Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 27

Худои ту кист?

Худои ту кист?

 «ХУДОИ ту кист?» Барои чӣ ин савол муҳим аст? ~ Барои он ки одамон худоёни бисёрро парастиш мекунанд (1 Қӯринтиён 8:5). Боре Павлуси ҳавворӣ бо қувваи Худо як касалии модарзодро, ки роҳ гашта наметавонист, сиҳат кард. Вақте ки одамон инро диданд, онҳо овози худро баланд карда гуфтанд: «Худоён дар тани одамӣ ба пеши мо фуромаданд!» Ин одамон хостанд, ки Павлус ва ҷӯрааш Барнабборо чун худоён парастиш кунанд, барои ҳамин ба онҳо номи худоёни бардурӯғашонро доданд. Онҳо Павлусро Ҳермис ва Барнабборо Зевс номиданд.

2 Лекин, Павлус ва Барнаббо ба халқ иҷозат надоданд, ки онҳоро чун худоён парастиш кунанд. Онҳо ба миёни одамон даромада гуфтанд: «Аз бутҳои худ рӯй гардонида ба Худои зинда хизмат кунед» (Аъмол 14:8–15). «Худои зинда», ки тамоми чизҳоро офаридааст, кист? ~ Дуруст, ин Яҳува аст ва Ӯ «бар тамоми замин Бузургтарин» мебошад. Исо Яҳуваро «Худои ягонаи ҳақиқӣ» номид. Пас, танҳо ба кӣ хизмат кардан дуруст аст? ~ Танҳо ба Яҳува! (Забур 83:18; Юҳанно 17:3; Ваҳй 4:11).

Барои чӣ Павлусу Барнаббо намонданд, ки одамон ба онҳо саҷда кунанд?

3 Бисёри одамон ба ҷои «Худои ягонаи ҳақиқӣ» ба худоҳои бардурӯғ хизмат мекунанд. Онҳо бисёр вақт чизҳоеро парастиш мекунанд, ки аз чӯб, санг ё ягон металл сохта шудаанд (Хуруҷ 32:3–7; Ибодат 26:1; Ишаъё 44:14–17). Баъзан одамон ҳатто ситораҳои телевизион ё шахсони номдорро мисли Худо болобардор мекунанд. Лекин оё ин хел кардан дуруст аст? ~

4 Баъди шогирди Исо шуданаш Павлус дар бораи одамоне, ки ба Худо имон надоранд, навишт, ки «худои ин ҷаҳон ақлашонро кунд кардааст» (2 Қӯринтиён 4:4). Вай дар бораи кадом худо гап мезад? ~ Дар бораи Шайтон. Шайтон бисёриҳоро ба парастиш кардани одамон ва чизҳои гуногун тела дода тавонист.

5 Вақте Шайтон хост, ки Исо ба вай саҷда карда ӯро парастиш кунад, Исо гуфт: «Яҳува Худои худро гӯш кун ва танҳо ба Ӯ хизмат кун» (Матто 4:10, ТДН). Бо ин Исо аниқу равшан нишон дод, ки мо бояд танҳо ба Яҳува хизмат кунем. Се ҷавони ибрӣ, ки дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданд, инро медонистанд. Номи онҳо Шадрак, Мешак ва Абднаҷу буд. Биё мефаҳмем, ки бо онҳо чӣ рӯй дод.

6 Ин се ҷавон аз халқи Худо — халқи Исроил буданд. Онҳоро дар наврасиашон ба замини Бобил ба асирӣ бурданд. Дар он ҷо шоҳ Набукаднесар ҳайкали тиллоии калоне сохта буд. Як рӯз шоҳ фармон дод, ки вақте овози мусиқӣ мебарояд, ҳама бояд рӯи зону шинанд ва ба ҳайкал саҷда кунанд. Шоҳ огоҳ кард: «Агар касе ба зону афтода саҷда накунад, бояд ба кӯра [танӯри калон]-и алов партофта шавад». Агар ту ба ҷои ин се ҷавон мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~

Барои чӣ ин се ҷавон ба ҳайкал саҷда накарданд?

7 Одатан Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ҳамаи гуфтаҳои шоҳро иҷро мекарданд. Лекин онҳо ба саҷда кардани ҳайкал розӣ нашуданд. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки дар қонуни Худо ин хел гуфта шуда буд: «Туро ғайр аз Ман худоёни дигаре набошад... Барои худ худое насоз ва ба он саҷда накун». (Хуруҷ 20:3–5). Бале, Шадрак, Мешак ва Абднаҷу гуфтаҳои Худоро иҷро карданд, на фармони подшоҳро.

