2. Оё мо бо айби худ дарду азоб мекашем?
Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?
Чунки агар ба ранҷу азоб ҳақиқатан худи мо сабабгор бошем, пас кам кардани он шояд дар дасти худамон аст.
Дар ин бора фикр кунед:
Рӯй надодани душвориҳои дар поён овардашуда то кадом андоза аз одамон вобастаанд?
Зӯроварӣ.
Аз рӯйи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ аз 4 одами баркамол 1 нафар дар давраи кӯдакӣ аз зӯроварӣ азоб кашидааст ва аз 3 зан 1 нафар дар давоми ҳаёти худ бо ҷабру фишор ё таҷовуз (ё бо ҳарду) рӯ ба рӯ мешавад.
Дарду ранҷ аз марги шахси наздик
Мувофиқи иттилооти омори умумиҷаҳонӣ соли 2016 дар дунё 477 000 нафар аз дасти ҷинояткорон кушта шуданд. Худи ҳамон сол тақрибан 180 000 нафари дигар қурбони ҷангу ошӯбҳо гаштанд.
Душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд
Дар як маҷаллаи машҳур («National Geographic») нависанда Фрэн Смит қайд мекунад: «Зиёда аз як миллиард одам сигор мекашад ва тамоку ба пайдошавии 5 намуди бемории марговар сабаб шуда метавонад: бемориҳои дил, сактаи мағзи сар, сирояти роҳи нафас, бемории музмини шуш ва саратони шуш».
Нобаробарӣ дар ҷомеа
«Камбағалӣ, миллатчигӣ, ҷудо кардани одамон аз рӯйи вазъи иҷтимоӣ, пастзании занон, гуреза шудан ва рақобат байни одамон барои доштани ҳаёти беҳтарин бо эҳтимоли зиёд ба зиқиву дилтангӣ оварда мерасонанд»— мегӯяд равоншинос Ҷей Ваттс.
ЗИЁДТАР ФАҲМЕД
Видеонавори «Барои чӣ Худо заминро офарид?»-ро дар сайти jw.org тамошо кунед.
Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
Ба бисёри ранҷу азоб худи одамон сабабгоранд.
Асосан бо айби ҳукуматдорони бераҳму ситамгар одамон азоб мекашанд.
«Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (ВОИЗ 8:9).
Одамон ранҷу азоби худро кам карда метавонанд.
Агар мо аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем, саломатиамон беҳтар мегардад ва муносибатамон бо атрофиён хуб мешавад.
«Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост» (МАСАЛҲО 14:30).
«Ҳар гуна кинаю адоват, қаҳр, ғазаб, фарёд, дашном ва ҳамчунин ҳар бадиро аз худ дур кунед» (ЭФСӮСИЁН 4:31).