БОБИ 35
Мавъизаи болои кӯҳ
-
МАВЪИЗАИ МАШҲУРИ ИСО
Исо шаби дароз ба Худо дуо гуфт ва баъд аз ин 12 расулашро интихоб кард. Бешак, ӯ хаста шудааст. Бо вуҷуди ин ӯ мехоҳад бо тамоми қувваташ ба одамон ёрдам кунад. Барои ҳамин ӯ ба кӯҳе меравад, ки дар минтақаи Ҷалил, дар наздикии ҷойи асосии хизматаш — Кафарнаҳум, ҷойгир аст.
Одамон аз ҷойҳои дур ба назди Исо меоянд. Баъзеҳо аз ҷануб, аз Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудия, меоянд. Дигарон бошанд — аз Сӯр ва Сидӯн, аз шаҳрҳое, ки дар соҳили баҳр, дар шимолу ғарб ҷойгиранд. Онҳо барои чӣ назди Исо меоянд? «То ӯро шунаванд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд». Танҳо тасаввур кунед: ҳеҷ як беморе нест, ки Исо ӯро шифо надиҳад. Исо ҳамчунин онҳоеро, ки «аз рӯҳҳои нопок азоб мекашиданд», яъне касонеро, ки дар банди девҳои Шайтонанд, шифо мебахшад (Луқо 6:17–19).
Баъди ин Исо ҷойи ҳамвореро ёфта, мешинад ва дар гирди ӯ мардуми бисёре ҷамъ мешавад. Аз афташ, шогирдони Исо, аз он ҷумла 12 расулаш, ба ӯ наздиктар мешинанд. Одамон аз мӯъҷизаҳои Исо ба ҳайрат омадаанд. Акнун онҳо бо шавқ интизори онанд, ки ӯ чӣ мегӯяд. Исо насиҳатҳои бисёре медиҳад, ки то имрӯз ба бисёр одамон фоида овардаанд. Мо низ метавонем аз мавъизаи ӯ баҳра барем, чунки ӯ мавзӯъҳои муҳими ҳаёт ва ҳақиқати Худоро ба таври сода фаҳмондааст. Исо дар бораи чизҳои одӣ ва ба одамон шинос гап мезанад. Ҳамин тавр ҳар як нафар ба осонӣ мефаҳмад, ки чӣ тавр ӯ бояд хости Худоро иҷро кунад ва ҳаёти худро беҳтар созад. Фикрҳои асосии Мавъизаи болои кӯҳ кадоманд? Биёед мебинем.
КӢ ДАР ҲАҚИҚАТ ХУШБАХТ АСТ?
Ҳама мехоҳад хушбахт бошад. Исо инро медонад ва барои ҳамин гапро аз он сар мекунад, ки киро хушбахт номидан мумкин аст. Шунавандагонаш бо тамоми диққат ба суханони ӯ гӯш медиҳанд. Лекин баъзе гапҳои Исо одамонро ба ҳайрат меоранд.
Ӯ мегӯяд: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, зеро Подшоҳии осмон аз они онҳост. Хушбахтанд мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд... Хушбахтанд ташнагони адолат, зеро хоҳиши онҳо қонеъ мегардад... Хушбахтанд онҳое, ки аз сабаби дуруст рафтор карданашон таъқиб карда мешаванд, зеро Подшоҳии осмон аз они онҳост. Хушбахтед шумо, вақте ба хотири ман одамон шуморо паст мезананд, таъқиб мекунанд... Шоду хурсанд бошед» (Матто 5:3–12).
Лекин хушбахтӣ чист? Хушбахтии ҳақиқӣ фақат шоду хуррам буданро дар бар намегирад. Он чизи бештарест. Шахси хушбахт оромии дарунӣ дорад ва аз ҳаёти худ розиву қаноатманд аст.
Исо мегӯяд, ки касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро мефаҳманд, касоне, ки аз гунаҳгор буданашон ғамгинанд, ва касоне, ки ба Худо наздик мешаванду ба Ӯ хизмат мекунанд, дар ҳақиқат хушбахтанд. Агар онҳоро ба хотири иҷрои хости Худо бад бинанду таъқиб кунанд, пас, онҳо хушбахтанд. Барои чӣ? Чунки онҳо медонанд, ки Худо аз рафторашон розист ва ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад.
