Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42

Оё шумо фармонбардоред?

Оё шумо фармонбардоред?

«Хираде, ки аз болост. . . фармонбардор [аст]» (ЯЪҚ. 3:17).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР a

1. Чаро фармонбардорӣ осон нест?

 БА ШУМО итоат кардан душвор аст? Агар ҳа, шумо танҳо нестед. Шоҳ Довуд ҳарчанд Яҳуваро сахт дӯст медошт, барояш фармонбардор будан ҳама вақт осон набуд. Аз ин рӯ ба Яҳува дуо гуфт: «Диламро ба итоат моил гардон» (Заб. 51:12). Чаро барои одамон фармонбардор будан ин қадар душвор аст? Якум, мо майли беитоатиро мерос гирифтаем. Дуюм, Шайтон, ки бар зидди Яҳува баромада буд, доимо кӯшиш мекунад, ки моро аз пайи худ кашад (2 Қӯр. 11:3). Сеюм, мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки дар исёнкорӣ ғӯтидааст. Онро рӯҳе фаро гирифтааст, ки «дар беитоатон амал мекунад» (Эфс. 2:2). Барои ҳамин мо бояд ҷон канда ҳам бо майлҳои гунаҳкоронаамон мубориза барем, ҳам худро аз Иблис ва ҷаҳони ӯ ҳимоя намоем. Мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш кунем, ки ба Яҳува ва касоне, ки ӯ ҳокимияташон додааст, фармонбардор бошем.

2. Калимаи «фармонбардор» чӣ маъно дорад? (Яъқуб 3:17).

2 Яъқуб 3:17-ро хонед. Яъқуб зери илҳоми Худо гуфт, ки одамони бохирад «фармонбардор»-анд. Ин чӣ маъно дорад? Мо бояд ба касоне, ки Яҳува ба андозае ҳокимият додааст, итоат кунем. Вале, агар касе аз мо вайрон кардани амрҳои Худоро талаб кунад, Яҳува намехоҳад, ки мо ба ӯ гӯш диҳем (Кор. 4:18–20).

3. Чаро ба шахсони ҳокимиятдор итоат кардани мо барои Яҳува аҳамият дорад?

3 Албатта, назар ба одамон ба Яҳува гӯш додан осон аст, чунки Яҳува ҳамеша дастурҳои комил медиҳад (Заб. 19:7). Дар бораи ҳокимиятдорони одамӣ бошад, чунин гуфтан мумкин нест. Бо вуҷуди ин Падари осмониямон ба волидон, намояндаҳои давлат ва пирон ба андозае ҳокимият додааст (Пнм. 6:20; 1 Тас. 5:12; 1 Пет. 2:13, 14). Барои ҳамин, вақте мо ба онҳо фармонбардорӣ мекунем, ба Яҳува итоат мекунем. Баъзан мо ба онҳо итоат кардан намехоҳем ё бо талабҳои онҳо розӣ нестем. Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунем? Биёед мебинем.

БА ВОЛИДОНАТОН ФАРМОНБАРДОР БОШЕД

4. Чаро бисёр кӯдакон ба волидонашон гӯш намедиҳанд?

4 Бисёр ҷавонон дар байни касоне зиндагӣ мекунанд, ки ба падару модар беитоат ҳастанд (2 Тим. 3:1, 2). Сабаб дар чист? Баъзеҳо мегӯянд, ки волидонашон як чӣ мегӯянду рафторашон дигар хел аст. Дигарон мегӯянд, ки дастуроти падару модарашон ба замона рост намеояд ё онҳо аз ҳад серталаб ҳастанд. Бародару хоҳарони ҷавон, оё дар сари шумо низ чунин фикрҳо пайдо мешаванд? Барои бисёриҳо аз рӯйи маслиҳати зерини Яҳува амал кардан душвор аст: «Мувофиқи хости Худованд ба падару модари худ итоат кунед, зеро ин дуруст аст» (Эфс. 6:1). Чӣ тавр ин корро барои худ осонтар кунем?

5. Чаро итоаткории Исо барои бародару хоҳарони ҷавон намунаи беҳтарин аст? (Луқо 2:46–52).

