Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 35

Одамон аз хоби марг бедор шуда метавонанд

Одамон аз хоби марг бедор шуда метавонанд

 ВАҚТЕ КИ мо мемурем, оё Худо моро аз нав зинда кардан мехоҳад? ~ Марди худотарс — Айюб боварӣ дошт, ки Худо одамонро аз хоби марг бедор кардан мехоҳад. Барои ҳамин, вақте Айюб фикр кард, ки мурданаш наздик аст, вай ба Худо гуфт: «Ту маро ҷеғ мезанӣ ва ман ба ту ҷавоб медиҳам». Айюб гуфт, ки Худо вайро сахт ёд мекунаду аз нав зинда кардан мехоҳад (Айюб 14:14, 15, ТДН).

Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки кӯдаконро дӯст медорад?

2 Исо ба Яҳува сахт монанд аст. Ва ӯ мехоҳад, ки ба мо ёрдам кунад. Боре, як марди махавӣ ба Исо гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Исо ба вай чунин ҷавоб дод: «Мехоҳам». Баъд Устоди Бузург он мардро аз касалии махав сиҳат кард (Марқӯс 1:40–42).

3 Исо мисли Падараш кӯдаконро дӯст медорад. Дар замонҳои қадим Яҳува ду бор хизматгоронашро истифода бурда кӯдаконро аз нав зинда карда буд. Якум бор Илёс-пайғамбар Яҳуваро илтимос кард, ки писарчаи як бевазани меҳрубонро аз нав зинда кунад. Ва Яҳува хоҳиши Илёсро иҷро кард. Бори дигар Ӯ хизматгори дигараш, Элишоъро, истифода бурда боз як писарчаро эҳё кард (3 Подшоҳон 17:17–24; 4 Подшоҳон 4:32–37).

4 Оё донистани он ки Яҳува одамонро сахт нағз мебинад, ба мо хурсандӣ намебахшад? ~ Ӯ дар бораи мо на танҳо дар вақти зинда буданамон фикр мекунад, балки баъди мурданамон ҳам, моро фаромӯш намесозад. Исо гуфт, ки Падараш шахсони барояш азизро ҳатто баъд аз мурданашон зинда ҳисоб мекунад (Луқо 20:38). Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати Худо ҷудо карда наметавонад, на марг, на ҳаёт, на ҳозира ва на оянда (Румиён 8:38, 39).

5 Вақте ки Исо дар замин буд, вай нишон дод, ки Яҳува барои кӯдакон ғамхорӣ мекунад. Ту мумкин дар ёд дорӣ, ки Исо вақт ҷудо карда бо кӯдакон дар бораи Худо гап мезад. Лекин оё ту медонистӣ, ки Худо ба Исо қувват дод, то кӯдакони мурдаро аз нав зинда кунад? ~ Биё ман ба ту нақл мекунам, ки чӣ хел Исо як бор духтарчаи 12-солаи мардеро, ки Ёир ном дошт, эҳё кард.

6 Ёир бо зану фарзанди ягонааш дар назди баҳри Ҷалил зиндагӣ мекард. Рӯзе духтарчаи Ёир сахт касал шуд ва вай фаҳмид, ки духтараш мурда истодааст. Он вақт ба ёди Ёир омад, ки Исо — як марди ғайриоддӣ одамони касалро сиҳат карда метавонад. Барои ҳамин вай ба кофтани Исо рафт. Ёир Исоро дар назди баҳри Ҷалил ёфт. Дар он ҷо Устоди Бузург одамони бисёрро таълим медод.

7 Ёир аз байни одамон гузашта худашро ба пеши пои Исо мепартояд. Вай ба Устоди Бузург мегӯяд: «Аҳволи духтари ман хеле бад аст. Илтиҷо мекунам, биё ва ба вай кӯмак кун». Худи ҳамон вақт Исо бо Ёир меравад. Ҳамчунин одамоне, ки ба пеши Устоди Бузург омада буданд, аз пушташон мераванд. Лекин дар роҳ аз хонаи Ёир одамон омада ба вай хабар мерасонанд: «Духтарат мурдааст! Устодро овора карда ба хонаат набар».

8 Исо ин суханонро мешунавад. Ӯ мефаҳмад, ки барои Ёир аз даст додани ҷигарбанди яккаву ягонааш то чӣ андоза дардовар аст! Барои ҳамин Исо ба Ёир мегӯяд: «Натарс, фақат имон овар ва духтарат наҷот хоҳад ёфт». Баъд онҳо роҳашонро давом дода ба хонаи Ёир мераванд. Дар он ҷо хешу табор ва ёру дӯстон барои духтарча мотам гирифта гиря мекунанд. Лекин Исо ба онҳо мегӯяд: «Гиря накунед; духтарча намурдааст, балки хоб аст».

