ДАРСИ 13
Бо динҳо чӣ рӯй хоҳад дод?
1. Оё ҳамаи динҳо хубанд?
Дар ҳамаи динҳо одамони нек ва самимӣ ҳастанд. Ин хабари нағз аст, ки Худо ҳамаи он одамонро мебинад ва дар бораашон ғамхорӣ мекунад. Вале афсӯс, ки бисёр вақт дин чун ниқоб барои корҳои бад истифода бурда мешавад (Марқӯс 7:6, 2 Қӯринтиён 11:13–15). Мувофиқи ахборот, баъзе динҳо ҳатто бо терроризм, ҷанг ва қатли умуминажодӣ алоқаманданд. Ҳамчунин бисёр роҳбарони ин динҳо ба кӯдакон муносибати бераҳмона ва таҷовуз мекунанд. То чӣ андоза ғамоваранд ин корҳо барои одамоне, ки самимона ба Худо бовар мекунанд! (Матто 24:3–5, 11, 12-ро хонед.
Дини ҳақиқӣ Худоро ҷалол медиҳад, вале дини дурӯғ ба Ӯ писанд нест. Дини дурӯғ чизҳоеро таълим медиҳад, ки бар Китоби Муқаддас асос намеёбанд. Масалан он оиди Худо ва ҳолати мурдагон таълимоти дурӯғро меомӯзонад. Вале Яҳува мехоҳад, ки одамон дар бораи Ӯ ҳақиқатро донанд.(Ҳизқиёл 18:4 ва 1 Тимотиюс 2:3–5-ро хонед).
2. Бо динҳо чӣ рӯй хоҳад дод?
Динҳое ҳастанд, ки Худоро дӯст медорем мегӯянд, вале дар асл бо ҷаҳони Шайтон дӯстӣ мекунанд (Яъқуб 4:4). Хушбахтона, Худо фиреби онҳоро мефаҳмад. Каломи Худо ҳамаи динҳои дурӯғро дар якҷоягӣ «Бобили бузург» меномад. Бобил шаҳри қадимае буд, ки баъди Тӯфони замони Нӯҳ аз он ҷо дини дурӯғ пайдо шуд. Дар ояндаи наздик Худо динҳоеро, ки инсониятро фиреб ва азоб медиҳанд, нест хоҳад кард. (Ваҳй 17:1, 2, 5, 16, 17; 18:8-ро хонед).
Лекин боз хабари нағзи дигар ҳам ҳаст. Яҳува одамони самимиеро, ки дар ҳар динҳои дурӯғи ҷаҳон пароканда мебошанд, фаромӯш накардааст. Ӯ ҳақиқатро ба онҳо таълим дода ба онҳо барои аз дини дурӯғ берун омадан кӯмак карда истодааст. (Мико 4:2-ро хонед).
3. Одамони самимӣ бояд чӣ кор кунанд?
Яҳува дар бораи одамоне, ки ростӣ ва некиро дӯст медоранд, ғамхорӣ мекунад. Ӯ онҳоро бармеангезад, ки дини дурӯғро тарк кунанд. Одамоне, ки Худоро дӯст медоранд, бо омодагӣ ба ҳаёташон дигаргуниҳо медароранд, то ба Ӯ маъқул шаванд. (Ваҳй 18:4-ро хонед).
Дар асри як, вақте ки одамони самимӣ таълимоти Китоби Муқаддасро аз шогирдони Исо мешуниданд, онро бо хурсандӣ қабул мекарданд. Онҳо аз Яҳува роҳи нави ҳаётро меомӯхтанд — роҳеро, ки онҳоро хушбахттар мегардонд, ҳаёти онҳоро мақсаднок месохт ва ба онҳо умед мебахшид. Он одамон имрӯз барои мо намунаи хубанд, чунки Яҳуваро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал гузошта, хабарҳои нағзи Каломи Худоро қабул карданд. (1 Таслӯникиён 1:8, 9; 2:13-ро хонед).
Яҳува онҳоеро, ки дини дурӯғро тарк мекунанд, ба оилаи хизматгорони худ қабул мекунад. Агар шумо даъвати гарму ҷӯшони Яҳуваро қабул кунед, шумо дӯсти Ӯ мегардед, бародарону хоҳарони навро, ки ба Яҳува ибодат мекунанд ба даст меоред ва ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мешавед. (Марқӯс 10:29, 30 ва 2 Қӯринтиён 6:17, 18-ро хонед).
4. Чӣ тавр Худо ба тамоми замин шодиву хурсандӣ меорад?
Он ки Худо ба қарибӣ дини дурӯғро нест мекунад, хабари нағз аст. Он гоҳ тамоми инсоният аз азоб озод хоҳад шуд. Дигар ҳеҷ гоҳ дини дурӯғ инсониятро гумроҳ намекунад ва дар байни он ҷудоӣ намеандозад. Ҳамаи офаридаҳои бошуур дар замин ва дар осмон дар ягонагӣ ба Худои ягона ибодат хоҳанд кард. (Ваҳй 18:20, 21; 21:3, 4-ро хонед).