5 Исо намунаи беҳтарин дар фармонбардорӣ мебошад. Шумо ба ӯ пайравӣ карда метавонед (1 Пет. 2:21–24). Исо шахси комил буд, вале волидонаш нокомил. Лекин Исо онҳоро эҳтиром мекард, ҳатто вақте онҳо хато мекарданд ва ӯро намефаҳмиданд (2 Мӯсо 20:12). Ба ёд оред, ки ҳангоми 12-сола будани Исо чӣ рӯй дода буд. (Луқо 2:46–52-ро хонед.) Вақте Юсуфу Марям аз Ерусалим бармегаштанд, онҳо пай бурданд, ки Исо ҳамроҳашон нест. Онҳо чун волидони масъулиятшинос бояд дилпур мешуданд, ки ҳамаи фарзандон дар барашон ҳастанд. Лекин, вақте онҳо оқибат Исоро пайдо карданд, Марям Исоро айбдор карда, гуфт, ки ба сарашон чӣ қадар ташвиш овард. Исо метавонист гӯяд, ки дар ин вазъият онҳо айбдоранд, на ӯ. Ӯ бошад, хоксорона ва бо эҳтиром ҷавоб гардонд. Вале Юсуфу Марям «ба маънои ин суханон сарфаҳм нарафтанд». Исо минбаъд низ «дар итоати онҳо буд».

6, 7. Чӣ ба кӯдакону наврасон кумак мекунад, ки ба волидонашон итоаткор бошанд?

6 Ҷавонони азиз, оё бароятон ба волидон фармонбардор будан душвор аст, хусусан, вақте онҳо хато мекунанд ё шуморо намефаҳманд? Дар ин ҳолат чӣ ба шумо ёрдам мекунад? Якум, дар бораи Яҳува фикр кунед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки, вақте шумо ба волидонатон гӯш медиҳед, «ин ба Ҳазратамон маъқул аст» (Қӯл. 3:20). Вақте падару модаратон шуморо намефаҳманд ё вақте талабашон ягон камбудӣ дорад, Яҳува ҳамаашро мебинад. Ба ҳар ҳол, агар шумо фармонбардор бошед, Яҳуваро шод мегардонед.

7 Дуюм, дар бораи волидонатон фикр кунед. Агар ба онҳо итоат кунед, дили онҳоро шод мегардонеду боварияшонро ба даст меоред (Пнм. 23:22–25). Худатон ҳам бо онҳо наздиктар мешавед. Александре ном бародаре аз Белгия мегӯяд: «Ҳар қадаре ба талабҳои волидонам итоат мекардам, муносибатамон дигар мешуду ба якдигар наздиктар мешудем ва аз ин ҳамаамон хурсанд будем» b. Сеюм, фикр кунед, ки итоаткории шумо чӣ хел фоида меорад. Пауло ном ҷавоне аз Бразилия мегӯяд: «Ба волидонам итоат кардан ба ман ёрдам дод, ки ба Яҳува ва ба касоне, ки ӯ ҳокимият додааст, итоаткор бошам». Дар Китоби Муқаддас сабаби ҷиддии ба волидон итоат кардан оварда шудааст: «То бар замин умри дароз бинӣ ва ҳаётат хуб гузарад» (Эфс. 6:2, 3).

8. Чаро бисёр навҷавонон қарор карданд, ки ба падару модарашон гӯш медиҳанд?

8 Бисёр ҷавонон диданд, ки ба волидон гӯш додан натиҷаи хуб меорад. Луиза, ки аз Бразилия мебошад, дар аввал намефаҳмид, ки чаро волидонаш ба ӯ телефон намехаранд, ҳол он ки қариб ҳамаи ҳамсолонаш телефон доштанд. Лекин баъдтар ӯ дарк кард, ки падару модараш ӯро ҳимоя карданӣ буданд. Акнун ӯ мегӯяд: «Талабе, ки волидонам аз ман мекунанд, бароям на чун занҷир, балки тасмаи бехатариест, ки ҳаётамро ҳимоя мекунад». Элизабет бошад, ки аз Иёлоти Муттаҳида аст, то ҳол бо баъзе қарорҳои волидонаш розӣ намешавад. Ӯ мегӯяд, ки дар ин хел мавридҳо чӣ ба ӯ кумак мекунад: «Агар ман ягон қарори волидонамро пурра нафаҳмам, воқеаҳоеро ба ёд меорам, ки қоидаҳои ҷорӣ кардаашон маро ҳимоя карда буд». Моника ном хоҳаре аз Арманистон мегӯяд, ки, ҳар гоҳе ӯ ба гуфти волидонаш амал мекард, натиҷааш хеле беҳтар мешуд, назар ба вақте, ки ба хости дилаш рафтор мекард.

БА «ҲОКИМИЯТҲОИ БОЛО» ФАРМОНБАРДОР БОШЕД

9. Бисёриҳо ба қонунҳои давлат чӣ назар доранд?

