ҲИКОЯИ 14
Худо имони Иброҳимро меозмояд
МЕБИНӢ, ки Иброҳим чӣ кор мекунад? Ӯ дар даст корд дорад ва зоҳиран писари худро куштанӣ аст. Барои чӣ ӯ ин корро карданист? Биё аввал бубинем, ки чӣ гуна Иброҳим ва Соро писардор шуданд.
Дар ёд дорӣ, Худо ба онҳо ваъда дода буд, ки соҳиби писар хоҳанд шуд. Лекин ин ба назар ғайриимкон менамуд, чунки Иброҳиму Соро хеле пир шуда буданд. Ба ҳар ҳол, Иброҳим боварӣ дошт, ки Худо ба кардани коре, ки ғайриимкон менамояд, қодир аст. Хуб, чӣ воқеае рӯй медиҳад?
Аз он рӯзе, ки Худо ин ваъдаро дод, як сол сипарӣ гашт. Дар 100–солагии Иброҳим ва 90–солагии Соро, онҳо соҳиби писаре бо номи Исҳоқ шуданд. Худо ваъдаи худро иҷро кард!
Вақте ки Исҳоқ калонтар шуд, Яҳува имони Иброҳимро озмуд. Ӯ ба Иброҳим гуфт: «Эй Иброҳим!». Иброҳим ҷавоб дод: «Лаббай!». Худо гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст,— Исҳоқро бигир ва ба кӯҳе, ки ба ту нишон медиҳам, бирав. Дар он ҷо писари худро бикуш ва ӯро ҳамчун қурбонӣ тақдим кун».
Ин суханҳо Иброҳимро бисёр ғамгин карданд, чунки ӯ писари худро хеле дӯст медошт. Ва дар хотир дорӣ, Худо ваъда дода буд, ки фарзандони Иброҳим замини Канъонро мерос хоҳанд гирифт. Вале агар ҳоло Исҳоқ бимирад, ин ваъдаи Худо чӣ гуна иҷро мешавад? Ҳарчанд Иброҳим инро намефаҳмид, ӯ ба Худо итоат кард.
Вақте ки Иброҳим ба кӯҳ расид, Исҳоқро баст ва ба рӯи қурбонгоҳе ки худ сохта буд, гузошт. Баъд ӯ кордро гирифт, то писарашро кушад. Вале ҳамон лаҳза фариштаи Худо садо кард: «Иброҳим, Иброҳим!». Ва Иброҳим ҷавоб дод: «Дар ин ҷоям!».
«Ба писар осебе нарасон ва бо ӯ ҳеҷ чиз накун,— гуфт Худо.— Акнун медонам, ки ба Ман имон дорӣ, зеро ки писари ягонаи худро аз Ман дареғ надоштӣ».
Чӣ қадар қавӣ буд имони Иброҳим ба Худо! Ӯ боварӣ дошт, ки барои Яҳува ҳеҷ кори ғайриимконе нест ва Яҳува ҳатто ба зинда кардани Исҳоқ қодир аст. Аммо Худо дар асл намехост, ки Иброҳим Исҳоқро кушад. Бинобар ин, Худо чунон кард, ки дар наздикии онҳо, дар буттае гӯсфанд дармонд ва Ӯ ба Иброҳим фармуд, ки онро ба ҷои писараш қурбонӣ кунад.