Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

Ҳаво

Ҳаво

ҲАВО ба мо на танҳо барои нафаскашӣ лозим аст. Атмосфера сайёраи моро чун сипар аз аксари нурҳои зарарноки офтоб муҳофизат мекунад. Бе ҳаво ҳарорати тамоми сайёраи замин паст мешавад.

Ифлосшавии ҳаво

Ифлосшавии ҳаво ҳаётро дар рӯйи замин нест карда метавонад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз танҳо 1 фоизи аҳолии ҷаҳон аз ҳавои тоза нафас мегирад.

Аз сабаби ифлосшавии ҳаво одамон метавонанд ба бемориҳои роҳи нафас, саратони шуш ва бемории дилу рагҳо гирифтор шаванд. Ҳар сол қариб 7 миллион одам аз нафас кашидани ҳавои ифлос бармаҳал вафот мекунад.

Сайёраи «ҷонсахт»

Сайёраи мо тавре офарида шудааст, ки ҳар як мавҷудоти рӯйи заминро бо ҳавои кофӣ таъмин карда метавонад. Аммо чунин равандҳои табиӣ танҳо дар он сурат самар меоранд, ки одамон муҳити атрофро тоза нигоҳ доранд. Биёед якчанд мисолро дида бароем:

  • Ҳама медонанд, ки ҷангалҳо аз ҳаво гази карбонатро фурӯ мебаранд. Вале на ҳама медонанд, ки минтақаҳои ботлоқзори соҳилӣ, ки дар он ҷо дарахтони мангр мерӯянд, аз уҳдаи ин кор беҳтар мебароянд. Дарахтони мангр дар тоза кардани ҳаво нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо нисбат ба ҷангалҳои тропикӣ 5 маротиба зиёдтар гази карбонатро фурӯ мебаранд.

  • Тадқиқҳои охир нишон медиҳанд, ки баъзе обсабзҳои азимҷусса, масалан карами баҳрӣ (ламинария) на танҳо гази карбонатро аз атмосфера фурӯ мебарад, балки онро дар қаъри уқёнус «гӯр мекунад». Карами баҳрӣ дар баданаш ҳубобчаҳое дорад, ки ба туфайли он масофаҳои дуру дарозро тай карда метавонад. Вақте карами баҳрӣ аз соҳил дур мешавад, ин ҳубобчаҳо мекафанд ва худи обсабз, ки аз гази карбонат пур аст, ба қаъри баҳр мефарояд. Аз афташ, гази карбонат дар он ҷо садсолаҳо нигоҳ дошта мешавад.

  • Вақте аз сабаби вабои оламгири COVID-19 карантин ҷорӣ карда шуд, маълум гашт, ки ҳавои сахт ифлос худ аз худ тоза шуда метавонад. Соли 2020 вақте кори бисёр корхонаҳои саноатӣ боздошта шуд ва ҳаракати нақлиёт камтар гашт, дар тамоми дунё сифати ҳаво ба тезӣ беҳтар шуд. Мувофиқи «Ҳисоботи ҷаҳонӣ оид ба сифати ҳаво дар соли 2020» баъди оғози карантин дар беш аз 80 фоизи кишварҳое, ки дар тадқиқот иштирок варзиданд, ҳаво тозатар шуд.

Кадом чораҳо андешида мешаванд?

Истифодаи дучарха ба кам кардани ифлосшавии ҳаво мусоидат мекунад

Ҳукуматдорон аз корхонаҳои саноатӣ талаб карда истодаанд, ки барои кам кардани ифлосшавии ҳаво чораҳо андешанд. Олимон бошанд, роҳҳои нави тоза кардани ҳаворо ҷустуҷӯ мекунанд. Масалан, яке аз ин роҳҳо истифодаи микробҳое мебошад, ки чизҳои ифлоскуни ҳаворо ба моддаҳои безарар табдил медиҳанд. Илова бар ин, мутахассисон ба мардум тавсия медиҳанд, ки ба ҷойи мошин аз дучарха истифода кунанд, ё пиёда роҳ раванд ва дар хонаашон роҳҳои камтар истифода бурдани неруи барқро пайдо намоянд.

Баъзе кишварҳо барои кам кардани ифлосшавии ҳаво шаҳрвандони худро бо оташдони замонавӣ таъмин мекунанд, аммо он барои бисёриҳо то ҳол дастрас нест

Аммо ҳисоботи соли 2022, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ тартиб дода шуд, нишон медиҳад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо кофӣ нестанд.

Мувофиқи ин ҳисобот соли 2020 қариб сеяки аҳолии рӯйи замин барои тайёр намудани хӯрок асосан аз сӯзишворӣ ва таҷҳизоте истифода кардаанд, ки ҳаворо ифлос мекунад. Дар бисёр минтақаҳо танҳо шумораи ками одамон имкон доранд, ки оташдони замонавӣ харанд ё дигар намуди сӯзишвориро дастрас намоянд.

Китоби Муқаддас умед мебахшад

«Яҳува Худо — Офаридгори осмон... Худое, ки замин ва ҳар чиро дар он аст, ба вуҷуд овардааст, Худое, ки ба одамони рӯйи замин нафас... мебахшад, чунин мегӯяд» (Ишаъё 42:5).

Худо ҳавоеро, ки мо нафас мегирем ва равандҳои табииеро, ки онро тоза мекунанд, офаридааст. Ӯ қудрати бепоён дорад ва одамонро нағз мебинад. Барои ҳамин мо дилпур буда метавонем, ки ӯ ҳаворо аз ифлосиҳо тоза мекунад. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред.