Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 47

Дузд дар Исроил

Дузд дар Исроил

ИН МАРДРО бубин, ки чизеро дар хаймаи худ гӯр мекунад! Ҷомаи зебо, қурси тилло ва чанд сиқли нуқра... Ӯ онҳоро аз шаҳри Ериҳӯ гирифтааст. Аммо бо ҳама чизҳои Ериҳӯ чӣ кор кардан лозим буд? Дар ёдат ҳаст?

Онҳоро бояд нобуд мекарданд, тиллову нуқраро бошад, бояд ба ганҷинаи хаймаи Худованд медоданд. Аз ин мебарояд, ки ин шахсон гуфтаи Худоро иҷро накарданд. Онҳо чизеро гирифтанд, ки ба Худо тааллуқ дошт. Номи ин мард Охон аст ва касоне, ки бо вай ҳастанд, аҳли оилааш мебошанд. Биё бубинем, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.

Баъд аз оне ки Охон ин чизҳоро медуздад, Еҳушаъ чанд мардро барои ҷангидан ба муқобили шаҳри Ой мефиристад. Аммо онҳо дар набард шикаст мехӯранд. Баъзеҳо кушта мешаванд, дигарон бошанд рӯ ба гурез мениҳанд. Еҳушаъ хеле андӯҳгин мегардад. Ӯ рӯ ба замин афтода, ба Яҳува дуо мегӯяд: «Барои чӣ гузоштӣ, ки бо мо чунин шавад?»

Яҳува ҷавоб медиҳад: «Бархез! Исроил гуноҳ кард. Онҳо аз чизҳое гирифтанд, ки бояд нобуд мешуданд, ё ба хаймаи Худо дода мешуданд. Онҳо ҷомаи зебоеро дуздида, пинҳон карданд. То онҳоро ва ҳам касеро, ки ин чизҳоро дуздидааст, нобуд накунед, Ман шуморо баракат намедиҳам». Яҳува ба Еҳушаъ мегӯяд, ки кӣ будани ин одами бадро нишон хоҳад дод.

Аз ин рӯ, Еҳушаъ ҳамаи одамонро ҷамъ мекунад ва Яҳува ба он марди бад — Охон ишора мекунад. Охон мегӯяд: «Ман гуноҳ кардам, ҷомаи зебо, қурси тилло ва чанд сиқли нуқраро дидам ва хеле хостам, ки онҳоро соҳиб шавам ва онҳоро гирифтам ва дар хаймаи худ гӯр кардам».

Вақте ки ин чизҳоро ёфта, ба Еҳушаъ меоранд, ӯ ба Охон мегӯяд: «Барои чӣ ба сари мо фалокат овардӣ? Акнун Яҳува бар сари ту фалокат меорад!». Баъди ин суханҳо Охон ва аҳли оилаашро сангсор карда, мекушанд. Магар ин нишон намедиҳад, ки ҳеҷ гоҳ чизҳои ба мо тааллуқ надоштаро набояд бигирем?

Пас аз ин, Исроил боз ба муқобили шаҳри Ой мебарояд. Ин дафъа, Яҳува ба қавми худ ёрӣ мерасонад ва онҳо дар набард ғолиб мешаванд.