Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 48

Исоро дубора дар Носира рад мекунанд

Исоро дубора дар Носира рад мекунанд

МАТТО 9:27–34; 13:54–58 МАРҚӮС 6:1–6

  • ИСО КӮРОН ВА ГУНГОНРО ШИФО МЕБАХШАД

  • ДАР НОСИРА ӮРО РАД МЕКУНАНД

Ин рӯз барои Исо серташвиш буд. Баъди он ки Исо аз сафари Декаполис омад, ӯ занеро, ки гирифтори хунравӣ буд, шифо бахшид ва духтари Ёирро зинда кард. Лекин рӯз ҳанӯз ба охир нарасидааст. Вақте Исо аз хонаи Ёир меояд, ду марди кӯре аз пасаш равона шуда, фарёдзанон мегӯянд: «Эй Писари Довуд, ба мо раҳм кун!» (Матто 9:27).

Барои чӣ ин мардон Исоро «Писари Довуд» меноманд? Бо ин онҳо боварии худро ба он ки Исо вориси тахти Довуд, яъне Масеҳ, мебошад, нишон медиҳанд. Исо бошад, гӯшашро ба карӣ мезанад. Шояд, ӯ дидан мехоҳад, ки ин хоҳиши онҳо то чӣ андоза сахт аст. Лекин онҳо аз он ҷо рафтанӣ нестанд. Вақте Исо ба хонае медарояд, он мардони кӯр аз пасаш меоянд. Исо аз онҳо мепурсад:

— Оё имон доред, ки ман шуморо шифо дода метавонам? Онҳо бо боварӣ ба ӯ ҷавоб медиҳанд:

— Бале, Ҳазрат, имон дорем.

Он гоҳ Исо ба чашмони онҳо даст расонда, мегӯяд:

— Бигзор мувофиқи имонатон шавад (Матто 9:28, 29).

Ҳамон замон онҳо бино мешаванд! Чун ҳарвақта Исо ба ин мардон ҳам мефармояд, ки дар ин бора ба касе гап назананд. Лекин онҳо чунон шоду хурсанданд, ки ин хабарро дар ҳама ҷо паҳн мекунанд.

Вақте ин мардон мераванд, ба назди Исо шахсеро меоранд, ки гунг асту дев дорад. Исо девро берун мекунад ва мард дарҳол ба гап медарояд. Мардум аз ин дар ҳайрат монда мегӯянд: «Дар Исроил ҳеҷ кас чизи ба ин монандро надидааст». Фарисиён ҳам инро мебинанд. Онҳо мӯъҷизаҳои Исоро рад карда наметавонанд, барои ҳамин боз мисли пештара мегӯянд: «Ӯ девҳоро ба воситаи ҳокими девҳо берун мекунад» (Матто 9:33, 34).

Каме баъд Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба диёри худ — Носира меравад. Тахминан як сол пеш Исо дар ибодатгоҳи ин шаҳр таълим дода буд. Дар аввал мардум аз таълими ӯ ба ҳайрат омада буданд, лекин баъдтар аз гуфтаҳои ӯ дарғазаб шуда қасди куштани ӯро карданд. Ҳоло бошад, Исо боз кӯшиш мекунад, ки ба ҳамдиёронаш кӯмак кунад.

Рӯзи шанбе Исо ба ибодатгоҳ меравад ва одамонро таълим медиҳад. Бисёриҳо ҳайрон шуда мепурсанд: «Ӯ аз куҷо ин қадар хирад дорад ва қудрати ба амал овардани мӯъҷизаҳоро аз куҷо пайдо кардааст?» Онҳо мегӯянд: «Магар ӯ писари дуредгар нест? Оё номи модараш Марям ва номи бародаронаш Яъқуб, Юсуф, Шимъӯн ва Яҳудо нест? Магар ҳамаи хоҳаронаш бо мо дар ин ҷо зиндагӣ намекунанд? Пас, ӯ ҳамаи ин хираду қудратро аз куҷо ёфтааст?» (Матто 13:54–56).

Дар назари одамон Исо як марди одии носирӣ аст. Онҳо чунин фикр мекунанд: «Охир, ӯ дар пеши чашми мо калон шуд. Чӣ тавр ӯ Масеҳ буда метавонад?» Азбаски мардуми Носира Исоро хуб мешиносанд, онҳо ба хиради бузург ва мӯъҷизаҳои аҷоибаш нигоҳ накарда ӯро рад мекунанд. Ҳатто хешу табори наздикаш ба ӯ имон намеоранд. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Пайғамбар дар ҳама ҷо қадр дошта бошад ҳам, дар зодгоҳи худ ва дар назари аҳли хонаводаи худ қадре надорад» (Матто 13:57).

Исо аз беимонии онҳо дар ҳайрат мемонад. Ӯ дар он ҷо ягон мӯъҷизае ба амал намеорад, «ғайр аз он ки ба якчанд бемор дасташро гузошта онҳоро шифо» медиҳад (Марқӯс 6:5, 6).