9 Суханони Исоро шунида одамон механданд, зеро медонанд, ки духтарча аллакай мурдааст. Пас, барои чӣ Исо мегӯяд, ки вай хоб аст? ~ Исо ба одамон чиро фаҳмондан мехоҳад? ~ Устоди Бузург мехоҳад, то одамон фаҳманд, ки маргро ба хоби сахт монанд кардан мумкин аст. Ва бо қуввати худодод Исо метавонад одами мурдаро ба осонӣ аз нав зинда кунад, чӣ хеле ки мо ба осонӣ шахси хобидаро бедор карда метавонем.

Аз он ки Исо духтари Ёирро эҳё кард, мо чӣ мефаҳмем?

10 Исо мегӯяд, ки ҳама аз хона бароянд ва танҳо Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва падару модари духтарча дар он ҷо истанд. Баъд вай ба хонае, ки духтарчаи мурда хоб аст, медарояд ва дасти ӯро гирифта мегӯяд: «Эй духтар, аз ҷоят хез!» Ва худи ҳамон вақт духтарча аз ҷояш хеста роҳ меравад. Дили падару модари вай аз хурсандӣ лабрез мешавад (Марқӯс 5:21–24, 35–43; Луқо 8:40–42, 49–56).

11 Акнун фикр кун: Исо он духтарчаро аз нав зинда кард, пас магар ӯ дигаронро зинда карда наметавонад? ~ Ба фикри ту, оё вай ин корро мекунад? ~ Албатта, мекунад. Худи Исо гуфта буд: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози маро мешунаванд ва берун меоянд» (Юҳанно 5:28, 29).

12 Ба фикри ту, оё Исо мехоҳад, ки мурдагонро эҳё кунад? ~ Як воқеаи дигари Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки ба ин савол ҷавоб ёбем. Аз он мо мефаҳмем, ки Исо нисбати шахсоне, ки аз марги наздиконашон азоб мекашанд, чӣ ҳис мекунад. Ин воқеаро, ки дар наздикии шаҳри Ноин рӯй дода буд, тасаввур кун.

13 Аз шаҳри Ноин одамон мурдаи як ҷавонро мебароранд. Модари ин ҷавон ҳам бо онҳо меравад. Якчанд вақт пеш, ин зан шавҳарашро аз даст дода буд, ҳоло бошад, фарзанди ягонаашро гӯр мекунад. Зани бечора аз ғаму дард намедонад, ки сарашро ба куҷо занад! Бисёри сокинони шаҳри Ноин ҳамроҳи ин зан барои гӯр кардани писараш мераванд. Модар гиряву нола мекунад, аммо ҳеҷ кас ӯро дилбардорӣ карда наметавонад.

14 Дар ин вақт Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ноин меоянд. Дар назди дарвозаи шаҳр онҳо одамонеро мебинанд, ки барои гӯр кардани писари бевазан рафта истодаанд. Вақте ки Исо зани гирёнро мебинад, ба вай раҳмаш меояд. Ғаму андӯҳи модари мотамзада ба Исо сахт таъсир мекунад ва ӯ ба зан ёрдам кардан мехоҳад.

15 Исо меҳрубонона ва ҳамзамон бо овози ҷиддӣ ба зан мегӯяд: «Гиря накун». Суханони Исоро шунида ҳама ба вай нигоҳ мекунанд. Исо ба пеши мурдаи писарак меравад. Ҳама дар бораи он фикр мекунанд, ки акнун ӯ чӣ кор мекунад. Исо ба писарак мегӯяд: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». Худи ҳамон вақт писарак аз ҷояш мехезад ва ба гап медарояд (Луқо 7:11–17).

16 Танҳо тасаввур кун, ки модар дар ин вақт чӣ ҳис мекунад! Агар ягон шахси наздики ту аз нав зинда мешуд, ту чӣ ҳис мекардӣ? ~ Оё ин воқеа нишон намедиҳад, ки Исо дар ҳақиқат одамонро дӯст медорад ва ба онҳо кӯмак кардан мехоҳад? ~ То чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд вақте, ки мо дар дунёи нав одамони эҳёшударо пешвоз мегирем! (2 Петрус 3:13; Ваҳй 21:3, 4).

Он ки Исо писари ягонаи ин бевазанро аз нав зинда кард, чиро нишон медиҳад?

17 Дар байни одамоне, ки аз нав зинда мешаванд, дӯстону шиносони мо ҳам хоҳанд буд. Ва он вақт мо онҳоро ба осонӣ мешиносем, ҳамон тавре ки Ёир духтари эҳёшудаашро ба осонӣ шинохт. Дигар одамоне, ки аз нав зинда мешаванд, садҳо ё ҳазорҳо сол пеш мурда буданд. Лекин нигоҳ накарда ба ин онҳо аз хотири Худо набаромадаанд.

18 Магар мо аз донистани он ки Яҳува Худо ва Писараш Исо моро ин қадар дӯст медоранд, хурсанд нестем? ~ Бале, онҳо моро сахт дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки мо на якчанд сол, балки беохир зиндагӣ кунем!

Биё аз ин оятҳо мехонем, ки Китоби Муқаддас ба мурдагон чӣ гуна умед мебахшад: Ишаъё 25:8; Аъмол 24:15 ва 1 Қӯринтиён 15:20–22.