9 Бисёр одамон тан мегиранд, ки ба онҳо «ҳокимиятҳои боло», ҳокимиятҳои инсонӣ, даркор аст ва ақаллан ба баъзе қонунҳое, ки онҳо мебароранд, гӯш додан зарур аст (Рум. 13:1). Лекин, вақте ягон қонун ба назарашон беадолатона ё аз ҳад вазнин метобад, онҳо итоат намекунанд. Масалан, супоридани андозро мегирем. Дар як мамлакати Аврупо чоряки шаҳрвандон мегӯянд, ки «агар ба назаратон тобад, ки андоз аз рӯйи инсоф нест, насупоридани он дуруст аст». Барои ҳамин шаҳрвандони ин мамлакат танҳо 70 фоизи андозҳоро месупоранду халос.

Мо аз Юсуфу Марям дар бораи фармонбардорӣ чӣ меомӯзем? (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.) c

10. Чаро мо ҳатто қонунҳоеро, ки ба мо маъқул нестанд, риоя мекунем?

10 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳокимиятҳои инсонӣ ранҷу азоб меоранд, зери роҳнамоии Шайтонанд ва ба наздикӣ нест карда мешаванд (Заб. 110:5, 6; Пандгӯ 8:9; Луқ. 4:5, 6). Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки «ҳар касе ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди сохтори Худо мебарояд». Яҳува барои нигоҳдории назму тартиб роҳ додааст, ки ҳокимиятҳои инсонӣ ба муддате вуҷуд дошта бошанд ва интизор аст, ки мо ба онҳо итоат кунем. Барои ҳамин «ҳаққи ҳар касро ба ӯ адо» кунем, хоҳ андоз бошад, хоҳ эҳтирому итоат (Рум. 13:1–7). Шояд, баъзан иҷрои ягон қонун ба назарамон ноқулай, беинсофӣ ё аз ҳад вазнин метобад. Лекин мо ба Яҳува гӯш дода, ба ҳокимиятҳо итоат мекунем, то ҷое, ки вайрон кардани амрҳои Яҳуваро талаб накунанд (Кор. 5:29).

11, 12. Мувофиқи Луқо 2:1–6 Юсуфу Марям барои итоат ба қонуни давлат чӣ кор карданд ва ин чӣ натиҷа овард? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

11 Юсуфу Марям ба ҳокимиятҳои боло итоат карда, ба мо намунаи хуб гузоштанд, ҳатто вақте барояшон хеле душвор буд. (Луқо 2:1–6-ро хонед.) Ҳангоме ки Марям қариб нӯҳмоҳа ҳомиладор буд, итоаткории ӯву Юсуф озмуда шуд. Қайсар Авғустус фармон баровард, ки тамоми сокинони Рум саршуморӣ шаванд. Юсуфу Марям бояд 150 километр роҳҳои теппаю пастиҳоро тай карда, ба Байт-Лаҳм мерафтанд. Ин сафари онҳо беҳад ноқулай буд, махсусан барои Марям. Ҳамсарон, шояд, аз ҳоли кӯдак низ хавотир буданд. Агар дар роҳ нохост Марямро дард гирад-чӣ? Охир, ин ҳаёти Масеҳи ояндаро зери хатар мегузорад. Оё Юсуфу Марям ин вазъиятҳоро баҳона карда, аз қарори ҳокимият саркашӣ карданд?

12 Юсуфу Марям ба ташвишҳояшон нигоҳ накарда ба ин қонун гӯш доданд. Яҳува бошад, фармонбардории онҳоро баракат дод. Марям сиҳату саломат ба Байт-Лаҳм расид ва кӯдаки солимро ба дунё овард. Ҳамин тавр пешгӯйии Китоби Муқаддас иҷро шуд (Мико 5:2).

13. Чӣ тавр фармонбардории мо ба бародару хоҳарон фоида меорад?

13 Вақте мо ба ҳокимиятҳои боло гӯш медиҳем, ҳам ба худамон фоида меорем, ҳам ба дигарон. Чӣ тавр? Агар мо қонунро вайрон накунем, дар қатори дигар ҷинояткорон ҷазо намебинем (Рум. 13:4). Ғайр аз ин, фармонбардории мо ба ҳокимият обрӯйи Шоҳидони Яҳуваро мебардорад. Масалан, даҳсолаҳо пеш дар Нигерия як воқеа рӯй дода буд. Боре ҳангоми вохӯрӣ сарбозон ба Ибодатгоҳ зада даромаданд. Онҳо шахсонеро мекофтанд, ки зидди андозсупорӣ буданд. Лекин, вақте сардорашон Шоҳидони Яҳуваро дид, ба сарбозон фармон дод, ки аз он ҷо бароянд ва илова кард: «Шоҳидони Яҳува муқобили андозсупорӣ нестанд». Ҳар боре шумо ба қонун итоат мекунед, обрӯйи халқи Яҳуваро мебардоред ва дар оянда, шояд, ин рафтори шумо ҳамимононро ҳимоя кунад (Мат. 5:16).

