Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 64

Сулаймон маъбад месозад

Сулаймон маъбад месозад

ДАР ҳини зиндагияш Довуд ба Сулаймон нақшаи сохтани маъбади Яҳуваро медиҳад. Дар соли чоруми ҳукмронияш, Сулаймон ба сохтани маъбад шурӯъ мекунад ва дар давоми ҳафту ним сол онро месозад. Дар сохтмони маъбад даҳҳо ҳазор нафар иштирок мекунанд ва маблағи зиёде барои он сарф мегардад, чунки дар сохтани бинои маъбад тиллову нуқраи зиёде истифода мешавад.

Маъбад мисли хаймаи муқаддас ду ҳуҷраи асосӣ дошт. Лекин ин ҳуҷраҳо аз ҳуҷраҳои хайма ду маротиба калонтар буданд. Сулаймон сандуқи аҳдро ба ҳуҷраи дохилӣ мегузорад ва чизҳои дигареро, ки то ҳол дар хайма нигоҳ дошта мешуданд, дар ҳуҷраи дуюм ҷойгир мекунад.

Вақте ки сохтмони маъбад анҷом меёбад, ҷашни бузурге баргузор мегардад. Чуноне ки дар расм тасвир шудааст, Сулаймон дар рӯбарӯи маъбад зону зада, дуо мегӯяд: «Агар ҳатто осмонҳо наметавонанд Туро ғунҷоиш диҳанд, чӣ хурд аст ин хонае, ки бароят бино шудааст. Валекин, эй Худованди ман, аз Ту илтиҷо мекунам, ҳангоме ки қавмат дар ин ҷо ба Ту дуо гӯянд, онҳоро бишнав».

Вақте ки Сулаймон гуфтани дуоро ба анҷом расонид, оташе аз осмон фуруд омада, ҳайвонҳоеро, ки ҳамчун қурбонӣ пешкаш шуда буданд, сӯзонд. Ва маъбадро нури Худованд пур кард. Ин шаҳодат бар он буд, ки Яҳува аз маъбад ва аз дуои Сулаймон хушнуд аст. Акнун ба ҷои хайма, маъбад макони ибодати мардум мешавад.

Сулаймон муддати тӯлоние хирадмандона ҳукмронӣ мекард ва мардум хушбахт буданд. Аммо ӯ бо занҳои зиёди аҷнабӣ, ки Яҳуваро намепарастиданд, издивоҷ мекунад. Дар расм мебинӣ, яке аз онҳо ба бут ибодат мекунад? Охиран, занҳои Сулаймон ӯро ба парастиши худоёни дигар моил карданд. Оё медонӣ, ки баъд аз ин чӣ мешавад? Сулаймон дигар ба мардум хуб муносибат намекунад. Ӯ ҳокими золим мегардад ва мардум мисли пештара дигар хурсанд набуданд.

Аз ин ҳама, Яҳува ба Сулаймон ғазаб мекунад ва ба ӯ чунин мегӯяд: «Ман салтанатро аз дасти ту гирифта ба дигаре хоҳам дод — на дар айёми зиндагият, балки дар вақти ҳукмронии писарат чунин хоҳам кард. Вале тамоми мардуми мамлакатро аз писарат нахоҳам гирифт». Биё бифаҳмем, ки чӣ гуна ин ҳодиса рӯй медиҳад.