Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 5

Бехато хонед

Бехато хонед

1 Тимотиюс 4:13

МАҚСАДИ ДАРС: Чизи навишташударо дуруст хонед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Нағз тайёрӣ бинед. Мақсади навишта шудани матнро фаҳмед. Калимаҳои алоҳидаро неву ҷумла ё қисми онро яклухт ва равон хонед. Калимаеро илова накунед, ба ҷойи як калима калимаи дигарро нахонед ё ягон калимаро напартоед. Аломатҳои китобат (аломатҳои ист)-ро ба назар гиред.

  • Ҳар як калимаро дуруст талаффуз кунед. Агар шумо надонед, ки калима чӣ тавр талаффуз мешавад, аудиосабти адабиётамонро гӯш кунед ё аз касе, ки нағз мехонад, кӯмак пурсед.

  • Бурро гап занед. Барои бурро хондан саратонро баланд доред ва даҳонатонро калон кушоед. Кӯшиш кунед, ки ҳар як ҳиҷоро нағз талаффуз кунед.