8 Шоҳ сахт ба қаҳр омад ва фармон дод, ки се ҷавонро ҳамон замон ба пешаш гирифта биёранд. Баъд шоҳ аз онҳо пурсид: «Оё рост аст, ки шумо ба худоёни ман саҷда намекунед? Ман ба шумо боз як имконият медиҳам. Вақте ки садои мусиқиро мешунавед, ба зону афтед ва ба ҳайкале, ки ман сохтам, саҷда кунед. Агар ин хел накунед, шумо ба кӯраи алов партофта мешавед. Ва мебинем, ки кадом худо шуморо аз дасти ман халос мекунад».

9 Он ҷавонон бояд чӣ кор мекарданд? Агар ту ба ҷои онҳо мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~ Онҳо ба шоҳ гуфтанд: «Худои мо, ки мо ба Ӯ хизмат мекунем, моро наҷот дода метавонад. Лекин ҳатто агар Ӯ ин хел накунад ҳам, мо ба худоёни ту хизмат намекунем ва ба ҳайкали тиллоии ту саҷда намекунем».

10 Шоҳ хеле дарғазаб шуда фармон дод: «Кӯраро назар ба ҳарвақта ҳафт бор бисёртар тафсонед!» Баъд вай ба мардони аз ҳама бақувват фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бандубаст карда ба кӯраи алов партоянд. Кӯра чунон сӯзон буд, ки худи он мардон аз аловаш мурданд. Лекин бо се ҷавони ибрӣ чӣ шуд?

11 Шадрак, Мешак ва Абднаҷу рост ба болои алов афтиданд. Лекин баъд онҳо аз ҷояшон хестанд! Ягон ҷои онҳо насӯхта буд ва онҳо аз бандҳо озод буданд. Лекин чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин буд? ~ Подшоҳ ба кӯра нигоҳ кард ва чизи дидааш ӯро ба тарсу ваҳм овард. Вай пурсид: «Магар мо се касро ба алов напартофта будем?» Хизматгоронаш ҷавоб доданд: «Ҳа, подшоҳам!»

Чӣ тавр Яҳува хизматгоронашро аз кӯраи алов наҷот дод?

12 Баъд подшоҳ гуфт: «Охир, ман чор нафарро мебинам, ки дар миёни алов гашта истодаанд ва ба ягонтои онҳо зарар намерасад». Оё ту медонӣ, ки шахси чорум кӣ буд? ~ Ин фариштаи Яҳува буд. Вай ин се ҷавонро аз алов муҳофизат кард.

13 Инро дида подшоҳ ба пеши дари кӯра омад ва фарёд кард: «Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, эй бандагони Ҳаққи Таоло! Ин ҷо биёед!» Вақте ки онҳо баромаданд, ҳамаи одамон диданд, ки алов ба онҳо ягон қатра ҳам зарар нарасонидааст. Аз онҳо ҳатто бӯи алов намеомад. Баъд подшоҳ гуфт: «Муборак бод Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи худро фиристода хизматгоронашро наҷот дод... зеро онҳо ягон худоро ғайр аз Худои худашон ибодат накарданд» (Дониёл 3).

Имрӯз одамон чиҳо ва киҳоро парастиш мекунанд?

14 Мо аз он чизе ки бо ин се ҷавон рӯй дод, чӣ дарсе гирифта метавонем? Имрӯз ҳам одамон расму тасвир, ҳайкалҳо ва бутҳоро парастиш мекунанд. Масалан, дар як китоб чунин гуфта шудааст: «Парчам мисли салиб муқаддас аст» («The Encyclopedia Americana»). Бут ва расму тасвирҳо метавонанд аз чӯб, санг, металл ё матоъ сохта шаванд. Шогирдони Исо, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, аз парастиш кардани ҳокими Рум даст мекашиданд. Таърихчӣ Дэниел Манникс мегӯяд, ки аз парастиши император даст кашидани масеҳиёни аввалин ба бӯса накардани парчам ё қасам нахӯрдан оиди вафодорӣ ба ин ё он мамлакат баробар аст.

15 Ба фикри ту, оё ба Худо фарқ дорад, ки бут аз чӣ сохта шудааст: матоъ, чӯб, санг ё металл? ~ Оё дуруст мебуд, ки хизматгори Яҳува чунин бутҳоро парастиш кунад? ~ Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ин корро накарданд ва Яҳува аз онҳо розӣ буд. Ту аз онҳо чӣ ибрат гирифта метавонӣ? ~

Онҳое, ки ба Яҳува хизмат мекунанд, набояд ягон одам ё чизро парастиш кунанд. Биё ин оятҳоро хонда мефаҳмем, ки дар бораи ин дар онҳо чӣ гуфта шудааст: Еҳушаъ ибни Нун 24:14, 15, 19–22; Ишаъё 42:8; 1 Юҳанно 5:21 ва Ваҳй 19:10.