ҲИКОЯИ 78
Навиштаҷоти даст дар девор
ДАР ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Ин одамон базми бузурге оростаанд. Шоҳи Бобил ҳазорҳо меҳмононро даъват кардааст. Онҳо аз зарфҳои тиллоиву нуқрагине, ки аз Ерусалим, аз маъбади Яҳува оварда шудаанд, шароб менӯшанд. Вале ногаҳон, дасти одамӣ дар ҳаво пайдо шуда, дар девор бо ангушт менависад. Ранги рӯи ҳама меканад.
Ҳоло Балшасар, набераи Набукаднесар подшоҳ аст. Ӯ фарёд мекунад, ки тамоми хирадмандонашро ба назди вай оранд. «Ҳар касе ки ин навиштаҳоро хонда, маънояшро ба ман фаҳмонад, соҳиби инъомҳои зиёд хоҳад шуд ва ҳокими сеюм дар салтанат таъин хоҳад гардид»,— ваъда медиҳад подшоҳ. Аммо касе аз хирадмандони вай наметавонад, ки навиштаҳои деворро бихонад ва маънои онро ба подшоҳ фаҳмонад.
Ғавғо ба гӯши модари подшоҳ мерасад ва ӯ ба базмгоҳ меояд. «Хоҳиш мекунам, ин қадар ҳаросон нашав, дар мамлакати ту шахсе ҳаст, ки худоёни муқаддасро мешиносад. Бобоят Набукаднесар дар замони подшоҳияш ӯро бар сари ҳакимонаш раис монда буд. Номи вай Дониёл аст. Барои вай кас бифирист, ӯ ба ту маънои ҳамаи инро хоҳад гуфт»,— мегӯяд малика.
Дониёлро фавран ба ҳузури подшоҳ меоранд. Баъд аз рад кардани инъомҳо, Дониёл нақл мекунад, ки барои чӣ Яҳува боре Набукаднесар, бобои Балшасарро аз ҳокимияти салтанат дур карда буд. «Ӯ хеле мағрур буд, аз ин рӯ Яҳува ӯро ҷазо дод» — мефаҳмонад Дониёл ба Балшасар.
«Ва ту, гарчанде ки ҳамаи инро медонӣ, мисли Набукаднесар мағрурӣ. Ту зарфҳои маъбади Яҳуваро оварда, аз онҳо нӯшидӣ. Ту худоёни аз чӯбу санг сохташударо парастидӣ, аммо бар Офаридгори бузурги мо эҳтиром нагузоштӣ. Ана бо ин сабаб аз ҷониби Худо дасте фиристода шуд ва ин суханҳо навишта шуданд.
Ва ин аст навиштае ки тасвир ёфтааст: “МЕНЕ, МЕНЕ, ТЕКЕЛ ва ФАРСИН”.
Чунин аст маънои ин суханон: МЕНЕ — Худо айёми салтанати туро ҳисоб карда, ба он хотима додааст. ТЕКЕЛ — ту бар тарозу баркашида шудаӣ ва вазнат бағоят сабук баромадааст. ФАРСИН — салтанати ту ба Модай ва Форс дода шудааст»,— мегӯяд Дониёл.
Ҳанӯз Дониёл сухан мегуфт, ки қӯшунҳои давлатҳои Модай ва Форс ба Бобил ҳуҷум оварданд. Онҳо шаҳрро забт карда, Балшасарро куштанд. Навиштаҷоти даст дар девор, худи ҳамон шаб иҷро шуд! Аммо бо исроилиён акнун чӣ мешавад? Инро сонитар мефаҳмем, ҳоло бошад, биё бубинем, ки бо Дониёл чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.