Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

Аз суханони охирини Исо мо чӣ дарс мегирем?

Аз суханони охирини Исо мо чӣ дарс мегирем?

«Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (МАТ. 17:5).

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Тасвир кунед, ки Исо суханони охиринашро дар кадом ҳолат ба забон овард.

ҲОЛО рӯзи 14-уми нисони соли 33-юми милодӣ аст. Исоро ноҳақ айбдор мекунанд ва барои ҷинояте, ки содир накардааст, ба ӯ ҳукм мебароранд. Баъд аз ин ӯро мазоҳу масхара карда бераҳмона азоб медиҳанд. Ва сипас дасту пойҳояшро ба сутун мехкӯб мекунанд. Ҳар як нафасашро ӯ бо азобе мекашад ва ҳар суханашро бо як азоб мегӯяд. Ба дарди ҷонкоҳ нигоҳ накарда ӯ сухан мегӯяд, зеро чизҳои муҳимеро гуфтанӣ аст.

2 Биёед ҳоло суханонеро, ки Исо дар дами маргаш гуфт ва дарсҳоеро, ки мо аз онҳо омӯхта метавонем, дида бароем. Зеро ин тавр карда мо «ӯро гӯш» мекунем (Мат. 17:5).

«ПАДАР, ОНҲОРО БУБАХШ»

3. Вақте Исо гуфт, ки «Падар, онҳоро бахш», ӯ киҳоро дар назар дошт?

3 Исо чӣ гуфт? Дар сутуни азобу шиканҷа Исо чунин дуо гуфт: «Падар, онҳоро бубахш». Ӯ киро дар назар дошт? Инро аз давоми суханони ӯ фаҳмидан мумкин аст. Ӯ гуфт: «Зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд» (Луқ. 23:33, 34). Исо эҳтимол сарбозони румиро, ки дасту пойҳои ӯро дар сутун мехкӯб карданд, дар назар дошт. Онҳо намедонистанд, ки Исо дар асл кӣ аст. Шояд ӯ ҳамчунин баъзе касонеро дар назар дошт, ки кушта шудани ӯро талаб карданд, вале баъдтар ба ӯ имон оварданд (Аъм. 2:36–38). Ҳарчанд Исо ноҳақ ба марг маҳкум шуд, ӯ ба қаҳру ғазаб наомад ва хафа нашуд (1 Пет. 2:23). Баръакс, ӯ аз Падараш хоҳиш кард, ки онҳоро бахшад.

4. Аз он ки Исо мухолифонашро бо омодагӣ бахшид, мо чӣ меомӯзем?

4 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Мо низ бояд бо омодагӣ дигаронро бахшем (Қӯл. 3:13). Баъзеҳо, аз он ҷумла хешовандонамон шояд ба мо муқобилат нишон медиҳанд, зеро эътиқоди моро намефаҳманд ва тарзи ҳаёти мо ба онҳо нофаҳмо аст. Шояд онҳо дар ҳаққи мо гапҳои дурӯғ мегӯянд, дар пеши дигарон моро паст мезананд, адабиёти моро нобуд мекунанд ва ҳатто таҳдид мекунанд, ки ба мо зарари ҷисмонӣ мерасонанд. Ба ҷойи ба дил кина гирифтан, мо метавонем ба Яҳува дуо гӯем, то Ӯ чашми мухолифонамонро кушояд ва онҳо рӯзе фаҳманд, ки ин роҳ ҳақиқат аст (Мат. 5:44, 45). Баъзан мо шояд ҳис кунем, ки ба мо бахшидан душвор аст, хусусан агар дигарон бо мо хеле бад муносибат карда бошанд. Вале, агар мо гузорем, ки қаҳру хафагӣ дар диламон хона кунад, он гоҳ ба худамон зарар мерасонем. Як хоҳар чунин гуфт: «Ман дарк мекунам, ки бахшидан маънои онро надорад, ки ман ба кори нодурусти дигарон чашм мепӯшам ё мегузорам, ки онҳо маро таги по кунанд. Бахшидан маънои онро дорад, ки ман дар дил нисбати онҳо кина гирифта намегардам» (Заб. 36:8). Вақте мо касеро мебахшем, мо намегузорем, ки гапу кори шудагӣ моро доимо зиқ кунад ва ба хашм орад (Эфс. 4:31, 32).

«ТУ... БО МАН ДАР БИҲИШТ ХОҲӢ БУД»

5. Исо ба яке аз ҷинояткороне, ки дар бараш мехкӯб шуда буданд, чӣ ваъда дод ва чаро?

5 Исо чӣ гуфт? Ҳамроҳи Исо ду ҷинояткорро мехкӯб карда буданд. Дар аввал онҳо низ Исоро мазоҳу масхара мекунанд (Мат. 27:44). Вале баъдтар яке аз онҳо фикрашро дигар мекунад. Ӯ дарк мекунад, ки Исо «ҳеҷ кори нодурусте накардааст» (Луқ. 23:40, 41). Ғайр аз ин, ӯ имон зоҳир мекунад, ки Исо аз марг эҳё шуда рӯзе чун подшоҳ ҳукмронӣ мекунад. Ӯ ба Исо, ки дар дами марг буд, гуфт: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ мерасӣ, маро ба хотир ор» (Луқ. 23:42). Чӣ имони бузурге зоҳир кард он мард! Дар ҷавоб Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман [на дар Подшоҳӣ, балки] дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқ. 23:43). Аҳамият диҳед, ки Исо ҷонишинҳои «ман» ва «ту»-ро ба кор бурда ба он мард шахсан чунин ваъда дод. Исо медонист, ки Падараш меҳрубон ва дилсӯз аст, барои ҳамин суханоне гуфт, ки ба ҷинояткори мурдаистода умед бахшиданд (Заб. 102:8).

6. Мо аз суханоне, ки Исо ба ҷинояткор гуфт, чӣ меомӯзем?

6 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Исо сад фоиз хислатҳои Падарашро инъикос мекунад (Ибр. 1:3). Яҳува Худои бахшанда аст. Агар мо аз корҳои баде, ки дар гузашта кардем, дар ҳақиқат пушаймон шавем ва имон дошта бошем, ки гуноҳҳои мо дар асоси хуни рехтаи Исои Масеҳ бахшида мешаванд, он гоҳ Яҳува аз рӯйи лутфаш бо омодагӣ моро мебахшад (1 Юҳ. 1:7). Баъзеҳо мумкин фикр кунанд, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ гуноҳҳои пештараи онҳоро намебахшад. Агар шумо низ чунин ҳиссиёт дошта бошед, оиди гуфтаҳои зерин фикр кунед: Чанде пеш аз маргаш Исо ба ҷинояткоре, ки навакак ба ӯ имон овард, раҳмдилӣ зоҳир кард. Пас, то чӣ андоза Яҳува ба хизматгорони содиқаш, ки барои риоя кардани гуфтаҳои Ӯ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунанд, раҳму шафқат зоҳир менамояд (Заб. 50:3; 1 Юҳ. 2:1, 2).

«ИН ПИСАРИ ТУСТ!.. ИН МОДАРИ ТУСТ!»

7. Чуноне ки дар Юҳанно 19:26, 27 навишта шудааст, Исо ба Марям ва Юҳанно чӣ гуфт ва чаро?

7 Исо чӣ гуфт? (Юҳанно 19:26, 27-ро хонед.) Исо дар бораи модараш, ки эҳтимол он вақт бевазан буд, ғам мехӯрд. Додару хоҳарони ҳамхуни Исо ба модарашон аз ҷиҳати моддӣ ва ҷисмонӣ ғамхорӣ карда метавонистанд. Лекин дар бораи ниёзҳои рӯҳонии ӯ кӣ минбаъд ғамхорӣ мекард? Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки бародарони Исо он вақт шогирди ӯ шуда буданд. Юҳанно бошад, расули содиқи Исо ва яке аз дӯстони наздиктарини ӯ буд. Исо онҳоеро, ки дар ибодати Яҳува ба ӯ ҳамроҳ шуда буданд, оилаи рӯҳониаш меҳисобид (Мат. 12:46–50). Бинобар ин ӯ аз муҳаббат ва дилсӯзӣ нисбати модараш ба Юҳанно супориш дод, ки дар бораи Марям ғамхорӣ кунад ва дилаш пур буд, ки Юҳанно оиди беҳбудии рӯҳонии ӯ ғамхорӣ мекунад. Ба модараш муроҷиат карда Исо гуфт: «Ин писари туст!» Ва ба Юҳанно рӯ оварда гуфт: «Ин модари туст!» Аз ҳамон рӯз эътиборан Юҳанно ба Марям мисли писар гашт ва ба ӯ чун ба модараш ғамхорӣ мекард. Ҳамин тавр Исо ба зане, ки барояш хеле азиз буд ва аз вақти таваллуд дар борааш меҳрубонона ғамхорӣ мекард ва ҳангоми марг дар наздаш буд, меҳру муҳаббат зоҳир кард.

