ЧӢ ТАВР ДУШВОРӢ РЕШАКАН МЕГАРДАД?
Подшоҳии Худо сулҳу осоиштагӣ меорад
Ба қарибӣ Подшоҳии Худо, ки дер боз интизораш ҳастем, дар рӯйи замин сулҳу осоиштагиро барқарор мекунад. Чи хеле ки дар Забур 71:7 гуфта шудааст: «Сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд». Аммо Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар мекунад? Ин чӣ тавр мешавад? Ва ин Подшоҳӣ ба шумо чӣ фоида меорад?
ПОДШОҲИИ ХУДО КАЙ ҲУКМРОНИРО САР МЕКУНАД?
Дар Китоби Муқаддас якчанд воқеаҳое пешгӯйӣ шудаанд, ки онҳо аломати ба қарибӣ омадани Подшоҳии Худоро нишон медиҳанд. Ҷанги байни халқҳо, гушнагӣ, касалӣ, заминҷунбӣ ва зиёд шудани қонунвайронкунӣ воқеаҳои пайдарҳаме мебошанд, ки ин «аломат»-ро ташкил медиҳанд (Матто 24:3, 7, 12; Луқо 21:11; Ваҳй 6:2–8).
Дар пешгӯйии дигаре дар бораи хислати одамон чунин гуфта шудааст: «Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин, пулпараст... беитоат ба падару модар, кӯрнамак, бевафо, бемеҳр, номуросо, тӯҳматчӣ, бепарҳез, бераҳм, душмани некӣ... мағрур хоҳанд шуд, айшу ишратро бештар аз Худо дӯст хоҳанд дошт» (2 Тимотиюс 3:1–4). Ин гуна хислатҳо ҳамеша дар одамон дида мешуданд, лекин имрӯз онҳо хеле паҳн гаштаанд.
Ин пешгӯйиҳо аз соли 1914 ба иҷрошавӣ сар кард. Таърихшиносон, сиёсатмадорон ва нависандагон мегӯянд, ки баъди ҳамин сол ҷаҳон дар ҳақиқат хеле дигар шуд. Масалан, таърихшиноси даниягӣ Петер Мунх навишта буд: «Ҷанге, ки соли 1914 сар шуд, дар таърихи инсоният дигаргунии калон даровард. Мо аз замони дурахшони тараққиёт... ба замони мусибат, даҳшат, нафрат ва хавфу хатар дохил шудем».
Ин воқеаҳо аз як тараф ба мо умед мебахшанд, зеро, чуноне ки дар урфият мегӯянд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст». Онҳо нишон медиҳанд, ки ба қарибӣ Подшоҳии Худо ҳукмронии худро сар мекунад. Исо пешгӯйиеро, ки ба аломати охирзамон дахл дорад, бо чунин суханон тамом кард: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).
Ин хушхабар мавзӯи асосии хабари Шоҳидони Яҳува мебошад. Маҷаллаи асосии онҳо «Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад» ном дорад. Дар он мунтазам чизҳои аҷоибе, ки Подшоҳии Худо дар рӯйи замин барои одамизод мекунад, муҳокима карда мешавад.
ЧӢ ТАВР ПОДШОҲИИ ХУДО ҲУКМРОНИРО САР МЕКУНАД?
Ҷавоби ин савол чор чизи муҳимро дар бар мегирад:
-
Ин Подшоҳиро сиёсатмадорони ҷаҳон роҳбарӣ намекунанд.
-
Бо умеди аз даст надодани ҳокимият сиёсатмадорони ҷаҳон бехирадона зидди Подшоҳии Худо мебароянд (Забур 2:2–9).
-
Подшоҳии Худо ҳокимиятҳоеро, ки бар одамизод ҳукмронӣ карданро аз даст додан намехоҳанд, нест мекунад (Дониёл 2:44; Ваҳй 19:17–21). Ин ҷанги охирин Ҳармаҷиддӯн ном дорад (Ваҳй 16:14, 16).
-
Ҳамаи онҳое, ки ба Подшоҳии Худо бо омодагӣ итоат мекунанд, дар Ҳармаҷиддӯн наҷот ёфта дар дунёи нави осоишта зиндагӣ хоҳанд кард. Китоби Муқаддас онҳоро «мардуми сершумор» меномад, ки шумораашон ба миллионҳо мерасад (Ваҳй 7:9, 10, 13, 14).
ИН ПОДШОҲӢ БА ШУМО ЧӢ ФОИДА МЕОРАД?
Барои шаҳрванди Подшоҳии Худо гаштан қадами аввалин таълим гирифтан мебошад. Исо дар дуояш чунин гуфт: «Барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан лозим аст, ки дар бораи Ту, Худои ягонаи ҳақиқӣ, ва Исои Масеҳ, ки ӯро фиристодӣ, дониш гиранд» (Юҳанно 17:3).
Вақте ки одамон Яҳуваро мешиносанд, баракатҳои зиёд мегиранд. Биёед дутои онро дида бароем: Якум, онҳо имони мустаҳкамро инкишоф медиҳанд. Ин имон бар далелҳо асос ёфта боварӣ мебахшад, ки Подшоҳии Худо воқеӣ аст ва он ба қарибӣ ҳукмрониашро сар мекунад (Ибриён 11:1). Дуюм, муҳаббати онҳо ба Яҳува ва дигарон сахттар мешавад. Муҳаббат ба Худо онҳоро бармеангезад, ки ба Ӯ аз таҳти дил итоат кунанд. Муҳаббат ба дигарон бошад, онҳоро бармеангезад, ки аз рӯйи гуфтаҳои Исо амал кунанд, ки чунин аст: «Ҳамчунин, чи тавре ки мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ бо онҳо ҳамон тавр рафтор кунед» (Луқо 6:31).
Мисли падари меҳрубон, Офаридгорамон мехоҳад, ки ба мо чизи аз ҳама беҳтаринро диҳад. Ӯ мехоҳад, ки мо соҳиби ҳаёти ҳақиқӣ шавем (1 Тимотиюс 6:19). Ҳаёти имрӯзаро ҳаёти ҳақиқӣ гуфтан мумкин нест. Миллионҳо одамон барои зинда мондан мубориза мебаранд. Биёед баъзе корҳои аҷоиберо, ки Подшоҳии Худо барои шаҳрвандонаш мекунад, дида бароем, то дар бораи ҳаёти ҳақиқӣ тасаввурот пайдо кунем.