Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 40

Чӣ тавр Худоро хурсанд карда метавонем?

Чӣ тавр Худоро хурсанд карда метавонем?

 ЧӢ ТАВР мо Худоро хурсанд карда метавонем? Оё мо ба Ӯ ягон чиз дода метавонем? ~ Дар Китоби Муқаддас ин суханони Яҳува навишта шудаанд: «Тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они Ман аст». Ҳамчунин мо аз он мехонем: «Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дунё ва сокинони он аз они Худованд аст» (Забур 23:1; 49:10). Лекин, ба ҳар ҳол як чизе ҳаст, ки мо ба Худо дода метавонем. Ин чист? ~

2 Яҳува мехоҳад, то ҳар яки мо интихоб кунем, ки оё ба Ӯ хизмат мекунем ё не. Офаридгорамон моро маҷбур намекунад, ки аз рӯи хости Ӯ рафтор кунем. Биё мефаҳмем, ки барои чӣ Яҳува моро тавре офарид, то мо худамон интихоб кунем, ки ба Ӯ хизмат мекунем ё не.

3 Ту мумкин медонӣ, ки робот чист. Робот ин машинаест, ки фақат вазифаҳоеро, ки усто муайян кардааст, иҷро мекунад. Робот худаш ягон кор карда наметавонад. Яҳува метавонист ҳамаи моро мисли робот созад, то мо танҳо аз рӯи хости Ӯ рафтор кунем. Лекин Худо ин хел накард. Медонӣ барои чӣ? ~ Баъзе бозичаҳо ба робот монанданд. Вақте ки тугмачаро зер мекунӣ, бозича ҳама ҳаракатҳоеро, ки усто муайян карда буд, иҷро мекунад. Оё ту ягон бор ин хел бозичаро дида будӣ? ~ Бисёр вақт кӯдакон аз ин хел бозичаҳо тез дилгир мешаванд. Худо намехоҳад, ки мо чун роботҳо бошем, яъне гапи Ӯро танҳо аз он сабаб иҷро кунем, ки интихоби дигаре надорем. Яҳува мехоҳад, ки мо аз муҳаббат ба Ӯ хизмат кунем ва барои гӯш кардани Ӯ хоҳиш дошта бошем.

Барои чӣ Худо моро мисли роботҳо насохт?

4 Ба фикри ту, вақте ки мо бо хости худамон гапи Падари осмониамонро гӯш мекунем, Ӯ чӣ ҳис мекунад? ~ Канӣ ба ман гӯй, ки рафтори ту ба падару модарат чӣ хел таъсир мекунад? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки писари боақл «падарро шод мекунад», вале писари беақл «сабаби ғаму андӯҳи модари худ мешавад» (Масалҳо 10:1). Оё ту аҳамият додӣ, ки вақте ту гапи падару модаратро мегирӣ, онҳо аз ин хурсанд мешаванд? ~ Лекин, агар ту гапи онҳоро гӯш накунӣ-чӣ? ~

Чӣ тавр ту ҳам Яҳува ва ҳам падару модаратро хурсанд карда метавонӣ?

5 Ҳоло биё дар бораи Падари осмонии мо — Яҳува фикр мекунем. Яҳува ба мо мегӯяд, ки чӣ тавр мо Ӯро хурсанд карда метавонем. Биё Китоби Муқаддасро мекушоем ва мефаҳмем, ки дар китоби Масалҳо 27:11 Худо ба мо дар ин бора чӣ мегӯяд. Дар он ҷо мо мехонем: «Эй писарам [ё эй духтарам]! Бохирад бош, ва дили маро шод кун, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам». Оё ту мефаҳмӣ, ки бадгӯӣ кардан чӣ маъно дорад? ~ Вақте ки касе туро паст зада мегӯяд, ки ту гапи гуфтаатро иҷро карда наметавонӣ, инро бадгӯӣ мегӯянд. Лекин чӣ тавр Шайтон Яҳуваро бадгӯӣ мекунад? ~ Биё инро мефаҳмем.

6 Чӣ хеле ки мо аз боби 8-уми ин китоб фаҳмидем, Шайтон мехоҳад, ки шахси аз ҳама муҳим бошад ва дигарон ба гапи вай гӯш кунанд. Шайтон мегӯяд, ки одамон танҳо барои соҳиб шудани ҳаёти беохир ба Яҳува хизмат мекунанд. Баъди он ки Шайтон Одаму Ҳавворо ба беитоатӣ тела дода тавонист, вай худбоварона ба Худо гуфт, ки одамон танҳо барои ягон фоида ба Ӯ хизмат мекунанд. Шайтон гуфт, ки агар Худо ба вай иҷозат диҳад, вай касеро ки набошад, аз Ӯ дур карда метавонад.

Баъди он ки Шайтон Одаму Ҳавворо ба беитоатӣ тела дода тавонист, вай ба Худо чӣ гуфт?

7 Рост аст, ки Китоби Муқаддас намегӯяд, ки Шайтон айнан ҳамин хел гуфт. Лекин вақте ки мо аз он дар бораи Айюб мехонем, мо мефаҳмем, ки Шайтон суханони ба ин монандро ба Худо гуфта буд. Ва фаҳмидани он ки оё Айюб то охир содиқу вафодор мемонад ё не, ҳам барои Яҳува ва ҳам барои Шайтон муҳим буд. Биё аз Китоби Муқаддас бобҳои 1-ум ва 2-юми китоби Айюбро кушода мефаҳмем, ки бо Айюб чӣ рӯй дод.