8. Мо аз суханоне, ки Исо ба Марям ва Юҳанно гуфт, чӣ омӯхта метавонем?

8 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Муносибати мо бо бародару хоҳарони ҷамъомад назар ба муносибате, ки мо бо аъзои оилаамон дорем, қавитар буда метавонад. Хешовандони мо шояд ба мо зиддият нишон диҳанд ё ҳатто аз мо рӯй гардонанд. Лекин чи хеле ки Исо ваъда дод, агар мо ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ наздик монем, мо аз чизе ки гум кардем, «100 баробар зиёдтар» ба даст меорем. Бисёриҳо барои мо мисли писар, духтар, модар ё падари меҳрубон мегарданд (Марқ. 10:29, 30). Чӣ хуш аст аъзои ин гуна оилаи рӯҳонӣ будан, ки имону муҳаббат ба Яҳува ва меҳр ба якдигар онҳоро муттаҳид месозад (Қӯл. 3:14; 1 Пет. 2:17).

«ХУДОИ МАН, БАРОИ ЧӢ МАРО ТАРК КАРДӢ?»

9. Суханони Исо, ки дар Матто 27:46 оварда шудаанд, ба мо чиро ошкор мекунанд?

9 Исо чӣ гуфт? Чанде пеш аз ҷон доданаш Исо фарёд зада гуфт: «Худои ман, Худои ман, барои чӣ маро тарк кардӣ?» (Мат. 27:46). Китоби Муқаддас намефаҳмонад, ки чаро Исо чунин гуфт. Лекин биёед фаҳмем, ки мо аз он суханон чӣ омӯхта метавонем. Яке аз чизҳое, ки мефаҳмем, ин аст, ки Исо бо гуфтани он суханон пешгӯйии Забур 21:2-ро иҷро кард *. Ҳамчунин ин суханон равшан нишон медиҳанд, ки Яҳува дар он вақт аз гирди Писараш «ҳисор»-и Худро гирифт, яъне Исоро танҳо ба танҳо бо озмоиш монд (Айюб 1:10). Исо мефаҳмид, ки Падараш ба тамом ӯро ба дасти душманонаш додааст, то имони ӯ пурра озмуда шавад. Ҳеҷ як инсон то ин дараҷа мисли Исо озмуда нашуда буд. Боз ин суханон аз он гувоҳӣ медоданд, ки ӯ ягон гуноҳи сазовори марг содир накарда буд.

10. Мо аз суханоне, ки Исо ба Падараш гуфт, кадом дарсҳоро меомӯзем?

10 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Яке аз дарсҳо ин аст, ки мо набояд интизор шавем, ки Яҳува моро аз душвориҳое, ки имони моро меозмоянд, муҳофизат мекунад. Чи хеле ки Исо то охир озмуда шуд, мо ҳам барои ба Яҳува содиқ мондан агар лозим бошад, бояд ба мурдан тайёр бошем (Мат. 16:24, 25). Вале мо боварӣ дошта метавонем, ки Худо асло роҳ намедиҳад, ки мо аз қувват зиёд озмуда шавем (1 Қӯр. 10:13). Дарси дигар ин аст, ки мо ҳам мисли Исо ноҳақ азоб кашиданамон мумкин аст (1 Пет. 2:19, 20). Мухолифон на барои он моро бад мебинанд, ки мо ба ягон кори нодуруст даст задем, балки аз он сабаб, ки мо қисми ин ҷаҳон нестем ва дар бораи ҳақиқат шаҳодат медиҳем (Юҳ. 17:14; 1 Пет. 4:15, 16). Исо дарк мекард, ки чаро Яҳува ба ранҷу азоб кашидани вай роҳ дод. Вале бародару хоҳарони содиқ, ки аз ин ё он душворӣ азоб мекашанд, шояд гоҳ вақт ба худ савол диҳанд, ки чаро Яҳува ба ин азоби онҳо роҳ медиҳад (Ҳаб. 1:3). Худои меҳрубон ва пурсабри мо медонад, ки ин хизматгоронаш аз норасоии имон чунин намегӯянд, балки ба тасаллие мӯҳтоҷанд, ки танҳо Ӯ дода метавонад (2 Қӯр. 1:3, 4).