Лекин бисёр одамон фикр мекунанд, ки бою бадавлат будан ва аз хушиҳои ҳаёт баҳра бурдан ба кас хушбахтӣ меорад. Исо тарзи фикри шунавандагонашро ислоҳ карда мегӯяд: «Вой бар ҳоли шумо, эй онҳое, ки сарватманд ҳастед, зеро тасаллои худро ба пуррагӣ ёфтаед. Вой бар ҳоли шумо, эй онҳое, ки ҳоло сер ҳастед, зеро гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй онҳое, ки Луқо 6:24–26).
ҳоло механдед, зеро мотам гирифта, гиря хоҳед кард. Вой бар ҳоли шумо, вақте ки одамон шуморо таърифу тавсиф мекунанд, зеро падарони онҳо низ нисбати пайғамбарони бардурӯғ чунин мекарданд» (Магар бой будан, аз таҳти дил хандидан ва аз одамон таъриф шунидан ягон бадӣ дорад? Не, лекин вақте ин чизҳо барои кас аз ҳад азизанд, ӯ дар бораи хизмати Худо фаромӯш мекунад ва хушбахтии ҳақиқиро аз даст дода метавонад. Исо ҳамчунин дар назар надорад, ки камбағал ё гурусна будан касро хушбахт месозад. Лекин одатан маҳз чунин одамон ба суханони Исо гӯш медиҳанд ва хушбахтии ҳақиқиро соҳиб мешаванд.
Акнун Исо ба шогирдони худ муроҷиат карда мегӯяд: «Шумо намаки ҷаҳон ҳастед» (Матто 5:13). Албатта, онҳо ба маънои аслӣ намак нестанд. Исо ин ҷо ба як хосияти хуби он ишора мекунад: намак хӯрокаро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад. Одатан дар назди қурбонгоҳи маъбади Худо барои намак задани қурбониҳо намаки бисёре нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин намак рамзи пок будан аз пӯсиш ва вайроншавӣ мебошад (Ибодат 2:13; Ҳизқиёл 43:23, 24). Шогирдони Исо ба он маъно «намаки ҷаҳон» ҳастанд, ки онҳо ба дигарон таъсири хуб мерасонанд, то ҳам ахлоқ ва ҳам муносибаташон бо Худо вайрон нашавад. Хабаре, ки онҳо ба одамон мерасонанд, ҳаёташонро наҷот медиҳад.
Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Шумо нури ҷаҳон ҳастед». Одамон чароғро зери сабад неву дар чароғпоя мемонанд, то ки тамоми хонаро равшан кунад. Барои ҳамин Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад, то онҳо корҳои некатонро дида Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҷалол диҳанд» (Матто 5:14–16).
ШОГИРДОНИ ИСО БОЯД ЧӢ ТАВР РАФТОР КУНАНД?
Каме пеш сарварони дини яҳудӣ Исоро куштан мехостанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ӯ Шариати Худоро вайрон мекунад. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Фикр накунед, ки ман барои бекор кардани Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон омадаам. Ман на барои бекор кардан, балки барои иҷро намудани онҳо омадаам» (Матто 5:17).
Исо Шариати Худоро қадр мекунад ва дигаронро ҳам ташвиқ мекунад, ки онро қадр намоянд. Барои ҳамин ӯ чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ яке аз амрҳои хурдтарини Шариатро вайрон карда, ба дигарон Матто 5:19).
