Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 26

Чаро кардани кори дуруст душвор аст?

Чаро кардани кори дуруст душвор аст?

 ВАҚТЕ КИ Шоул, ки баъдтар Павлус ном гирифт, кори бад мекард, ин ба кӣ маъқул буд? ~ Ба Шайтон. Боз ин ба сарварони дини яҳудӣ маъқул буд. Лекин баъд аз шогирди Исо шуданаш ҳамон сарварони динӣ Шоулро бад медидагӣ шуданд. Акнун, ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ ба шогирди Устоди Бузург кардани кори дуруст душвор аст? ~

Павлус барои дуруст рафтор карданаш кадом азобҳоро аз сар гузаронид?

2 Рӯзе Ҳанониё ном саркоҳине фармон дод, ки Павлусро зананд. Ҳанониё ҳатто хост, ки ӯро ба ҳабсхона партояд. Баъди шогирди Исо шуданаш Павлус бисёр азоб кашид. Масалан, одамони бад якчанд бор ӯро заданд ва ҳатто сангборон карда қариб буд, ки кушанд (Аъмол 23:1, 2; 2 Қӯринтиён 11:24, 25).

3 Чунин шуда метавонад, ки одамон моро ба кардани корҳое, ки ба Худо маъқул нест, тела медиҳанд. Барои ҳамин, нағз мебуд, ки аз худат пурсӣ: «Оё ман дар ҳақиқат дуруст рафтор карданро дӯст медорам? Агар дигарон аз сабаби дуруст рафтор карданам маро бад бинанд ҳам, оё ман ин хел рафтор карданро давом медиҳам?» Барои дуруст рафтор кардан, ба мо нотарсӣ даркор аст, ҳамин хел-не? ~

4 Ту мумкин чунин фикр мекунӣ: «Барои чӣ одамон моро барои корҳои нағзамон бад мебинанд? Охир, онҳо бояд аз ин хурсанд шаванд-ку!» Дуруст, дар асл бояд ҳамин хел бошад. Масалан, Исоро бисёр вақт барои корҳои нағзаш дӯст медоштанд. Рӯзе, одамони як шаҳр назди дари хонае, ки Исо дар он меистод, ҷамъ шуданд. Онҳо медонистанд, ки Исо касалонро сиҳат мекунад, барои ҳамин ба пеши ӯ омаданд (Марқӯс 1:33).

5 Лекин баъзан ба одамон суханони Исо маъқул намешуданд. Нигоҳ накарда ба ин ӯ ҳама вақт ҳаққи гапро мегуфт ва таълим додани ҳақиқатро давом медод. Баъзе одамон барои ин ӯро чашми дидан надоштанд. Боре, дар Носира — шаҳре, ки Исо дар он ҷо калон шуд, ҳамин хел шуда буд. Исо ба куништ, яъне ҷое, ки яҳудиён ҷамъ шуда ба Худо хизмат мекарданд, рафт.

6 Дар он ҷо Исо аз Навиштаҳои Муқаддас ба одамон бисёр чизҳоро нақл кард. Дар аввал ба одамон суханони Исо маъқул шуданд. Онҳо суханони таъсирбахши вайро шунида ҳайрон мешуданд. Ва бовариашон намеомад, ки инро ба онҳо ҳамшаҳрии худашон гуфта истодааст.

7 Лекин баъд Исо як чизи дигарро гуфт. Ӯ дар бораи он нақл кард, ки чӣ тавр Худо дар замонҳои пеш ғайрияҳудиёнро баракат дода буд. Вақте ки Исо инро гуфт, одамоне, ки дар куништ буданд, дарғазаб шуданд. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ? ~ Онҳо фикр мекарданд, ки Худо танҳо онҳоро баракат медиҳад. Ва худашонро аз дигар халқҳо беҳтар меҳисобиданд. Барои ҳамин онҳо Исоро барои суханҳои гуфтааш, бад диданд. Оё ту медонӣ, ки онҳо бо вай чӣ кор карданӣ шуданд? ~

8 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Онҳо Исоро гирифта аз шаҳр берун бароварданд. Ва ӯро ба лаби ҷарие... бурданд ва хостанд, ки аз он тела дода кушанд. Лекин Исо аз байни онҳо гузашта рафт» (Луқо 4:16–30).

Барои чӣ ин одамон Исоро куштан мехоҳанд?

9 Агар бо ту ин хел мешуд, оё ту боз ба ин одамон дар бораи Худо гап мезадӣ? ~ Барои ин далерӣ даркор аст, ҳамин хел-не? ~ Тақрибан як сол пас, Исо боз ба шаҳри Носира омад. Ва чӣ хеле ки мо аз Китоби Муқаддас мехонем, дар он ҷо вай ба куништ рафт ва таълимдиҳиро сар кард. Исо аз одамоне, ки Худоро дӯст намедоштанд, натарсид ва дар бораи ҳақиқат гап заданро бас накард (Матто 13:54).

