ДАРСИ 10
Чӣ тавр шумо дини ҳақиқиро шинохта метавонед?
1. Оё танҳо як дини ҳақиқӣ вуҷуд дорад?
Исо-пайғамбар одамонеро, ки Худоро дӯст медоштанд, таълим дода нишон медод, ки танҳо як дини ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Ӯ онро ба роҳе монанд кард, ки сӯи ҳаёти ҷовидона мебарад. Дар бораи он роҳ вай гуфт: «Ёбандагони он кам ҳастанд» (Матто 7:14). Худо танҳо он ибодатеро қабул мекунад, ки бар ҳақиқати Каломи Ӯ асос меёбад. Ҳамаи ибодаткунандагони ҳақиқии Худо Ӯро дар ягонагӣ парастиш мекунанд. (Юҳанно 4:23, 24; 14:6 ва Эфсӯсиён 4:4, 5-ро хонед).
Видеонавори «Оё ба Худо ҳамаи динҳо писанданд?»-ро тамошо кунед.
2. Исо-пайғамбар дар бораи масеҳиёни бардурӯғ чӣ гуфт?
Исо-пайғамбар огоҳ карда буд, ки муаллимони бардурӯғ дини масеҳиро бо таълимоти худ нопок мекунанд. Онҳо шояд ба назар пайравони дини ҳақиқӣ метобанд. Ҳарчанд онҳо даъво мекунанд, ки пайравони Исоянд, фаҳмидани он душвор нест, ки дар асл онҳо кистанд. Чунки танҳо шахсоне, ки дини ҳақиқиро пайравӣ мекунанд, масеҳиёни ҳақиқӣ буда метавонанд ва онҳоро бо хислатҳои хуб ва корҳои некашон шинохтан мумкин аст. (Матто 7:13–20-ро хонед).
3. Чӣ тавр шумо пайравони дини ҳақиқиро шинохта метавонед?
Биёед панҷ аломати фарқкунандаро дида бароем:
-
Пайравони дини ҳақиқӣ боварӣ доранд, ки Китоби Муқаддас — ин Каломи Худо аст. Онҳо мекӯшанд, ки аз рӯи принсипҳои он зиндагӣ кунанд. Пас, дини ҳақиқӣ аз динҳое, ки бар таълимотҳои одамӣ Матто 15:7–9). Парастандагони ҳақиқии Худо мувофиқи он чизе, ки ба дигарон таълим медиҳанд, ҳаёт мебаранд. Сухан ва кирдори онҳо бо ҳам муқобилат намекунад. (Юҳанно 17:17 ва 2 Тимотиюс 3:16, 17-ро хонед).
асос меёбанд, фарқ мекунад ( -
Онҳо номи Худо, Яҳуваро, эҳтиром мекунанд. Пайғамбарон, масалан Мусо ва Довуд номи Худоро медонистанд ва истифода мебурданд (Такрори Шариат 32:3; Забур 8:2). Исо-пайғамбар низ ба одамон дар бораи номи Худо нақл мекард ва ҳамин тавр ба он эҳтиром нишон медод. Вай ба онҳо барои шинохтани Худо ёрдам мекард ва ба онҳо таълим медод, ки дар бораи муқаддас гаштани номи Худо дуо гӯянд (Матто 6:9). Дар ҷое, ки шумо зиндагӣ мекунед, кӣ дар бораи номи Худо ба дигарон нақл мекунад? (Юҳанно 17:26 ва Румиён 10:13, 14-ро хонед).
-
Онҳо дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекунанд. Худо Исо-пайғамбарро фиристод, то ки ӯ хабари нағзро дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза кунад. Подшоҳии Худо ягона умеди инсоният аст. Исо то дами марг дар бораи он сухан гуфтанро бас накард (Луқо 4:43; 8:1; 23:42, 43). Ӯ гуфт, ки пайравонаш низ бояд дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза кунанд. Дар маҳалли шумо кӣ дар бораи Подшоҳии Худо бо одамон гап мезанад? (Матто 24:14-ро хонед).
-
Онҳо қисми ин ҷаҳони золим нестанд. Пайравони дини ҳақиқиро аз он шинохтан мумкин аст, ки онҳо дар корҳои сиёсӣ ва шӯришу ҷанҷолҳои ҷамъиятӣ иштирок намекунанд (Юҳанно 17:16; 18:36). Ҳамчунин, онҳо аз рӯҳия ва корҳои зараровари ин ҷаҳон худро дур мегиранд. (Яъқуб 4:4-ро хонед).
-
Онҳо ба якдигар муҳаббати самимӣ доранд. Каломи Худо онҳоро таълим медиҳад, ки ба ҳамаи халқҳову миллатҳо бо ҳурмату эҳтиром муносибат кунанд. Пайравони дини дурӯғ бисёр вақт ҷанги байни халқҳоро қатъӣ дастгирӣ мекунанд, пайравони дини ҳақиқӣ бошанд, ин корро рад мекунанд (Мико 4:1–3). Баръакс, онҳо самимона вақту дороии худро барои кӯмак ба дигарон ва рӯҳбаланд кардани онҳо сарф мекунанд. (Юҳанно 13:34, 35 ва 1 Юҳанно 4:20-ро хонед).
4. Оё шумо акнун дини ҳақиқиро шинохта метавонед?
Кадом дин пурра дар асоси Каломи Худо таълим медиҳад, номи Худоро эҳтиром мекунад ва Подшоҳии Худоро чун умеди ягонаи инсоният ба ҳама эълон мекунад? Кадом гурӯҳи одамон дар амал муҳаббат зоҳир мекунанд ва дар ҷангҳо иштирок намекунанд? Шумо чӣ фикр доред? (1 Юҳанно 3:10–12-ро хонед).