14. Ба як хоҳарамон чӣ кумак кард, ки ба ҳокимиятҳои боло «фармонбардор» бошад?

14 Эҳтимол, мо баъзан бо дили нохоҳам ба ҳокимиятҳои боло итоат мекунем. Ҷоанна ном хоҳаре аз Иёлоти Муттаҳида мегӯяд: «Барои ман фармонбардор будан душвор буд, чунки баъзе аъзои оилаам аз дасти ҳокимиятдорон бисёр азоб дида буданд». Лекин Ҷоанна бисёр ҳаракат кард, ки муносибаташро дигар кунад. Ӯ чӣ кор кард? Якум, ӯ аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондани хабарҳоеро, ки нисбати ҳокимият ҳиссиёти манфиро бедор мекарданд, бас кард (Пнм. 20:3). Дуюм, Ҷоанна аз Яҳува кумак пурсид, то дигар шудани ҳокимиятҳои инсониро интизор нашуда, ба ӯ такя кунад (Заб. 9:9, 10). Сеюм, ӯ дар бораи бетарафӣ мақолаҳоро аз адабиётамон мехонд (Юҳ. 17:16). Ҷоанна мегӯяд, ки, вақте ӯ эҳтиром кардани ҳокимиятро ёд гирифт, хонаи дилаш орому осоишта гашт.

БА ДАСТУРОТИ ТАШКИЛОТ ФАРМОНБАРДОР БОШЕД

15. Чаро баъзан ба дастуроте, ки аз ташкилоти Яҳува мегирем, итоат кардан душвор аст?

15 Яҳува ба мо мегӯяд, ки ба касоне дар ҷамоат «роҳбариро ба уҳда доранд, итоаткору фармонбардор бошед» (Ибр. 13:17). Исои Масеҳ, Сардори ҷамоат, комил аст, вале касоне, ки дар ҷамоат роҳбарӣ мекунанд, инсонҳои одию нокомил мебошанд. Аз ин рӯ, шояд, мо баъзан ба онҳо гӯш додан нахоҳем, махсусан, вақте онҳо аз мо чизеро хоҳиш мекунанд, ки мувофиқи хостамон нест. Боре Петруси расул дар чунин вазъият афтода буд. Фаришта ба ӯ гуфт ҳайвонҳоеро хӯрад, ки аз рӯйи Шариати Мӯсо нопок буданд. Петрус як бор не, се бор рад кард (Кор. 10:9–16). Барои чӣ? Чунки ин дастуроти нав дар ақлаш намеғунҷид. Он аз чизе, ки одат карда буд, тамоман фарқ мекард. Ба Петрус ба фариштаи комил итоат кардан душвор буд, пас, ба мо, ки дастуротро аз инсонҳои нокомил мегирем, шояд, душвортар бошад.

16. Вақте ба Павлус дастуре доданд, ки ба назараш бехирадона тофта метавонист, ӯ чӣ хел рафтор кард? (Корнома 21:23, 24, 26).

16 Павлуси расул ҳатто вақте аз ӯ чизеро талаб мекарданд, ки ба назараш чандон дуруст наметофт, бо омодагӣ итоат мекард. Ба гӯши масеҳиёни яҳудӣ хабар расид, ки Павлус масеҳиёнро таълим медиҳад, ки аз «Шариати Мӯсо рӯй гардонанд» (Кор. 21:21). Пирони Ерусалим ба Павлус гуфтанд, ки чор мардро гирифта ба ибодатгоҳ раваду маросими покшавиро гузаронад. Он гоҳ ҳама мебинанд, ки ӯ Шариатро риоя мекунад. Павлус медонист, ки ӯ ягон кори нодурусте накардааст ва ба масеҳиён шарт нест аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ кунанд. Бо вуҷуди ин Павлус баҳс накарда, дарҳол фармонбардорӣ кард. Рӯзи дигар ӯ «ин мардонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон маросими покшавиро ба ҷо» овард. (Корнома 21:23, 24, 26-ро хонед.) Ҳамин тавр дар ҷамоат ягонагӣ пойдор гашт (Рум. 14:19, 21).