10 Рӯзе Исо ба куништ рафт, он рӯз рӯзи шанбе буд. Аз рӯи қонуни Яҳува исроилиён бояд рӯзи шанбе аз дигар корҳояшон даст кашида бо хизмати Худо машғул мешуданд. Дар куништ Исо мардеро дид, ки як дасташ хушк шуда буд, яъне аз кор монда буд. Исо бо қуввати худодод ин мардро сиҳат карда метавонист. Лекин ӯ медонист, ки агар ин корро кунад, ин ба баъзе шахсон маъқул намешавад. Устоди Бузург бояд чӣ кор мекард? ~ Дар аввал вай аз он одамон пурсид: «Агар гӯсфанди шумо рӯзи шанбе ба чуқурие афтад, оё шумо рафта онро намебароред?»

11 Ҳа, албатта онҳо мебароварданд! Ва онҳо ҳатто фикр намекарданд, ки он рӯз рӯзи шанбе, яъне рӯзи дамгирӣ аст! Барои ҳамин, Исо гуфт: «Дар рӯзи шанбе ба одам ёрдам додан аз ин ҳам муҳимтар аст, зеро одам аз гӯсфанд азизтар аст!» Ҳа, Исо бояд ин мардро шифо мебахшид!

12 Исо ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Ва худи ҳамон вақт дасти ӯ сиҳат шуд. Чӣ қадар хурсанд буд он шахс! Лекин дар бораи дигар одамон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё он одамон аз ин хурсанд шуданд? ~ Не. Акнун онҳо аз Исо боз бисёртар нафрат мекарданд. Онҳо берун рафта фикри онро карданд, ки чӣ хел ӯро кушанд! (Матто 12:9–14).

13 Имрӯз низ чунин шуда метавонад. Нигоҳ накарда ба он ки мо чӣ кор мекунем, мо ҳеҷ вақт ба ҳама маъқул буда наметавонем. Барои ҳамин, мо бояд интихоб кунем, ки киро хурсанд кардан мехоҳем. Агар мо Яҳува ва Исоро хурсанд кардан хоҳем, мо бояд ҳама вақт гуфтаҳои онҳоро иҷро кунем. Лекин агар мо ин хел кунем, ин ба кӣ маъқул намешавад? Кӣ ба мо халал мерасонад, ки дуруст рафтор кунем? ~

14 Дуруст, Шайтон. Лекин боз кӣ? ~ Онҳое, ки ба фиреби Шайтон дода шуда ба чизҳои нодуруст бовар мекунанд. Исо ба сарварони динии он вақт гуфт: «Падари шумо иблис аст ва шумо мехоҳед, ки хоҳиши падари худро иҷро кунед» (Юҳанно 8:44).

15 Одамони зиёде ҳастанд, ки ба Иблис маъқуланд. Исо онҳоро «ҷаҳон» меномад. Канӣ гӯй, Исо киро «ҷаҳон» меномид? ~ Биё ба боби 15-уми китоби Юҳанно, ояти 19 нигоҳ мекунем. Дар он ҷо мо суханони зерини Исоро мехонем: «Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон онҳоеро, ки аз они вай мебошанд, дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки ман шуморо аз ҷаҳон интихоб кардам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад».

16 Пас, «ҷаҳон», ки аз шогирдони Исо нафрат дорад, ин тамоми одамоне мебошанд, ки гуфтаҳои Исоро иҷро намекунанд. Лекин, барои чӣ ҷаҳон шогирдони Исоро бад мебинад? ~ Биё дар бораи ин фикр мекунем. Ҳокими ин ҷаҳон кист? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд: «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст». Ҳа, Шайтон бар тамоми ҷаҳон роҳбарӣ мекунад (1 Юҳанно 5:19).

17 Акнун ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ кардани кори дуруст ин қадар душвор аст? ~ Шайтон ва ҷаҳони вай ба мо халал мерасонанд, ки дуруст рафтор кунем. Лекин боз як сабаби дигар ҳаст. Оё ту онро дар хотир дорӣ? ~ Аз боби 23-юми ин китоб мо фаҳмидем, ки ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем. Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки вақте гуноҳ, Шайтон ва ҷаҳони вай несту нобуд мешаванд, ҳаёт чӣ гуна мешавад? ~

Вақте ки «ҷаҳон» мегузарад, бо онҳое, ки дуруст рафтор мекунанд, чӣ мешавад?

18 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Ҷаҳон гузарон аст». Ин маънои онро дорад, ки ба қарибӣ одамоне, ки гуфтаҳои Устоди Бузургро иҷро намекунанд, несту нобуд мешаванд. Яҳува иҷозат намедиҳад, ки онҳо беохир зиндагӣ кунанд. Ба фикри ту, кӣ ҳаёти беохир дошта метавонад? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, то абад зиндагӣ хоҳад кард» (1 Юҳанно 2:17). Ҳа, танҳо онҳое, ки корҳои дуруст мекунанд ва «хости Худоро» ба ҷо меоранд, дар дунёи нави Худо беохир зиндагӣ карда метавонанд. Барои ҳамин, ҳатто агар дуруст рафтор кардан душвор бошад ҳам, мо кӯшиш мекунем, ки ҳама вақт дуруст рафтор кунем, ҳамин хел-не? ~

Биё ин оятҳоро якҷоя мехонем ва мефаҳмем, ки барои чӣ дуруст рафтор кардан осон нест: Матто 7:13, 14; Луқо 13:23, 24 ва Аъмол 14:21, 22.