Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 33

Убур кардан аз Баҳри Сурх

Убур кардан аз Баҳри Сурх

БУБИН, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад! Мусо асои худро ба сӯи Баҳри Сурх дароз мекунад. Онҳое, ки дар тарафи бехатар истодаанд, исроилиён мебошанд. Лекин фиръавн ва қӯшуни ӯ дар баҳр ғарқ мешаванд. Биё бубинем, ки ин ҳодиса чӣ хел ба вуқӯъ омад.

Ҳамон тавре ки омӯхтем, баъд аз балои 10–уме, ки Худо бар сари мисриён овард, фиръавн ба исроилиён фармуд, ки Мисрро тарк кунанд. Тақрибан ба миқдори 600 000 мардони исроилӣ ва боз занону кӯдакони бисёре аз Миср баромаданд. Ҳамчунин, шумораи зиёди одамоне, ки ба Яҳува имон оварданд, бо исроилиён Мисрро тарк карданд. Ҳамаи онҳо галаҳои гӯсфандону бузон ва говҳояшонро низ бо худ бурданд.

Исроилиён пеш аз рафтанашон аз мисриён либосҳо ва чизҳои тиллоиву нуқрагин пурсиданд. Мисриён аз охирин балое, ки ба сарашон омад, хеле тарсида буданд. Бинобар ин, ба исроилиён ҳар чизи хостаи онҳоро медоданд.

Баъд аз чанд рӯз исроилиён ба соҳили Баҳри Сурх расиданд. Дар он ҷо дам гирифтанӣ шуданд. Дар давоми ин вақт, фиръавн ва навкарони ӯ аз он ки исроилиёнро ҷавоб доданд, пушаймон шуданд. «Мо гузоштем, ки ғуломонамон раванд!» — мегуфтанд онҳо.

Фиръавн бори дигар қарори худро дигар мекунад. Ӯ зуд аробаҳои ҷангӣ ва лашкарашро тайёр менамояд. Ва бо аробаҳои худ, ки дар байни онҳо 600 аробаи махсус буд, ба таъқиби исроилиён мебарояд.

Вақте исроилиён фиръавн ва лашкарашро диданд, ки аз қафои онҳо метозанд, хеле тарсиданд. Роҳи гурез набуд; дар як тараф Баҳри Сурх, дар тарафи дигар мисриёне, ки торафт наздик мешуданд. Лекин Яҳува дар байни халқи худ ва мисриён абр гузошт. Ва мисриён, ки акнун исроилиёнро намедиданд, ба онҳо ҳамла карда наметавонистанд.

Он гоҳ Яҳува ба Мусо гуфт, ки асояшро ба сӯи Баҳри Сурх дароз кунад. Вақте ки Мусо ҳамин тавр кард, Яҳува шамоли сахтеро аз тарафи шарқ вазонд. Обҳои баҳр аз ҳам ҷудо шуда, дар ду тараф нигоҳ дошта шуданд.

Баъд аз ин, исроилиён рӯ–рӯи қаъри хушки баҳр равона шуданд. Чанд соат вақт лозим шуд, ки миллионҳо нафар бо ҳайвоноташон саломат ба тарафи дигари баҳр гузаранд. Дар охир исроилиён боз ба назари мисриён намудор шуданд. Ғуломони онҳо мегурезанд! Мисриён саросема аз қафои онҳо ба баҳр тохтанд.

Вақте ки дохили баҳр шуданд, Худо чархҳои аробаҳояшонро баровард. Мисриён сахт тарсиданд ва ба фарёдзанӣ даромаданд: «Яҳува барои исроилиён ба муқобили мо ҷанг мекунад. Биёед аз ин ҷо бароем!». Аммо аллакай хеле дер шуда буд.

Дар расм маҳз ҳамон лаҳзае, ки Мусо дубора асои худро ба сӯи Баҳри Сурх дароз мекунад, тасвир шудааст. Ва ҳангоме ки Мусо чунин кард, деворҳои обӣ ба маҷрои худ баргаштанд ва мисриёну аробаҳояшонро ғарқ карданд. Тамоми лашкаре, ки исроилиёнро то даруни баҳр таъқиб кард, нест шуд; ягон нафар мисрӣ зинда намонд.

Халқи Худо аз наҷот ёфтанаш чӣ қадар хурсанд буд! Мардон сурудҳои шукрона ба Яҳува мехонданд: «Яҳува бо ҷалол пирӯз шудааст. Аспҳо ва саворонашонро ба дарё андохтааст». Хоҳари Мусо — Марям, дафро ба даст гирифт ва ҳамаи занҳо низ аз паи ӯ бо хурсандӣ дафзанону рақскунон ба сароидани ҳамон суруде даромаданд, ки мардон мехонданд: «Яҳува бо ҷалол пирӯз шудааст. Аспҳо ва саворонашонро ба дарё андохтааст».

Хуруҷ бобҳои аз 12 то 15.