Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 12

Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

1. Оё Худо ҳамаи дуоҳоро гӯш мекунад?

Худо ҳамаи одамонро даъват мекунад, ки ба воситаи дуо бо Ӯ наздик шаванд (Забур 64:3). Аммо Ӯ на ҳамаи дуоҳоро мешунавад ё қабул мекунад. Масалан, агар мард бо занаш муомилаи бад кунад, ин ба дуоҳои вай монеа шуданаш мумкин аст (1 Петрус 3:7). Ҳамчунин, дар замони пеш вақте ки халқи Исроил якравона корҳои бад мекарданд, Худо дуоҳои онҳоро намешунавид. Пас равшан аст, ки ба Худо дуо гуфтан шарафи бузург аст. Бо вуҷуди ин, Худо ҳатто дуоҳои шахсонеро, ки гуноҳҳои ҷиддӣ кардаанду аммо тавба мекунанд, қабул мекунад. (Ишаъё 1:15; 55:7-ро хонед).

Видеонавори «Оё Худо ҳама дуоҳоро гӯш мекунад?»-ро тамошо кунед.

2. Чӣ тавр дуо гуфтан лозим аст?

Дуо қисми ибодати мо аст, барои ҳамин мо бояд танҳо ба Офаридгори худ, Яҳува, дуо гӯем (Матто 4:10; 6:9). Ҳамчунин, азбаски мо нокомил ҳастем, мо бояд ба воситаи номи Исо дуо гӯем, чунки вай барои гуноҳҳои мо мурдааст (Юҳанно 14:6). Яҳува намехоҳад, ки мо дуоҳои азёдкарда ё навишташударо такрор ба такрор гӯем. Ӯ мехоҳад, ки мо фикру ҳиссиёти худро ба Ӯ баён кунем. (Матто 6:7 ва Филиппиён 4:6, 7-ро хонед).

Офаридгори мо ҳатто дуоҳоеро, ки мо дар дили худ мегӯем, мешунавад (1 Подшоҳон 1:12, 13). Ӯ моро бармеангезад, ки ҳар вақт ба Ӯ дуо гӯем, масалан, саҳарӣ баъди аз хоб хестан, шабона пеш аз хоб рафтан, дар сари дастархон ва ҳангоми бо мушкилиҳо дучор шудан. (Забур 54:23 ва Матто 15:36-ро хонед).

3. Чаро мо бояд бо ҳам ҷамъ шавем?

Ба Худо наздик шудан кори осон нест, чунки мо дар байни одамоне зиндагӣ дорем, ки қонунҳои Худоро риоя намекунанд ва ба ваъдаи Ӯ оиди дар замин барпо кардани сулҳу осоиштагӣ бовар надоранд (2 Тимотиюс 3:1, 4; 2 Петрус 3:3, 13). Аз ин рӯ, мо ба муоширати рӯҳбаландкунанда бо ҳамимонон ниёз дорем ва онҳо бошанд ба сӯҳбати мо. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед).

Муошират бо онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, барои ба Худо наздик шудан кӯмак мекунад. Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува шумо имконияти хуб доред, ки имони дигаронро дида рӯҳбаланд шавед. (Румиён 1:11, 12-ро хонед).

4. Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

Шумо ба Яҳува наздик шуда метавонед, агар оиди чизҳои аз Каломаш фаҳмидаатон мулоҳиза кунед. Шумо метавонед дар бораи корҳои Худо, насиҳатҳо ва ваъдаҳояш чуқур мулоҳиза ронед. Бо ёрии дуо ва мулоҳиза мо бузургии муҳаббат ва хиради Худоро дарк мекунем. (Еҳушаъ 1:8 ва Забур 1:1–3-ро хонед).

Шумо ба Худо танҳо ҳамон вақт наздик шуда метавонед, ки агар ба Ӯ имон дошта бошед, яъне ба Ӯ такя кунед. Вале чӣ хеле, ки растанӣ барои калон шуданаш ғизо металабад, имон барои мустаҳкам шуданаш дониш металабад. Барои ин ба шумо лозим аст, ки дар бораи чизҳое, ки ба онҳо имон доред, чуқуртар фаҳмед ва мулоҳиза кунед. (Матто 4:4 ва Ибриён 11:1, 6-ро хонед).

5. Ба Худо наздик шудан чӣ баракатҳо меорад?

Яҳува дар бораи онҳое, ки Ӯро дӯст медоранд, ғамхорӣ мекунад. Ӯ қодир аст онҳоро аз ҳар чизе, ки имонашонро зери хатар мегузорад ва аз умеди ҳаёти абадӣ маҳрум мекунад, муҳофизат намояд (Забур 90:1, 2, 7–10). Худо моро аз тарзи ҳаёте, ки ба саломатиамон зарарнок аст ва моро бадбахт месозад, огоҳ мекунад. Яҳува ба мо роҳи аз ҳама беҳтарини ҳаётро таълим медиҳад. (Забур 72:27, 28 ва Яъқуб 4:4, 8-ро хонед).