ҳам инро таълим диҳад, ба Подшоҳии осмон даромада наметавонад. Лекин ҳар кӣ ин амрҳоро иҷро кунад ва онҳоро ба дигарон таълим диҳад, метавонад ба Подшоҳии осмон дохил шавад» (Исо на фақат рафтори нопок, балки тарзи фикри нодурустро, ки оқибати он гуноҳ ва вайрон намудани Шариат аст, маҳкум мекунад. Ӯ ин ҳукми Шариатро ба одамон хотиррасон мекунад: «Ба одамкушӣ даст назан». Баъд ӯ илова мекунад: «Касе, ки нисбати бародараш хашмгин шаваду ин ҳиссиётро дар дилаш гирифта гардад, дар назди додгоҳ ҷавоб медиҳад» (Матто 5:21, 22). Агар шахс нисбати касе хашмгин шавад ва ин ҳиссиётро дар дил нигоҳ доштан гирад, ӯ ба одамкушӣ даст зада метавонад. Барои ҳамин Исо қайд мекунад, ки оштӣ шудан хеле муҳим аст: «Пас, агар вақти назди қурбонгоҳ овардани ҳадияи худ ба хотират ояд, ки бародарат аз ту хафа аст, ҳадияи худро он ҷо мону аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав ва баъд баргашта, ҳадияатро пешкаш намо» (Матто 5:23, 24).
Қонуни дигари Шариати Худо хиёнати ҳамсариро манъ мекунад. Исо дар ин бора мегӯяд: «Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ба ҳамсарат хиёнат накун”. Аммо ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ карданро давом диҳад, аллакай дар дили худ бо вай зино кардааст» (Матто 5:27, 28). Аҳамият диҳед, ки Исо «нигоҳ кунад» неву «нигоҳ карданро давом диҳад» мегӯяд. Пас, ӯ дар бораи фикри зудгузар гап намезанад. Ин ҷо гап дар бораи фикру хаёли дурудароз меравад. Агар шахс дурудароз бо чашми шаҳватомез ба касе нигоҳ кунад, дар дилаш хоҳиши гунаҳкорона аланга мезанад. Ҳамин ки имконият пайдо шавад, ӯ метавонад зино кунад. Инро чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст? Дарҳол ва бо қатъият амал кардан даркор аст. Исо мегӯяд: «Агар чашми ростат сабаби гуноҳ кардани ту шавад, онро канда парто... агар дасти ростат сабаби гуноҳ кардани ту шавад, онро бурида парто» (Матто 5:29, 30).
Баъзан одамон барои наҷот додани ҷони худ, аз баҳри даст ё пое, ки гирифтори бемории ҷиддӣ аст, мегузаранд. Барои ҳамин Исо мегӯяд, ки ҳар чизеро, ки метавонад дар мо фикри шаҳвониро бедор кунад ва моро ба гуноҳ тела диҳад, аз он ҷумла чизҳои бароямон азизро, ба мисли чашм ё даст, канда партоем. Исо мегӯяд: «Беҳтар аст, ки аз як узват маҳрум шавӣ, назар ба он ки тамоми баданат ба водии Ҳиннӯм партофта шавад». Водии Ҳиннӯм водиест берун аз деворҳои Ерусалим, ки дар он ҳар гуна партов сӯзонда мешуд. Исо онро ҳамчун рамзи нестшавии абадӣ истифода бурдааст.
Исо ҳамчунин мегӯяд, ки вақте касе моро меранҷонад ё озор медиҳад, чӣ кор кунем: «Ба шахси бад муқобилат накун, балки, агар касе ба як тарафи рӯят торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятро низ ба ӯ гардон» (Матто 5:39). Исо дар назар надорад, ки вақте касе ба мо ё оилаамон ҳамла мекунад, мо набояд худро ҳимоя кунем. Вақте шахс торсакӣ ё шапалоқ мезанад, мақсадаш захмдор кардан ё куштани касе нест, балки паст задан аст. Барои ҳамин, агар ягон кас бо суханони нешдор ё торсакӣ хоҳад моро ба ҷанг ё баҳс тела диҳад, мо набояд бо бадӣ ҷавоб диҳем.
Ин маслиҳат мувофиқи қонуни Худост, ки мегӯяд, ки шахс бояд ёри худро дӯст дорад. Исо ба шунавандагони худ чунин маслиҳат медиҳад: «Душманони худро дӯст доред ва дар ҳаққи таъқибкунандагони худ дуо гӯед». Баъд ӯ мефаҳмонад, ки барои чӣ ин муҳим аст: «То шумо писарони Падари осмонии худ гардед, зеро Ӯ офтобро ҳам ба бадон ва ҳам ба некон тулӯъ мекунонад» (Матто 5:44, 45).