«МАН ТАШНААМ»

11. Чаро Исо суханонеро гуфт, ки дар Юҳанно 19:28 омадаанд?

11 Исо чӣ гуфт? (Юҳанно 19:28-ро хонед.) Чаро Исо гуфт, ки «ман ташнаам»? Ӯ инро «барои ба амал омадани суханони Навиштаҳои Муқаддас гуфт», ки дар Забур 21:16 омадаанд. Он ҷо чунин гуфта мешавад: «Қувватам мисли сафол хушкидааст, забонам ба комам часпидааст». Инчунин аз эҳтимол дур нест, ки Исо баъд аз тамоми ранҷу уқубат ва дарди ҷонгудоз дар сутуни азобу шиканҷа ташна монд. Барои ҳалқашро тар кардан ба ӯ, албатта, об даркор буд.

12. Мо аз суханони зерини Исо: «ман ташнаам» чӣ меомӯзем?

12 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Исо гумон намекард, ки дар бораи ҳиссиёташ гуфтан нишонаи заифист. Дарс ба мо ин аст, ки мо ҳам дар бораи ҳиссиёт ва дарди дили худ бояд гӯем. Дар бисёр ҳолатҳо мо шояд лозим нашуморем, ки ба дигарон ҳиссиёт ва ба чӣ мӯҳтоҷ буданамонро гӯем. Лекин, агар мо ба ёрдам мӯҳтоҷ бошем, хуб мебуд, ки шарм надошта аз дигарон кӯмак пурсем. Масалан, агар мо пиронсол ё саломатии хуб надошта бошем, хуб мебуд, аз дӯстамон хоҳиш кунем, ки моро барои харидкунӣ ба мағоза ё барои муоина ба назди духтур барад. Агар мо рӯҳафтода ё аз ҳад зиқ бошем, хуб мешуд, ки аз пири ҷамъомаде ё масеҳии баркамоле хоҳиш кунем, ки ба дарди дили мо гӯш диҳад ё бо «сухани меҳрубонона» моро дилбардорӣ кунад (Мас. 12:25). Биёед, дар хотир дорем, ки бародару хоҳаронамон моро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки дар «рӯзи сахт» моро дастгирӣ кунанд (Мас. 17:17). Лекин агар мо якум шуда дарди дили худро ба онҳо нагӯем, онҳо дили моро хонда наметавонанд.

«ИҶРО ШУД!»

13. Исо беайбиии худро то дами марг нигоҳ дошта кадом чизҳоро иҷро кард?

13 Исо чӣ гуфт? 14-уми нисон, тахминан соатҳои сеи рӯз Исо бо овози баланд нидо карда гуфт: «Иҷро шуд!» (Юҳ. 19:30). Мо аз ин суханони Исо, ки пеш аз ҷон додан гуфт, мефаҳмем, ки ӯ ҳар як гуфтаи Яҳуваро то охир ба ҷо овард. То дами марг беайбии худро нигоҳ дошта Исо якчанд чизро иҷро кард. Якум, ӯ исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯ аст. Исо нишон дод, ки одами комил сарфи назар аз душвориҳое, ки Шайтон ба сараш меорад, беайбии худро то охир нигоҳ дошта метавонад. Дуюм, Исо ҳаёти худро чун фидия дод. Марги ӯ барои инсони нокомил имконпазир гардонд, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад ва ба абадӣ зистан умед пайдо кунад. Сеюм, Исо исбот кард, ки ҳукмронии Яҳува одилона аст ва номи Падарашро аз доғ пок гардонд.

14. Ҳар рӯзи ҳаётамон мо бояд чӣ тавр зиндагӣ кунем? Фаҳмонед.

14 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Мо бояд бо иродаи қавӣ ҳар рӯзи ҳаётамон беайбии худро нигоҳ дорем. Боре бародар Максвелл Френд, ки яке аз муаллимони Ҷилъод буд, дар як анҷумани байналхалқӣ дар нутқаш оиди садоқатмандӣ чунин гуфт: «Чизеро, ки ту имрӯз гуфта ё карда метавонӣ ба фардо нагузор. Кӣ медонад, ки фардо кӣ ҳасту кӣ не!? Ҳар рӯз тавре зиндагӣ кун, ки гӯё ин охирин имконият аст барои нишон додани он ки ту ба ҳаёти ҷовидона сазоворӣ». Биёед, тавре зиндагӣ кунем, ки гӯё ин имконияти охирин барои нигоҳ доштани беайбиамон аст! Он гоҳ ҳатто бо марг рӯ ба рӯ шавем ҳам, мо бо виҷдони пок гуфта метавонем: «Яҳува, ман барои ба Ту содиқ мондан, барои дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот кардан, барои номи Туро сафед кардан ва ҳокимиятатро дастгирӣ намудан ҳар кори аз дастам меомадаро кардам!»

