Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 112

Наҷотёфтагон дар Ҷазира

Наҷотёфтагон дар Ҷазира

НИГАР, киштӣ дар фалокат аст! Он пора–пора мешавад! Оё медонӣ, ки ин одамоне, ки худро ба об мепартоянд, кистанд? Баъзеи онҳо аллакай ба соҳил расидаанд. Ин мард тасодуфан Павлус набошад? Биё бифаҳмем, ки бо ӯ чӣ ҳодиса рӯй дод.

Ба ёд овар, Павлус ду сол дар маҳбаси Қайсария буд. Сипас ӯ ва баъзе маҳбусони дигарро ба киштӣ савор карда, ба Рум мефиристанд. Дар қарибии ҷазираи Крит тӯфони шадиде рӯй медиҳад. Шамол ба дараҷае сахту пурзӯр шуд, ки идора кардани киштӣ имконнопазир гашт. Рӯзона офтоб ва шабона ситораҳоро дида наметавонистанд. Дар охир, баъд аз рӯзҳои зиёд, киштибудагон умеди наҷот ёфтанашонро канданд.

Он гоҳ Павлус бархоста, мегӯяд: «Ҳеҷ касе аз шумо нобуд нахоҳад шуд, танҳо киштӣ шикаст хоҳад хӯрд. Имшаб фариштаи Худо пеши ман омада, гуфт: “Натарс, Павлус! Ту бояд бар ҳузури ҳокими Рум — қайсар ҳозир шавӣ. Ва Худо ҳамаи онҳоеро ки бо ту дар киштиянд, наҷот хоҳад дод”».

Рӯзи 14–уми тӯфон, тақрибан дар нимашаб, маллоҳон пай мебаранд, ки ҷуқурии об камтар шуда истодааст! Аз тарси он ки дар торикӣ ба ягон кӯҳпора назананд, онҳо лангарҳои киштиро ба об меандозанд. Субҳи рӯзи дигар, халиҷе ба чашмашон мерасад. Онҳо қарор медиҳанд, ки киштиро ба соҳил биронанд.

Хуб, ҳамин ки ба қарибии соҳил мерасанд, киштӣ ба реги канори баҳр бархӯрда, дармемонад. Баъд шиддати мавҷҳо киштиро пора–пора мекунад. Мирисаде, ки масъул буд, амр медиҳад: «Аввал ҳамаи онҳое ки шино карда метавонанд, ба об ҷаҳида, сӯи соҳил шино кунед. Боқимондаҳо бошанд, баъд аз онҳо ба об ҷаҳида, барои дар рӯи об нигоҳ доштани худ тахтапораҳои киштиро ба даст гиред». Онҳо ҳамин тавр мекунанд. Ва тамоми 276 нафари киштибудагон ҳамон тавре, ки фаришта ваъда дод, саломат ба соҳил мерасанд.

Ҷазирае ки ба он расиданд, Малта ном дорад. Мардуми он хеле меҳрубон буданд ва ба одамони киштӣ ғамхорӣ карданд. Ҳангоме ки иқлим беҳтар шуд, Павлусро ба киштии дигар савор карда, ба Рум мебаранд.