Исо ин маслиҳатҳояшро чунин хулоса мекунад: «Комил бошед, чуноне ки Падари осмонии шумо комил аст» (Матто 5:48). Албатта, ҳеҷ яке аз мо комил буда наметавонем ва Исо инро медонист. Лекин, вақте мо аз Худо ибрат мегирем, ба он дараҷа расида метавонем, ки ҳатто душманони худро дӯст дорем. Ин суханони Исо дар ояти дигаре ин тавр оварда шудаанд: «Раҳмдил бошед, чуноне ки Падари шумо раҳмдил аст» (Луқо 6:36).
ДУО ВА ТАКЯ БА ХУДО
Исо суханашро давом дода мегӯяд: «Эҳтиёт шавед, то барои ҷалб кардани диққати одамон росткориатонро дар пеши онҳо нишон надиҳед». Исо ба шунавандагон маслиҳат медиҳад, ки корҳои некашонро намоиш надиҳанд: «Вақте ки садақа медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, мисли он ки дурӯягон... мекунанд» (Матто 6:1, 2).
Исо боз мегӯяд: «Вақте ки дуо мегӯед, мисли дурӯягон рафтор накунед, зеро ба онҳо маъқул аст, ки дар ибодатгоҳҳо ва дар сари чорраҳаҳои калон истода дуо гӯянд, то одамон онҳоро бинанд». Пас, чӣ тавр бояд дуо гуфт? Исо мегӯяд: «Вақте дуо мегӯӣ, ба хонаи худ даромада, дарро маҳкам кун ва ба Падари худ, ки нонамоён аст, дуо гӯй» (Матто 6:5, 6). Исо дар назар надорад, ки дар пеши мардум дуо гуфтан мумкин нест, чунки худаш борҳо чунин кардааст. Ӯ мегӯяд, ки шахс набояд барои он дуо гӯяд, ки дигарон ба ӯ таҳсину офарин хонанд.
Исо ба мардум мегӯяд: «Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Матто 6:7). Исо дар назар надорад, ки як чизро аз Худо якчанд бор пурсидан мумкин нест. Ӯ гуфтанист, ки мо набояд як чизро қориазёд карда, «гаштаву баргашта» онро такрор кунем. Баъд ӯ ба мардум дуоеро таълим медиҳад, ки аз ҳафт дархост иборат аст. Се дархости аввал бо ҳуқуқи Ҳокими Олам будани Худо ва нияти Ӯ алоқаманд аст. Яъне аввал дар бораи муқаддас гаштани номи Худо, омадани Подшоҳии Ӯ ва иҷро шудани хости Ӯ дуо гуфтан лозим аст. Танҳо баъди ёдовар шудани чунин чизҳо шахс метавонад дар бораи ниёзҳои худ, ба мисли ризқу рӯзӣ, бахшиши гуноҳҳо, берун аз қувват озмуда нашудан ва халосӣ аз Шайтон, дуо гӯяд.
Чизу чора бояд то чӣ андоза бароямон муҳим бошад? Исо ба мардум мегӯяд: «Барои худ дар Матто 6:19–21).
замин боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо онҳоро куя ва занг мезанад ва дуздон даромада, медузданд». Ин суханон ҳаққанду рост! Моли дунё гузарон аст ва он дар назари Худо қадре надорад. Барои ҳамин Исо илова мекунад: «Дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед». Боигарӣ доимӣ нест, марҳамати Худо бошад, абадист. Барои ҳамин мо бояд хизмати Худоро дар ҷойи аввали ҳаётамон монем. Агар ин тавр кунем, моро аз марҳамати Худо ҳеҷ кас маҳрум карда наметавонад. Ғайр аз ин, мо соҳиби ҳаёти ҷовидона мешавем. Исо мегӯяд: «Боигарии шумо дар куҷое бошад, дилатон низ дар ҳамон ҷо хоҳад буд» (Ин фикрро қайд карда Исо мисоле меорад: «Чароғи бадан чашм аст. Пас, агар чашмат танҳо ба як чиз равона шуда бошад, тамоми баданат равшан хоҳад буд. Лекин, агар чашми ту ҳасадхӯр бошад, он гоҳ тамоми баданат торик хоҳад буд» (Матто 6:22, 23). Маънои ин суханон чунин аст: агар хоҳем, ки баданамон «равшан» бошад, бояд чашмамон, яъне диққатамонро, ба чизи асосӣ равона кунем. Ин чизи асосӣ чист? Хизмат ба Худо. Аммо, вақте шахс диққати худро ба хизмати Худо нею ба пулу мол равона мекунад, тамоми баданаш «торик хоҳад буд» ва ӯ ба корҳои баду нодуруст даст зада метавонад.
