Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 33

Исо моро муҳофизат карда метавонад

Ту Исоро чун Подшоҳи пурзӯр тасаввур мекунӣ ё чун кӯдаки навзод?

Исо моро муҳофизат карда метавонад

 БА ФИКРИ ТУ, вақте Исо калонтар шуда фаҳмид, ки чӣ тавр Яҳува ӯро дар кӯдакиаш муҳофизат кард, оё вай дар дуо ба Худо раҳмат гуфта буд? ~ Ту чӣ хел фикр мекунӣ, Исо ба Маряму Юсуф барои ӯро наҷот дода ба Миср бурданашон, чӣ гуфт? ~

2 Албатта, ҳоло Исо кӯдак нест ва ӯ дигар дар замин зиндагӣ намекунад. Лекин нигоҳ накарда ба ин, оё ту бовар мекунӣ, ки вай зинда аст? ~ Ҳа, Худо Исоро аз нав зинда кард ва ҳозир ӯ дар осмон Подшоҳи пурзӯр аст. Ба фикри ту, чӣ тавр Исо ба шогирдонаш кӯмак карда метавонад? ~ Ҳангоми дар замин буданаш Исо нишон дод, ки вай шахсонеро, ки ӯро дӯст медоранд, муҳофизат карда метавонад. Биё мебинем, ки чӣ тавр Исо вақте ки бо шогирдонаш дар киштӣ буд, инро нишон дод.

3 Ин воқеа қарибиҳои бегоҳӣ рӯй дод. Исо тамоми рӯз дар назди баҳри Ҷалил — кӯли калоне, ки дарозиаш 20 километр асту бараш 12 километр — одамонро таълим медиҳад. Ва ҳоло Исо ба шогирдонаш чунин мегӯяд: «Ба он канори кӯл мегузарем». Онҳо ба киштӣ мешинанд ва ба он тарафи кӯл шино мекунанд. Исо сахт монда аст, барои ҳамин вай ба ақиби киштӣ меравад ва сарашро ба болишт монда дароз мекашад. Дере нагузашта хоби Исо сахт мебарад.

4 Лекин шогирдон хоб намераванд, онҳо киштиро ба ҷои мехостагиашон меронанд. Дар аввал онҳо оромона шино мекунанд, лекин баъд тӯфони сахте мешавад. Шамол боз ҳам сахттару сахттар мевазад ва мавҷҳои баҳр баланд шудан мегиранду ба киштии онҳо об медарояд.

Исо ба шамолу мавҷҳо чӣ мегӯяд?

5 Шогирдон ба ваҳму тарс дода мешаванд. Онҳо метарсанд, ки ҳозир киштиашон ғарқ мешавад. Лекин Исо наметарсад. Ӯ то ҳол дар ақиби киштӣ хоб аст. Оқибат шогирдон Исоро бедор мекунанду мегӯянд: «Устод, Устод! Моро наҷот деҳ! Мо ҳозир ғарқ мешавем». Он вақт Исо аз хоб мехезад ва ба шамолу баҳр чунин мегӯяд: «Ором шав!»

6 Худи ҳамон вақт шамол ҳам ором мешаваду баҳр ҳам. Шогирдон ҳайронанд — онҳо ягон бор дар ҳаёташон чунин мӯъҷизаро надида буданд. Онҳо ба якдигар мегӯянд: «Ин кист, ки ҳатто ба шамол ва об фармон медиҳад ва онҳо ба ӯ итоат мекунанд?» (Луқо 8:22–25; Марқӯс 4:35–41).

7 Оё ту медонӣ, ки Исо кист? ~ Ба фикри ту, вай аз куҷо ин қадар қуввати бузург дорад? ~ Вақте ки Исо дар пеши шогирдонаш буд, онҳо набояд аз ягон чиз метарсиданд, зеро ӯ одами ғайриоддӣ буд. Вай корҳои аҷоиберо карда метавонист, ки дигар одамон карда наметавонистанд. Биё ман ба ту нақл мекунам, ки Исо бори дигар дар вақти тӯфон чӣ кор карда буд.

8 Як бегоҳӣ Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки ба киштӣ шишта пеш-пеши вай ба он лаби баҳр шино кунанд. Худаш бошад, ба болои кӯҳ мебарояд ва дар ин ҷои ором ба Падари худ — Яҳува дуо мегӯяд.

