Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 3

Аз замони раҳоӣ аз Миср то подшоҳи аввалини Исроил

Аз замони раҳоӣ аз Миср то подшоҳи аввалини Исроил

Мусо исроилиёнро аз ғуломии Миср то кӯҳи Сино роҳнамоӣ кард, ки дар он ҷо Худо ба исроилиён қонунҳояшро дод. Баъдтар Мусо 12 нафар мардонро барои ҷосусӣ ба сарзамини Канъон фиристод. Лекин 10 нафари онҳо бо хабарҳои бад баргаштанд. Онҳо сабабгор шуданд, ки қавм ба Миср баргаштанро хост. Барои ин беимонияшон Худо исроилиёнро ҷазо дод; онҳо 40 сол дар биёбон саргардон шуданд.

Саранҷом, Еҳушаъ барои роҳнамоии исроилиён ба сарзамини Канъон интихоб шуд. То ки соҳиби ин сарзамин шаванд, Яҳува бо мӯъҷизаҳо ба исроилиён ёрӣ медод. Худо чунон кард, ки маҷрои дарёи Ӯрдун боздошта шуд, деворҳои Ериҳӯ ғалтиданд, офтоб дар давоми рӯз дар ҷояш нигоҳ дошта шуд. Баъд аз шаш сол, билохир ин сарзамин аз дасти канъониён гирифта шуд.

Аз замони Еҳушаъ сар карда, Исроилро дар муддати 356 сол доварон идора мекарданд. Мо дар бораи бисёре аз онҳо хоҳем фаҳмид; Бороқ, Ҷидъӯн, Йифтоҳ, Шимшӯн ва Самуил. Ҳамчунин дар бораи занҳои аз қабили Роҳоб, Дебӯро, Ёил, Рут, Ноомӣ ва Далило хоҳем хонд. Ҳамагӣ, қисми сеюм 396 соли таърихро дар бар мегирад.