Баъд Исо мисоли дигаре меорад: «Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед» (Матто 6:24).
Шояд, баъзе аз мардум дар бораи он ғам мехӯранд, ки чӣ тавр худро таъмин кунанд. Барои ҳамин Исо ба онҳо мегӯяд, ки агар хизмати Худоро дар ҷойи аввал монанд, ба онҳо дар ин бора ғаму ташвиш хӯрдан лозим намеояд. Ӯ мегӯяд: «Ба паррандагони осмон бодиққат назар кунед — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзиашонро мерасонад» (Матто 6:26).
Матто 6:29, 30). Исо онҳоро ташвиқ мекунад: «Ҳеҷ гоҳ ташвиш кашида нагӯед, ки “чӣ хӯрем?” ё “чӣ нӯшем?” ё “чӣ пӯшем?”... Падари осмониатон ба ҳамаи ин чизҳо мӯҳтоҷ будани шуморо медонад. Пас, ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред, он гоҳ ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:31–33).
Дар бораи савсанҳои саҳро, ки одамон дар гирду атрофи худ мебинанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Исо мегӯяд: «Ҳатто Сулаймон дар тамоми ҷалоли худ мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд». Ин чӣ маъно дорад? «Агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, ин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, пӯшонида натавонад?» (ЧӢ ТАВР СОҲИБИ ҲАЁТ ШАВЕМ?
Расулон ва дигар одамони самимӣ мехоҳанд тавре зиндагӣ кунанд, ки Худо аз онҳо розӣ бошад. Лекин дар вазъияти онҳо ин кор осон нест, чунки аксарият ин тавр намекунанд. Масалан, бисёри фарисиён танқидчиянд ва доимо айбҷӯйӣ мекунанд. Барои ҳамин Исо ба мардум насиҳат медиҳад: «Дигар ҳукм накунед, то ҳукм карда нашавед, зеро, чи тавре ки шумо ҳукм мекунед, ҳамон тавр ҳукм карда хоҳед шуд» (Матто 7:1, 2).
Ба фарисиёни танқидчӣ пайравӣ кардан хатарнок аст. Инро суханони зерини Исо исбот мекунанд: «Оё кӯре ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар ду ба чоҳ намеафтанд?» Пас, шунавандагони Исо нисбати дигарон бояд чӣ гуна муносибат кунанд? Онҳо набояд айбҷӯй бошанд, чунки айбҷӯйӣ гуноҳ аст. Ӯ мегӯяд: «Чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: “Иҷозат деҳ хасеро, ки дар чашми туст, гирам”, модоме ки чӯби дар чашми худат бударо намебинӣ? Эй дурӯя! Аввал чӯби чашми худатро гир ва он вақт нағзтар мебинӣ, ки чӣ тавр хасеро, ки дар чашми бародарат аст, гирӣ» (Луқо 6:39–42).
Лекин ин маънои онро надорад, ки шогирдони Исо бояд тамоман ба дуруст ё нодуруст будани рафтори дигарон аҳамият надиҳанд. Исо ба онҳо мегӯяд: «Чизи муқаддасро ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед» (Матто 7:6). Ҳақиқатҳои Каломи Худо мисли марворидҳо бебаҳоянд. Агар рафтори ягон кас нишон диҳад, ки ӯ ин ганҷҳоро қадр намекунад, шогирдони Исо бояд аз пеши ӯ раванд ва одамони миннатдорро ҷустуҷӯ кунанд.