«ҲАЁТИ ХУДРО БА ДАСТИ ТУ МЕСУПОРАМ»

15. Мувофиқи Луқо 23:46 Исо ба чӣ сад фоиз боварӣ дошт?

15 Исо чӣ гуфт? (Луқо 23:46-ро хонед.) Исо бо боварии комил чунин гуфт: «Эй Падар, ҳаёти худро ба дасти Ту месупорам». Исо медонист, ки ҳаёти ояндааш аз Яҳува вобаста аст ва ӯ сад фоиз боварӣ дошт, ки Падараш ӯро ба хотир меорад.

16. Шумо аз мисоли як бародари 15-сола чӣ меомӯзед?

16 Мо аз ин суханони Исо чӣ омӯхта метавонем? Ҳатто вақте ҳаётатон дар хатар аст, ба Яҳува содиқ монед. Барои ин шумо бояд «бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо»-ед (Мас. 3:5). Мисоли Ҷошуа ном бародари 15-соларо, ки аз бемории марговар азоб мекашид, дида мебароем. Ӯ ба он намудҳои муолиҷае, ки ба қонуни Худо зид буд, розӣ нашуд. Чанде пеш аз маргаш, ӯ ба модараш ин тавр гуфт: «Модарҷон, ман худро ба дастони Яҳува месупорам... Ман бо дили пур ба шумо ҳаминро мегӯям, ки Яҳува аниқ маро ба ҳаёт бармегардонад. Ӯ медонад, ки дар дили ман чӣ аст ва ман Ӯро дар ҳақиқат дӯст медорам». Хуб мебуд, ки ҳар яки мо ба худ чунин савол диҳем: «Агар ман ба вазъияти барои ҳаётам хатарнок дучор шавам, ки имони маро меозмояд, оё ман ҳаётамро ба дасти Яҳува месупорам ва боварӣ дорам, ки Ӯ маро ба хотир меорад?»

17, 18. Мо аз ин мақола чӣ омӯхтем? (Ба чорчӯбаи  «Аз суханони охирини Исо мо чӣ меомӯзем?» нигаред.)

17 Дар ҳақиқат, мо аз суханони охирини Исо дарсҳои хеле муҳим гирифта метавонем! Онҳо ба мо ёдрас мекунанд, ки дигаронро бахшем ва дилпур бошем, ки Яҳува низ моро мебахшад. Боз мо фаҳмидем, ки Яҳува дар ҷамъомад ба мо бисёр бародару хоҳаронро додааст, ки ба кӯмаки мо тайёранд, вале дар вақти ба ёрӣ мӯҳтоҷ будан мо бояд фурӯтанона аз дигарон кӯмак пурсем. Инчунин мо медонем, ки Яҳува дар ҳар озмоише, ки ба сарамон меояд, ба мо барои тоб овардан мадад мекунад. Ва мо ҳар рӯз бояд тавре зиндагӣ кунем, ки ин гӯё барои исбот намудани беайбиамон охирин рӯз аст ва бо дили пур ҳаётамонро ба дасти Яҳува супорем.

18 Бале, он суханони Исо, ки ҳангоми дар сутун ҷон доданаш гуфт, пур аз маъноянд! Дарсҳои аз онҳо омӯхтаамонро ба кор бурда мо ба Яҳува итоат мекунем, зеро Ӯ дар бораи Писараш ба мо гуфт: «Ӯро гӯш кунед» (Мат. 17:5).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

^ сарх. 5 Дар Матто 17:5 гуфта шудааст, ки Яҳува мехоҳад, ки мо ба Писараш гӯш диҳем. Дар ин мақола мо суханони охирини Исоро, ки пеш аз маргаш гуфт, дида мебароем ва мефаҳмем, ки аз он суханон бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст.

^ сарх. 9 Дар мақолаи «Саволҳои хонандагон», ки дар ин шумора оварда шудааст, якчанд сабабҳо муҳокима мешавад, ки чаро Исо эҳтимол суханони Забур 21:2-ро иқтибос овард.