9 Шогирдонаш ба киштӣ мешинанд ва ба он соҳили баҳр шино мекунанд. Лекин дере нагузашта дар баҳр шамоли сахте мевазад. Дар ин бевақтии шаб шогирдон базӯр-базӯр киштӣ меронанд. Онҳо дур рафта наметавонанд, зеро шамол ба муқобили онҳо мевазад. Мавҷҳои баланд киштиро аз як сӯ ба сӯи дигар мепартоянд ва ба даруни он об медарояд. Шогирдон сахт кӯшиш мекунанд, ки ба хушкӣ расанд, лекин хушкӣ аз онҳо хеле дур аст.

10 Исо то ҳол дар болои кӯҳ танҳо мебошад. Вақти зиёд аст, ки вай дар он ҷо ба Падараш дуо мегӯяд. Лекин ҳоло ӯ мебинад, ки шогирдонаш дар ин баҳри ноором ғарқ шуда метавонанд. Барои ҳамин вай аз кӯҳ фуромада ба тарафи соҳили баҳр меравад. Исо ба шогирдонаш ёрдам додан мехоҳад, барои ҳамин вай рӯ-рӯи об рост сӯи онҳо меравад.

11 Агар ту дар болои об роҳ рафтанӣ шавӣ, он вақт чӣ мешавад? ~ Ту, албатта, ғарқ мешавӣ. Лекин Исо дар рӯи об роҳ меравад. Вай аз дигар одамон фарқ мекунад, зеро қуввати ғайриоддӣ дорад. Барои он ки ба пеши шогирдонаш равад, Исо рӯ-рӯи баҳр бисёр роҳ меравад. Қариби саҳар шогирдонаш мебинанд, ки Исо сӯи онҳо омада истодааст. Лекин онҳо ба чашмонашон бовар карда наметавонанд. Шогирдон сахт метарсанд ва аз тарс доду фарёд мезананд. Лекин Устоди Бузург онҳоро ором карда мегӯяд: «Натарсед, ин манам».

Барои чӣ Исо мӯъҷизаҳо мекард?

12 Ҳамин ки Исо ба киштӣ медарояд, шамол ором мешавад. Шогирдон боз ҳайрон мешаванд. Онҳо ба пеши пои Исо афтода мегӯянд: «Ҳақиқатан ҳам Ту Писари Худо ҳастӣ» (Матто 14:22–33; Юҳанно 6:16–21).

13 Агар мо дар рӯзҳои Исо зиндагӣ карда корҳои аҷоиби вайро медидем, ин зӯр мебуд, ҳамин тавр-не? ~ Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Исо чунин мӯъҷизаҳоро мекард? ~ Ӯ барои он ин корҳоро мекард, ки шогирдонашро дӯст медошт ва ба онҳо ёрдам кардан мехост. Лекин ҳамчунин Исо мехост, ки қуввати бузурги худододашро нишон диҳад. Ҳамин тавр одамон фаҳмида метавонистанд, ки чӣ тавр Исо дар оянда, чун Подшоҳи Салтанати Худо, ин қувваи бузургашро истифода мебарад.

Чӣ тавр Исо имрӯз пайравонашро муҳофизат мекунад?

14 Ҳатто дар рӯзҳои мо Исо бисёр вақт қувваташро истифода мебарад. Вай ба шогирдонаш ёрдам мекунад, ки ба кӯшишҳои Шайтон нигоҳ накарда дар бораи Салтанати Худо ба одамон нақл кунанд. Лекин Исо шогирдонашро аз касалиҳо муҳофизат намекунад ва касалиҳои онҳоро шифо намебахшад. Ҳатто ҳамаи ҳаввориёни Исо ҳам оқибат мурданд. Масалан, бародари Юҳанно — Яъқубро куштанд, худи Юҳанноро бошад, ба ҳабсхона партофтанд (Аъмол 12:2; Ваҳй 1:9).

15 Имрӯз ҳам нигоҳ накарда ба он ки одамон ба Яҳува хизмат мекунанд ё не ҳамаи онҳо метавонанд касал шаванд ва оқибат муранд. Лекин ба қарибӣ, вақте ки Исо бар замин подшоҳӣ мекунад, ҳама чиз дигар мешавад. Он вақт одамон дигар аз ҳеҷ чиз наметарсанд, чунки Исо қуввати худашро ба фоидаи онҳое, ки ӯро гӯш мекунанд, истифода мебарад (Ишаъё 9:6, 7).

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки Исо чун Подшоҳи Салтанати Худо қуввати бузург дорад: Дониёл 7:13, 14; Матто 28:18 ва Эфсӯсиён 1:20–22.