Баъд Исо боз ба мавзӯи дуо бармегардад ва аҳамияти исроркориро қайд мекунад: «Талаб кунед ва ба шумо дода хоҳад шуд». Худо доимо тайёр аст, ки ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, чи тавре ки суханони зерини Исо нишон медиҳанд: «Агар писаратон аз шумо нон пурсад, кадоме аз шумо ба ӯ санг медиҳед?.. Агар шумо, бо вуҷуди он ки бадкор ҳастед, ба фарзандонатон додани чизҳои хубро донед, пас, то чӣ андоза бештар Падари осмонии шумо ба онҳое, ки аз Ӯ мепурсанд, чизҳои хубро ато хоҳад кард!» (Матто 7:7–11).
Пас аз ин Исо суханонеро мегӯяд, ки имрӯз машҳур ва паҳн шудаанд: «Чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр рафтор кунед». Оё набояд ҳар яки мо низ аз таҳти дил кӯшиш карда ҳар рӯз мувофиқи ин насиҳати Исо рафтор кунем? Лекин ин кор осон нест, чи тавре ки суханони зерини Исо нишон медиҳанд: «Аз дарвозаи танг дароед, чунки кушод аст он дарвоза ва васеъ аст он роҳе, ки Матто 7:12–14).
ба нобудшавӣ мебарад ва бисёриҳо бо он равонаанд. Лекин танг аст он дарвоза ва борик аст он роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад ва шумораи ками одамон онро меёбанд» (Баъзеҳо мехоҳанд шогирдонро аз роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад, дур созанд, барои ҳамин Исо онҳоро огоҳ мекунад: «Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, ки ба намуди гӯсфанд назди шумо меоянду дар асл гургони даррандаанд» (Матто 7:15). Баъд Исо қайд мекунад, ки хуб ё бад будани дарахт аз мевааш маълум аст. Дар бораи одамон низ ҳамин хел гуфтан мумкин аст. Пас, пайғамбарони бардурӯғро аз рӯйи таълимот ва рафторашон шинохта метавонем. Исо мефаҳмонад, ки на танҳо суханони шахс нишон медиҳанд, ки ӯ шогирди Исо аст, балки рафтораш низ. Баъзеҳо мегӯянд, ки Исо Ҳазрати онҳост, лекин хости Худоро ба ҷо намеоранд. Исо дар бораи чунин одамон мегӯяд: «Ман ба онҳо мегӯям: “Ман шуморо ҳеҷ вақт намешинохтам! Аз ман дур шавед, эй бадкорон!”» (Матто 7:23).
Дар охири мавъизаи худ Исо мегӯяд: «Ҳар касе, ки ин суханони маро мешунаваду иҷро мекунад, ба шахси бохираде монанд карда мешавад, ки хонаи худро бар кӯҳпора сохтааст. Вақте ки борони сел борида обхезӣ шуд ва шамоли сахте вазид, хонаи ӯ вайрон нагашт, зеро таҳкурсиаш бар кӯҳпора сохта шуда буд» (Матто 7:24, 25). Барои чӣ хона вайрон нашуд? Барои он ки он шахс «заминро чуқур кандааст ва таҳкурсии онро бар кӯҳпора гузоштааст» (Луқо 6:48). Пас, фақат шунидани суханони Исо кам аст. Мо бояд кӯшишу ғайрат кунем, то гуфтаҳои ӯро ба ҷо орем.
Лекин дар бораи касе, ки суханони Исоро «мешунаваду иҷро намекунад», чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ «ба шахси беақле монанд карда мешавад, ки хонаашро бар қум сохтааст» (Матто 7:26). Вақте борон меборад, сел меояд ва шамоли сахт мевазад, чунин хона вайрон мешавад.
Мардум аз таълими Исо ба ҳайрат меояд. Ӯ на мисли сарварони дин, балки чун шахси соҳибқудрат таълим медиҳад. Бисёре аз онҳое, ки Исоро гӯш карданд, эҳтимол, шогирди ӯ шуданд.