17. Аз намунаи Стефани чӣ меомӯзед?

17 Ба Стефани ном хоҳаре, бо қароре, ки филиал қабул кард, розӣ шудан душвор буд. Ба ӯву шавҳараш дар гурӯҳи хориҷизабон хизмат кардан маъқул буд. Лекин баъдтар ин гурӯҳро барҳам доданд ва Стефанию шавҳарашро ба ҷамоати забони модарияшон таъйин карданд. Стефани мегӯяд: «Ман сахт зиқ шудам. Ҳис мекардам, ки дар гурӯҳи пештараамон ниёз зиёдтар буд». Лекин ӯ ба қарори бародарон фармонбардорӣ кард. Ӯ илова мекунад: «Бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки ин қарори бародарон бохирадона буд. Мо ба якчанд бародару хоҳари ҷамоатамон, ки наздиконашон дар роҳи ростӣ нестанд, волидони рӯҳонӣ гаштем. Ҳозир ман бо хоҳаре омӯзиш мекунам, ки аз нав фаъол гаштааст. Акнун ман барои омӯзиши шахсӣ вақти зиёдтар дорам». Ӯ илова мекунад: «Ман бо виҷдони соф ба Яҳува хизмат карда метавонам, зеро медонам, ки чӣ қадаре аз дастам омад, ба ӯ итоат кардам».

18. Аз итоаткорӣ чӣ манфиат мегирем?

18 Мо итоаткориро ёд гирифта метавонем. Исо итоаткориро на дар шароити беҳтарин, балки «ба воситаи азобҳо» ёд гирифт (Ибр. 5:8). Мо ҳам бисёр вақт ҳангоми бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ шудан фармонбардор буданро ёд мегирем. Масалан, дар аввалҳои вабои COVID-19 ба мо гуфтанд, ки дар Ибодатгоҳҳо ҷамъ нашавем ва хона ба хона мавъиза накунем. Ҳарчанд ба чунин дастурот гӯш додан осон набуд, мо фармонбардор будем. Ин чӣ баракатҳо овард? Мо аз хатарҳо дар амон будем, муносибатамон бо бародару хоҳарон мустаҳкамтар гашт ва дили Яҳуваро шод гардондем. Ғайр аз ин, итоаткориямон моро ба воқеаҳои оянда беҳтар тайёр кард. Акнун, вақте ҳангоми азоби азим дастурот мегирем, бароямон гӯш додан осонтар мешавад. Маҳз фармонбардориямон моро наҷот дода метавонад (Айюб 36:11).

19. Чаро шумо фармонбардор будан мехоҳед?

19 Чи хеле дидаем, фармонбардорӣ баракатҳои беҳисоб меорад. Лекин мо асосан барои он фармонбардорем, ки Яҳуваро дӯст медорему ӯро шод гардондан мехоҳем (1 Юҳ. 5:3). Мо ҳеҷ гоҳ некиҳоеро, ки Яҳува дар ҳаққамон кардааст, баргардонда наметавонем (Заб. 116:12). Лекин мо ба ӯ ва касоне, ки Яҳува ҳокимият додааст, итоат карда метавонем. Агар мо фармонбардор бошем, нишон медиҳем, ки шахси бохирад ҳастем ва шахси бохирад дили Яҳуваро шод мегардонад (Пнм. 27:11).

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

a Ҳамаи мо нокомилем. Аз ин рӯ баъзан фармонбардор будан бароямон осон нест, ҳатто ба касоне, ки барои дастур додан ҳаққу ҳуқуқ доранд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро ба волидон, «ҳокимиятҳои боло» ва бародароне, ки роҳбариро ба уҳда доранд, фармонбардор будан зарур аст.

b Агар ба ягон дастури волидонатон итоат кардан бароятон душвор бошаду шумо надонед, ки чӣ тавр дар ин хусус бо онҳо гап занед, дар сомонаи jw.org ба мақолаи «Что делать, если родительские правила кажутся слишком строгими?» нигаред.

c ШАРҲИ РАСМ: Юсуфу Марям ба дастури қайсар итоат карда, барои саршуморӣ ба Байт-Лаҳм рафтанд. Масеҳиён имрӯз ба «ҳокимиятҳои боло» итоат карда, қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя мекунанд, андозҳоро месупоранд ва ба дастурот дар бораи тандурустӣ гӯш медиҳанд.