикри пешрав шудан аз хаёлам намерафт. Ман дар фикри он будам, ки ин хабари нав ба қарорам чӣ хел таъсир мекарда бошад. Дере нагузашта мо фикру ҳиссиёти худро дигар кардем ва тавлиди меҳмони навро интизор шудем. Лекин хизмати пешравӣ, ки ман дар орзуяш будам, чӣ шуд?

Баъди муҳокима кардани мақсадҳоямон мо қарор кардем, ки ман пешрав шудан мегирам. Писарамон Габриэл моҳи апрели соли 1985 ба дунё омад. Чи хеле қарор кардем, ман кори бонкро бас карда моҳи июни соли 1985 аз нав пешрави доимӣ шудам. Бо гузашти вақт ба ман имконият дода шуд, ки чун узви Кумитаи филиал хизмат кунам. Азбаски филиал дар Каракас ҷойгир набуд, ба ман лозим меомад, ки дар як ҳафта ду-се бор ба масофаи тақрибан 80 километр сафар кунам.

БА ҶОЙИ ДИГАР МЕКӮЧЕМ

Азбаски филиал дар шаҳри Ла-Виктория ҷойгир буд, мо қарор кардем, ки оилавӣ ба он ҷо мекӯчем, то ки ба Байт-Ил наздиктар бошем. Ин барои ҳамаи мо як дигаргунии калон буд. Ман бо оилаам фахр мекунам ва аз онҳо бисёр миннатдорам. Онҳо бо рӯҳияи фидокоронаашон маро хеле дастгирӣ карданд. Хоҳарам Баҳе тайёр буд, ки нигоҳбини модарамро бар ӯҳдаи худ гирад. Он вақт Мишел оиладор буд, вале Самира ва Габриэл то ҳол дар хона зиндагӣ мекарданд. Ба Ла-Виктория кӯчида онҳо аз дӯстони дар Каракас будаашон ҷудо шуданд. Инчунин ба ҳамсари азизам, Силвия, ки дар шаҳри пурдавутози пойтахт зиндагӣ мекард, лозим буд, ки ба шаҳраки хурд одат кунад ва ҳамаи мо бояд ба зиндагӣ дар хонаи хурдтар одат мекардем. Бале, аз Каракас ба Ла-Виктория кӯчидан ба ҳаёти мо таъсири калон расонд.

Вале вазъият боз дигар шуд. Габриэл оиладор шуд ва Самира аз хонаамон кӯчид, то мустақил зиндагӣ кунад. Соли 2007 ману Силвияро ба Байт-Ил даъват намуданд ва мо то ҳол дар он ҷо хизмат мекунем. Ҳоло писари калониамон Мишел пири ҷамъомад аст ва ӯ бо ҳамсараш Моника пешрав шуда хизмат мекунанд. Габриэл низ пири ҷамъомад аст ва ӯ бо ҳамсараш Амбра дар Итолиё хизмат мекунад. Духтарамон Самира бошад, ғайр аз пешрав буданаш ихтиёрии дур аз Байт-Ил шуда хизмат мекунад.

Бо ҳамсарам Силвия дар филиали Венесуэла. Писари калониамон Мишел бо ҳамсараш Моника. Духтарамон Самира. Писарамон Габриэл бо ҳамсараш Амбра.

МАН АЗ ҚАРОРҲОИ ХУД АСЛО ПУШАЙМОН НЕСТАМ

Бале, дар давоми ҳаёти худ ба ман лозим омад, ки бисёр қарорҳои муҳим қабул кунам. Лекин ман аз ин ягон зарра пушаймон нестам, агар вақт гашта ба қафо мерафт, ман айнан ҳамон хел мекардам. Ман аз Яҳува хеле миннатдорам, ки барои ба Ӯ хизмат карданам, бисёр имконият ва таъйинотҳо доштам. Дар давоми солҳои зиёд ман фаҳмидам, ки бо Яҳува дӯстиро қавӣ нигоҳ доштан то чӣ андоза муҳим аст. Ҳангоми қабул кардани қарорҳои гуногун хоҳ хурд бошанд, хоҳ калон Ӯ қодир аст ба мо осоиштагиеро ато кунад, ки «аз ҳар фикр болотар аст» (Флп. 4:6, 7). Ману ҳамсарам хизмати Байт-Илро дӯст медорем ва мо ҳис мекунем, ки Яҳува ҳамаи қарорҳоеро, ки мо дар давоми ҳаётамон қабул кардем, баракат дод, чунки мо дар ҳар қарори худ Ӯро дар ҷойи аввал мемондем.