8 Дар боби 1-уми китоби Айюб мо мехонем, ки рӯзе дар осмон фариштаҳо ба назди Яҳува омаданд. Дар байни онҳо Шайтон ҳам буд. Яҳува аз Шайтон пурсид: «Ту аз куҷо омадӣ?» Шайтон гуфт, ки вай аз давр задани замин меояд. Баъд Яҳува ба Шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман, Айюб, аҳамият додӣ, ки ба Ман хизмат мекунад ва ба ягон кори баде даст намезанад» (Айюб 1:6–8).

9 Шайтон бошад, ҳозирҷавобӣ карда гуфт: «Айюб танҳо барои он ба Ту хизмат мекунад, ки аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорад. Агар Ту дигар ӯро муҳофизат накунӣ ва баракат надиҳӣ, ӯ Туро ҳақорат медиҳад». Яҳува ба Шайтон гуфт: «Майлаш, чӣ коре ки хоҳӣ, бо Айюб кун, фақат ба баданаш зарар нарасон» (Айюб 1:9–12).

10 Он вақт Шайтон чӣ кор кард? ~ Вай тавре кард, ки ғоратгарон говон ва харони Айюбро дуздиданд ва рамабононашро куштанд. Баъд раъду барқ шуда тамоми гӯсфандон ва чӯпононро несту нобуд кард. Каме пас бошад, одамон рамаи шутурони Айюбро дуздиданд ва рамабононро куштанд. Дар охир Шайтон тавре кард, ки шамоли сахте вазид ва хонаеро, ки дар он даҳ фарзанди Айюб ҷамъ шуда буданд, чаппа кард ва ҳамаи онҳо мурданд. Лекин ба ин нигоҳ накарда Айюб ба Худо хизмат карданро бас накард (Айюб 1:13–22).

11 Дертар Шайтон боз ба назди Яҳува омад. Ва Яҳува ба Шайтон гуфт, ки Айюб то ҳол ба Ӯ содиқу вафодор аст. Шайтон бошад, баҳонаҷӯӣ карда гуфт: «Ту танҳо иҷозат деҳ, ки ба баданаш зарар расонам, баъд мебинем, ки вай чӣ тавр рафтор мекунад. Вай худи ҳамон вақт Туро ҳақорат медиҳад». Яҳува розӣ шуд, лекин огоҳ кард, ки худи Айюбро накушад.

Айюб чиро аз сар гузаронд ва барои чӣ ин Худоро хурсанд кард?

12 Шайтон тавре кард, ки тамоми бадани Айюб аз яра пур шуд. Яраҳои Айюб чунон бадбӯй буданд, ки ҳеҷ кас ба вай наздик намешуд. Ҳатто занаш ба вай гуфт: «Худоро ҳақорат деҳ ва бимир». Онҳое, ки худро дӯстони Айюб меномиданд, омада суханоне мегуфтанд, ки дарду азоби вайро боз ҳам зиёдтар мекард. Онҳо мегуфтанд, ки ҳамаи он бадбахтиҳое, ки ба сари Айюб омаданд, ҷазои корҳои бади ӯ мебошанд. Нигоҳ накарда ба ҳамаи дарду азобе, ки Шайтон ба сари Айюб овард, вай ба Яҳува хизмат карданро бас накард ва ба Ӯ содиқу вафодор монд (Айюб 2:1–13; 7:5; 19:13–20).

13 Ба фикри ту, Яҳува садоқатмандию бовафогии Айюбро дида чӣ ҳис мекард? ~ Яҳува аз ин хурсанд мешуд, чунки Ӯ ба Шайтон гуфта метавонист: «Айюбро бин! Вай аз таҳти дил ба Ман хизмат мекунад, на маҷбуран». Оё Яҳува метавонад ҳаёти туро ҳам мисол оварда дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот кунад? ~ Шайтон ба таври дурӯғ гуфт, ки ҳар касро аз хизмати Яҳува дур карда метавонад. Ва мо хушбахтем, ки дурӯғ будани ин суханони вайро исбот карда метавонем. Устоди Бузург ҳам ин имкониятро хеле қадр мекард.

14 Исо ҳеҷ гоҳ ба Шайтон роҳ намедод, ки ӯро ба кардани корҳои нодуруст тела диҳад. Танҳо фикр кун, ки чӣ қадар рафтори ӯ Падарашро хурсанд мекард! Яҳува бо дилпурӣ метавонист ба Исо ишора карда ба Шайтон гӯяд: «Писарамро бин! Ӯ ба Ман содиқу вафодор аст, чунки Маро дӯст медорад!» Ҳамчунин фикр кун, ки чӣ қадар Исо аз шод кардани дили Падараш хурсандӣ ҳис мекард. Ин хурсандӣ ба Исо кӯмак кард, ки ҳатто марги пуразобро аз сар гузаронад (Ибриён 12:2).

15 Оё ту мехоҳӣ мисли Устоди Бузург дили Яҳуваро хурсанд кунӣ? ~ Ин хел бошад, дар бораи Яҳува ва талаботҳои Ӯ дониш гирифтанро давом деҳ ва гуфтаҳои Ӯро иҷро карда дилашро хурсанд кун!

Биё мехонем, ки чӣ хел Исо дили Худоро шод мекард ва чӣ тавр мо ҳам ин корро карда метавонем: Масалҳо 23:22–25; Юҳанно 5:30; 6:38; 8:28 ва 2 Юҳанно 4.