БОБИ 122
Исо бори охир дар болохона дуо мегӯяд
-
ДОНИШ ДАР БОРАИ ХУДО ВА ПИСАР ФОИДА МЕОРАД
-
ЯГОНАГӢ ВА ҲАМФИКРӢ
Исо шогирдонашро дӯст медорад ва мехоҳад онҳоро ба рафтани худ тайёр кунад. Ҳоло ӯ ба осмон нигоҳ карда, ба Падараш дуо мегӯяд: «Писари Худро ҷалол деҳ, то Писарат низ Туро ҷалол диҳад. Ту ба ӯ бар тамоми инсоният қудрат додаӣ, то ба ҳамаи онҳое, ки ба ӯ додаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бахшад» (Юҳанно 17:1, 2).
Бешубҳа, Исо дарк мекунад, ки ҷалол додани Худо кори аз ҳама муҳим аст. Лекин ҳамзамон донистани он ки одамон беохир зиндагӣ карда метавонанд, хеле тасаллибахш аст. Худо ба Исо «бар тамоми инсоният қудрат» додааст, барои ҳамин ӯ метавонад қурбонии худро бар фоидаи тамоми одамизод истифода барад. Лекин на ҳамаи одамон аз ин баҳра мегиранд. Исо қайд мекунад: «Барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан лозим аст, ки дар бораи Ту, Худои ягонаи ҳақиқӣ, ва Исои Масеҳ, ки ӯро фиристодӣ, дониш гиранд» (Юҳанно 17:3).
Шахс бояд ҳам дар бораи Падар ва ҳам Писар дониши амиқ гирад ва бо онҳо муносибати наздик инкишоф диҳад. Ӯ бояд нуқтаи назари Яҳува Худо ва Писари Ӯро аз худ созад. Ҳамчунин ӯ бояд дар худ хислатҳои онҳоро инкишоф диҳад ва ба дигарон мисли онҳо муносибат кунад. Ӯ бояд дарк кунад, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан чизи дуюмдараҷа аст, чунки мо бояд пеш аз ҳама дар бораи ҷалол ёфтани Худо фикр кунем. Исо суханашро давом медиҳад:
«Ман он кореро, ки ба ман супоридӣ, ба анҷом расонида, Туро дар рӯйи замин ҷалол додам. Акнун бошад, эй Падар, маро назди Худ бо он ҷалоле, ки пеш аз ба вуҷуд омадани ҷаҳон дар наздат доштам, ҷалол деҳ» (Юҳанно 17:4, 5). Исо аз Яҳува илтимос мекунад, ки баъди зинда шуданаш боз дар осмон ҷалол ёбад.
Ҳамзамон ӯ дар хотир дорад, ки хизмати заминиаш чӣ натиҷа овард: «Ман номи Туро ба одамоне, ки аз ҷаҳон ба ман додӣ, маълум намудам. Онҳо аз они Ту буданд ва Ту онҳоро ба ман додӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд» (Юҳанно 17:6). Чӣ тавр Исо номи Худоро ба одамон маълум сохт? Ӯ на танҳо номи илоҳиро дар вақти бо одамон гап заданаш ба забон меовард; ӯ ба расулонаш кӯмак мекард, то бо хислатҳо ва тарзи муносибати Худо бо одамон шинос шаванд.
Расулон аз Исо таълим гирифта дар бораи Яҳува ва нақши Писар дониш гирифтанд. Исо бо фурӯтанӣ мегӯяд: «Суханонеро, ки ба ман гуфта будӣ, ба онҳо расондам; онҳо ин суханонро қабул карданд ва фаҳмиданд, ки ман аз ҷониби Ту омадаам ва бовар карданд, ки Ту маро фиристодаӣ» (Юҳанно 17:8).
Баъд Исо дар бораи фарқ байни шогирдон ва одамони ин ҷаҳон чунин мегӯяд: «Ман на барои ҷаҳон, балки барои касоне илтимос мекунам, ки ба ман додаӣ, зеро онҳо аз они Туянд... Эй Падари муқаддас, онҳоро ба хотири номи Худ, ба хотири номе, ки ба ман додаӣ, дар паноҳат нигоҳ дор, то онҳо як бошанд, чуноне ки мо як ҳастем... Ман онҳоро ҳимоя кардам ва ҳеҷ кадоми онҳо, ғайр аз писари ҳалокат, нобуд нагашт». «Писари ҳалокат» гуфта, Исо Яҳудои Исқарютро, ки ӯро ба дасти душманонаш супоридан мехоҳад, дар назар дорад (Юҳанно 17:9–12).
«Ҷаҳон аз онҳо нафрат кард,— мегӯяд Исо ва илова мекунад: — Аз Ту илтимос намекунам, ки онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки аз Шайтон муҳофизат кунӣ. Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳанно 17:14–16). Ҳарчанд расулон ва шогирдони дигар дар ин ҷаҳоне, ки зери роҳбарии Шайтон аст, зиндагӣ мекунанд, онҳо бояд худро ба корҳои бади он олуда насозанд. Чӣ тавр?
Онҳо бояд мувофиқи Навиштаҳои Ибронӣ ва он чизҳое, ки Исо таълим медод, зиндагӣ кунанд. Исо дар дуо чунин мегӯяд: «Онҳоро бо Юҳанно 17:17). Баъдтар баъзе аз расулон зери илҳоми Худо китобҳое менависанд, ки онҳо қисми Каломи Худо, ки ростист, мешаванд. Ин китобҳо барои поку муқаддас мондани шахс кӯмак карда метавонанд.
ростии Худ муқаддас гардон; каломи Ту ростист» (Лекин бо гузашти вақт дигарон низ «ростӣ»-ро қабул мекунанд. Барои ҳамин Исо дар дуояш мегӯяд: «Ман на танҳо барои онҳо [яъне 11 расул] илтимос мекунам, балки ҳамчунин барои касоне, ки ба воситаи суханони онҳо ба ман имон меоранд». Исо аз ҳамаи онҳо чӣ интизор аст? Ӯ мегӯяд: «То ҳамаи онҳо як бошанд, чуноне ки Ту, эй Падар, бо ман ва ман бо Ту дар ягонагӣ ҳастем, то онҳо низ бо мо дар ягонагӣ бошанд ва ҷаҳон бовар кунад, ки Ту маро фиристодаӣ» (Юҳанно 17:20, 21). Исо бо Падари худ ҳамфикр аст. Мисли ин пайравони ӯ низ бояд якдилу тифоқ бошанд.
Каме пеш Исо ба Петрус ва расулони дигар гуфт, ки ӯ меравад, то барои онҳо дар осмон ҷой тайёр кунад (Юҳанно 14:2, 3). Ҳоло бошад, ӯ ин фикрро такрор мекунад: «Эй Падар, мехоҳам, то касони ба ман додаат дар он ҷое, ки ман ҳастам, бо ман бошанд ва ҷалолеро, ки ба ман ато намудаӣ, бубинанд, зеро Ту маро пеш аз пайдоиши ҷаҳон дӯст доштаӣ» (Юҳанно 17:24). Суханони Исо нишон медиҳанд, ки дар гузашта, пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво, ӯ вуҷуд дошт ва Худо Писари ягонаи худро дӯст медошт. Баъдтар ӯ дар замин чун инсон таваллуд шуд ва Исои Масеҳ ном гирифт.
Дар охири дуояш Исо боз дар бораи муҳим будани номи Худо гап мезанад. Ҳамчунин ӯ қайд мекунад, ки Худо расулон ва шахсони дигарро, ки «ростӣ»-ро қабул мекунанд, дӯст медорад. Исо мегӯяд: «Ман номи Туро ба онҳо шиносондам ва боз хоҳам шиносонид, то он муҳаббате, ки Ту ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва ман бо онҳо дар ягонагӣ бошам» (Юҳанно 17:26).